Трагеопамфлет
Э, басе, уллосат аз сарат монаде!! Безор кардӣ!! Хап шавӣ мемурӣ??! Гӯё нав вақти шикораш шуда бошад, ё, ки хунукӣ танҳо ба ту таъсир карда бошад!! – гуфта чанд бӯзина пучоқҳои банану офтобпарастро аз қафасҳои худ ба тарафи қафаси гурги ларзидаистода партофтанд. Бечора ларзида-ларзида, ночор хомӯш шуд…
Аммо аз дигар ҷойҳо низ сару садоҳо баланд шуданд:
Хунукӣ, гуруснагӣ!! Дод аз ин макон! Имдод!!
Пас аз ғавғои зиёде:
Рафиқон ҳайвонҳо!! Мӯҳтарам бошандагони боғи ҳайвонот – овози худро баланд кард бабри солхӯрдае ва суханашро давом дод:
-Мо бо чунин ҳайу ҳуй ба ягон мақсад ноил нашуда, вақтро беҳуда мегузаронему халос. Хубаш биёед мизи гирд ташкил карда, ҳама бо навбат аз мушкилоту масоили доғи рӯз ва доир ба роҳҳои ҳалли онҳо андешаи худро баён дорем.
Пас аз чанде, бо назардошти афкори бабр райъпурсӣ доир гашт ва дар ҳайати паланг- садри маҷлис (Ин ҷо ҷаноби Шер-нахустраис бо сабаби зуком ё короновирус ҳузур надошт), тутӣ – сухансаро ва бӯзина-котиб, ҷаласаи ҳайвонҳо оғоз ёфт…
Сараввал собиқадори боғи ҳайвонот уштури туркманӣ баромад намуд:
-Дӯстон! Ҷонварони гиромӣ, рости гап аҳвол ба ҳама маълум, лек агар ягон чорае наандешем ҳоламон боз бадтар мешавад. Ман пешниҳод мекунам, ки гирдиҳамоӣ ё митинги дарозмуддат ташкил карда шуда, масъулонро водор кардан лозим аст, ки маблағҳои барои мо ҷудошударо дуруст истифода карда, ба коррупсия хотима диҳанд! Ба ҳар гуна чархофалаку гардиши фалак хотима дода шавад! Ҳамчунин музди меҳнати мо дода шавад!
Чанд мори афъию кубро сар боло карданд:
-Чӣ хел ҳаққи кор?? Кӣ кор мекунад??
Шутур:
-Аввалан ба миёни гап лагад назанеду суханро то охир гӯш кунед!!
Бӯзина-котиб суол дод:
-Рафиқ уштур–бобо, мебахшед, ман протокол пур карда истодаам, масалан ҳоло чӣ хел нависам? Зеро Шумо хато гап зада, баён доштед, ки гӯё морҳо ба миёни гап шатта зада бошанд, ин дар ҳолест, ки онҳо пой надоранд?!
Паланг гапашро бурид:
-Мазмуни гапро нависед, шумо бошад уштури иззатманд давоми андешаи худро гӯед..
-Ташаккур, ман чӣ гуфта будам?
-Гап дар бораи суиистифодаи меҳнати мо буд.
-Бале, бале, масалан солҳои пеш ҳангоме, ки атфол ба тамошо меомаданд, ҳамаи онҳо сарбории ман буданд, он айём рeҷаи корӣ вуҷуд надошта, ягон хел ҳавасмандкунӣ ё беҳбудӣ дида намешуд. Инро бубинед, ки ҳамин аҳвол то нафақа давом кард!!
-Оре, ҳоли ҳозир ҳам чунин аст-овози хару асп якбора баланд гашт:
-Ягон хел ғамхорӣ нест, танҳо калтаку ҳақорат, ҳатто алафу еми дуруст нест!!
-Аз семичкаю поп-корн безор шудем- илова карданд чанд маймун…
Паланг:
-Дӯстон, суханони уштур дар маҷмӯъ дуруст, лек мо наметавонем митинг ташкил кунем. Дар ёд доред, боре бо ҷурми ана ҳамин гирдиҳамоӣ одамони зиёде қурбон гаштанд ва мо ҳам аз «шарофат»-и он бенасиб намондаем гумонам, ҳамон сабақ бароямон бас!!
Гурги ларзон:
-Ман ҷонибдори шумояму… ба ҳар ҳол ҳеҷ набошад, ҳангоми ҳаракат ҳайвонҳо андаке гарм мешаванду ягонтои моро дида, ғубори дилашонро мебароранд. Вагарна монанди ману ҳамсояаам хорпуштаки беозор дар ягон қафас хеле барвақт мурда мерафтанд!!
Сипас рӯ ба хорпушт овард:
-Хорпушт, ту ҳам гап зан, ин чӣ ҳол аст, ки аз яхбандиҳҳои охир ҳатто сихҳоят рехтаанд.
-Чӣ гап занам?? Даҳанам ях кардагӣ, инҷо аз Гуантанамо ҳам бадтар. Калонҳо ягон кор кунед!!
Тутӣ:
-Ҳозирини гиромӣ, ҳозир сухан ба товус.
Товус:
-Аҳвол дар ҳақиқат вазнин, аммо аз назария ба амалия гузашта, бояд худамон ба хулосае оем..
Хуки сибирӣ, ки аз ҷумлаи ҳайвонҳои нодир ба ҳисоб мерафту ба қавле «эрка»-и роҳбарон буд:
– Чӣ хел? Чӣ кор??
-Мо бояд ба худтаъминкунию худмаблағгузаронӣ гузашта, дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ҳунарҳои гуногунро омӯзем.
-Нафаҳмидам, боз чӣ гуна ҳунар?
-Ҳама медонем, ки одамон асосан барои тамошо меоянд, лекин агар бинанд, ки масалан хирсҳо велосипедронию маймунҳо мошинсаворӣ, бузҳо рақсидаю оҳу бо ҳамроҳии гӯсфанд бе фонограмма сароида истодаанд, боз сафи онҳо бештар гашта, даромад зиёд мешавад. Пешниҳод менамоям, ки ана ҳамин даромад дар шакли хӯрокворӣ бояд гирифта шавад, вагарна масъулон соҳиби ҳама чиз мешаванду мо чун пештара дар азобу шиканҷа мемонем.
Паланг:
– Ана инро баромад мегӯянд! Бале ин аст баромади пурмӯҳтаво. Рафиқон ҳайвонҳо моро танҳо мебояд, ки онро дар амал татбиқ намоем. Хӯш, боз, ки баромад кардан мехоҳад? Фақат гила камтар шавад, агар танҳо пешниҳод бошад боз хубтар.
Хирси сафед:
-Мумкин ман чанд ҷумлаяке гӯям?
Тутӣ:
-Тибқи қонунҳои нонавиштаи ҷангал ва фасли сол ту бояд айни замон дар хоби сахти зимистона бошию парвои ҳеҷ чиз то баҳор надошта бошӣ…
-Бале, Шумо хонуми гиромӣ дуруст қайд намудед, лек, аз хунукӣ ва гуруснагӣ ду-се соли охир на хоб ҳасту на роҳат!!!
Паланг:
Товусак, ба хирсак халал нарасон! Баъд бо нармӣ рӯ ба хирс овард:
_Хуш чакалпо чӣ гуфтан мехоҳӣ?
-Ба ростӣ дар давоми суханони товусбону ҳаминро қайд мекунам, ки бигзор он ходимони маишие, ки дар атрофи мо кор мекунанд, ҳамаро бекор намоем ва худ ба назорати роҳҳои гирду атроф ҷиддитар машғул шавем. Агар бо забони хирсона гӯям ба умеди орӯ нашавему асалро худ ҷӯем!! Чӣ гуфтед, ҷанобон?
Паланг:
Маъқул, ҳама розӣ??
-Розӣ, розӣ, мо дигар роҳи наҷотро намебинем – аз ҳар гӯшаву канор садоҳо баланд гаштанд….
-Моро чӣ? Магар фаромӯшамон кардед? Мо бояд чӣ кор кунем?-суол доданд чанд калхоти даштӣ ва мушҳо .
-Мушҳо худашон ҳарчӣ бештар аз зери замин ғизо, решаи ҳар гуна растаниҳоро ҷамъ оваранду ана ҳамин корҳоро бояд мурғҳои тезчангол тариқи ҳаво анҷом диханд!!
-Мо дар қафас-ку??
-Қафасҳо кайҳо пӯсида, нимвайрон шудаанд, бо осонӣ аз онҳо халос шудан мумкин. Ин баҳона намешавад.
Тутӣ:
-Боз кӣ сухан гуфтан мехоҳад?
-Ман! -овоз баровард говмеши ҳиндӣ, ки дар минтақа ягона буд ва дигар ҳайвонҳо овози ӯро дучанд ҳисоб мекарданд…
-Марҳамат…
-Рости гап дар болои қафасҳои холи овезаҳои… фил, баҳмут, тимсоҳ, кенгуру…-ро мехонаму… дилам ганда мешавад ва аз рӯзҳои хуши гузашта ёд мекунам. Чӣ мешавад, ки имрӯз рӯйхати ҳайвонҳои дар солҳои душвор бе ному нишон гумшудаю ҳалокшударо тартиб диҳем. Агар илоҷаш мешуд, дигаронро ба «Китоби сурх»-и боғ дохил кунем. Гумон мекунам ба ин васила то ҷое ҳайётамонро суғурта хоҳем намуд. Ба ҳар ҳол ҳайвонҳои «Китоби Сурх» дар ҳимояанд. Шояд ҳар кадоме охирин намуди ҳайвон дар ин макон бошем…
-Мӯҳтарам говмеши ҳиндӣ рост мегуянд. Мо бояд «инқилоби маданӣ»-ро аз рӯйихати шаҳидон оғоз кунем – садои чиросии рӯбоҳ баланд гашт.
Ногоҳ овози зоғи ало аз осмон баланд шуд:
-Ҷанобон, моро мебояд, ки дар садри руйихат шерро ҷой диҳем, зеро чанд лаҳзаяке пештар он кас бо мо видоъ гуфтанд …
Ҳамаро яъсу ноумедӣ фаро гирифт… ва бо дили пурандӯҳ рӯ ба манзили шер оварданд…
Уллоси гургҳо боз баланд шуд…
Сабзаалӣ Асозода