Илми иқтисодиёт рафтор ва фаъолияти одамонро дар раванди хоҷагидорӣ меомӯзад. Омӯзиш ва донистани ин илм барои одамон, корхонаҳо ва давлат баҳри беҳтар шудани фаъолияти хоҷагидорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда мусоидат мекунад. Номзади илмҳои иқтисодӣ Пираков Рустам Музаффорович аз олимони пуркори соҳа мебошад. Кордонии мавсуфро ба инобат гирифта, соли 2021 директори Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод таъин намуданд. Дар баробари ба сари вазифа омадани Пираков Рустам корҳои ободонӣ дар муассиса вусъати тоза гирифт. Таъсиси кабинети “Технологияи иттилоотӣ”, насби тахтаҳои электронӣ, компютерҳо, таъмир ва ободонии муассиса бо ибтикори Пираков Рустам сурат гирифтаанд.

Дар рафти суҳбат бо хабарнигори ҳафтаномаи “Фараж” роҳбари муассиса зикр намуд, ки дар коллеҷ маҷмуан 54 нафар омӯзгор фаъолият дошта, муассиса дорои 33 кабинети фаннӣ, 2 озмоишгоҳи таълимӣ, устохонаи таълимӣ мебошад. Ҳамаи кабинетҳои фаннӣ бо таҷҳизот, лавозимот ва дигар васоити аёнии таълим ҳаддалимкон таъминанд. Дар кабинетҳои фаннӣ зиёда аз 50 мизи корӣ ва 100 курсии наву замонавӣ гузошта шудаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод» омодасозии мутахассисонро дар шакли таҳсилоти рӯзона ва ғоибона аз рӯи ихтисосҳои «Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомати автомобилӣ», «Иқдисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаи нақлиёти  автомобилӣ», «Таъминоти барқ», «Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ, «Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ», «Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат», «Обёрӣ ва хоҷагии об» ба роҳ мондааст.

Дар коллеҷ 23 гуруҳ дар шакли таҳсилоти рӯзона ва 14 гурӯҳ дар шакли таҳсилоти ғойибона аз рӯи 6 ихтисоси амалкунанда таҳсил доранд.

Дар устохонаи таълимӣ сехҳои хизматрасонии техникии автомобил, кафшергарӣ, наҷҷорӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Ҳолати нигоҳдошт, тозаву омодагии кабинетҳои фаннӣ, маҷлисгоҳ, варзишгоҳ, озмоишгоҳҳои фаннӣ ба талабот ҷавобгӯй аст.

Ҷонишини директор оид ба таълим Аминҷон Зарифӣ мегӯяд, ки “Дар коллеҷ ду кабинети “Технологияи иттилоотӣ” мавҷуд буда, ҳамаи дарсҳои амалӣ ва кушоди намунавии омӯзгорон, ки бо слайд ва презентатсия омода карда шудаанд, бо воситаи тахтаҳои электронӣ гузаронида мешаванд. Ҳамаи фанҳои техникӣ бо омӯзгорони варзида таъмин буда, дарсҳои амалӣ дар кабинети “Технологияи иттилоотӣ” ташкил карда мешаванд. Санҷиш нишон дод, ки дар кабинетҳои фаннӣ дигар васоити техникаи иттилоотӣ гузошта шудааст ва бо самар истифода мешавад. Ҳуҷҷатҳо ва наворҳои видеоӣ дар кабинети мудири кафедраҳо нигоҳдорӣ шудааст” -афзуд ӯ.

Таҷрибаомӯзиҳо тибқи нақшаи таълимӣ ва раванди таълим ба таълимӣ, истеҳсолӣ ва пеш аз дипломӣ тақсим шудаву дар асоси шартномаи тарафайн бо ташкилоту муассисаҳои соҳавии “Сомонсайр”, ҶДММ “Ҷасур”, бонкҳои ноҳия ва ташкилотҳои соҳавии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд амалӣ мегарданд.

Китобхонаи коллеҷ дорои 21449 нусха китоб буда, он аз ҳисоби омӯзгорону донишҷӯён 484 нафар аъзо дорад.

Муаррифинома

Пираков Рустам Музаффорович 17 майи соли 1965 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами №6 ба номи А.С. Пушкини ноҳияи Фархор ба Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо ихтисоси “Молиявӣ-иқтисодӣ” хатм намудааст. Соли 1996 барои фаъолияти омӯзгорӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даъват карда мешавад. Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ҳамчунон ба сифати мутахассиси пешбари шуъбаи молияи Сарраёсати молияи Вазорати ғаллаи ҶТ кор кардааст. Соли 1998 сармуҳосиби Консерни сохтмонии “Орзу” дар консерни “Ғаллаи ҶТ” таъин мегардад. Аз соли 1998 сармуҳосиби корхонаи нонбарории “Ҳаёт” ва оғози соли 1999 директори корхонаи мазкур таъин мешавад. Соли 2001 ассистенти кафедраи “Фаъолияти бонкӣ” -и факултаи “Молиявӣ-иқтисодӣ” -и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз соли 2006 ҷонишини декани факултети мазкур таъин мегардад. Соли 2010 ба дараҷаи  илми дотсенти кафедра ва аз 2014 мудири кафедраи “Баҳисобгирии муҳосибӣ” Донишгоҳи давлати молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба фаъолияти илмию таълимӣ мепардозад. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Айни замон директори коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод мебошад. 

Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь