Дар Тоҷикистон 25 дарсади соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон санаи 6-уми марти соли ҷорӣ бо иштироки бонувони муваффақи кишвар  таҳти унвони “Занон дар сафи пеш” чорабинӣ баргузор гардид. Доир намудани ин чорабинӣ дар остонаи иди занон ва модарон рамзӣ буда, мақсади он баррасии нақши занҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ арзёбӣ шуд. Дар чорабинӣ Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер, инчунин намояндагони ташкилотҳои бонуфуз ба мисоли Бонки рушди Осиё ва Тоҷикистон, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, намояндагони Сафоратҳои Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Созмони Милали Муттаҳид ва дигарон ҳузур доштанд.

Нахуст пеш аз ифтитоҳи чорабинӣ маҳсулот ва хизматрасониҳои занони соҳибкор ба намоиш гузошта шуданд ва меҳмонон аз он дидан намуда, дар бораи фаъолияти ҳар яки онҳо  маълумот гирифтанд.

Чорабиниро Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз кард: “Занон барои рушди ояндаи кишвар нақши калидӣ доранд. Муддате, ки ман дар ин кишвар будам, ба тамоми минтақаву ноҳияҳои Тоҷикистон сафар кардам ва дидам, ки занон низ дар ин кишвар дар пешбурди тиҷорат ва соҳаи иқтисоди кишвар нақши бориз мегузоранд. Муҳим аст, ки ҳам бахши хусусӣ, ҳам идораҳои давлатӣ ва ҳам созмонҳои байналмилалӣ дар ҳамдастӣ фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус, занони соҳибкорро ҳимоят ва дастгирӣ кунанд. Мо низ дар Тоҷикистон ба дастгрии занҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳем. Ин ҳам барои кишвари ман – ИМА ва ҳам барои кишвари шумо – Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ҳаётӣ дорад. Зеро 50 дарсади нерӯи кории мо занон буда, дар ҳолати тавонманд намудани онҳо мо ба тавонманд намудани 50 дарсади нерӯи кории умумӣ муваффақ мешавем.”

Сипас бо иштироки занони соҳибкор аз бахши хусусӣ ва намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон мубоҳисаи панелӣ сурат гирифт, ки ҳар яке аз ин занон дар бораи фаъолияти худ, чӣ тавр дар соҳаи хеш муваффақ гардидану то ин ҷо кадом масирро тай намуданашон қисса карданд.

Аз 350253 нафар соҳибкорон, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, 89574 нафарашон бонувон будаанд, ки ин 25 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ин бора Некрӯй Забирзода, Сардори Раёсати дастгирии соҳибкории кумитаи давлатии сармоягузорӣ  ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ иброз намуд. Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи умумии занони соҳибкор 11257 нафар дар Душанбе, 24426 нафар дар вилояти Хатлон, 37 260 нафар дар вилояти Суғд, 14 915 адад дар ноҳияҳои тобеи марказ ва 1746 нафар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мебаранд. Аз 33000 соҳибкороне, ки ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд, 3669 адад таҳти роҳбарии занон қарор дорад. Ҳамчунин, 39000 адад роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ занон мебошанд.

Ҷавоҳир Акобирова, сардори раёсати рушди гендерӣ ва робитаҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки аз соли 2006 инҷониб Грантҳои Президенти кишвар барои рушди соҳаҳо ҷудо мешавад. Маблағи грантҳои мазкур сол аз сол зиёд мешаванд ва агар дар оғоз ин маблағ 150 ҳазор сомониро ташкил медод, имрӯз он то ба дуним миллион сомонӣ расидааст. Айни замон дар Кумита қабули лоиҳаҳои занон идома дорад ва то 17-уми марти соли равон давом мекунад.

Умеда Пӯлотова роҳбари мактаби барномасозии IT Run мебошад, ки чун зани муваффақ дар самти соҳибкорӣ шинохта шудааст. Ӯ мегӯяд, ки сабаби боз кардани чунин мактаб писараш будааст: “Вақте писари ман 8-9-сола буд, аз вай суол кардам, кӣ шудан мехоҳад. Ӯ гуфт, барномасоз. Баъд ман хостам ӯро ба курси омӯзиши барномасозӣ гузорам, вале чунин марказро пайдо накардам ва баъдтар фаҳмидам, ки мо дар Тоҷикистон чунин марказ надорем. Ширкатҳои барномасозӣ ҳастанд ва дар донишгоҳу донишкадаҳо низ омӯзиш медиҳанд, вале онҳо аз 11-сола болоро қабул мекардаанд. Баъдан дар ман идеяи кушодани мактаби барномасозӣ пеш омад ва мо ин мактабро боз кардем. То имрӯз дар ин мактаб 328 нафар омӯзиш гирифтаанд, ки 77 нафари онҳо духтаронанд. Аз онҳо 45 нафарашон имрӯз бо кор  таъминанд. Аз ин бармеояд, ки самти барномасозӣ на танҳо барои писарон, балки барои духтарон низ зарур аст. Мо имсол бо Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират шартнома бастем ва аз ин пас муҳоҷирони афғонро низ омӯзиш медиҳем.”

Фарангис Шарипова дар як ширкати сайёҳӣ кор мекунад ва дар самти туризм яке аз занҳои муваффақ аст. Ӯ мегӯяд: “Вақте аз ман мепурсанд, ки кай ба туризм ворид шудӣ, ман кӯдакиамро ба хотир меорам. Вақте кори падарам ба Тошканд интиқол ёфт, муддате он ҷо зиндагӣ кардем ва ман ба дӯстони тошкандии худ дар бораи рӯду дарёҳо, кӯҳҳои осмонбӯс, урфу одат, аъанаҳо, зебоиҳои шаҳри Хуҷанд, ки ман мезистам, нақл кардам ва ҳама бо ҳавас ба нақли ман гӯш доданд. Ҳамон давра дар дили ман ба ин соҳа меҳр пайдо шуд ва хостам Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунам.” Имрӯз ӯ расман дар ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад ва сайёҳонро қабул ва бо маконҳои таърихиву тамошобоби кишвар шинос мекунад ва ҳамчунин ба давлатҳои дигар низ ҳамроҳи сайёҳон сафар мекунад. Мекӯшад дастовардҳои кишвар ва ҳар як анъанаи минтақаҳои гуногуни кишварро ба сайёҳон нишон диҳад.

Маҳинахон Сулаймонова бошад  роҳбар ва яке аз муассисони ширкати агротехнологии Мексикол, ҳамзамон роҳбари ташкилоти машваратӣ оид ба кишоварзӣ аст. Ӯ мегӯяд, ки “25 сол пеш вақте ихтисоси муҳандис-барномасозро интихоб кардам, ин интихоби ман бисёриҳоро ба ҳайрат овард. Имрӯз баъди 25 сол, хушбахтона, ҷавондухтарон ин ихтисоси маро интихоб мекунанд ва ин дигар одамонро ба ҳайрат намеорад.” Дар Мексикол ӯ дастаи барномасозон ва агрономонро роҳбарӣ мекунам. Онҳо бо рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ машғул буда, ғояҳои инноватсионӣ, аз қабили технологияҳои беавиаторӣ барои истеҳсоли газ, хоҷагиҳои автоматикунонишуда ё низоми оғозкунии барвақтии кишоварзиро роҳандозӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд, ки “дар деҳот қаҳрамонони соҳаи кишоварзӣ занҳоянд. Мо ба воситаи лоиҳаҳо мехоҳем кори онҳоро сабуктар гардонем. Масалан, барои истифодаи пору занҳо вақти бисёри худро сарф мекунанд. Мо мехоҳем, ки додани пору барин амалҳоро тариқи воситаҳои инноватсионӣ ба амал барварда, вақти занҳоро сарфа кунем ва онҳо ин вақти худро барои омӯзиши ягон чизи нав ё хондану гирифтани маълумоти наве сарф кунанд.”

Чуноне дида мешавад, дар ин чорабинӣ аз тамоми соҳаҳо занҳои фаъолу муваффақ иштирок доштанд ва таҷрибаву донишҳои хешро мубодила намуданд. Суханрониҳо ва далелу арқоми болоӣ исбот мекунанд, ки занон дар тамоми самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ фаъолияти назаррас доранду нақши  боризи худро дар пешрафти ҷомеа мегузоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь