Маориф соҳаи калидии ҷомеа буда, рушди дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва расидан ба ҳадафҳои умумимиллӣ ва зиндагии шоистаи мардум бевосита ба он вобастагӣ дорад. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистонро аз нав барои солҳои 2021-2025 қабул намуд.
Бо назардошти иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат барои баланд бардоштани вазъи иҷтимоии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи кишвар тадбирҳои судманд амалӣ гашта истодаанд. Ин аст, ки сол ба сол вазъи иҷтимоии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф боло меравад…
Шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва муассисаҳои тобеи он дар соли 2021 ҷиҳати амалӣ намудани нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаду меъёрҳои ҳуқуқии соҳавӣ, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Раёсати маорифи вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, амалӣ намудани барномаҳои давлатии соҳавӣ ва нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда фаъолияти худро вусъат бахшида, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, роҳандозӣ намудани корҳои тарбиявӣ ва муҳайё намудани шароити мусоиди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳр имкониятҳои мавҷударо самаранок мавриди истифода қарор дод.
Туҳфаи арзандаи Пешвои миллат
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд соли 2021-умро бо рӯҳияи баланди хештаншиносию худогоҳӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ ба ифтихори таҷлили бошукӯҳи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон сазовор истиқбол намуда, фаъолияти назарраси худро баҳри таълиму тарбияи шоистаи насли наврас равона намуда, ба як қатор дастовардҳои назаррас мушарраф гардид.
Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ва ифтитоҳи бинои нави муассисаҳои таълимии ғайридавлатии “Мактаби Пулотов” ва “Мактаби Оксфорд”, муассисаи таҳсилоти томактабии №35, кӯдакистони хусусии “Меҳросо” барои кӯдакони ятим ва нимятим дар маҳаллаи Бофанда ва “Хуршеди истиқлол” дар маҳаллаи Содирхон Ҳофиз туҳфаи арзанда ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар маҳсуб мешаванд.
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон 2500 нафар омӯзгорону мураббиён, 4500 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрамон дар чорабиниҳо, ки дар варзишгоҳи «25 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» гузаронида шуд, дар намоишҳои адабӣ-мусиқӣ, паради ҷашнӣ фаъолона иштирок намуданд.
Моҳи сентябри соли 2021 бо иштироки муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдуллозода Ҷ. ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бинои иловагӣ дар назди МТМУ №5 ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, дар МТТ №18, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 хишти асос гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз гардид.
Муассисаҳои таълимӣ ва таъминоти кадрӣ
Айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд 50 мактаб, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, аз он ҷумла 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 5 литсей, 4 гимназия, 13 мактаби хусусӣ, 1 мактаб интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд, 1 комплекс кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобино фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 2525 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд. Ҳамзамон дар 50 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 33 кӯдакистонҳои давлатӣ, 17 кӯдакистонҳои хусусӣ 504 нафар мураббиён фаъолият менамоянд.
Мувофиқи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар шаҳр мебоист, 24 муассисаи томактабӣ хусусӣ сохта, ба истифода дода мешуд ва дар ин давра 17 адади кӯдакистони хусусӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки ин 71% нақшаи иҷроиши Барнома мебошад.
Шуъбаи маориф дар соли 2021 барои қабули 45 нафар мутахассисони ҷавон дархост пешниҳод намуда буд. Бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 64 нафар мутахассисони ҷавон мувофиқи тақсимот ба ихтиёри Шуъбаи маориф фиристода шуданд, ки аз онҳо 55 нафар хатмкунандагони МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”, 9 нафар хатмкунандагони коллеҷи омӯзгории МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” мебошанд.
Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро…
Шуъбаи маориф баҳри амалӣ намудани чораҳои мушаххас ҷиҳати соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ҳар як ятими кулл ва ба зиндагии мустақил омода намудани онҳо пайваста тадбирҳои судманд меандешад.
Дар муассисаҳои таълимии шаҳр дар соли таҳсили 2021-2022 43 нафар (21 нафарашон духтар) ятимони кулл ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат 4 нафар хатмкунандагон (ятимони кулл) -и МТМУ №8,17, гимназияи №13 (2 нафар) – и шаҳри Хуҷанд соли ҷорӣ ба донишгоҳҳо ва коллеҷҳо дохил шуданд.
Ҳамасола дар иду айёмҳо аз тарафи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ, алалхусус аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ятимони кулл бо тӯҳфаҳои молию пулӣ, бо либосҳои мактабӣ, пойафзолу либосҳои зимистона таъмин карда мешаванд.
Сатҳи фарогирии омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ
Мувофиқи нақшаи солона дар соли 2021 бояд 377 нафар омӯзгорони фаннӣ ва кормандони соҳа аз такмили ихтисос мегузаштанд. Давоми соли 2021 – 624 нафар омӯзгорони фаннӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф гузашта, савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки он ба ҳисоби миёна 165%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, муайян намудани дараҷаи тахассус ва маҳорати касбии кормандони муассисаҳои таълимӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи маориф ҳар 3 сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида мешаванд. Соли сипаришуда 668 нафар омӯзгорону мураббиёни муассисаҳои таълимӣ аз аттестатсияи навбатӣ гузаштанд.
Номоварони маорифи Хуҷандшаҳр
Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омӯзгорон, дарёфт ва ошкор намудани омӯзгорони боистеъдод, навовару эҷодкор, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ, қадрдонии меҳнати омӯзгорон ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, озмунҳои «Омӯзгори соли Тоҷикистон» ва «Мураббии соли Тоҷикистон» дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» мураббияи кудакистони №23 Таҳмина Абдуалиева ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон – 2021» гардид.
Дар озмуни шаҳрии “Роҳбари синфи беҳтарин”, ки байни роҳбарони синфи муассисаҳои таълимии шаҳр гузаронида шуд, омӯзгори муассисаи таълимии хусусии литсейи “Ю.Рустамов ” Худойдодова Мавҷуда ғолиб гардид.
Санаи 2 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Набиева Меҳрангез, хонандаи синфи 11- и Гимназияи Ганҷ ва Султонзода Лайло хонандаи синфи 11- и МТМУ №7 ҷойи 3-юмро ишғол намуда, соҳиби 20 000 сомонӣ гардиданд. Инчунин, волидайни ин хонандагон бо медали «Маърифатпарвар» ва омӯзгорон ба маблағи 10 000 сомонӣ қадршиносӣ гардонида шуданд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, 13 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр фаъолона иштирок намуда, хонандаи синфи 10 МТҒ “Гулчини маърифат” Темирхоҷаев Иқболхӯҷа дар номинатсияи “Ихтирокорӣ ва навоварӣ” сазовори ҷойи 1 ва бо маблағи 35 000 сомонӣ қадршиносӣ гардид.
Инчунин, хонандаи синфи 11 ЛДП Бойматов Амирҷон дар номинатсияи “Химия” сазовори ҷойи 2 бо маблағи 25 000 сомонӣ мукофотонида шуд.
Дар баробари ин, 3 нафар хонандагони МТМУ №2, МТД БХБ, литсейи “Рустамов” бо ифтихорномаи озмун ва 3 000 сомонӣ маблағи пулӣ, 2 нафар хонандагони литсейи №1 бо ифтихорнома ва нишони озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” сазовор дониста шуданд.
Ҳамчунин, омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ литсейи физикӣ- математикии №1 Очилов Ҳусейнҷон ва омӯзгори фанни химияи ЛДП Иброҳимов Мӯъминҷон барои омода намудани шогирдон ба озмуни мазкур ба маблағи 10.000 сомонӣ шарафёб гардиданд.
Моҳи ноябри соли 2021 дар Планетарияи вилоятии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ озмуни вилоятии “Мошинаи ояндаи коинот” доир гарлид, ки дар он хонандагони гимназияи №4 ва МТМУ №10 ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд.
Дар арафаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгори ҷавони шаҳри Хуҷанд Очилов Ҳусейн-омӯзгори фанни технологияи иттилоотии литсейи физикӣ-математикии №1 ва омӯзгори фанни физикаи ЛДП Бобоҷонов Ҷӯрабой барандагони Ҷоизаи Президентӣ дар соҳаи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дониста шуданд.
Омӯзгорони пуртаҷрибаи шаҳри Хуҷанд Ҳошимова Шаҳло-омӯзгори фанни физикаи литсейи физики-математикии №1 ва омузгори фанни химияи ЛДП Иброҳимов Муминҷон барандагони Ҷоизаи Раиси вилоят дар соҳаи маориф гардиданд.
Меҳнат бо истироҳаташ хуш аст
Бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони соҳаи маориф дар давоми соли 2021 – 116 нафар омӯзгорон ба осоишгоҳҳои «Соҳил», «Шифо», «Усмонхӯҷа» ва ба Маркази ҷумҳуриявии солимгардонӣ, осоишгоҳи “Баҳористон” ҶДММ “Тибби аср” роҳхат гирифта, саломатии худро барқарор намуданд. Барои гузаронидани чорабиниҳои маданӣ-равшаннамоӣ 37380 сомонӣ, аёдати собиқадорони соҳа ба маблағи 28040 сомонӣ равона гардида, омӯзгорону мураббиёни пешқадам бо Ифтихорномаҳои соҳавӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Сатҳи таъминот бо технологияҳои иттилоотӣ
Бояд қайд кард, ки тибқи иҷрои «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» – соли 2021 тибқи иҷрои Барномаи мазкур бояд 153 компютер ва 12 тахтаи электоронӣ харидорӣ карда мешуд. Ба муассисаҳои таълимӣ 168 компютер (110%) ва 42 тахтаи электронӣ (350%) харидорӣ карда шудааст.
Тайи 5 сол ҷиҳати иҷрои Барнома бояд 766 компютер ва 49 тахтаи электронӣ харидорӣ карда мешуд. То имрӯз иҷроиши Барнома 593 адад компютер (77%), 143 адад тахтаи электронӣ (292%) -ро ташкил медиҳад.
Айни ҳол маҷмуан дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд 1834 компютер, 265 принтер, 296 проектор ва 217 тахтаи электронӣ мавҷуд буда, дар 23 муассисаи таълимӣ китобхонаи электронӣ фаъолият мебаранд.
Баҳри татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2011, №643 «Дар бораи Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисон ва омӯзгорони муассисаҳо курсҳои даҳрӯза ташкил ва гузаронида шуд.
Доир ба иҷроиши “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» тибқи нақша – чорабиниҳо корбарӣ идома дорад.
Рушди истеъдодҳо
Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» давоми соли 2021 корҳои мушаххасро ба анҷом расонид.
Дар соли таҳсили 2021-2022 дар назди Марказ 23 маҳфили фаннӣ ва 2 маҳфили маърифатӣ–фарҳангӣ ташкил карда шудааст, ки ба он 270 нафар хонанда, аз он ҷумла 139 нафар духтар ва ба маҳфилҳои фарҳангӣ-маърифатӣ 20 нафар, аз он ҷумла 3 нафар духтар ҷалб гардидааст. Маҳфилҳои забонҳои русию англисӣ, физика, химия ва технологияи иттилоотӣ дар Марказ баргузор мегардад. Барои гузаронидани машғулияти маҳфилҳо омӯзгорони пуртаҷриба вобаста шудаанд. Дар соли таҳсили 2021-2022 дар муассисаҳои таълимӣ 143 маҳфили фаннӣ ташкил шудааст, ки ба он 2 307 нафар, аз ҷумла 1020 духтар ва 73 маҳфилҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, ки ба он 2133 нафар, аз он ҷумла 700 нафар духтар ҷалб гардидаанд.
Дастовардҳои назаррас дар олимпиадаҳо
Дар олимпиадаҳои гуногуни фаннии вилоятӣ барои синфҳои 5-11-ум 99 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки аз ҷумла: ҷойи 1- 35 нафар; ҷойи 2-30 нафар; ҷойи 3- 34 нафар.
Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ барои хонандагони синфҳои 11-ум, олимпиадаи ҷумҳурявии даставӣ барои синфҳои 9-10, олимпиадаи ҷумҳуриявии наврасон аз фанҳои табиӣ – риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ барои синфҳои 5-6 ва 7-8, олимпиадаи ҷумҳуриявии Spelling Bee ва олимпиадаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот, ки дар шаҳри Душанбе ва Ҳисор баргузор гардид, ки дар он 150 нафар хонанда иштирок намуданд. Ҳамагӣ дар олимпиадаҳои гуногуни фаннии ҷумҳуриявӣ барои синфҳои 5-11-ум 90 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, аз ҷумла: ҷойи 1- 14 нафар, ҷойи 2-21 нафар, ҷойи 3- 55 нафар мебошанд.
Инчунин, иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ тариқи онлайн, ки аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо пешниҳод мегардад, сол то сол зиёд гардида истодааст. Дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, лоиҳавӣ, фосилавӣ то имрӯз 762 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ ба гирифтани 16 ҷойи ифтихорӣ, лоиҳавӣ ва фосилавӣ – 271 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Дар даври аввали олимпиадаи байналмилалии IMEC-2021 (ИМА) тариқи онлайн, ки аз фанни математика моҳи феврал баргузор гардид, аз 77 нафар хонандагон 76 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар олимпиадаи фосилавии байналмиллалӣ “Кенгуру-2021” аз фанни математика 215 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, 127 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд, аз ҷумла: ҷойи 1-5 нафар, ҷойи 2-23 нафар, ҷойи 3-34 нафар.
Дар олимпиадаи байналмилалии “FISO-2021” тариқи фосилавӣ, ки аз фанни математика, забони англисӣ ва рассомӣ санаи 24.10 2021 дар МТМУ №16 гузаронида шуд, 370 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд ва 114 нафар ба даври дуюми олимиадаи байналмилалӣ роххат гирифтанд.
Дар даври ниҳоии ҷумҳуриявии олимпиадаи байналмиллалӣ “HIPPO-2021” 18 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда,1 нафар хонандаи литсейи физики-математикии №1 ба даври финалии олимпиадаи мазкур роххат гирифт.
Дар олимпиадаи фосилавии байналмиллалӣ “Архимед-2021” аз фанни математика 40 нафар хонандагони шаҳр иштирок намуданд, ки аз онҳо 35 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардида, бо дипломҳо сарфароз гардонида шуданд ва 6 нафар сазовори ҷойхои ифтихорӣ шуданд, ки аз он 1 нафар бо медали нуқра ва 5 нафар бо медали биринҷӣ аз МТУҒ “Пӯлотов”, литсейи №1, ЛБХБ, ”Гимназияи Гёте” сазовор гардиданд.
Санаи 01 – 02.03.2021 сол аз тарафи ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров олимпиадаи вилоятӣ оид ба барномарезӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят барои дарёфти “Ҷоми Шӯрои олимони МТД ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” гузаронида шуд, ки дар он хонандагони литсейи №1 сазовори ҷойи якум ва ҷоми олимпиадаи мазкур гардиданд.
Дар 13-умин олимпиадаи байналмилалии дониш- International olimpiad Antaliya 2021- 22 нафар хонандагон иштирок намуда, 18 нафар хонандагони ЛБХБ шаҳри Хуҷанд ба гирифтани 1 медали тилло, 1 медали нуқра, 5 медали биринҷӣ ва 11 медали даставии нуқра ва Ҷоми Олимиадаи байналмилалии Анталия-2021 ва 2 нафар хонандагони МТҒ “Паймон” низ сазовор ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар Олимиадаи байналмилалӣ, ки дар штати Техаси ИМА баргузор гардид, 6 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Хатмкунандагони МТУҒ «Гимназияи Гёте» Бобоҷонов Саидҷон ба гирифтани идрорпулии DAAD-хадамоти мубодилаи омӯзгорон ва хонандагоне, ки забони немисиро меомӯзанд, Батаев Далер барои гирифтани идрорпулии байналмилалии Виадрина Фаст сазовор шуданд.
Хонандаи синфи 9 МТД БХБ Охунова Шукрона моҳи декабр дар олимпиадаи байналмилалии “Лаборатория талантов-2021”, ки дар шаҳри Бокуи давлати Озарбойҷон аз фанҳои математика, химия, физика баргузор гардид, иштирок намуда, сазовори ҷойи 3 гардид.
Моҳи июни соли 2021 дар МДТ «Мактаби байналмиллалии Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе 42-юмин Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 20 бахш гузаронида шуд. Дастаи шаҳри Хуҷанд сазовори 91 ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, аз ҷумла: ҷои 1 – 37 нафар, ҷои 2 – 13 нафар, ҷои 3 – 7 нафар, узви вобаста- 19 нафар, узви ҳақиқӣ- 15 нафар, Сипоснома – 6 нафар.
Моҳи ноябр дар гимназияи №4 тибқи фармоиши шуъбаи маориф даври шаҳрии олимпиадаи наврасон байни хонандагони синфҳои 5-6,7-8, олимпиадаи даставӣ байни синфҳои 9-10, олимпиадаи фаннӣ байни хонандагони синфҳои 11 доир гардид, ки дар он 1 695 нафар хонанда мувофиқи дархост иштирок намуданд. Ғолибони Олимпиадаи шаҳрӣ барои иштирок ба Олимпиадаи вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Дар соли таҳсили 2020-2021 – 12 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд бо аттестати аъло ва медали тиллою нуқра муассисаро хатм карданд. Аз онҳо 9 нафар бо медали тилло ( 2 нафар хонандагони гимназияи №1, 2 нафар хонандагони ЛДП, 2 нафар аз МТУГ “Ирфон”, ва 1 нафарӣ аз МТМУ №28 ва гимназияи №4, гимназияи “Гете”) ва 3 нафар бо медали нуқра (1 нафар литсейи №1 ва 2 нафар хонандагони литсейи ДДҲБСТ).
Соли 2021- 73 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ барандагони Стипендияи Президентӣ ва 77 нафар барандагони Стипендияи Раиси шаҳр гардиданд.
Комёбиҳои мактабиёни Хуҷанд дар мусобиқоти варзишӣ
Ҳамасола, тибқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маориф байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр озмунҳои ҳарбӣ-варзишии “Сипар”, “Ватанпарвар”, “Шафақ” ва “Сарбози оянда” ташкилу гузаронида мешаванд. Дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи гуногун дастпарварони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзида, ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд.
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фестивали бозиҳои миллӣ-варзишӣ оид ба намуди шоҳмот” байни хонандагони синфҳои 1-11 гузаронида шуда, муассисаҳои таълимии ЛДП, МТҒ ”Рустамов”,”Гёте”, МТД-МБХБ, МТМУ №6 сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят хонандагони муассисаҳои таълимии МТҒ литсейи ”Рустамов”,”Гёте”,МТД-МБХБ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Дар пайи иҷрои рисолати касбӣ
Итминон дорам, ҳамаи дастовардҳои имрӯзаи аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд натиҷаи пуштибонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, Президенти мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, бо дарки масъулият изҳор менамоям, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маорифчиёни мо бо меҳнати софдилона, донишу фарҳанги баланди касбӣ, азму иродаи мустаҳкам рисолати ҳидоятгарии худро минбаъд низ ба таври кофӣ ба иҷро расонида, манбаи шарафу ифтихори диёр хоҳанд гашт.
Бо дарки ин масъулият дар оянда низ рисолати мо – кормандони соҳаи маориф тарбия намудани наврасону ҷавонони болаёқату ватандӯст ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо мебошад. Аз ин рӯ, бо боварии комил гуфта метавонам, ки Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро дар амал татбиқ намуда, баҳри рушди соҳа ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Бо дарки рисолати касбӣ кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ҳамаи кӯшишу имкониятҳои худро дар оянда низ ба он равона месозанд, ки барои таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароити заруриро фароҳам оваранд. Ҳадаф ин аст, ки фарзандони мо мувофиқи талаботи замонаи пешрафт соҳиби дониши мукаммал, маърифати баланд гарданд, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва донандаи забонҳои хориҷӣ бошанд. Касбу ихтисосҳои барои кишвар заруриро аз худ карда, дар оянда ба халқу Ватани худ хизмати арзанда карда тавонанд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва миллати куҳанбунёду тамаддунсозро ба таври шоиста ҳифз намоянд.
МТЖТ