Ба тасвиб расидани лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд иқдоми хуби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Солҳои охир сатҳи тарбияи фарзандон то андозае паст рафт ва иддае аз падару модарон ба ин вазифаи ҳаётан муҳим бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Бинобар ин, зарурат пеш омад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба тасвиб расад. Мақсади қонун пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон аст ва волидайн барои эҳсос накардани масъулият дар назди қонун ҷавобгӯ мебошанд. Хурсандиовар аст, ки ин падидаи нав ба миён омад ва барои баланд бардоштани таълиму тарбияи фарзандонамон нақши босазо хоҳад гузошт. Аз таҷрибаҳои чандсолаи кориам агар ҳарф занем, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои фарзандон муҳити наву тоза ва фарох лозим аст, зеро кӯдакон ҳамеша мехоҳанд дар муҳити озод сайр намоянд. Аммо, бадбахтона, имрӯзҳо баъзе аз волидон нисбат ба фарзандонашон беаҳамият гаштаанд. Ҳама гуноҳи фарзанд ба дӯши муаллим аст, яъне манзурамон он аст, ки хонанда агар ҷинояте кунад, дарҳол айбро ба дӯши омӯзгорон мепартоянд ва мегӯянд, ки муаллимаш куҷоро нигоҳ мекунад? Чӣ гуна таълим медиҳад? Агар ҳақиқатназарона ҳарф занам, дар як рӯз фарзанд танҳо 4 ё 5 соат дар мактаб асту халос ва 19 – 20 соати дигар дар назди падару модари худ. Бояд ҳамаи инро ба назар гирифт. Хонанда бе китобу дафтар ва ё бе қалам ба мактаб меояд, вақте пурсон шавӣ мегӯяд, ки фаромӯш кардаам. Пас ба ин кӣ гунаҳкор аст, албатта падару модар. Хеле хуб қайд карданд сарвари кишварамон ҳангоми яке аз суханрониашон, ки субҳи барвақт аз хоб хеста дарҳол аз пайи нигоҳубини гову гӯсфанд мешавем. Бояд аввал ба фарзандамон назар кунем, шикамашонро сер карда, ҳатман ҷузвдонашонро аз назар гузаронем, ки чизеро фаромӯш накарда бошанд ва бо сухани ширин ба мактаб гусел намоем, он гоҳ бача бо табъи болида ба дарс ҳозир мешавад. Агар мо ҳамарӯза ҳамин корро анҷом бидиҳем, яъне баъди омадан аз мактаб дафтару китоби фарзандонро аз назар гузаронем, пурсем, ки имрӯз дар мактаб чанд соат дарс хондед, кадом муаллим ба шумо дарс дод, дарсатон чӣ гуна мавзӯҳоро дар бар гирифтанд ва амсоли ин саволҳоро пеш орем, онҳо аллакай масъулияти хешро назди мо эҳсос мекунанд ва минбаъд низ пас аз дарс андеша мекунад, ки ба хона меравам, бояд ба суолҳои волидонам тайёр бошам.

Дар моддаи 5-и боби 2-и қонуни мазкур омадааст, ки: падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои баробар доранд, аммо мутаассифона, имрӯз кам ба назар мерасанд волидоне, ки якдилона фарзандашонро тарбия намуда бошанд. Дар мо «анъана» чунин аст, ки танҳо модарон ба тарбияи фарзандон машғул мешаванд. Аммо фикр мекунем дар роҳи тарбияи фарзанд нақши падар низ хеле муҳим аст. Бинобар ҳамин, бояд мо, ҳам падар ва ҳам модарон дар роҳи таълиму тарбияи эшон саҳлангорӣ накунем. Волидон назди фарзадон бояд намуна бошанд, яъне рафтору гуфтори хуб дошта бошанд. Дар ҳузури онҳо ҳеҷ гоҳ байни ҳам ҷанҷол накунанд. Вақте фарзанд муносибати хуби падару модарашро мебинад, худ андеша карда ба хулосаи аниқ меояд.

Масъалаи дигар ин аст, ки имрӯз бо тақозои замона, теҳника ва техналогия пеш рафтааст. Аз як ҷиҳат пешравии технология хуб аст, вале аз ҷиҳати дигар барои хусусан фарзандони ноболиғ, хонандагони синфҳои ибтидоӣ хело зарари калон мерасонад.

Моро зарур аст, ки барои тарбияи фарзандон саъю талош намоем ва онҳоро ба роҳи нек ҳидоят кунем. Ба мо лозим аст, ки ба фарзандон ватандӯстӣ ва ба ору номус будан ва ба роҳи рост қадам гузоштанро омӯзем.

Дар урфият гуфтаанд, ки “одамиро одам мекунад, ё маърака ё мадраса”.

Устоди адаб Садриддин Айнӣ таъкид кардааст, ки “ман аз хониши барномаҳои мадрасаҳо чандон баҳра набурда бошам ҳам, материалҳои зарурии хешро аз хонадони Шарифҷон Махдуми Садри Зиё ба даст овардаам, ки ҳар ҳафта тамоми шуаро, фузало, уламои шаҳри Бухоро дар меҳмонхонаи ӯ гирд омада, баҳсу мунозираҳои илмӣ мекарданд ва ман аз суҳбати эшон таматтуъ меёфтам”.

Донишманди бузург Муҳам-мади Ғазолӣ чунин гуфтааст: “Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир. Ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳарчӣ хоҳад кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ”.

Тарбияи фарзанд аз оила сар мешавад. Фарзандони мо агар аз оила тарбияи хуб бигиранд, онҳо дар оянда шахси бомаданият, боодоб ба воя мерасанд. Ҳар як падару модар бояд донад, ки тарбияи фарзанд вазифаи аввалиндараҷаи онҳост.

Мусаллам аст, ки ҳар як падару модар фарзандони худро дӯст медоранду онҳоро азиз медонанд. Аммо инро низ бояд донист, ки дар урфият гуфтаанд: “Фарзанд азиз аст, одобаш аз вай азизтар”. Барои баланд бардоштани сатҳи тарбия падару модар бояд масъулиятро ҷиддӣ эҳсос намоянд. Хулоса,нақши падару модар дар роҳи таълиму тарбияи фарзанд хеле муҳим аст.

Муборакшоев И.Ҷ., Ҳоҷихонова П.Б., омузгорони муассисаи №18 ва 48

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь