Маориф аз соҳаҳои муҳиму пешбарандаи ҷомеа буда, ҳамеша ба таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ниёз дорад. Ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ба ин соҳа аҳамияти бештар медиҳанду талаб мекунанд, ки дар саросари кишвар ҷиҳати рушди соҳаи маориф чорабиниҳо сурат гиранд.
Роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ» зарурияти ҳар тадбиру вазифаи дар ин самт ба миён гузоштаро хуб дарк намуда, пайи иҷрои онҳо тамоми имкониятҳоро амалӣ месозанд. Дар ин раванд дастуру супоришҳои ба миён гузоштаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун «Дар бораи маориф», барномаҳои давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси ноҳияи Рӯдакӣ, фармону дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаду ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардида истодаанд.
Директори МДТ «Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ» Ҳусейнзода Гулхумор Дадобой мегӯяд, ки илму дониш рӯшноии ҳаёт аст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат тамоми нерӯю тавоноии худро ба ин самти афзалиятнок равона карда, барои таълиму тарбияи босамари насли наврас дар тамоми муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои боровареро рӯйи кор меорад.
– МДТ «Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ» дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат соли таҳсили 2021-2022 таваҷҷуҳро баҳри мустаҳкам намудани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, беҳтар кардани таъминоти онҳо бо ашёи хониш, кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сифати таълим, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагии омӯзгорон равона намуда, дар соли таърихии ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми талошро баҳри беҳбудиву ободкорӣ ва пешравиҳо равона карда истодааст, – изҳор дошт мавсуф ва афзуд: – Бузургтарину муҳимтарин рӯйдоди соли 2021 таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он ҳамзамон натиҷагирӣ аз як марҳилаи таърихии рушди мамлакат ба ҳисоб меравад. Бахшида ба ин ҷашни фархунда биноҳои муассиса ва хобгоҳи он аз таъмири асосӣ бароварда шуда, гирду атрофи он таъмиру навсозӣ карда шуданд. Омӯзгорон ва донишҷӯён дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ фаъолона иштирок карданд. Аз ҷумла, 80 нафар донишҷӯдухтарони коллеҷ дар ҳамоиши ҷумҳуриявӣ дар пойтахти кишвар иштирок намуданд. Ҳамзамон, бештар аз 80 нафар омӯзгори ҷавон дар гузариши (паради) низомии ноҳия бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иштирок намуда, садоқати худро ба Ватан баён намуданд. Дар ҳамоиши ноҳиявӣ бошад, зиёда аз 400 нафар омӯзгору донишҷӯ фаъолона ширкат варзиданд. Зиёда аз 300 нафар донишҷӯ, ки дар моҳҳои июл ва август дар тамринҳо иштирок карда буданд, дар чорабинии театрикунонидашуда фаъолона иштирок карданд.
Дар муассиса моҳи март бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ – тақозои замон» ва моҳи сентябр маҳфили илмию фарҳангии «Ташаккул ва таҳаввули Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ дар даврони Истиқлолият» бо шукӯҳу шаҳомати хосае баргузор гардида, моҳҳои октябр-ноябр конференсияҳои илмӣ-назариявии «Рушду нумӯи забони давлатӣ аз афзалиятҳои сиёсати фарҳангии Пешвои миллат» ва «Иқдоми беназири Пешвои миллат ҷиҳати тавсеаи тафаккури техникии насли наврас» гузаронида шуданд. Ҳамчунин, бахшида ба ин санаи фархунда силсиладарсҳои тарбиявӣ ва таълимии кушод доир гардиданд.
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни пуршукуҳи Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ синфхонаҳои омӯзиши компютерӣ ва дӯзандагӣ таъмиру навсозӣ ва муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Дар натиҷа, пас аз таъмири асосии синфхонаҳо 12 мошини дарздӯзӣ ва 1 аверлок барои синфхонаи дӯзандагӣ ва 12 компютер бо мизи кориаш барои синфхонаи технологияи информатсионӣ ворид шуда, мавриди истифодаи донишҷуён қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, шахсан раиси он – Исматзода Азизулло Убайдулло синфхонаҳои бахши таҳсилоти ибтидоии касбии муассисаи таълимӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки таҳти роҳбарии директори муассисаи таълимӣ Ҳусейнзода Гулхумор Дадобой дар коллеҷ шароити таълим ва тадрис беҳтар гардида, пояи моддӣ-техникии муассиса дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра мустаҳкам гардида истодааст.
Бо назардошти талошу заҳмат, сатҳи касбият, маҳорати омӯзгорӣ ва роҳбарӣ, инчунин барои фаъолияти пурсамару садоқатмандона, хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи илму маориф, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ ва бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07.2021, №213 директори муассисаи таълимӣ Ҳусейнзода Гулхумор Дадобой бо мукофоти давлатӣ – медали «Хизмати шоиста» сазовор дониста шуд, ки ифтихори ҳар як омӯзгору донишҷӯи коллеҷ мебошад.
Дар ин давра бо саъю кӯшиши маъмурияти муассиса дар коллеҷ ду толори тозабунёди барҳаво барои гузаронидани ҷаласаву чорабиниҳои илмию фарҳангӣ бо 120 ҷойи нишаст ва мизи мудаввар бо 60 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифт, ки бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Китобхонаи нави муассисаи таълимӣ 18 марти соли 2021 баъд аз таҷдиду тармим дарҳои худро ба рӯи донишҷӯён ифтитоҳ намуд. Дар айни замон он ба як китобхонаи замонавӣ мубаддал гардида, зиёда аз 12 ҳазор нусха китоби он мавриди истифодаи донишҷӯёну омӯзгорон қарор дорад.
Дар муассисаи таълимӣ бори аввал бо дастрас намудани 6 компютери муосир ва пайваст намудан ба шабакаи Интернет китобхонаи электронӣ ташкил ва дар оғози фаъолияти он бештар аз 1500 нусха китобҳои электронӣ ҷойгир карда шуд. Дар назар аст, ки оянда теъдоди китобҳои электронӣ бамаротиб зиёд карда шавад.
Дар кабинети методӣ, ба тозагӣ мавриди истифода қарор гирифт, мувофиқ ба талаботи замони муосир корҳои илмӣ, методӣ ва таълимии омӯзгорон нигоҳ дошта шудааст. Ҳамзамон, барои роҳнамоии омӯзгорони ҷавон гӯшаҳои “Ёрӣ ба мутахассиси ҷавон”, “Аз таҷрибаи пешқадам”, “Ҳуҷҷатнигорӣ”, адабиётҳои таълимӣ, методӣ, илмӣ, коркардҳои методӣ, намунаи силлабусҳо, нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ба маъраз гузошта шуда, аз он омӯзгорон дар пешбурди корҳои таълим ва тарбия истифода менамоянд.
Дар асоси барномаҳои таълимӣ ва нақшаи корӣ байни донишҷӯён санҷишҳои тестӣ гузаронида шуд ва натиҷаҳо нишон доданд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта сифатнокӣ ва азхудкунии онҳо 1,7% боло рафтааст.
Мавриди зикр аст, ки дар ин давра бо назардошти талаботи бозори меҳнат дар бахши таҳсилоти ибтидоии касбии муассиса ихтисоси “Кафшергарӣ газию барқӣ” ва дар таҳсилоти миёнаи касбӣ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) ихтисоси “Технологияи истеҳсоли анвои нонӣ, макаронӣ ва қаннодӣ” кушода шуд.
Ҳамзамон, роҳбарияти муассиса бинобар мутобиқ гардонидани ихтисосҳо ба талаботи бозори меҳнат тасмим гирифтааст, ки дар оянда касбу ихтисосҳои нав, аз ҷумла “Автосервис”- ғоибона, “Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ”-ғоибона, “Васл ва истифодабарии таҷҳизоти барқии корхона ва биноҳои истиқоматӣ”-ғоибона “Меъморӣ”- рӯзона, ғоибона, “Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ”-рӯзона, ғоибона ва ҳамзамон курсҳои кӯтоҳмуддати касбҳои “Дӯзандагӣ”, “Монтёри барқ”, “Сохтмончӣ” ва “Челонгари таъмири автомобил”-ро ба роҳ монад.Ҳамзамон дар назар аст, ки имсол бинои муассиса пурра аз таъмир бароварда шавад.
Бояд қайд намуд, ки дар муассисаи таълимӣ гузаронидани вохӯрию мулоқотҳо бо адибон, арбобони ҷамъиятию сиёсӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ҷумла, моҳи апрели соли 2021 вохӯрии устодону донишҷӯёни Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ бо Нависандаи халқии Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Саттор Турсун басо хотирмон буд.
Муассиса дар даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида, гурӯҳи духтарони муассисаи таълимӣ дар озмунҳои “Сад ранги чакан”, “Чакомаи гесу” ва “Ҷилваи рангҳо” сазовори туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
Номоварони Коллеҷ
Бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассиси таълимӣ санаи 9 апрели соли 2021 даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” гузаронида шуд. Дар даври якуми озмун донишҷӯён аз рӯи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия) – Фархундаи Маҳмадюсуф, физика ва астрономия -Маъруфи Файзимад, химия – Мирзоева Ганҷина, биология (ботаника, зоология, анатомия) – Раҷабзода Комрон, география – Қаландаров Саидхӯҷа ва аз рӯи номинатсияи технологияи иттилоотӣ – Муҳаммадҷони Ҷӯра ҷойи аввалро соҳиб гардида, ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Ин 6 нафар донишҷӯёни коллеҷ дар даври ноҳиявӣ низ пирӯз гардида, ба даври минбаъда- сеюми озмун роҳхат гирифтанд. Дар даври сеюми минтақавии озмун донишҷӯи муассисаи таълимӣ Мирзоева Ганҷина аз рӯи номинатсияи химия сазовори ҷои сеюм гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт.
Дар даври ҷумҳуриявӣ Ганҷина Мирзоева иштирок намуда, бо «Ифтихорнома» -и Академияи милллии илмҳои ҷумҳурӣ сазовор гардид.
Даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар толори барҳавои китобхонаи муассисаи таълимӣ бо иштироки ғолибони марҳилаи муқаддамотӣ рӯзи 20 майи соли 2021 гузаронида шуд, ки дар он зиёда за 200 нафар хонандагону донишҷӯёни коллеҷ байни ҳам сабқат намуда, донишу малакаи худро нишон доданд.
Дар даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ғолибиятро аз рӯи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ Юсупова Ҳавасмо, аз рӯи номинатсияи адабиёти классикӣ -Воҳидова Фирӯза, аз рӯи номинатсияи адабиёти муосир – Тӯраев Акбаршо ва аз рӯи номинатсияи эҷоди назму наср – Хуршеда Аловуддинова сазовор гаштанд.
Дар даврҳои дуюм-ноҳиявӣ ва сеюм-минтақавии озмун донишҷӯи бахши сеюм, ихтисоси «Биология» Тӯраев Акбаршо аз рӯи номинатсияи адабиёти муосир ғолиб омада, барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт. Номбурда дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолона иштирок намуда, сазовори «Сертификат»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Ҳамчунин дар соли гузашта:
- Донишҷӯи бахши 1 уми ихтисоси забони хориҷӣ Маъруфи Файзмамад дар озмуни рафиқона миёни 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» сазовори ҷойи сеюм аз фанни физика гардид;
- Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” дар наминатсияи “Навозандаи беҳтарин” (дутор) донишҷӯи бахши 2 ихтисоси “Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ 2-400101”Абдураҳмонова Нилуфар сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид;
- Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ-баҳои бофарҳангии ҷомеа” дар номинатсияи “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” донишҷӯи бахши 3 ихтисоси “Таҳсилоти ибтидоӣ” Аловуддинова Хуршеда сазовори ҷойи дуюм гардид.
- Донишҷӯёни муассисаи таълимӣ дар озмунҳои ноҳиявии иншои беҳтарин дар мавзӯи “Модар яктост-Тоҷикистон яктост” сазовори ҷойи якум ва дар озмуни иншо дар мавзӯи “Тоҷикистон -ватани Наврӯз аст” сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалии коллеҷ
Дар соли 2021 ҳамкории Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ бо Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) аз рӯи Барномаи минтақавии “Таҳсилоти касбӣ дар Осиёи Марказӣ-мусоидат ба усулҳои муназзам дар бахши истеҳсоли маводи хӯроквори” (РЕСА) идома ёфт. Намояндагони масъули коллеҷ, ки ба гурӯҳҳои кории Барномаи мазкур шомил мебошанд, фаъолияташонро дар чорабиниҳои татбиқи барнома, алалхусус дар силсиласеминарҳои он вобаста ба таҳияи стандартҳои тахассусӣ, таҳияи нақша ва барномаҳои таълимии соҳа идома доданд.
Инчунин, дар ин марҳила якчанд семинар ба тариқи онлайн баргузор карда шуд, ки дар он масъалаҳои асосҳои меъёрии ҳуқуқии стандартҳои тахассусии таҳсилоти касбӣ, методологияи таҳияи стандартҳои тахассусӣ, муҳокимаи амсилаи онҳо ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, дар ҷараёни силсиласеминарҳо бо масъулони коллеҷ масъалаҳои таҳияи барнома ва нақшаи таълимӣ барои ихтисоси «Технологияи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ, макаронӣ ва қаннодӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа барнома ва нақшаи таълимӣ омода гардида, бо масъулини Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа ва тасдиқ шудааст.
Дар баробари ин, аз ҷониби роҳбарияти муассисаи таълимӣ ҷиҳати ба ҳамкорӣ ҷалб намудани корхонаю ширкатҳои хусусӣ вобаста ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён аз рӯи ихтисоси «Технологияи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ, макаронӣ ва қаннодӣ» корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуда, бо се ширкати хусусӣ- «Эскимо-мастер», «Тиҷорат қанд» ва «Нонпаз» аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор ва Рӯдакӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар оғози соли нави хониши 2021-2022 аз рӯи ихтисоси навтаъсиси «Технологияи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ, макаронӣ ва қаннодӣ», ки бо ҳамкории Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон ташкил шудааст, касбу донишомӯзии ҷавонон ба роҳ монда шуд.
Санаи 23.11.2021 коршиноси ҷамъияти GIZ Теа Сипрашвили, ки ҷиҳати ширкат дар семинари омӯзишӣ ба Душанбе ташриф оварда буд, ҳамзамон аз озмоишгоҳи муассисаи таълимӣ дидан намуд.
Санаи 30.11.2021 корманди масъули ҷамъияти олмонии GIZ Фред Менс ба муассисаи таълимӣ ташриф оварда, бо роҳбарияти муассиса мулоқотҳо анҷом дод ва ҳамзамон аз шароити касбомӯзии донишҷӯёни ихтисоси нав аз наздик шинос шуд.
Дастовардҳои варзишгарон
Боиси хушнудист, ки соли 2021 донишҷӯдухтарони муассисаи таълимии мо дар мусобиқаи варзишӣ миёни бонувони ноҳия аз намуди волейбол ширкат варзида, сазовори ҷойи 3-юм гардиданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки духтарон низ метавонанд дар риштаи варзиш комёб гарданд.
Дастаи шоҳмотбозон дар мусобиқаи даставии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ оид ба шоҳмот иштирок намуда, ҷойи 2-юмро сазовор шуданд.
Ҳамзамон, дар мусобиқаҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва дави миллӣ донишҷӯёни мо ширкат варзида, ҷойи якум ва сеюмро сазовор шуданд. Дар озмуни «Веломарафон» донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси «Монтёри барқӣ» Ғуломов Сафарбек сазовори ҷойи аввал гардид.
Бо пешниҳоди маълумоти фавқ перомуни фаъолият ва дастовардҳои яксолаи донишҷӯёни Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ директори ин боргоҳи маърифат Ҳусейнзода Гулхумор Дадобой ҳамчунин иброз дошт, ки:
– Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ” тамоми имконият ва неруи зеҳнии худро дар таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониш ва таълиму тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи созандагӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу умумибашарӣ равона намуда, аз корҳои анҷомдода ҳанӯз чандон қаноатманд нестанд ва мақсад доранд, ки дар давоми панҷ соли оянда раванди таълиму тарбия ва шароитҳои илму касбомӯзии донишҷӯёнро дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ қарор диҳанд.
МТЖТ