Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Суҳробшо Саидраҳмонов суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Дар оғози суҳбат номбурда аз Пешвои миллат сипосгузорӣ намуд, ки ҳамеша омӯзгоронро пуштбонӣ мекунанд ва дар ҳама баромадҳояшон омӯзгоронро таърифу тавсиф менамоянд ва дар Паёми навбатиашон низ зикр намуданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».
Албатта, сиёсати давлатдории Пешвои миллат илму маорифро дар мадди аввал гузоштааст ва барои дар амал татбиқ кардани ин сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус тамоми тадбиру роҳҳоро бароҳ мондааст.
Ҳамчунин, мавсуф қайд кард, ки Шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус дар давраи ҳисоботӣ дар нӯҳмоҳи соли 2023 фаъолияти худро мутобиқ ба талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, амру фармон ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Низомномаи шуъбаи маориф ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, ҷиҳати пешбурди кори таълиму тарбия ва рушду нумӯи ҳамаҷонибаи соҳаи маориф фаъолияти мунтазам дорад ва баҳри таъмини иҷрои нақшаи таҳрезишуда тадбирҳои мушаххас меандешад.
Маълумоти умумӣ
Дар рафти суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки дар давоми 9 моҳи соли 2023 аз Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 314 адад мактубу фармоишҳо ва эътирозҳои прокуратураи ноҳия оид ба қонунвайронкуниҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, ки ба шуъбаи маориф ворид гашт, ҷавобҳои муфассал гардонида шуданд. Аз тарафи Раёсати агентии давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 22,37.17.6,45,40,20,42,15 тибқи нақша аз аттестатсия ва аккредитатсияи навбатӣ гузаронида шуданд.
Дар 9 моҳи сипаришуда 9 Шӯрои шуъбаи маориф, 13 маҷлиси машваратии назди мудир баргузор гардида, дар он 78 масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, вазъи таълими фанҳо, натиҷаи аттетстатсияи директорон ва дигар масъалаҳои мубрами соҳаи маориф баррасӣ ва муҳокима карда шуд.
Дар ин давра аз тарафи мушовирони хонаи методӣ ба омӯзгорони ҷавон, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, роҳбарони синфҳо, ҳуҷҷату ҳуҷҷатгузорӣ ва истифодаи таълими салоҳиятнокӣ, гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот ёрии амалӣ расониданд. Моҳе як маротиба семинарҳои доимоамалкунанда (семинарҳои сайёр)-и фаннӣ, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ баргузор гардида, дар он рафти таълими фанҳо, иҷрои Барномаҳои таълимиву соҳавӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.
Бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омӯзгорон дар муддати 9 моҳ тибқи нақшаи Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрҳои Бохтару Душанбе 197 нафар омӯзгорон, мураббиён ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ ба курсҳои такмили ихтисос фиристонида шуданд.
Тибқи нақшаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар ноҳия вазъи сифати таълиму тарбия, донишомӯзӣ ва ҳуҷҷатдории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабиро санҷиш гузаронида, Рӯзи Раёсати маориф баргузор гардид.
Муассисаҳои таълимӣ ва донишандӯзон
Номбурда тазаккур дод, ки айни ҳол дар ноҳия 55 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумлаи онҳо 2 литсей, 1 мактаб-интернат бо фарогирии 33399 нафар хонандагон, аз ҷумла духтарон 16313 нафар, ба синфи як қабул карда шуд 4053 нафар, духтарон 1960 нафар.
Теъдоди хонандагони синфҳои 1-4 – 15949/ 7801;
Теъдоди хонандагони синфҳои 5-9 – 14528/7121;
Теъдоди хонандагони синфҳои 10-11 – 2922/ 1391 нафар мебошанд.
Базаи кадрӣ
-Дар муассисаҳои таълимӣ 1838 нафар омӯзгорон, аз ҷумла, занҳо 1276 нафар, фарқият назар ба соли гузашта 16 нафар;
Омӯзгорони ҷавон – 17 нафар тариқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои кор ҳозир шуданд.
– бо маълумоти олӣ -1121 нафар, занҳо 692 нафар;
-бо маълумоти олии нопурра 193 нафар, занҳо 153 нафар;
-бо маълумоти миёнаи махсус- 461 нафар, занҳо 375 нафар:
-бо маълумоти миёна (фосилахон): 63 нафар, занҳо 56 нафар,
-бо тахассуси Олӣ 286 нафар, занҳо 211 нафар;
-бо тахассуси 1-ум: 105 нафар, занҳо 81 нафар;
-бо тахассуси 2-юм: 221 нафар, занҳо 105 нафар;
-бе тахассус: 1221 /397 нафар ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд,-қайд кард мудири маориф.
Тағйироти кадрӣ низ мавриди назар қарор гирифт бо мақсади ҷобаҷогузории кадрҳои ихтисосманд директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4,8,51,31.9.54,47,49,23,22,50,52,46,29,44,3,1,23,6 дар асоси қарори Комиссияи аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шуд
Аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 омӯзгори фанни география Зиёдалиев Нозим дар озмуни «Муаллими соли Тоҷикистон» ва «Мураббии соли Тоҷикистон» мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №4 Худойбердиева Ойдиной дар шаҳри Бохтар ва директори МТМУ №5 Абдуламитов Эркин дар озмуни вилоятии «Беҳтарин директори муассиса» дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон иштирок намуда, бо Медали «Беҳтарин директори муассиса» сарфароз гардонида шуданд.
Таҳсилоти томактабӣ ва ёрии методӣ
Дар идомаи суҳбат ҳамсуҳбати мо зикр кард, ки дар ноҳия, 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1005 нафар тарбиятгирандагон ва 47 нафар мураббиён кор ва фаъолият дорад. Аз ҷумла, 8 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, кӯдакистони №6 дар тавозуни «Ширкати пахта»-и ноҳия буда,7 ададаш дар мувозинаи шуъбаи маориф қарор дорад.
Бо мақсади фарогирии кӯдакони синни томактабӣ дар 51-муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ 2463 нафар дар 116 гуруҳ ба таҳсил ва тарбия фаро гирифта шудаанд.
Тибқи нақшаи шуъбаи маориф моҳе як маротиба семинарҳои дастурдиҳӣ ва бозомузӣ бо роҳбарон, омӯзгорон роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ ва роҳбарони синфҳо гузаронида шуданд.
Аз тарафи мушовирони кабинети методӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 3, 30, 45, 11, 7, 21, 46, 10, 40, 13, 14, 26, 15, 5, 48, 23, 36, 4, 5, 33,
35, 25, 17, 24, 9, 31, 54, 27, 53 барои пешбурди кору фаъолият, истифодаи усулҳои нави таълим ёрии методӣ расонида шуд.
Хамзамон, дар санаи 30.03.2023 дар асоси нақшаи кори Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар ноҳия семинар-машварат бо мушовирони фанҳои забони русӣ ва англисии шубаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.
Иштирок дар озмун
Мавсуф афзуд, ки дар 9 моҳи сипаришуда тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи маориф дар асоси нақша-чорабиниҳои Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии даври мактабӣ, ноҳиявӣ ва вилоятии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм- фурӯғи маърифат» ва бахшида ба 115-солагии Академик Бобоҷон Ғафуров озмуни ноҳиявӣ (ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат, «Маснавихонӣ» ва чорабинии маърифатии «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Беҳтарин донандаи Кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», озмуни вилоятии «Оилаи масъулиятшинос» гузаронида шуда, дар ин озмун оилаи омӯзгори МТМУ №1 Маърупов Зуҳуршо ғолиб дониста шуда, рафти озмун аз тарафи Идораи радио ва телевизиони вилояти Хатлон навобардорӣ карда шуд.
Қобили зикр аст, ки дар озмуни “Ворисони Пешво” се хонанда МТМУ №1- Осимҷонова Ясмина, хонандаи синфи 4, ҷои 1, Абдулҳамидов Бинёмин, хонандаи синфи 4, ҷои 1 ва Турсунзода Ҷасмина, хонандаи синфи 3 ҷои 3-ро сарфароз гардиданд.
Фаъолияти марказҳо
Номбурда ҳамзамон, маълумот дод, ки дар назди шуъбаи маориф Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Муассисаи таҳсилоти иловагӣ бо утоқҳои кории алоҳида таъмин карда шуда, ин марказҳо фаъолияти кори худро дар асоси Низомнома, Оинома ва дигар ҳаҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондаанд.
Баҳри амалигардонии «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Дар ҳолати моҳи сентябр соли равон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 53-синфхонаҳои компютерӣ мавҷуд буда, бо 1001-адад компютер, 163-адад принтер, 34-адад видеопроектор, 33 адад тахтаи электронӣ таъминмебошад. Барои таъмири компютер аз тарафи Раёсати маорифи вилоят 70 адад таҷҳизотҳо дастрас шудааст.
Ҳамзамон, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Литсейи хонандагони болаёқати ноҳия ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 -2 кабинети лингофонӣ муҷаҳҳазонида шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Ҳамзамон, дар моҳи августи соли 2023 аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №10 таҷҳизоти 1 кабинети химия, МТМУ №46 -1 кабинети биология, МТМУ №16 -1 кабинети физика таъмин карда шудааст.
Иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ
Дар олимпиадаи фаннии вилоятии мактаббачагон аз ҳисоби хонандаагони синфи 11, 13 нафар ҷойҳои Ифтихориро гирифта, 5 нафарашон барои иштирок кардан ба олимпиадаи фаннии мактаббачагони даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Аз ҳисоби хонандагони синфҳои 9-10, 20 нафар соҳиби Ифтихорномаи Раёсати маориф гашта, 15 нафарашон барои иштирок намудан ба олимпиадаи фаннии мактаббачагони даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Гузашта аз ин, 4 нафар хонандагон аз МТМУ №1 Эсанов Умар- хонандаи синфи 6, Мамадиев Камол -хонандаи синфи 10-и МТМУ №34, Набиҷонова Гулноз -хонандаи синфи 4-и МТМУ №34 дар олимпиадаи байналмилалии «ИМАС» аз фанни математика, ки дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, ҷойи аввалро ишғол намуданд. Ҳамзамон, 14 нафар аз ҳисоби хонандагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Шаҳритус дар олимпиадаи байналмилалии «АРФИМЕД» аз фанни математика дар озмуни вилоятӣ иштирок намуданд.
Аз аввали моҳи сентябр дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ даври мактабии олимпиадаи фаннии мактаббачагон идома дорад.
Мавсуф тазаккур дод, ки ҳамзамон, озмунҳои «Ватанпарвар» бахшида ба Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Рӯзи Модар» чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ гузаронида шуданд.
Рӯзи 21.03.2023 дар майдони варзишӣ ҷашни “Наврӯз-2023” баргузор гардид. Дар қатори дигар идораву ташкилотҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашн 2500 нафар хонандагон ба майдон баромада, намоиши театрикунонидашуда ташкил намуданд.
Кадрҳои оянда
Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки дар таърихи 31.03.2023 бо мақсади амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 майи соли 2020, №254 “Дар бораи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар бинои МТМУ №4 барои соли таҳсили 2023-2024 гузаронида шуда, дар даври вилоятии озмуни Квотаи мазкур 24 нафар хатмкунандагони синфҳои 11 ҳуқуқи таҳсил дар мактабҳои олии касбии ҷумҳурӣ роҳхат гирифтанд.
Ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бинои МТМУ №1 ҷойгир аст, қабули ҳуҷҷатҳои довталабон идома ёфта, аз ҳисоби 1480 нафар хатмкунандагони синфи 11 – 1116 нафар ҳуҷҷатсупорӣ намуда, 837 нафар ба мактабҳои олии касбии кишвар дохил шуданд. 14 нафар ба хориҷи кишвар ба мактабҳои олии касбӣ дохил гардиданд.
Бунёдкорӣ
Ҳамсуҳбати дар хусуси бунёди мактаб ва таъмири он сухан гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки сохтмонҳои замонавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соли 2023 дар Ҷамоати деҳоти Пахтаобод:
1.Сохтмони бинои дуошёнаи МТМУ №47 иборат аз 8 синфхона, дар деҳаи Боймомои ҷамоати деҳоти Пахтаобод, аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Иҷро 85%.
2.Сохтмони бинои дуошёнаи МТМУ №18 иборат аз 10 синфхона, дар деҳаи Устокорони ҷамоати деҳоти Пахтаобод, аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Иҷро 80%.
3.Сохтмони бинои дуошёнаи МТМУ №14 иборат аз 8 синфхона, дар деҳаи Султонободи ҷамоати деҳоти Пахтаобод, аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Иҷро 60%.
4.Сохтмони бинои дуошёнаи МТМУ № 42 иборат аз 8 синфхона, дар деҳаи Қарашувоқи ҷамоати деҳоти Пахтаобод, аз ҳисоби соҳибкор. Иҷро 90%.
5.Сохтмони бинои навтаъсиси дуошёнаи иборат аз 10 синфхона, дар деҳаи Қарашувоқи ҷамоати деҳоти Пахтаобод, аз ҳисоби соҳибкор. Иҷро 22%.
6.Сохтмони бинои дуошёнаи МТМУ №11 иборат аз 8 синфхона, дар деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти ба номи Т. Садриддинов аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон . Иҷро 85 %.
- Сохтмони бинои навтаъсис дар деҳаи Рӯдакии ҷамоати деҳоти «Обшорон» аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Иҷро 12%.
- Сохтмони бинои навтаъсис дар деҳаи Ӯтанободи ҷамоати деҳоти ба номи «Ҷ. Назаров» иборат аз 10 синфхона, аз тарафи соҳибкор. Иҷро 60%.
9.Сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ дар ҳисоби соҳибкор дар деҳаи Ҷамъиятдеҳқони ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Назаров, аз ҳисоби соҳибкор. Иҷро 85%.
10.Сохтмони бозмондаи нотамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №15 деҳаи Чоршанбе ва №26 деҳаи Чинори ҷамоати деҳоти ба номи «Х.Холматов», аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Иҷро 60%. Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 бо дастгирии собиқ хатмкунандагони муассиса ва аҳли ҷомеа бинои дуошёна иборат аз 16 синфхона ва дар назди МТМУ №27 сохтмони ошхона барои 32 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №18-4 синфхона, №28-2 синфхона, № 50-3 синфхона, №2-4 синфхона, №53-4 синфхона, №17-3 синфхона, №37-4 синфхона, дар маҷмӯъ 24 синфхона дар соли 2023 ба истифода дода мешаванд.
Масъулиятшиносӣ
Дар рафти суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки рӯзи 31.05.2023 дар боғи фароғатии маркази ноҳия бахшида ба «Рӯзи ҳифзи кӯдакон» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардида, кӯдакон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
27 июн дар мамлакати мо, аз ҷумла дар ноҳияи Шаҳритус дар боғи истироҳати-фароғатии ноҳия мардуми ноҳия Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд, ки дар ин чорабинии фарҳангӣ тарбиятгирандагону хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои тахсилоти умумӣ фаъолона бо намоиши ҳунарҳои дастӣ, дӯзандагию бофандагӣ иштирок намуданд.
Байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва сехҳои дӯзандагии ҶДММ «Зебо-75» ва «Ҷилои рангҳо» бо мақсади таъмин намудани хонандагони синфҳои 1 ба пуррагӣ ва эҳтиёҷмандон бо либоси ягонаи мактабӣ шартномаи тарафайн баста шудааст.
Ҳамзамон, аз рӯйи нақшаи кори шуъбаи маориф дар асоси фармоиши шуъбаи маориф аз 31.05.2023, №5 бо мақсади амалӣ гардонидани қарори раиси ноҳияи Шаҳритус аз 30.05.2023, №517, фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.04.2023, №458, қарори раиси вилояти Хатлон аз 04.05.2023, №97 оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №126, қарори Мушовараи Раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 28.04.2023, №4, «Дар бораи ташкили истирохати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023» басти сеюми лагери истирохатӣ-меҳнатӣ ба анҷом расид.
Мафтуна ВАҲҲОБОВА,
МТЖТ