Омӯзгорӣ касб нест. Омӯзгорӣ ишқ аст. Агар онро чун василаи рӯзгузаронӣ интихоб намуда бошӣ, раҳояш кун. Агар он ишқи туст, муборакат бод!
Муҳаммади ҲИҶОЗӢ
Таъсис ва ташкили дарс дар мактаби нав
Соли 1927 дар деҳаи Пошкенти шаҳри Истаравшан, дар хонаводаи Ҷалолов ном шахс мактаби маҳви бесаводӣ ташкил карда шуд. Ин мактаб соли 1939 ба мактаби 7-сола, соли 1946 ба мактаби ибтидоӣ ва соли 1964 ба мактаби миёна табдил ёфт. Омӯзгори равоншод Сиддиқ Боқиев сарвари нахустини мактаб таъйин шуда буд. Солҳои минбаъда устодон Р. Шодиев (1941 – 1944), Ш. Пӯлотов (1944 – 1946), Н. Аминов (1946 – 1970), Ш. Нарзуллоев (1970 – 1971), А. Ёқубов (1972 – 1997), М. Ҷумаев (1997 – 2004), М. Рустамов (2004 – 2010, 2018), М. Ҷумаев (2010 – 2013), З. Миршарипова (2013 – 2018) сарварии муассисаро бар уҳда доштанд.
Омӯзгорони ботаҷрибаи шаҳр А. Самиев, Э. Зокиров, Б. Ҳусейнов, М. Баротов, М. Азимов, И. Муҳиддинов, Р. Султонов, Т. Ҷамолова, А. Ёқубов, С. Почоев, Абдураҳмонов, Баҳриддинов ва дигарон ҳамчун нахустин устодони ин даргоҳ дар таълиму тарбияи фарзандони деҳа саҳм гузоштаанд. Дар идомаи кори таълиму тарбия дар пайи ин мураббиёни беҳамто омӯзгорон М. Насимов, Д. Муҳаммадиев, С. Ҳакимов, М. Сатторов, Д. Сатторов, Ш. Воҳидов, О. Неъматов, М. Қофлонов, А. Ҳалимов, Н. Рӯзиев, М. Ҷумъаев фаъолияти назаррас доштанд. Хостем ин ҷо пиромуни фаъолияти педагогии яке аз ин машъалафрӯзон Муъмин Ҷумъаев ҳарф занем.
Оғози фаъолияти педагогии роҳбари ҷавон
Омӯзгор Муъмин Ҷумъаев яке аз сарварони ин даргоҳ аст, ки муассиса зери роҳбариаш ҳар сол соҳиби дастовардҳои бузурги илмию техникӣ мегардад.
Мавсуф давоми 45 соли фаъолияти меҳнатӣ дар соҳаи калидии мактабу маориф барои сифатан инкишоф додани таълиму тарбияи хонандагон кӯшиши беназир кардааст.
Муъмин Ҷумъаев соли 1975 фаъолияти педагогии худро дар мактаби №31 – и деҳаи Навободи ноҳияи Шаҳритус оғоз намуда, дар самти дуруст ва назаррас ба роҳ мондани таълими фанни математика ҳиссаи арзанда гузошт. Маҳз натиҷаи ҳамин фаъолияти пуршараф буд, ки дар тафтиши саросари мактаб, моҳи апрели соли 1977 аз тарафи Шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус бо “Ифтихорнома” қадрдонӣ карда шуд.
Аз моҳи сентябри соли 1977 ба ҳайси омӯзгори синфи тайёрӣ ва муаллими фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 ба номи Аминов Неъмати деҳаи Пошкент фаъолияти педагогии худро идома дода, бо омаданаш ба ин мактаб ва ташкилу роҳандозии чорабиниҳои беруназсинфӣ, ҳафтаҳои фаннӣ, шабнишиниҳои илмӣ ва маъракаҳои саволу ҷавоб завқи хонандагонро нисбат ба таълим ва омӯзиши ин фан бештар намуд. Устод Ҷумъаев аз соли 1983 то моҳи феврали соли 1997 ҷонишини директор оид ба таълими мактаби мазкур таъйин шуда, ҷиҳати беҳбудии кори таълим тадбирҳои муҳимро амалӣ намуд. Давоми фаъолияташ дар ин вазифа сифати таълим дар мактаб беҳтар гардид. Хонишҳои педагогӣ, конфронсҳои илмӣ – амалӣ, нашри мақолаҳои илмию методӣ ва мусоҳибаҳо бо намояндагони ВАО оид ба беҳтар намудани сифати таълиму тарбия бо роҳбарии Муъмин Ҷумъаев гузаронида мешуд, ки меваҳои шаҳдбор доранд.
Намунаи соати дарси омӯзгор Мӯъмин Ҷумъаев
Омӯзгор Муъмин Ҷумъаев мегӯяд: Нақши Пешвои миллат дар дарси муосир мондагор аст. Танҳо ба омӯзгор дониш, маҳорат, малака ва таҷриба зарурият дораду бас.
Оре, пешрафту комёбиҳое, ки кишвари мо дар тӯли соҳибистиқлолии хеш ба даст овардааст, ба талошу пайкорҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи ногусастанӣ доранд. Ҳамарӯза дар воситаҳои гуногуни иттилоотӣ дар ин хусус навидҳои руҳбахш интишор меёбанд ва онҳоро бо роҳу усулҳои гуногуни самарабахш ба толибилмон расонидан яке аз самтҳои асосии фаъолияти омӯзгор ва роҳбари синф мебошад.
Муъмин Ҷумъаев ҳамчун омӯзгори эҷодкор аз нашрияҳои гуногун мунтазам далелу рақамҳои ҷолибу тозаро гирд оварда, бо назардошти хусусияти синну соли хонандагон ва сатҳи фаҳмиши ҳар як синф мисолу масъалаҳои гуногун тартиб дода, дар ташкил ва гузаронидани дарсҳои такрорӣ, корҳои мустақилона, гирифтани корҳои санҷишӣ, шабнишиниҳои математикӣ ва монанди инҳо истифода мебарад, ки мувофиқи мақсад ва талаби замон аст.
Пешниҳоди онҳо ба омӯзгорони арҷманд дар партави амалисозии Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” аз фоида холӣ нахоҳад буд:
- Ҳосили ҷамъи рақамҳои адад ба 7 ва ҳосили тарҳи рақами дуюм ва якум ба се баробар аст. Агар ин ададро дуруст муайян кунед, он масоҳати боғи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросонро нишон медиҳад.
- Масоҳати замини росткунҷашаклеро, ки дарозиаш 7000м ва бараш 200м аст, ёбед. Он масоҳати боғе, ки дар ҷамоати Алиози ноҳияи Ҳисор бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдаш оғоз гардид, мебошад.
- Дар асоси пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 01.09.2016 нафақаи меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна 20% баланд бардошта шуд. Агар нафақаи меҳнати шаҳрвандон 600 сомонӣ бошад, он ба чанд сомонӣ мерасад?
- Дар сохтмони роҳи Айнӣ – Панҷакент мутахассисон ҳисоб намуданд, ки барои бунёди 1км роҳ 6 бутуну 22:13млн сомонӣ маблағ сарф мешавад. Роҳи Айнӣ – Панҷакент 113км аст. Барои бунёди роҳ чанд миллион сомонӣ сарф шудааст?
- Соли 2016 барои тараққиёти соҳаи маориф 3,15млрд сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин дар даҳсолаи охир 13% зиёд аст. Дар даҳсолаи охир барои соҳаи маориф чӣ қадар сомонӣ ҷудо карда шудааст?
- Агар музди меҳнати омӯзгор 1200 сомонӣ бошад, баъди 01.07.2022, 20% зиёд мегардад. Музди меҳнати омӯзгор чанд сомонӣ мешавад?
Чунин масъалаҳо дар дафтари омӯзгор Муъмин Ҷумъаев хеле зиёд аст. Мо танҳо қисме аз онро ҳамчун намуна пешниҳод кардем.
Муъмин Ҷумъаев баъди ҳар як масъала саволу ҷавоб ташкил менамояд.
– Умуман, ҷанбаҳои таълимию тарбиявии нашрияҳо хеле ғанӣ буда, ҳамаи омӯзгорон имконияти васеи аз онҳо босамарона истифода бурданро доранд. Ин намуди ташкили кор самарабахшу муфид хоҳад буд, чунки аз як тараф дониши математикии хондагонро ғанӣ гардонида, шавқу ҳаваси онҳоро нисбат ба ин фан ва рӯзномаҳо ривоҷ медиҳад. Аз тарафи дигар, онҳо ба дастовардҳои соҳаҳои гуногуни кишвар дар давраи Истиқлолият ошно месозад гуфт, – ҳамсӯҳбатам Мӯъмин Ҷумъаев. – Чунин тарзи дарс барои васеъ гардонидани ҷаҳонбинии онҳо кумак мерасонад. Онҳо аз меҳнати босамари мардуми кишвар дар ин давра огоҳӣ меёбанд. Аз маслиҳатҳою супоришҳо ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огоҳ мешаванд ва ҳисси меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ, худогоҳии миллиашон меафзояд ва муҳаббату эҳтироми онҳо нисбат ба Ватан бештар мегардад.
Ҷумъаев ва тадбирҳои тақдирсоз
Аз моҳи феврали соли 1977 то соли 2004 сарварии мактабро бар уҳда дошт. Дар ин давраи вазнин, ки аксари омӯзгорон тарки кор мекарданд, ҳаракат намуд, то омӯзгорони ҷавонро ба кор ҷалб намояд. Ҳатто онҳоро барои бозомӯзии соҳаашон ба Омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ фиристод ва дар раванди хонданашон ёрии беғаразона расонид. Дар мустаҳкам намудани базаи моддию техникии мактаб ва боз ҳам нашъунамо ёфтани боғи назди муассисаву сохтмони майдончаи варзишӣ саҳми босазо гузошт.
Соли 2004 мушовири Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан таъйин шуд ва то сенябри соли 2006 дар ин вазифаи пурмасъулият кор кард. Дар давоми фаъолият ба омӯзгорони ҷавон ҷиҳати тартиб додани нақшаҳои тақвимӣ – таълимӣ, нақшаи роҳбари синф, нақшаи худомӯзии омӯзгорон, нақшаи маҳфилҳо ёрии амалӣ расонид. Инчунин, дар ташкил ва баргузории озмунҳои “Муаллими сол”, “Мурабии сол”, “Аёниятҳои беҳтарин”, “Хушнависон” ва чандин чорабиниҳои дигари шаҳрӣ саҳм гузошт.
Аз ибтидои моҳи сентябри соли 2006 то соли 2008 дар Гимназияи №1 ба номи Аҳрор Мухторов ва аз сентябри соли 2008 то соли 2009 дар Литсейи №2-и шаҳр (ҳозира Гимназияи №6) ба сифати ҷонишини директор оид ба таълим ва омӯзгори фанни математика ифои вазифа намуд. Дар ин муассисаҳои таълимӣ бо роҳбарии ин марди наҷиб сифати таълиму тарбия, маҳфилҳои фаннӣ, дарсҳои иловагӣ ва чорабиниҳои беруназсинфӣ баланд гардиданд. Ҳамзамон, дар роҳи мустаҳкам намудани равобити байни мактабу волидайн ҳамеша саъю кӯшиш менамуд. Бо падару модарони хонандагон мувофиқи қобилияти фарзандонашон дар интихоби касб маслиҳатҳо медод.
Фаъолияти рӯзноманигорӣ ва нашри мақолаҳои илмӣ
Муъмин Ҷумаев аз соли 2014 узви Итифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Мақолаҳои илмию методӣ доир ба ташкил ва гузаронидани соати тарбиявӣ, шабнишиниҳои фаннӣ (махсусан фанни математика), тартиб додани ҷаласа ва протоколи шӯрои методӣ, роҳандозии шӯрои омӯзгорӣ, дарёфти роҳҳои ҷолибсозии дарсҳо, алоқамандии математика бо дигар фанҳои таълимӣ, тарбия намудани насли наврас дар заминаи мактаби Пешвои миллат ва нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илмҳои риёзӣ ва ғайраҳо дар маҷалаҳои “Мактаби Советӣ”, “Маърифати омӯзгор”, “Масъалаҳои методикаи таълим”, “Газетаи муаллимон”, “Омӯзгор”, “Ҷумҳурият”, “Минбари халқ”, “Маорифи Суғд”, “Набзи Деваштич”, “Эътиқод”, “Паёми Истаравшан”, “Заҳматкаш”, “Нури дониш” ва ғайра нашр гардидаанд.
Устод шогирдони бисёреро тарбия намуда, ба воя расонидааст. Онҳо ҳоло ҳар кадом номзадҳои илм, табиб, кишоварз, омӯзгор ва намояндагони дигар касбу корҳои мухталифи хоҷагии халқ буда, дар ободонии кишвари азизамон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Заҳмату хизматҳои муаллим Муъмин Ҷумаев бо “Медали шоиста”, унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии матбуот”, “Медали 100-солагии матбуот” ва дигар сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст. Мактаби таъсисдодаи устод боғистон ё адабсароеро мемонад, ки гулҳои парвардааш аллакай гулбуттаҳои қавӣ шуда, имрӯз садри маҳфилу чорабиниҳоянд ва худи устод бешак машъал ё равшаннамои соҳаи маорифи шаҳри Истаравшан аст.
Ҷаҳонгир МАХКАМОВ,
омӯзгор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон