Шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав дар соли 2024 диққати асосиро ба татбиқи амалии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023, иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастур, амру фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои раиси ноҳия равона намуда, дар ин замина ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Вобаста ба фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав хабарнигори МТЖТ бо мудири шуъбаи мазкур Тағоймурод Сатторзода  суҳбат кард ва фишурдаи он пешкаш мегардад.

Базаи кадрӣ

Ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки дар соли таҳсили 2024-2025 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1773- нафар омӯзгорон, аз ин 1371-нафар занон ба кори таълиму тарбия ҷалб карда шуданд.

Бо таҳсилоти олӣ –1291 нафар (955- нафар занҳо), бо таҳсилоти миёнаи махсус-391 нафар (333-нафар занҳо) ва бо таҳсилоти олии нопурра 91 нафар (83-нафар зан) мебошад.

Тахассуснокии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ чунин аст, бо тахассуси олӣ – 441/281- нафар, бо тахассуси  якум – 421/340 нафар, бо тахассуси дуюм – 317/265 нафар ва бо тахассуси муқаррарӣ – 594/485 нафар.

Бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибихтисос дар соли равон 111 нафар бо кор таъмин карда шуданд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 16 нафар медали хизмати Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 76/37 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №197 аз 3.05.2006 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» 42 нафар омӯзгор бо замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ 11-нафар мутахассисони ҷавон аз қарзҳои имтиёзнок бархурдор гардиданд, ки дар умум, аз соли 2010 то ин ҷониб 80-нафарро ташкил медиҳад.

Бо мақсади муайян намудани сатҳи касбии омӯзгорон, дараҷаи ҷаҳонбинӣ, сатҳи дониши омӯзгорон ва муайян намудани сатҳи корбарии омӯзгорон бо воситаҳои техникӣ комиссияи аттестатсионии шуъбаи маориф, ки дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.10.2022, №1537 таъсис дода шуд. Тибқи нақшаи тақвимӣ шурӯъ аз 18.11.2024 то 09 12.2024 гузаронидани аттестатсияи омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст. Ба комиссияи аттестатсионии шуъбаи маориф барои гирифтани дараҷаи тахассуси олӣ 230-нафар омӯзгорон, барои гирифтани дараҷаи тахассуси якум 183-нафар ва барои гирифтани дараҷаи тахассуси дуюм 73-нафар омӯзгорон пешниҳод шуданд. Аттестатсияи омӯзгорон дар асоси талаботи «Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017, №281 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.

Муассисаҳои томактабӣ

Мавсуф изҳор дошт, ки соли 2024 дар ноҳия 7- муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 3- муассисаи давлатӣ №1,2,3 (585-нафар) ва 4 муассисаи томактабии хусусӣ (224-нафар), ҷамъ бо фарогирии 809 нафар кӯдак ва дар назди 48- муассисаи таълимӣ 72 гуруҳи Марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият дошта, 1804 нафар кӯдакони синни 5-6 сола ба тарбия ва таълим фаро гирифта шудаанд. Ҷамъ, дар ноҳия 2613-нафар кӯдак ба тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудааст.

Дар муассисаҳои мазкур 75-нафар мураббӣ-омӯзгор фаъолият менамоянд.

Иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2019, №316 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар Шӯрои шуъбаи маориф дар таърихи 31.03.2023, №3 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Иҷрои Барнома дар кӯдакистонҳои давлатии №1,3 ва боғчаҳои хусусии “Ғунчаи Истиқлол”, “Назокат”, “Олами Афсона” ва Маркази инкишофи кӯдакони назди муассисаҳои таълимӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Бо мақсади такмили пояи моддӣ-техникӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои томактабӣ 24-нафар мураббиён ба Донишгоҳи давлатии бозомӯзӣ ва такмили ихтисос равона карда шуданд. Ҳамзамон, тибқи нақша дар соли 2024 аз ҷониби Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ санаи 4-5-уми марти соли ҷорӣ семинари ду рӯза бо мурабиёни Маркази инкишофи кӯдак гузаронида шуд.

Барои баланд бардоштани савияи донишу маҳорату малакаи мураббӣ-омӯзгорон ҳар моҳ семинар-машварати доимоамалкунанда дар боғчаҳо ва Маркази инкишофи кӯдаки назди муассисаҳои таълимӣ ташкил ва гузаронида мешавад. Аз ҷумла, мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии давлатии №3 Солиева Идимоҳ дар даври минтақавии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон”- 2024” фаъолона иштирок намуда, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Кадрҳои фардо

-Шурӯъ аз 1-уми март бақайдгирии довталабон оғоз гардида, аз қайди ММТ 820-нафар довталабон гузаштанд, ки ин 77% -ро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 744 нафар (67 нафар хатмкунандагони солҳои пеш ва 677 нафар хатмкунандагони соли 2024 ) комёб гардид, ки 91%-ро ташкил медиҳад. Ҳамзамон 22 нафар тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донигоҳҳу донишкадаҳо дохил шуданд,-изҳор дошт номбурда.

Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия

Дар ҷараёни суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ корҳои муайяне ба анҷом расонида шуданд.

Дар ноҳия шумораи умумии хонандагони синфи 5-11 15671-нафарро ташкил дода, 68-нафар омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ фаъолият менамоянд.

Дар муассисаи таълимии ноҳия 850-адад компютер, 135-адад принтер, 49- адад видеопроектор, 17-адад тахтаи электронӣ, 300 адад камераҳои мушоҳидавӣ мавҷуд буда, ҳамзамон 49-то кабинетҳои технологияи иттилоотӣ ва 320-адад мизу курсии махсус барои компютер ва дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия почтаи ягонаи электронӣ таъсис дода шудааст.

Бо мақсади иҷрои мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2024, №01/2-274 ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.03.2024, №154 “Дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” барои баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисони шуъбаи маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои омӯзишӣ истифода аз технологияи муосир (тахтаи электронӣ, видеопроектор ва дигар таҷҳизотҳои техникӣ) аз 15.08.2024 ба роҳ монда шуд.

Дар ин давра компютерҳои таъмирталаби муассисаи таълимии ноҳия аз таъмир бароварда шуда, барномаҳои зарурии корӣ ва таълимӣ насб карда шуд.

Моҳи майи соли 2024 тибқи супоришу дастури Муассисаи давлатии “Маркази Ҷумҳуриявии технологияи информатситонӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар муассисаи давлатии “Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” озмуни “Барномасози ҷавон” баргузор гардид, ки дар озмун хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 Абдуллоев Усмонҷон фаъолона иштирок намуда, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Дар шабакаи “Facebook” гурӯҳ бо номи “Шуъбаи маориф” фаъолият дошта, маълумотҳо оид ба баргузории озмуну чорабиниҳо, эълонҳо ҷой дода мешавад. Ин иқдом бо мақсади ошноӣ бо фаъолияти рӯзмарраи ҷавонони ватандӯст, корҳои бунёдкоронаю созандагии онҳо ва пешгирии ҷавонон аз истифодаи нодурусти сомонаҳои иҷтимоӣ, шабакаҳои интернетӣ равона гардидааст.

Барои баргузории вохуриҳои маҷозӣ (онлайнӣ)-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ тибқи нақша баргузор мегарданд, аз ҷониби ташкилоти ЮНИСЕФ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизотҳои зарурӣ аз ҷумла, 1-адад видеопроектор, 1-адад телевизор (андозаи 65), 1-адад принтери ранга, 3-адад компютер ва дигар таҷҳизотҳои лозимии махсус барои пайвастшавӣ бо шабакаҳои интернетӣ дастрас гардид. Инчунин ба маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маориф барои кор бо барномаи EMIS 1-адад моноблок, 1-адад Модем ва дигар таҷҳизотҳои лозимӣ ба маблағи 1570,87 доллари амрикоӣ дастрас гардид.

Дар соли равон 12 нафар омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорӣ ба курси такмили ихтисос ба Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф сафарбар карда шуданд.

Рушди фанҳои дақиқ

Инчунин, номбурда афзуд, ки бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2020, №427 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040» дар ноҳия давоми нӯҳ моҳи соли хониши 2024 як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Дар ин замина қарори раиси ноҳия аз 03.09.2020, №617, фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 14.09.2020, №96 ва нақшаи чорабиниҳо иборат аз 31 банд то ба имрӯз иҷро 21 банди он таъмин гардид.

Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони фанҳои дақиқ дар соли ҷорӣ 42-нафар омӯзгорон ба Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф сафарбар карда шуданд.

Барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва муассисаҳои таълимии №3,5,7,8,9,11,14,15,20,21,53, ЛБХБ, “Нур” ва “Нури Ирфон” ҷиҳати дарёфт ва рушди истеъдодҳои нав дарсҳои иловагӣ ташкил гардидааст, ки дар он зиёда аз 350-нафар хонандагон фаро гирифта шудаанд. Дар муасисаи таълимии №14 маҳфили “География” амал менамояд, ки аз ҳисоби шогирдони маҳфили мазкур дар даври минтақавии олимпида 15 нафар иштирок намуда, 12 нафари онҳо бо гирифтани ҷойҳои 1,2,3 ноил гаштанд.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо маҳзани ягонаи хонандагони қобилияти нодирдоштаро ташкил намудааст, ки шумораи онҳо ба 64 нафар расидааст.

Иштирокчиёни олимпиадаҳо аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сол то сол зиёд гардида, ғолибиятро дар сатҳи минтақавию ҷумҳуриявӣ ба даст меоранд. Дар умум аз ҳисоби хонандагони синфҳои 5-11 аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ муассисаҳои таълимии ноҳия дар даври минтақавӣ 24-нафар ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро ишғол намуда, дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони синфи 5-11 12 нафар бо гирифтани ҷойҳои 2 ва 3 ғолиб дониста шуданд.

Моҳи феврали соли 2024 байни хонандагони синфҳои 3-4 озмуни ноҳиявии “Математика ва табиатшиносӣ” баргузор гардид, ки дар он 223 нафар иштирок намуда, 48 нафарашон ҷойҳои 1,2 ва 3 ба даст оварданд.

Чунончӣ, натиҷаҳо чунин аст, – ҷойи 1- ро 5-нафар, – ҷойи 2-ро 9-нафар, – ҷойи 3-ро 34-нафар.

Иштирок дар озмунҳо

11- нафар хонандагони муассисаҳои таълими ва муассисаҳои типи нав, 1 нафар донишҷӯ, 2 -нафар омӯзгор ва 1- нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун, дар маҷмӯъ 15 нафар дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” иштирок намуда, 1 нафар хонандаи синфи 9-и муассисаи таълимии №14 Низомова Аниса аз номинатсияи география бо гирифтани ҷойи ифтихорӣ бо Ифтихорнома ва мукофотпулӣ аз тарафи Президенти Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Рӯзҳои 21-25 августи соли равон даври сеюми (минтақавӣ) озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Дар озмуни мазкур 47 нафар хонанда ва 9 нафар омӯзгорон иштирок намуданд, аз ин шумора 6 нафар хонанда ва 2 нафар омӯзгор ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ҷумла, омӯзгори муассисаи хусусии “Нури Ирфон” Раҷабова Гулнора аз номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи сеюм, Исматуллозода Моҳира- омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 аз номинатсияи адабиёти муосир сазовори ҷойи дуюм, Сафаров Мустафо- хонандаи синфи 2-и ЛБХБ аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи дуюм, Абдурозиқзода Моҳпайкар- хонандаи синфи 3-и МТМУ №3 аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи сеюм, Миркамолзода Миршариф- хонандаи синфи 10-и ЛБХБ аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи сеюм, Амриддини Адиба- хонандаи синфи 9-и МТМУ №46 аз номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон сазовори ҷойи сеюм, Солизода Зайтуна- хонандаи синфи 11-и МТМУ №9 аз номинатсияи эҷоди наср сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамаи иштирокчиён дар даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) озмун иштироки фаъолона намуданд.

Бо мақсади иҷрои фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.02.2024, №134 оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Маърифати ҳуқуқӣ-ойини худшиносӣ” бахшида ба ҷашни 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 21 феврали соли 2024, №36 ба тавсиб расид. Дар даври ноҳиявии озмуни мазкур 110 нафар довталабони даври аввал (мактабӣ) иштирок намуда, аз рӯйи 5 намуд (презинтатсия, навиштани эссе, саволу ҷавоб, тест ва корҳои хаттӣ) сабқат намуданд. Дар натиҷа 6 нафар барои иштирок ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд. Ғолибон дар даври минтақавии озмуни мазкур фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Корҳои сохтмонӣ ва азнавсозӣ

Мавсуф қайд кард, ки сохтмону барқарорсозии иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ, алалхусус соҳаи маориф қобили зикр аст, ки сохтмони биноҳои нави таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 (6-синфхона), муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 (18 синфхона) аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳал, сарпарастон, соҳибкорон ва сохтмони толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад.

Ҳамзамон, дар назди муассисаи таълимии №24,29,33 биноҳои нави таълимӣ иборат аз 4-синфхона аз ҳисоби Лоиҳаи КАССА-1000, бо ҷалби соҳибкорон дар назди муассисаҳои таълимии №33 5 синфхона, №46 9 синфхона сохта ба истифода дода шуданд.

Бинои муассисаи таҳсилоти томактабии давлатии №2 “Моҳичаи тиллоӣ” воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки ба номи М.Турсунзода ба маблағи 14 млн. (чордаҳ млн) сомонӣ азнавсозӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Кремлёв Умар Назарович аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Дар ифтитоҳи муассисаҳои мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, соҳибкор Кремлёв Умар Назарович, раиси ноҳия Вализода Абдуқодир Исуф ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳии муассисаҳои таълимӣ вазири маориф ва илм муҳассилину омӯзгорон ва тарбиятгирандагонро ба донишомӯзӣ, дӯст доштани Ватан, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз даъват намуд.

Бояд гуфт, ки муассисаҳои мазкур бо муосиртарин шароит бунёд ёфта, дар онҳо шароити беҳтарини таълиму тадрис ва тарбия барои муҳассилину тарбиятгирандагон фароҳам оварда шудааст. Утоқҳои дарсӣ, синфхонаҳо ва дигар шароити дар муассисаҳо бунёд гардида, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва малакаву маҳорати хонандагону тарбиятгирандагон мусоидат менамояд.

Бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф 102 синфхона (аз ин 9 бинои нави таълимӣ) ба нақша гирифта шуда, то давраи ҳисоботӣ 78 синфхона 1950 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода шуд. Айни ҳол сохтмони 24 синфхонаи боқимонда бомаром идома дорад.

Дар арафаи истиқболи 16-ноябр-Рӯзи Президент ва Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави таълимӣ дар назди Муассисаи таълимии миёнаи умумии №53 барои 480 нафар хонанда дар ду баст дар деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти Истиқлол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бинои нави таълимии мазкур бо кумаку дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва соҳибкорону сокинони деҳа бунёд карда шуд. Бинои нави таълими аз ду ошёна иборат буда, дорои 8 синфонаҳои барҳавои таълимӣ мебошад. Синфхонаҳои таълимии он бо тамоми аёниятҳои омӯзишӣ, мизу курсӣ ва компиютерҳо муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар расми кушодашавии бинои нави таълимии муассиса раиси ноҳияи Шаҳринав ширкат дошта, ба ҳаммаи фаъолону сокинон ва соҳибкорони бо нангу номуси деҳа баҳри иқдому ташаббуси созандаашон, ки дар пайравӣ аз ибтикороту ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат далолат мекунад, арзи сипос намуданд.

Ҳамзамон раиси ноҳия ҷавонону толибилмонро аз фароҳам овардани шароити хуб барои таълиму тадрис дар бинои наву замонавӣ ёдрас шуда, интизому одоби намунавӣ ва бо баҳои хубу аъло таҳсил намуданро тақозо намуданд.

Ҳамчунин, ба истиқболи 16-ноябр-Рӯзи Президент ва Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави таълимӣ дар назди МТМУ №19 барои 500 нафар хонанда дар ду баст дар деҳаи Роҳи Нави Ҷамоати деҳоти Истиқлол мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои нави таълимӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав, соҳибкорон ва сокинони бо нангу ори деҳа иборат аз ду ошёна, 8 синфонаи таълимӣ ва 4 утоқҳои корӣ бунёд шуда, бо тамоми аёниятҳои дарсӣ, мизу курсӣ ва кампиютерҳо муҷаҳҳаз мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар маросими ифтитоҳии бинои нави таълимии муассиса раиси ноҳияи Шаҳринав иштирок дошта, фаъолону сокинон ва соҳибкорони бо нангу номуси деҳаро барои иқдоми некашон, ки аз ибтикороту ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат маншаъ мегирад, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Ҳамчунин ба насли ҷавону наврас эҳтиром гузоштан ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ, ба қадри заҳмату машаққатҳои падару модар расидан ва бо баҳои хубу аъло таҳсил намуданро таъкид дошта, пайравони асили Пешвои миллат буданро собит созанд,-изҳор намуд раиси ноҳия.

Ҳамзамон, мудири маориф дар фароварди суҳбат изҳор дошт, ки талош мекунем, ки ба қадри ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат расем ва таълиму тарбияро боз ҳам пурзур намоему шогирдонро ба сӯи

Дониш талабу бузурги омӯз,

То беҳ нигаранд, рӯзат аз рӯз.

ҳидоят кунем. Тамоми кушишу талоши мо ҳам бар он равона карда шуда, ки савияи дониши хонандагонро боло бурда, дар пешрафти кишвари азизамон саҳми худро гузорем.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь