Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳиму пешбарандаи ҷомеа буда, ҳамеша ба таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ниёз дорад. Аз ҳамин хотир аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ба ин соҳа аҳамияти бештар медиҳанду талаб менамоянд, ки дар саросари кишвар ҷиҳати рушди соҳаи маориф чорабиниҳо сурат гиранд. Дар навбати худ, масъулини соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар бо дастгирӣ аз дастурҳои Роҳбари давлат фаъолияти худро ҷоннок месозанд. Инҷо метавон аз талошҳои пайгиронаи масъулини Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ёдовар шуд.
Дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат
Муҳаммадиева Фирӯза Абдулвоҳидовна, мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон дар суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон иброз дошт, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ҷории худ маорифро ҳамчун самти афзалиятнок ва моҳиятан калидӣ арзёбӣ карда, сол аз сол маблағгузории ин соҳаро афзун менамояд.
– Дар ҳамин радиф, махсусан ба муассисаҳои таълимӣ, ки дар шароити феълӣ аз нақшу мақоми баланд бархурдор мебошанд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Ва беасос нест, ки дар марҳилаи феълии рушди ҷомеаи муосири тоҷик, замоне сухан аз боби мактабу маориф меравад, сифати таҳсилот дар мадди аввал қарор гирифта, таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин масъала – “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем”- дар мағзу шуури ҳар як корманди соҳаи маориф ҷой мегирад. Зеро бидуни мунтазам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омодасозии мутахассисони соҳибмаълумоту соҳибихтисос ва дар ин замина, таъмини боэътимоди ояндасозии Ватани азизамон имконнопазир мегардад. Бо ҳамин назардоштдар самти пайваста баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас корҳои қобили мулоҳизаро роҳандозӣ карда истодаанд, – афзуд Фирӯза Абдулвоҳидовна.
Ба иттилои мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон Фирӯза Муҳаммадиева, кормандони соҳа фаъолияти худро ҷиҳати болоравии сатҳу сифати дониш ва беҳбуд бахшидан ба вазъи соҳа пайваста чораҳои муасирро роҳандозӣ намуда, дар баробари ин, назорати доимии раванди таҳсилот дар ҳамаи муассисаҳои таълимиро вазифаҳои асосии худ мешуморад.
Таълиму тарбия – дар мадди аввал
Ба маълумоти мавсуф, дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 дар Шӯрои шуъбаи маориф маҷмуан 43 масъалаи муҳим вобаста ба раванди таълиму тарбия мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шудаанд.
Дар баробари ин, дар муассисаҳои таълимии шаҳр як қатор ҷорабиниҳои таълимӣ ва тарбиявӣ гузаронида шуданд, ки семинарҳои доимоамалкунандаи фанҳои таълимӣ, семинарҳои машваратӣ-омӯзишӣ барои таблиғгарони ИМД-2021, даври шаҳрии озмунҳои “Дастархонороӣ” ва “Чакомаи гесу”, олимпиадаҳои байналмилалии «Imac» ва “Кенгуру” аз фанни математика, HIPPO ва “Spellinq Bee” аз фанни забони англисӣ, “Инфоурок” ва “Меташкола” аз фанни забони русӣ, “WeVoi” аз суханварӣ, “UNICEF” аз расмкашӣ, даври шаҳрии озмуни вилоятии «Хорсароён» дар мавзӯи «Суруди «Дунёи миллат»-ро меомӯзем», мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар», озмуни шаҳрии «Шеърхони беҳтарин» байни тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо бахшида ба 115-солагии шоира Агния Лвовна Барто, озмуни «Мураббии сол», иштирок дар озмуни фосилавии вилоятии мақолаи беҳтарин доир ба мавзӯи “Сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ”, иштирок дар озмуни фосилавии вилоятии “Видеоролики беҳтарин” бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Созмони хонандагон, даври шаҳрии озмуни вилоятии «Коррупсия-падидаи номатлуби ҷаҳони муосир» байни хонандагони синфҳои 9-11, озмуни шаҳрии иншои беҳтарин дар мавзӯи «Модар бақои ҳаёт аст» бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар, озмуни «Зан-роҳбари беҳтарин» байни роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, озмуни иншои беҳтарин «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд», озмуни “Бозиҳои миллӣ”, даври шаҳрии озмунҳои «Маликаи Наврӯзӣ» ва «Ҳафт син ва ҳафт шин», даври шаҳрии олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5-11, даври шаҳрии озмуни «Сайри гули лола», баргузории олимпиада байни хонандагони синфҳои 4-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанни математика бахшида ба Солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, иштирок дар даври вилоятии озмуни «Коррупсия-падидаи номатлуби ҷаҳони муосир», даври муассисавӣ ва шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, даври муассисавӣ ва шаҳрии озмуни вилоятии «Маданияти андозсупорӣ-баҳои бофарҳангии ҷомеа», даври шаҳрии озмуни вилоятии «Шукуфаҳои истиқлол», озмунҳои “Лоиқхонӣ” ва “Турсунзодахонӣ”, даври муассисавӣ ва шаҳрии озмуни вилоятии «Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ», даври шаҳрии сессияи Академияи хурди илмҳо, озмуни шаҳрӣ «Ангораи беҳтарин» бахшида 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни шаҳрии “Рӯдакихонӣ” аз шумули номгӯи номукаммали ҳамин қабил чорабиниҳо мебошанд.
Дастовардҳои мактабиён назаррасанд
Танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 14 нафар хонандагони муассисаҳои шаҳр дар олимпиадаи байналмилалии Olympia аз рӯи 5 самт – фанҳои дақиқ, иқтисодиёт, тиҷорат, расм ва санъат ба тариқи фосилавӣ (онлайн) бо забони англисӣ ширкат варзида, бо ноил гардидан ба ду медали нуқра, панҷ медали биринҷӣ ва ду адад сертификат шарафи маорифчиёни шаҳри Бӯстонро ҳимоя намуданд. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии мактаббачагон бошад, 10 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳр ба ҷойҳои намоён соҳиб гаштанд – ду ҷойи якум, се ҷойи дуюм ва панҷ ҷойи сеюм.
Дар баробари ин, дар даври якуми олимпиадаи байналмилалии “IMEC-online” аз фанни математика, ки санаи 14.02.2021 баргузор гардид, аз 95 нафар иштирокҷӣ, 45 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Бӯстон ба даври дуюм роҳхат ба даст оварданд ва аз миёни онҳо 5 нафар дар даври сеюм иштирок намуданд. Ба ин минвол, дар олимпиадаҳои байналмилалии фосилавии “Инфоурок” ва “Меташкола” низ аз фанни забони русӣ 27 нафар хонанда ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд, ки боиси сарафрозии устодону волидон ва аҳли маориф аст.
Дар идомаи ин дастовардҳо зикр намудан ба маврид аст, ки агар дар олимпиадаи байналмилалии фосилавии “Кенгуру” аз фанни математика аз 45 нафар хонандаи ширкатварзида 9 нафар соҳиби диплом гардида бошанд, пас, дар олимпиадаи байналмилалии фосилавии “UNICEP” аз расмкашӣ 9 нафар хонанда бо ба даст овардани 5 диплом сарафрозӣ намуданд. Ва ба ҳамин минвол дар олимпиадаи байналмилалии фосилавии “Архимед” аз фанни математика низ 28 хонанда иштирок намуда, 21 нафарашон ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Дар олимпиадаи байналмилалии “Spellinq Bee” аз фанни забони англисӣ бошад, 6 хонанда ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Ҳамчунин, 1 нафари дигар аз муҳассилини шаҳр дар олимпиадаи байналмилалии “WeVoi” аз суханварӣ арзандаи ҷойи намоён гардид.
Қобили тазаккур аст, ки дар озмуни вилоятии “Сайри гули лола” дастаи шаҳри Бӯстон бо сазовор гардидан ба 4 ҷойи ифтихорӣ, ҳамчунин бо 2 “Сипоснома”-и Раёсати маорифи вилоят қадршиносӣ шуд, ки боиси болидахотирии аҳли маорифи шаҳри Бӯстон мебошад.
Дар ин раванд ду нафар хонанда – аз Гимназияи №2 Ҳасанова Маҳҷабин ва аз Мактаби Президентӣ Каримова Дилдора соҳиби идрорпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар умум бошад, 24 нафар хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр соҳиби идрорпулии Раиси шаҳри Бӯстон мебошанд.
Ин ҳама дастовардҳо ҳамчун муште аз хирвор буданд, ки дар соли таҳсили ҷорӣ мактабиёни шаҳри Бӯстон ба даст овардаанд.
Дасти сахои “Ворисони илм”
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди шаҳри Бӯстон аз ҷониби ҶДММ “Ворисони илм” бинои сеошёна бо 18 синфхона барои 460 адад ҷойи нишаст муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифта истодааст. Маблағи лоиҳавии сохтмон зиёда аз 5 миллион сомонӣ мебошад. Таҳсил дар муассиса бо забони русӣ буда, омӯзиши забонҳои англисӣ ва хитоӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд кард, ки айни замон ҶДММ “Ворисони илм” бо ҷалби 36 нафар наврас фаъолияти муассисаи таҳсилоти ибтидоии хусусӣ ва бо ҷалби 99 кӯдак фаъолияти муассисаи таҳсилоти томактабии хусусиро ба роҳ мондааст. Айни ҳол дар шаҳри Бӯстон муассисаҳои таълимии садамавӣ мавҷуд намебошанд.
Таҳсилоти ғайрианъанавӣ ва алтернативӣ
Дар шаҳри Бӯстон 11 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият мебарад, ки аз он 2 адад (муассисаҳои томактабии №№1 ва 5) тобеи КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, 5 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ (“Ояндаи дурахшон”, “Гули наврӯзӣ”, «Чашмача», “Ворисони илм”, “Ахтари тобон”) ва 4 муассисаи таълимии томактабии назди шуъбаи маориф (№№ 4, 13, 15, 16) мебошанд.
Ҳамзамон, дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба роҳ мондани “Маркази инкишофи кӯдак” коркард шуда, тибқи талабот гӯшаҳои таълимӣ бо тамоми маводи зарурӣ, ки барои амалӣ кардани мазмуни барномаи тарбиявӣ-таълимии “Маркази инкишофи кӯдак” дар ҳадафҳои он муайян гардидаанд, ҷиҳозонида шудааст. Феълан дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр “Марказҳои инкишофи кӯдак” таъсис дода шуда, дар 10 гурӯҳи мавҷуда 200 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар умум бошад, ҳоло муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Бӯстон 1700 (соли гузашта 909) нафарро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд.
Ҳавасмандсозии омӯзгорони ҷавон
Қобили тазаккур аст, ки айни замон норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр дида намешавад. Зеро баҳри ҳавасманд гардонидани омӯзгорони ҷавон ба касби омӯзгорӣ ва дастгирии молиявии онҳо ду нафар мутахассиси ҷавон барои гирифтани қарзи имтиёзнок ба маблағи 6000 сомонӣ ва як нафар барои гирифтани қитъаи замин пешниҳод гардидаанд.
Бо мақсади бартараф намудани эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ, ки асосан дар муассисаҳои таълимашон бо забони русӣ ҷой дорад, санаи 17 майи соли 2021 масъули шуъбаи маориф оид ба кадр тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят дар тақсимоти мутахассисони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров иштирок намуда, 16 нафар мутахассисони ҷавонро барои бо ҷойи кор таъмин намудан номнавис намуд ва ҳоло онҳо дар муассисаҳои таълимӣ бо соатҳои дарсӣ таъмин ҳастанд.
Рушди истеъдодҳо
Бо мақсади ҷалби васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ моҳи март байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр даври шаҳрии озмуни вилоятии “Техникони наврас” аз рӯи 9 номинатсия гузаронида шуд. Дар даври вилоятии озмун хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бӯстон ба ду ҷойи ифтихорӣ ва ду “Сипоснома”-и Раёсати маорифи вилоят соҳиб гаштанд.
Моҳи март бо аъзои маҳфилҳои Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳр озмунии шаҳрии иншои беҳтарин дар мавзӯи “Модар бақои ҳаёт аст” ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар он 31 нафар ширкат намуданд. Аз тарафи комиссияи тафтишотӣ 5 нафар иншои беҳтарин муқаррар карда шуда, бо сипосномаи мудири шуъбаи маориф сарфароз гардонида шуд. Бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатштносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040) ва ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инҷунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт даври шаҳрии олимпиадаи фаннӣ аз фанни математика дар байни хонандагони синфҳои 4-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар он аз ҳар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 4 нафарӣ хонандагон ширкат варзида, 12 нафар беҳтаринҳо ба маҳфили назди Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф ҷалб шуданд.
Таваҷҷуҳ ба илмҳои муосир
Шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон дар асоси қарори Ҳукумати ҶТ, қарори Раиси вилояти Суғд, қарори Раиси шаҳри Бӯстон ва фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд «Дар бораи Нақшаи ҷорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040, нақшаи ҷорабиниҳои худро ба расмият дароварда, тибқи он фаъолият бурда истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Бӯстон аз фанҳои табиатшиносӣ 32 нафар омӯзгор, аз фанҳои риёзӣ (матемаика ва физика) 47 нафар омӯзгор фаъолият дошта, ҳамаи онҳо ихтисосманди соҳа мебошанд ва дар асоси нақша аз курсҳои такмили ихтисос ва аз аттестатсияи навбатӣ гузаштаанд. Дар раванди таъминот бо омӯзгорони фанҳои математика ва химия зарурат мавҷуд мебошад.
Сатҳи забономӯзӣ
Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии шаҳр 63 нафар омӯзгори забони русӣ ва 53 нафар омӯзгори забони англисӣ фаъолият бурда истодаанд ва аз фанҳои мазкур норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва фаъолияти омӯзгорони ғайриихтисос ҷой надорад.
Тибқи нақшаи дурнамои кабинети методии шуъбаи маориф дар маҷмуъ 17 нафар мутахассиси фанҳои забони русӣ ва англисӣ барои сайқал додани дониш ва маҳорати касбии худ ба курсҳои такмили ихтисоси Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд равона карда шуданд. Дар шаҳр аз 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар 5 -тояш таҳсил пурра бо забони русӣ, дар 2 -то бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, дар боқимонда 6 муассиса таҳсил пурра бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст.
Баҳри ба забономӯзӣ ҷалб намудани хонандагон дар ду Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр 4 маҳфили забономӯзӣ амал карда истодаанд, ки ба онҳо 183 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ҷалб гардидаанд. Бояд қайд намуд, ки шумораи аҳли маҳфил назар ба ҳамин давраи соли гузашта 56 нафар, ё ин ки 28,4 % зиёд гардидааст. Инҷунин, дар муассисаҳои таълимӣ 12 маҳфили забономӯзӣ (6 – то аз забони русӣ ва 6-то аз англисӣ) амал карда истодаанд, ки ба онҳо 211 нафар хонанда ҷалб гардидаанд.
Натиҷаи корбарӣ бо хонандагони болаёқат буд, ки дар даври ҷумҳуриявии олипиадаи фаннӣ 8 нафар хонандагон аз фанни забони русӣ ва 1 нафар аз фанни забони англисӣ ҷойҳои намунавиро ишғол намуданд.
Рӯ ба имконоти аз ин беҳтар
Албатта, дар ҷое кор равнақ дорад, онҷо камбудӣ низ пеш меояд. Шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон низ аз ин амри воқеият дар канор нест. Мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон Муҳаммадиева Фирӯза Абдулвоҳидовна, бо овардани чанд далел ва факту рақамҳо аз дастоварду пешравиҳои соҳа ҳамчунин, бо дарки масъулият ва ҳисси ғамхорӣ иқрор гардид, ки ҳоло Маркази таҳсилоти иловагии назди Шуъбаи маориф бинои алоҳида надорад ва инчунин, бинобар сол аз сол зиёд гаштани теъдоди муҳассилин, соҳаи маорифи шаҳри Бӯстон ба як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ эҳтиёҷот дорад, ки албатта, мушкилоти мавҷуда дар фурсатҳои муносиб дар ҳамдастӣ бо макомоти иҷроияи шаҳру вилоят. Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илму Раёсати вилоят ҳалли саривақтии худро пайдо хоҳад кард.
– Новобаста ба ин, Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Суғд, қарорҳои раиси вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон тадбирҳои таъсирбахшу судманд андешида, бо мақсади саривақт ва хушсифат иҷро гардидани онҳо аз тамоми шароиту имкониятҳо самаранок истифода мебарад, – бо итминон иброз намуд Фирӯза Муҳаммадиева.
МТЖТ