Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими низоми маориф ва дар ин замина омода намудани насли ояндасози кишварро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон карда, онро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлатдории миллӣ арзёбӣ намудаанд.

Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода низ дар баробари дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар фаъолияти худро баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар соҳаи маориф равона карда, дар таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисоси забондон дар самтҳои забоншиносӣ, тарҷумонӣ ва омӯзгорӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмҳои забонишиносиву тарҷумашиносии ватанӣ саҳми арзанда гузоштаву мегузорад.

Оре, дар раванди татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф яке аз масоили муҳим ва ҳалталаби рӯз дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла, Донишкадаи давлатии давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода масъалаи тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир ва ба ин васила ғанӣ гардонидани неруи зеҳнии кишвар ба ҳисоб меравад. Имрӯз хатмкардагони ин Донишкадаи бонуфуз забоншиносон, тарҷумонҳо ва омӯзгорон – донандагони 10 забони халқҳои гуногуни олам дар муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва корхонаву ташкилотҳои гуногуни кишвар ва берун аз он фаъолияти босамар дошта, дар рушди маориф, фарҳанг ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ нақши назаррас доранд.

Роҳбарии ин муассисаи бонуфузро доктори илми филология, профессор Жило Гулназарзода ба зимма дорад.

 ШАРОИТИ СОЗГОРИ ТАҲСИЛ БА ДОНИШҶӮЁН

Ҳоло дар Донишкада 5 факултет: филологияи тоҷик, филологияи рус, забони англисӣ, забонҳои Осиё, забонҳои Аврупо ва шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 16 кафедра мутобиқи нақшаи таълимӣ аз рӯйи 41 ихтисос бо фарогирии беш аз 5000 нафар донишҷӯ фаъолият менамоянд. Мавриди зикри хос аст, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мутахассисонро аз рӯйи 10 забони хориҷӣ ва 31 ихтисос дар зинаи бакалавриат, 5 ихтисос дар зинаи магистратура ва 5 ихтисос дар зинаи докторантура бо касбҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир омода менамояд.

Тибқи натиҷаи қарори комиссияи аттестатсияи хатм дар соли таҳсили 2020-2021 донишкадаро 1052 нафар, аз ҷумла, 643 нафар шуъбаи рӯзона (15 нафар бо дипломи аъло), шуъбаи фосилавиро 351 нафар (2 нафар бо дипломи аъло) ва зинаи магистратураро 58 нафар (4 нафар бо дипломи аъло) хатм кардаанд.

 ЗИ ИЛМИ ЗАМОНА БИЁБ ОГАҲӢ…

Дар соли 2021 яке рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Дурахши ахтари дониш зи Истиқлол бошад” баргузор гардид(12.11.2021). Дар ҳамоиши мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон академик М. С. Имомзода ва меҳмонону собиқ ректорони донишкада ширкат варзиданд.

Дар соли 2021 аз ҷониби омӯзгорони донишкада 5 китоб: Фотеҳи қуллаи ормонҳои миллат, Энсиклопедияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода; Боргоҳи забоншиносӣ аз равзаи таърих; Донишномаи забонҳо; Улуғзода вафодори Ватан буд, ки дорои аҳамияти таърихӣ ва илмӣ–адабӣ ҳастанд, ба нашр расонида, дар ҳузури ширкати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, рӯнамойӣ гардиданд.

Дар даври сеюми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ Ясмин Ҷамшедова, донишҷӯи соли аввали факултаи забонҳои Осиёи донишкада аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи аввал гардида, бо дипломи дараҷаи якуми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид. Ҳамчунин, донишҷӯйи соли дуюми факултаи филологияи руси донишкада Даврон Бозоров дар олимпиадаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз фанни математика бо дипломи дараҷаи дуюм ва “Ҷоми Академия” сарфароз шуд.

 МАЪНИБАХШИ ҲАСТӢ БОШАД ТАРБИЯТ

Бояд зикр кард, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 4 нафар роҳхат гирифта, 1 нафар сазовори ҷойи сеюм гардид, ки раёсати Донишкада донишҷӯёни мазкурро бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ ҳавасманд гардонид. Дар ин давра донишҷӯи донишкада Дилноза Султонова дар даври дуюми маҳфил – озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ”, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино баргузор шуд, сазовори ҷойи 2-юм гардид.

Ба ифтихори 700-солагии шоир Камоли Хуҷандӣ дар донишкада озмуни донишкадавии “Ало, шеъри аҷам, фардо маро ту зинда хоҳӣ дошт…” ташкил гардид, ки дар ҷамъбаст 3 нафар ҷойҳои ифтихориро касб намуда, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии раёсати Донишкада қадрдонӣ карда шуданд. Дар  ин давра мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Киромиддинов З. барандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт гардид. Ҳамчунин, хабарнигори нашрияи “Паёми донишҷӯ”, донишҷӯи соли сеюми факултаи филологияи тоҷик Шаҳзод Қаюмов барандаи Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрории Иттифоқи журналистони Тоҷикистон шуд.

Дастаи мунтахаби донишҷӯдухтарони Донишкада дар мусобиқаи варзишӣ аз намуди баскетбол, ки миёни муассисаҳои таҳсилотии олии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор шуд, сазовори ҷойи дуюм гашта, бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои КИ ҲХДТ дар ш. Душанбе сарфароз гаштанд. Лозим ба зикр аст, ки донишҷӯдухтарони Донишкада дар фестивал-озмунҳои “Сад ранги чакан” ва “Ҷилваи рангҳо”, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, дар бахши “Намоиши либосҳои рӯзмарра” ғолиб омада, сазовори диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ шуданд.

 РАВНАҚИ ДУНЁ ЗИ ИЛМИ МИЛЛАТҲОСТ

Самти дигар ва бағоят муҳимму афзалиятноки фаъолияти Донишкада тавсеаи робитаҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ба шумор рафта, ҳадафи асосӣ ҳамоҳангсозии таҳсилот бо стандартҳои байналмилалӣ, мубодилаи академии омӯзгорону кормандон, ҷустуҷӯи шаклҳои нави ҳамкорӣ бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, рушди илм ва инноватсия аст.

Дар давраи ҳисоботӣ 572 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Федератсияи Россия ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Ҳамчунин, 2 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мексика курси пурраи омӯзиши забони тоҷикиро ба анҷом расониданд, ки ба онҳо сертификат дода шуд. Илова бар ин, 3 нафар шунаванда айни ҳол ба омӯзиши забони тоҷикӣ аз ҷумҳуриҳои Филиппин ва Куриёи Ҷанубӣ ҷалб гардидаанд.

Дар соли 2021 созишнома байни Донишгоҳи омӯзгории Луоянги Ҳэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин ва тафоҳумнома байни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи миллии забонҳои муосири ш.Исломободи Ҷумҳурии Покистон ба имзо расид. Ҳоло теъдоди созишномаҳои Донишкада бо донишкадаву донишгоҳҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ 53 ададро ташкил медиҳанд.

 ОБОДИИ ДИЁР ВАЗИФАИ МОСТ

Дар донишкада барои беҳдошти раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсилот таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мешавад. Бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ гардондани раванди таълим ва баланд бардошти сифати забономӯзии донишҷӯён дар тули се соли охир баҳри таҳкими пояҳои моддиву техникии Донишкада тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.

Дар соли 2021 як синфхона барои дарсҳои назариявӣ бо 120 ҷойи нишаст дар факултети забони англисӣ сохта шуд ва як синфхонаи дигар бо 80 ҷойи нишаст барои факултети филологияи рус аз таъмири пурра бароварда барои истифода қарор дода шуданд. Ҳамчунин, дар ин давра бо ибтикори раёсати Донишкада ҳуҷраҳои кории бунгоҳи тиббӣ ва бахши бойгонӣ таъмири замонавӣ карда шуданд. Лозим ба зикри хос аст, ки толори фарҳангии Донишкада аз таъмири пурра бароварда шуда, бо 235 ҷойи нишаст ва таҷҳизотҳои наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, бо ширкати вазири маориф ва илми кишвар ба истифода дода шуд.

Дар интихоби пешаи ояндаи хеш ҳар як ҷавон соҳибихтиёр аст ва аз ин лиҳоз, бигзор бо амри дилу дар заминаи имкону шавқу завқи хеш рафтор намояд. Аммо инро бояд қайд кард, ки барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва мутаххасси забондони сатҳи байналмилалӣ шудан -Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода беҳтарин интихоби довталабони хуштолеъ аст. Оре, бо итминони комил метавон гуфт, ки онҳо тавассути ин даргоҳи бонуфуз ба ҳадафу орзуҳои кӯдакияшон мерасанд.

Ҳоло ин маърифатгоҳ ҳам аз лиҳози сатҳи таълиму тарбия, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳам аз ҷиҳати таъмин бо устодони варзида ва ҳам аз нигоҳи фарогирӣ бо таҷҳизоти муосир дар радифи беҳтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ қарор дорад.

Хулоса, ҷиҳати таҳсили босамари муҳассилин дарсгоҳу толорҳои компютерӣ, марказҳои омӯзиши амиқи фанҳо, китобхонаи дорои хазинаи бузург, китобхонаи электронӣ ва даҳҳо василаҳои дигар мадад хоҳанд расонд.

 АФЗАЛИЯТҲОИ ДОНИШКАДА:

  1. Панҷоҳу ҳашт синфхонаи мултимедӣ, силсилаи синфхонаҳои лингофонӣ ва шумораи зиёди воситаҳои техникии муосир барои раванди таълим.
  2. Хобгоҳи замонавӣ бо беҳтарин шароити ҷойи зист.
  3. Омӯзиши 10 забони хориҷӣ бо осонтарин усулҳои таълимӣ.
  4. Фаъолияти ботаҷрибатарин омӯзгорони забондон аз дохил ва хориҷи мамлакат.
  5. Равобити ҳамкорӣ бо беш аз 50 муассисаи олии бурунмарзӣ дар ҷабҳаҳои мухталиф.
  6. Шонздаҳ маҳфили илмӣ ва фаннии доимамалкунанда таҳти роҳбарии маъруфтарин устодони ҷумҳурӣ.
  7. Курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо дастрастарин маблағ барои донишҷӯён.
  8. Интишори нашрияи «Паёми донишҷӯ» бо фарогирии навгониҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ва ҷаҳон, ҳамчунин, мубаллиғи истеъдодҳои ҷавон.
  9. Нашри маҷаллаи «Машъалафрӯз» барои тарҷумонҳои ҷавон ва беҳтарин мактаби тарҷумонӣ ҷиҳати омӯзиши забон.
  10. Мавҷудияти матбуоти даврӣ барои сайқали дониш ва такмили истеъдоди эҷодии донишҷӯён.
  11. Баргузории мунтазами озмунҳои шавқовари иртиботманд бо омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар дохил ва хориҷи Донишкада.
  12. Синфхонаҳои компютерии пайваст бо интернети баландсуръат барои истифодаи бемамониати донишҷӯён.
  13. Китобхонаи шукуҳманд бо фарогирии китобҳои тозанашр ва хизматрасонии муосир.
  14. Пешниҳоди китобхонаи электронӣ дар толорҳои барҳаво бо ҷадидтарин таҷҳизоти техникӣ.
  15. Муколамаи ҳатмӣ бо забонҳои хориҷӣ дар факултаҳои забономӯзӣ ҷиҳати такмили забондонӣ.
  16. Омӯзиши дӯзандагию қаннодӣ ва дигар касбу ҳунарҳо барои донишҷӯёни болаёқат.
  17. Ташкили саёҳати гурӯҳӣ ба манотиқи таърихӣ ва истироҳатӣ фориғ аз вақтҳои дарсӣ.
  18. Мавҷуд будани Маркази забони русӣ бо фарогирии китобҳои илмиву бадеӣ ва таҷҳизотҳои муосири забономӯзӣ.
  19. Фаъолияти Маркази рушди забони англисӣ бо фарогирии шумораи зиёди маводи таълимӣ.
  20. Фаъолияти маркази тестии Exam preparation Center “Cambridge” ҷиҳати дар сатҳи байналмилалӣ омода намудани мутахассисони забони англисӣ.
  21. Ширкат дар ҳамоишҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ баҳри вусъати ҷаҳонбинӣ ва хештаншиносӣ.
  22. Идомаи таҳсили донишҷӯён дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ.
  23. Толори фарҳангии замонавӣ бо беҳтарин шароити муосир барои фароғату баргузории чорабиниҳои бонуфуз.
  24. Ба фаъолият оғоз кардани маркази TOEFL (тести забони англисӣ ҳамчун забони хориҷӣ) барои донандагони забони англисӣ.

Довталабони азиз ва навҷавонони баландахтари Тоҷикистони соҳибистиқлол, агар хоҳиши дар сатҳи баланд омӯхтани забонро дорад ва мехоҳед чун забондони сатҳи олӣ ба воя расед ва мутахассиси сатҳи ҷаҳонӣ шавед, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода беҳтарин интихоб  хоҳад буд.

Бахтиёр АЛИМОВ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь