Солҳои ҳафтодуми қарни пеш, ки ҳанӯз дар мафкураи мардум ақидаҳои зиддидинии давлати абарқудрати шӯравӣ боқӣ монда буд, мардони хирадманду ба тоату ибодати покниҳодро бо ҷурми диндорӣ майли мазаммат қарор медоданд. Афроди сиёҳдилу бадкеш сифати баргузидан мардумони хирадманду заковатпешаро чашми дидан надоштанд бо тамоми ҳастӣ дар заҳри ҳасаду бухл дар мегирифтанд ва аз болои аъмоли онҳо мактубҳои шикоятӣ иншо мекарданд.

…Ман омӯзгори мактаб будам ва бо иншои мақолаҳои илмию методие, ки дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳои омӯзгории ҷумҳуриявӣ дарҷ мешуданд, бандаро ҳамчун муаллим- методист мешинохтанд ва барои ҳалли  мушкилоти таълиму тарбия дар мактабҳо гоҳе ба тафтиш мефиристоданд…

…Дар назди мактаб мошини сабукрав таваққуф намуд ва мусофираш маро ба наздаш даъват кард.

Чун ба назди ҷавони низомипӯши хушсурату хушсимо расидам, таклиф кард, ки вориди мошин шавам. Ӯ аз ҷайбаш ҳуҷҷатеро баровард ба ман нишон дод, ки ӯ афсари корманди амният асту барои санҷидани як мактуби шикоятӣ ба деҳаи Зимтут равон аст ва дар ҳали ин мактуб ба ӯ ёрӣ расонам, зеро дар шӯъбаи маориф моро ба ӯ тавсия додаанд.

Ҷузвдонашро кушоду аз он як дафтари талабагиеро берун овард ва ба ман таъкид кард, ки онро хонда бароям, вале аз мазмун ба касе ҳарфе нагӯям.

Дафтарро боз карда ба мутолиаи он оғоз кардам, ки дар аввалин саҳифаи он сухани Ҳаким Фирдавсӣ сабт ёфтааст:

Зи нопокзода мадоред умед,

Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед

Сар то по сирштаи бухлу ғазаб перомуни нуқсҳои  Шаҳобиддини Одинамуҳаммадро номбар карда, аз рӯи нотавонбинӣ заҳматҳои инсондӯстию, табиатдӯстиашонро мазаммат кардааст, ки ба мизони ақл рост намеояд.

Сифатҳои хамидаи ин омӯзгори варзида ба ман хеле ошно буд…

…Ҳанӯз дар мактаби миёна таҳсил мекардем, ки баҳри таълими фанни таърих ба мо омӯзгоре, ки нав донишгоҳи омӯзгории шаҳри Самарқанд хатмкарда буд, муаррифӣ карданд.

Омӯзгори ҷавони боистеъдод, ки нав ба дарсгӯи шурӯъ карда буданд чун аз дари синфхона даромада бо шеър гуфтан вориди синфхона мешуданд ва бо шеър гуфтан дарсро хотима мебахшиданд.

Дарс аз саволҳо сафову осон оғоз меёфт, ҳама шогирдон даст боло карда ба ҷавоб додан омода буданашонро изҳор мекарданд. Саволҳо оҳиста-оҳиста мураккабтар мешуданд ва дастҳо ҳам боло мешуданд. Омӯзгори ҷавон бо ин усул шогирдони боистеъдодро дарёб карда ба онҳо супоришҳои иловагӣ медоданд ва муҳаббати онҳоро нисбат ба илмомӯзӣ афзун мекарданд.

Аз ин рӯ, ману шогирдоне, ки аз деҳаҳои мухталиф ба он даргоҳ омада будем, аз санъати дарсгӯии ин фарди хирадманд ба ваҷд  омада дарси навбатиашонро бесаброна интизор мешудем. Ин нафар муаллиме буд, ки ҳоло аз болояш ба КГБ шикоят карда буданд…

… Мо роҳ суи деҳаи Зимтут, ки маркази ҷамоат буд, пеш гирифтем. Дар роҳ ман дар бораи пайроҳаҳое, ки Деваштич аз дасти таъқиби хунхортарин лашкари араб Саид-ал-харшӣ гурехта дар қалъаи Абаргард паноҳ шуд ва қурбони ғадру ҷаҳолат гардид, дар бораи усто Абуабдулло Рӯдакӣ поягузори шеъри Аҷам аз дасти нотавонбинон хору залил шуд, ҳикояҳо мекардам ва афсари амният ба нақлҳо бо диққати хоса мутаваҷҷеҳ буд.

Ба хулосае омад, ки мардуми соҳибхираду боистеъдод дар тамоми даврҳо қурбони ғадру ҷаҳолат гаштаанд.

Чун ба деҳаи Зимтуд расидем, мардуми бисёре дар идораи ҷамоат моро интизор буданд. То омадани “гунаҳгор”- муаллим Шаҳобиддин , ӯ бо чанд нафар  сокинон суҳбат орост ва ба бегуноҳию хирадмандии ин марди фариштахӯ итминони комил пайдо кард.

Дар саҳни идораи ҷамоа мардуми бисёри ҷамъ омада буданд, ки дар ин ҳангом аз баландӣ, аз самти деҳаи Ғӯйтан марди чорпаҳлӯе бовиқор фаромада омаду дар байни издиҳом чашмаш ба ман афтид ва баробари дидан   ба қироати шеър сар карданд. Мавҷи шеър монанди фаввораи гуҳар ба атроф паҳн мешуд.

Он кас яке аз тафқиқотчиёни осори Нақибхони Туғрал будани ман огоҳӣ доштанд. Аксари ғазалҳо аз эҷодиёти Нақибхони Туғрал сурат мегирифт.

Ман Туғрали зори туам, ёрам на ағёри туам,

Эй ёр агар ёри манӣ, дар силки ағёрам макун.

Ҷамъомад  ба як маҷлиси адабӣ, суҳбати шоирона, ки мо ҳама шунаванда ва он кас воизи мумтоз буданд, табдил ёфт.Тафтишгар аз ин иқдом шод шуда фоли нек гирифт ва ягон ҳамсуҳбат дар сифоти бадашон ҳарфе нагуфт.

Рафиқи ҳаммактабии ман, сокини деҳаи Зимтуд муаллими саховатпеша Эсомиддин Ҷумъаев моро ба меҳмонхонааш  таклиф карда, хони неъмат орост.

Дастурхони шоҳона, ки дар он тамоми нозу неъматҳо муҳаё буд, меҳмони ҷавонро дар ҳайрат гузошт. Дар атрофи дастурхон суҳбат аз боби одаму одамгарӣ некию накӯкорӣ, эҳтироми инсон ба маҳфили адабӣ шабоҳат дошт. Тафтишгар хоҳиш кард, ки ба ин номаи сиёҳкунанда ҷавоби муносиб нависам.

Аз ӯ хоҳиши кардам, ки ба деҳаи Некнот меравем, ки дар мактаби он деҳа омӯзгори варзида шоир ва олими фиқҳ Ҳизбулло Ашӯров зиндагӣ мекунанд.

Розӣ шуд. Мо ба деҳаи Некнот рафта, шароити муносиб фароҳам овард ва ба ман имкон пайдо шуд, ки ба он мактуб ҷавоб нависам.

Дафтари талабагиро боз карда,  дар сархати он ин байти ҳазрати Бедилро навиштам:

Эй мункири кайфияти парваричае,

Гар ту тавонӣ бе норбон ба сари бом баро.

Беҳтарин сифатҳои баргузидаи муҷассамаи ақлу хирад, шоир фақеҳи тоатандӯз, ватандӯст, инсони поку беолоиш буданашро зеби хома намудию иншои кардаамро ба шодравон Ҳизбулло нишон додам. Он кас бо камоли мамунияти онро хонда баъзе нуктаҳояшро ислоҳ карданду дар зераш хулосаи мантиқии хешро бо иншо карданд:

Хуш аст олами озодагиву хушгӯӣ,

Ба д-ин мақом даро гар биҳишти меҷӯӣ.

Ба ту гӯям, ки чист ғояти ҳилм,

Ҳар кас заҳрат диҳад, шакар бахшаш.

Муддати мадиде нагузошта, ҷавонмарди корманди амният бо як шодию сурур ба қароргоҳам ташриф оварда, миннатдори изҳор кард, ки перомуни тафтиши холисонаю далелнок маро ба мансаби баландтар тавсия намуда, рутбаи хизматамро боло бардоштанд ба ман фотеҳаи сафед бахшид:

Ҳақшиносӣ бузургвор кунад,

Носипосӣ зи пой дар фиканад.

Кор на ин гардуги гардон кунад,

Ҳар чӣ кунад ҳиммати мардон кунад.

Нуриддин Шарифзода,

омӯзгори собиқадор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь