Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Нурмуҳаммад Мирзозода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат ба мо изҳор дошт: Соҳаи маориф дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем.

Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

Ин нуктаҳои хеле арзишманду дурбинонаи Пешвои муаззами миллат моро водор месозад, ки аз ҳар вақта бештар баҳри рушду нумӯи соҳаи маориф ва илм талошу заҳматҳо ба харҷ диҳем”.

Ояндаи дурахшон

Нурмуҳаммад Мирзозода дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки 09-уми феврали соли ҷорӣ дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистонро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва корхонаҳои саноатӣ бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонии бино аз моҳи марти соли 2021 оғоз гардида, дар муҳлати 10 моҳ пурра ба анҷом расонида шуд. Бинои мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 13 синфхона, маҷлисгоҳ барои 60 нафар ва толори хониш барои 20 нафар мебошад. Муассиса дорои маркази гармидиҳӣ аст.

Лозим ба таъкид аст, ки дар таҳхонаи бино барои 30 нафар занон ва духтарони имконияташон маҳудуд коргоҳи дӯзандагӣ ташкил карда шудааст.

Муассиса барои қабули 500 нафар хонанда дар ду баст омодааст. “Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон” дорои 24 воҳиди корӣ буда, омӯзгорону мутахассисон бо ҷои кори доимӣ таъмин шудаанд, ки барояшон шароити хуби кори фароҳам оварда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити забономӯзӣ ва синфхонаҳои касбу ҳунаромӯзии Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бояд ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Ҳамзамон, 9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бинои иловагии ширхоргоҳ – кӯдакистони рақами 22-и “Бобуна”-ро баъди азнавсозиву таъмири куллӣ мавриди баҳрабардорӣ карор доданд.

Кӯдакистон дар заминаи дастгирии давлатӣ оид ба рушди соҳаи маориф, ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ба истифода дода шуд.

Иншоот аз 2 ошёна, хонаҳои алоҳидаи хоб ва машғулиятгузаронӣ барои 6 гуруҳ, толори мусиқӣ, ҳуҷраи тиббӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон иборат аст.

Бо бунёди бинои иловагӣ 15 нафар мутахассисон бо кор таъмин гаштанд, ки бо ин шумораи кормандону мутахассисон дар ширхоргоҳ – кӯдакистони “Бобуна” ба 45 нафар расид.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ширхоргоҳ-кӯдакистони “Бобуна” ягона муассисаи томактабӣ дар шаҳраки Сирдарё барои 3000 нафар аҳолӣ буда, ба истифода додани бинои иловагӣ то андозае талаботи аҳолӣ ба муассисаҳои томактабиро қонеъ кард.

Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои муассисаи томактабӣ зиёд кардани шумораи кӯдакистонҳоро дар маҳал тадбири муҳим ҷиҳати фарогирии ҳар чи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ арзёбӣ намуданд.

Муассисаҳои томактабӣ

Номбурда дар мавриди муассисаҳои томактабӣ изҳори назар намуда, аз ҷумла қайд намуд, дар шаҳри Гулистон 10 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 1544 кӯдак фаъолият менамояд, ки 9 кӯдакистон дар тобеияти Шуъбаи маорифи шаҳр буда, 1 муассиса хусусӣ мебошад.

Дар кӯдакистонҳои шаҳр 80 нафар мураббӣ фаъолият мекунад, ки аз онҳо 45 нафар дорои таҳсилоти олӣ, 10 нафар дорои таҳсилоти олии нопурра, 25 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд. Фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо бо дарназардошти марказҳои инкишофи нутқи кӯдак 31%-ро ташкил медиҳад.

Маълумот дар бораи омӯзгорон

Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, дар муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон 572 нафар (479 зан) омӯзгор ба таълиму тарбия машғул буда, аз шумораи умумии омӯзгорон 501 нафар таҳсилоти олӣ (87,5%), 48 нафар таҳсилоти миёнаи касбӣ (8,3%) дошта, 23 нафар (4,02%) ғоибхонони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ мебошанд.

Дар соли 2021 аз 14 нафар омӯзгори ҷавон, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаристода шуда буданд, 9 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуданд, ки 64,2 %-ро ташкил медиҳад.

Хонандагон

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дар охири соли 2021 9858 нафар хонанда (аз ҷумла, 4743 нафар духтар) ба таълим фаро гирифта шудааст. Шумораи хонандагоне, ки бо забони тоҷикӣ таҳсил мекунанд 7182/3632 нафар, бо забони русӣ 1868/754 ва бо забони ӯзбекӣ 808/357 нафар таҳсил мекунанд.

Квотаи Президентӣ

Мавсуф дар рафти суҳбат зикр намуд, ки соли 2021 барои шаҳри Гулистон 19 квотаи Президентӣ (9 ҷой барои писарон ва 10 ҷой барои духтарон) муқаррар карда шудааст. Оид ба баргузории озмуни квотаи Президентӣ қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 15 марти соли 2021, №80 «Дар бораи таъсис додани комиссия барои қабули донишҷӯён тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, дар заминаи он комиссияи шаҳрии қабули донишҷӯён барои муайян намудани ғолибон таъсис дода шуд. Аз шумораи 77 нафар довталаби квотаи Президентӣ 19 нафар ғолибони озмун (9 нафар писарон ва 10 нафар духтарон) дониста шуда, ба унвони донишҷӯ ноил гаштанд.

Зинаи сеюми таҳсилот

Соли сипаригардида 699 нафар синфи 9-умро хатм намуда, 566 нафар (80,9%) дар синфи 10 таҳсилро идома доданд. Шумораи умумии хонандагони синфи 1 дар муассисаҳои таълимии шаҳр 1216 нафарро ташкил медиҳад.

Сатҳу сифати таҳсилот 35,2% ва натиҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр 97,3%-ро ташкил медиҳад.

Аз рӯи маълумотномаҳои пешниҳоднамудаи Шуъбаи маорифи шаҳр дар соли таҳсили 2021- 2022 ягон нафар хонанда аз мактаб берун монда нашуда, ҳамаи хонандагон ба таълиму тарбия ҷалб карда шудааст.

Олимпиадаҳои фаннӣ

Дар мавриди иштирок дар олимпиадаҳо ҳамсуҳбати мо қайд намуд, ки моҳи октябри соли 2020 даври мактабии олимпадаҳои фаннӣ дар муассисаҳои таҳсилотии шаҳр аз рӯи 13 номгӯи фаннҳои таълимӣ баргузор гардид, ки дар ин давр зиёда 2577 нафар хонандаи синфҳои 5-11 ширкат намуданд. Дар даври шаҳрӣ зиёда аз 852 нафар хонандаи синфҳои 5-11-и муассисаҳои таълимӣ ширкат намудан. Дар даври вилоятӣ олимпиадаҳои фаннӣ 145 нафар хонандаг иштирок намуда, 8 нафар сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардида, дар даври ҷумҳуриявии олимпиада хонандагон синфҳои  6,7,10 4 нафар аз муассисаҳои таълимии №1, 7, 14, соҳиби ҷойҳои  дуюм ва сеюм гардиданд, ки нисбати соли 2020, 2 нафар зиёд мебошад.

Дар Олимпиадаи  фаннии хонандагони соли 2021 дар даври ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон 4 нафар хонанда соҳиби ҷойи намоён: 1 нафар ҷойи дуюм ва 3 нафар ҷойи сеюм гаштанд.

  1. Зоидбоева Нигина, хонандаи синфи 10 МТМУ №14 аз фанни забони англисӣ, – омӯзгор Дадаҷонова М;
  2. Туйчиева Аниса хонандаи синфи 10 МТМУ №14 аз фанни забони англисӣ;
  3. Тошматова Фотима хонандаи синфи 7, МТМУ №7 аз фанни забони русӣ;
  4. Херсоненко Руслан хонандаи синфи 6, МТМУ №1 аз фанни забон ва адабиёти рус,- омӯзгор Ғафурова Маҳина.

Имтиёзҳои мутахассисони ҷавон

Роҷеъ ба дастгирии мутахассисони ҷавон номбурда изҳор дошт, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006 , №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» дар шаҳри Гулистон ба таври дилхоҳ ба роҳ монда нашуда, дар муддати се соли охир аз 15 нафар мутахассис ҷавон танҳо бо қарзи имтиёзнок таъмин карда шудааст.

Инчунин, дар ҳамин баробар тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.07. 2015, №426 аз 01.09.2015 барои мутахассисони ҷавон 10% иловапулӣ муқаррар карда шуд, ки алҳол 27 нафар мутахассисони ҷавоне, ки се соли авввал дар деҳот кор мекунанд, аз ин имтиёз бархурдор гашта истодаанд. Дар соли 2021 ба 3 нафар мутахассисони ҷовон аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи имтиёзнок ба маблағи 6000 сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ва ҳамин гуна дастгириҳо албатта, пайваста идома хоҳад намуд.

Аттестатсияи кадрҳо

Ҳамчунин, дар идомаи суҳбат мавсуф қайд намуд, ки оид ба аттестатсияи кадрҳо дар соли 2021 фармоиш ва нақшаи чорабиниҳои мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон аз 11.11.2021, №190 ба тавсиб расида, ба директорони муассисаҳои таълимии шаҳр баррасӣ карда шуд. Ҳамзамон, дастур оид ба аттестатсияи кадрҳои омӯзгорӣ дар семинарҳои роҳбарони таълимгоҳҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тибқи нақша дар ин давра 2 комиссияи аттестатсионӣ баргузор гардид ва маводи 53 нафар омӯзгорони муассисаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба 17 нафар омӯзгорон тахассуси дараҷаи олӣ, 12 нафар тахассуси дараҷаи якум ва ба 24 нафар тахассуси дараҷаи дуюм дода шудааст.

Академияи хурди фанҳо

Солҳои охир ба гузаронидани озмуни Академияи хурди фанҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда истодааст, ки дар даври ҷумҳуриявии ин озмун 21 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гаштанд. Аз ҷумла, 2 нафар узви ҳақиқӣ, 3 нафар узви вобаста, 6 нафар сазовори ҷойи якум, 5 нафар сазоаори ҷойи дуюм, 4 нафар сазовори ҷойи сеюм ва 1 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ шуданд. Дар умум аз шаҳри Душанбе бо 21 ҷои ифтихорӣ баргаштанд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии мо мебошад.

“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

-Тӯли се сол аст, ки бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ шуда истодааст. Мақсад аз баргузор намудани ин озмун ҳарчи бештар ба китобхонӣ ҷалб намудани сокинони кишвар аст ва ҳар сол хоҳишмандон ва иштироккунандагони он афзун (соли 2021 дар даври аввал-1657 нафар, даври дуюм-124 нафар, даври сеюм 32 нафар) шуда истодаанд. Аз шаҳри Гулистон дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҳаминсола 8 нафар ғолибони даври вилоятӣ истеъдоди худро намоиш доданд. Дар натиҷа докторанти факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Саидов Исмоил дар номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони адабиёти классикӣ соҳиби ҷойи сеюм ва хонандаи синфи 10-и муассисаи таълимии №14 Файзулло Нафиса дар номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони адабиёти классикӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гаштанд,- қайд намуд номбурда.

“Илм – фурӯғи маърифат”

Ҳамзамон, изҳор дошт ҳамсуҳбати мо, ки дар оғози соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ, ки санаи 26.01.2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, оиди ба роҳ мондани боз як озмуни нави ҷумҳуриявӣ «Илм-фурӯғи маърифат» супориш доданд, ки ин озмун ба таҳкими илму техника мусоидат хоҳад намуд. Дар даври аввали ин озмун 420 нафар, дар даври дуюм 148 нафар ва дар даври сеюм 33 нафар хонанда иштирок намуданд. Дар даври вилоятии озмун натиҷаи назаррас ба даст наомад, вале соли оянда барои гирифтани ҷойҳои намоён кӯшиш хоҳем кард.

Маркази миллии тестӣ

Соли таҳсили 2020-2021 синфи 11-ро 532 нафар (272 духтар) хонанда хатм намуд. Ба воситаи ММТ 387/192 дохил шуд, ки он 73%-ро ташкил дод, 50 нафар хатмкунанда ба донишгоҳҳои хориҷӣ, 19/10 тибқи квотаи Президентӣ бо номи донишҷӯӣ мушарраф гардиданд.

Иҷрои барномаҳои давлатӣ

Дар ҷараёни суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатӣ амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017 №443) бо ҷалби маблағҳои буҷаи шаҳр, ба муассисаҳои таълимии шаҳр соли 2021 аз 35 адад компютери банақшагирифташуда 55 адад харидорӣ шудааст, ки 115%-и нақшаро ташкил медиҳад. Инчунин, 5 адад тахтаи электронӣ ва 5 адад проектор харидорӣ шудааст.

Айни замон дар назди Шуъбаи маориф ҳамагӣ 550 адад компютер, 73 адад принтер, 23 адад проектор ва 21 адад тахтаи электронӣ мавҷуд мебошад.

Тибқи Нақшаи амалишавии Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 №114) фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 21.06.2021, №127 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» ба тасвиб расонида шуда, ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дастрас карда шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ семинари методӣ ва дастурдиҳӣ оид ба амалигардонии самтҳои барномаи мазкур ташкил ва гузаронида шуд. Айни замон дар 15 муассисаи таълимии шаҳр 88 кабинети фаннӣ ва 24 озмоишгоҳ бо лавозимоти зарурӣ ва аёниятҳо муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Барои соли таҳсили 2020-2021 таҷҳизонидани боз 10 кабинети фаннӣ ба нақша гирифта шуда, корбарӣ карда шуда истодааст.

Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон оид ба амалигардонии «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020», 22 кабинети фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Сохтмон ва аз навсозӣ

Дар фароварди суҳбат Нурмуҳаммад Мирзозода қайд намуд, ки сохтмони аз навсозӣ ва ба системаи гармидиҳи гузаронидани МТМУ №15, Толори варзишӣ ва майдончаи варзишии МТМУ №12 аз тарафи шахсони саховатманд будёд ва ба истифода дода шуд. Бо дастгирии падару модарон бинои асосии МТМУ №4 бо системаи гармидиҳӣ пайваст карда шуд. Навсозии даромадгоҳ ва  ба системаи гармидиҳи гузаронидани МТМУ №1 ба маблағи зиёда аз 700000 аз буҷаи маҳаллӣ. Сохтмони Маркази таҳсилоти иловагӣ дар маркази шаҳр. Дар умум дар соли 2021:

аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 1233549 сомонӣ;

аз ҳисоби буҷаи муассиса 45 000 сомонӣ;

аз ҳисоби волидайн 278 174 сомонӣ;

аз ҳисоби сарпарастон 23700 сомонӣ;

Ҳамин тариқ муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ аз таъмир бароварда шуданд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь