Дар зарфи 30 – соли Истиқлолияти давлатӣ якчанд марҳилаи ислоҳоти соҳаи маориф амалӣ гардида, ҳамзамон, навсозии инфрасохтори соҳа, такмили сатҳу сифати таълиму тарбия, низоми нави омода намудани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар раванди татбиқ қарор дорад. Дар баробари ин, гузариш ба сатҳу сифати нави таҳсилот имкон фароҳам овард, ки ба низоми маорифи кишвар як қатор дигаргуниҳои куллӣ ворид карда шаванд. Ҳамрадиф бо ин, тавассути татбиқи барномаҳои давлатӣ масъалаҳои вобаста ба дастрасии баробар ба илму донишомӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунарҳои мухталиф ва баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифати ҷавонону наврасон тадриҷан ҳаллу фасл шуд. Фаромӯш набояд кард, ки асоси пешрафти ҳар як кишвар аз сатҳи саводнокии мардум, бахусус ҷавонону наврасони он вобаста мебошад. Зеро насли бомаърифат қудрату тавоноии давлату миллат мебошад. Давлате, ки мардумаш соҳиби донишу маърифати баланд нест, ҳеч гоҳ пурқудрат нахоҳад шуд. Дар ин радиф Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз боргоҳҳои маърифати куҳанбунёдест, ки дар таълиму тарбия ва омодасозии омӯзгорони болаёқат ва соҳибтахассус саҳми бориз дорад.

Таърихи таъсисёбӣ

Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар заминаи Омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи Н.К. Крупская соли 1999 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №262, аз 05.07.1999  таъсис ёфта, ба Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ табдил дода шудааст. Таълимгоҳ дар омода намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ва мураббияҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ инчунин курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ, пазандагӣ, омӯзиши забонҳои русию англисӣ саҳми арзанда гузошта истодаст.

Айни ҳол таълимгоҳ дорои 182 адад компютерҳои замонавӣ  мебошад. Дар соли 2020 Маркази ягонаи бахши тестӣ ва бақайдгирӣ барои  қабули имтиҳонҳо баъд аз таъмири капиталӣ барои 84 ҷойи нишаст бо компютерҳо ва як адад Сервер барои идораи барномаи таълими кредитӣ омода карда шуданд. Таълимгоҳ дорои 17 тахтаи электронӣ ва 18 адад проектор мебошад. Синфхонаҳои таълимӣ ва утоқҳои кории кормандони раёсат ба хатти интернет пайваст мебошанд. Соли ҷорӣ сомонаи муассиса аз нав таҷдиди назар  карда  шуда, барои  фаъолияти минбаъда, ворид намудани маводҳо ва хабарҳои иттилоотии муассиса шахси масъули соҳа таъйин карда  шуд.

Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тамоми фаъолияти худро баҳри татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли ҷорӣ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, сармашқи фаъолияти худ қарор додааст ва тибқи он амал менамояд.

Самтҳои фаъолият

Коллеҷи омӯзгорӣ тибқи иҷозатномаи АУ №0002564 аз 01.10.2018, шаҳодатномаи ИА № 0000906 аз 13. 06. 2019 ва меъёрҳои муайянкунанда аз рӯйи ихтисосҳои мухталиф мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ омода мекунад:

  1. Забон ва адабиёти тоҷик (баъди хатми синфи 9 ва 11)
  2. Таърих
  3. Таҳсилоти томактабӣ (баъди хатми синфи 11 ва 9)
  4. Таҳсилоти ибтидоӣ (баъди хатми синфи 11 ва 9)
  5. Нақшакашӣ ва технологияи меҳнат
  6. Санъати тасвирӣ
  7. Забони англисӣ
  8. Забон ва адабиёти рус
  9. Забони олмонӣ
  10. Математика
  11. Математика – информатика
  12. Биология (баъди хатми синфи 9 ва 11)
  13. География (баъди хатми синфи 9 ва 11)
  14. Забони хориҷӣ (англисӣ ва русӣ баъд аз синфи 9 ва 11)

Дар муассиса Парки технологӣ фаъолияти босамар дошта, кормандони он бо ёрии донишҷӯёни  ихтисоси нақшакашӣ ва технология меҳнат ба сохтан ва азнавсозии мизу курсиҳо, мебелҳои мулоим, тахтаҳои синфӣ, ҷевонҳо машғул  мебошанд.

Гуруҳҳои таълимӣ ва факултетҳо

Дар коллеҷ 123 гурӯҳи таълимӣ, аз ҷумла, дар шуъбаи рӯзона 95  ва дар шуъбаи ғоибона 28 гурӯҳ ба тариқи низоми кредитӣ фаъолият доранд.  Теъдоди умумии донишҷӯён дар шуъбаи рӯзона 2444 нафар, ки аз ин шумора 2010 нафарро духтарон ташкил медиҳанд ва дар шуъбаи ғоибона 1186 нафар, ки аз ин шумора 1107 нафарро духтарон ташкил медиҳад.

Коллеҷ дорои 49 синфхонаи таълимӣ, 3 толори лексионӣ, 2 озмоишгоҳ  ва як толори фарҳангӣ мебошад. Бинои ёрирасон дорои 2 синфхонаи лексионӣ, 1 китобхона, қироатхона, бунгоҳи тиббӣ, ошхона барои 60  нафар ҷойи нишаст дар схизмати донишҷӯёну омӯзгорон қарор дорад. Дар баробари ин дар ҳавлии таълимгоҳ як хобгоҳ бо фарогирии  100  ҷойи дар истифодаи муҳассилин аст.

Донишҷӯёни муассиса дар 3 факултет таҳсил менамояд: Факултети филология ва таърих, факултети забонҳои хориҷӣ ва факултети табиӣ-риёзӣ ва педагогика ва психология. Муассиса дорои 6 кафедра мебошад:  Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, кафедраи таърих ва ҷомеашиносӣ, кафедраи забон ва адабиёти рус, кафедраи забонҳои хориҷӣ, кафедраи математика ва информатика ва кафедраи педагогика – психология.

Дар китобхонаи коллеҷ  фонди умумии китобхона 24672 нусха китобро ташкил медиҳад ва аз ин миқдор 11546 нусха адабиёти методӣ-таълимию тахассусӣ ва 4716 нусха адабиёти бадеӣ мебошад. Китобҳои бадеӣ бо забони тоҷикӣ 1291 ва бо забони русӣ 3425 нусхаро ташкил медиҳад. Дар китобхонаи электронӣ бошад, 15020 нусха китобҳои гуногун дар шакли электронӣ мавҷуд мебошад.

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси маъмурияти коллеҷ аз ҳисоби маблағҳои махсус ташхисгоҳҳои таълимӣ аз фанҳои химия, физика ва биология мавриди истифода қарор дода шуданд.

Инчунин, бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани забономӯзии донишҷӯён, машғулиятҳои мудофиаи шаҳрвандӣ ва тарбияи ҷисмонии толибилмон майдончаи замонавии варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Ташаббускорони коллеҷ

Дастовардҳои донишҷӯёни Коллеҷ, бахусус донишҷӯдухтарон хеле назаррасанд.

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дигар ҷашну идҳои миллӣ донишҷӯдухтарон фаъолона ширкат варзида, дастовардҳояшон дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба намоиш гузошта шуда, бо диплом «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-ҳои мақомотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд. Донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу», суруди «Алла», «Иншои беҳтарин» иштирок намуда, сазоворӣ ҷойҳои намоён гардида, бо сипоснома, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  Раёсати коллеҷ дар якҷоягӣ бо садорати деканҳо чорабинии гуногунмуҳтаво ташкил ва баргузор намуданд.

Бо мақсади тарғиб ва анъанаҳои неки ниёгон ва сазовор пешвоз гирифтани «Иди байналмилалии Наврӯз» нақшаи чорабиниҳо омода намуда, дар санаи 18.03.2021 дар муассиса чорабинии илмӣ-фарҳангӣ ба ифтихори Наврӯзи оламафрӯз гузаронида шуд.

Санаи 06.05.2021 дар толори фарҳангии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз ҷониби кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ва китобхонаи муассиса озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, дар се давр гузаронида шуд. Бояд зикр намуд, ки дар ду даври аввал беш аз 300 нафар омӯзгорону донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд. Аз ин шумора, дар даври ниҳоӣ аз ҷониби ҳайати комиссия беҳтаринҳо муайян карда шуданд ва ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.

Инчунин, тибқи мактуби ирсолнамудаи Мақомоти иҷроияи Хокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 05.05.2021 №40/3-153 ва супориши роҳбари Муассиса аз 06.05.2021 оид ба таҷлил намудани рӯзи ҷавонон, ки санаи 7.05.2021 соати 17:30 дар толори Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии “Аҳорун”, (собиқ Амфитеатр) маросими ифтитоҳи расмии Фестивали дустии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ҷавонон дар масири Истиқлолият ва давлатдории миллӣ” ва оғози чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23-май доир гардид, ки беш аз 20 нафар донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд.

Дар толори муассиса озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – ватани азизи ман” баргузор гардид. Бояд зикр намуд, ки дар даври аввал беш аз 300 нафар омӯзгорону донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд. Аз ин шумора, дар даври ниҳоӣ аз ҷониби ҳайати комиссия беҳтаринҳо муайян карда шуданд ва ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.

Санаи 11.05.2021 озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияҳои математика, информатика, биология ва география гузаронида шуд, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 “20- солаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” эълон гардидааст.

Инчунин, аҳли раёсат, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса дар чорабиниҳои Ҳукумати ноҳия ва шаҳр фаъолона иштирок намуда, фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ба роҳ мондааст. Маҳз аз ҳамин лиҳоз дар таърихи 10.06.2021 бо супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 200 нафар донишҷӯёни муассисаро барои пешвози Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар роҳи асосии фурудгоҳ иштирок намуда меҳмононро бо як рӯҳияи баланд пешвоз гирифтанд.

Санаи 5 – уми ноябр  дар толори  фарҳангии муассиса Рӯзи қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд. Дар ҷорабинӣ маъмурияти коллеҷ, меҳмонон аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Инчунин, санаи 13-уми ноябр дар муассиса конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, дар хотима аз тарафа дастаи ҳаваскорони муассиса дар толори фарҳангии муассиса чорабинии фарҳангӣ доир гардид.

Бояд қайд намуд, ки тамоми чорабиниҳои муассиса бо як самимияти хоса бо риояи тамоми талаботҳо таҷлил  гардиданд.

Созандагиву сабзкориҳо

Бо мақсади тоза ва озода нигоҳ доштани саҳни муассиса, риоя намудан ба ҳолатҳои санитарию гигиении таълимгоҳ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми давраи ҳисоботии соли 2021 корҳои муҳим ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла: замини назди ҳавлии таълимгоҳ нарм карда шуда, 180 бех ниҳолҳои ороишии арча, 200 бех гулҳои мавсимӣ дар моҳи марти соли 2021 шинонида шуданд, биноҳои таълимгоҳ дар давраи таътили тобистона пурра аз таъмир бароварда шуд. Инчунин, таълимгоҳ, хобгоҳ ва бинои дохили ҳавлӣ пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни кормандон ва донишҷӯёни муассиса шанбегиҳои дастаҷамъона баргузор гардид, ки дар он ҳайати омӯзгорон ва кормандони муассиса ширкати фаъолона доштанд.

Ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе бо мақсади дар сатҳи баланд  таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Ободонии шаҳр-мароми мост» ва баҳри амалисозии иқдоми навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахт дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳашари роҳандозӣ гардид. Илова ба ин, зиёда аз 110 нафар донишҷӯёну омӯзгорони муассиса дар ҳашари дастаҷамъона, ки бо ташаббуси Ҳукумати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Обшорон ташкил карда шуд, фаъолона иштирок намуданд.

Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти азизамон аз ҷониби роҳбарияти муассиса чораҳои муассир андешида шуд. Ва бо ин мақсад моҳи апрел дар муассиса зиёда аз 3000 бех гулҳои ороишӣ, 100 бех ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ, инчунин замини наздиҳавлигии муассиса ба пуррагӣ сабз карда шуд. Инчунин, барои тарғибу ташфиқи тарзи ҳаёти солим дар байни донишҷӯён ва кормандони муассиса, майдончаи варзишӣ бо талаботҳои замонавӣ сохта шуда истодааст.

Бо азми ҷазм рӯ ба фардои беҳтар аз ин

Мусалламан, ҳамаи дастовардҳои имрӯзаи раёсат, ҳайати омӯзгорӣ ва донишҷӯёнии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ натиҷаи пуштибонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, Президенти мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, бо дарки масъулият изҳор менамоям, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мо бо меҳнати софдилона, донишу фарҳанги баланди касбӣ, азму иродаи мустаҳкам рисолати ҳидоятгарии худро минбаъд низ ба таври кофӣ ба иҷро расонида, манбаи шарафу ифтихори диёр хоҳемд гашт.

Бо дарки масъулияти ин ваъда кормандони коллеҷ ҳамаи кӯшишу имкониятҳои худро дар оянда низ ба он равона месозанд, ки барои таълиму тарбияи насли ҷавони шоистаи замон тамоми шароити заруриро фароҳам оваранд. Ҳадаф ин аст, ки фарзандони мо мувофиқи талаботи замонаи пешрафт соҳиби дониши мукаммал, маърифати баланд гарданд, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва донандаи забонҳои хориҷӣ бошанд. Касбу ихтисосҳои барои кишвар заруриро аз худ карда, дар оянда ба халқу Ватани худ хизмати арзанда карда тавонанд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва миллати куҳанбунёду тамаддунсозро ба таври шоиста ҳифз намоянд. Дар ин ҷода ба ҳамаи кормандони соҳа, ки шабу рӯз ҷиҳати пешрафти соҳа ва ба ин васила ободии мамлакату таъмини фардои дурахшони давлату миллат ҷаҳду талош менамоянд, саломативу сарбаландӣ ва рӯзгори ободро таманно менамоям.

Одиназода Латофат Амиршо, директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь