«Се чиз нишонаи некбахтист: зани солиҳа, хонаи васеъ ва ҳамсояи накӯкор».
Паёмбари акрам (с).
Зан мадрасаест, ки шогирд тарбият мекунад, фарди комил, ё ба истилоҳи дигар шахсият ба ҷомеа ҳадя месозад. Зан, бидуни шак, муаллими аввалин дар ҳаёти башарист. Ва агар ӯ бехираду бефарҳанг бошад, насли минбаъд низ бехирад ва бемаърифат мешавад. Пас…
Дар ҳақиқат, дар солимии оила ва тарбияи накӯи фарзандон зан – модар нақши барҷаста ва намоён дорад. Бо ин вуҷуд, рӯбучину пухтупаз ва шустушӯй барин корҳои рӯзгор низ ба зиммаи ӯст. Аммо равост агар бигӯем, нахуст мебояд худро омӯзад, такмил диҳад, то коре битвонад шоиста. Ва барои ин мебояд саводи кофӣ ҳам дошта бошад, то тавонад оилаи хушбахт ва фарзандони солим парварад, онҳоро дуруст тарбият карда тавонад.
Дар ин баробар, зан бояд ҳамеша сарфаю сариштакориро пеша кунад, ба молу ному номуси шавҳараш хиёнат накунад ва доиман фармонбару хушхӯ бошад. Ба қавли Шайх Саъдии бугургвор:
Зани хуби фармонбари порсо,
Кунад марди дарвешро подшо.
Ногуфта намонад, ки зани тоҷик дар ҳама давру замон меҳнатдӯст, пуртоқат, оқила буду ҳаст ва мемонад. Агар нигоҳе ба таърих андозем, заноне покдоман, ҷасуру далеру муборизу мардсон, некному некхӯ мисли Таҳминаву Судобаву Гурдофарид ва ин монанд ҳазорҳои дигар, ки дар баробари мардони рӯзгор нақше хешро дар ҳар пайванди башар гузоштаанд, хело бешанд.
Аммо бо зикри чанд панди модари хеш, ки зани ба маънии том дарёфтаам, андешаронӣ намоям, ки ҳамеша мегуфтан, “вазифаи аввалиндараҷаи зан пеш аз ҳама ин тарбияи дурусти фарзандон аст, чун фарзанд ояндаи падару модар, ояндаи ҷамъият ва нерӯи асосӣ барои ҳаёти ормонии волидайн мебошад”. Ва таъкид менамуданд, ки ин амалҳоро ба фарзандони хеш омӯзонед:
– не гуфтанро ба ҳар гуна ҳарактҳои номашрӯъ ба кӯдакӣ худ ёд диҳед;
– иззату эҳтироми шахсии худ ва дигаронро ба вай фаҳмонед;
– рознигоҳдори фарзанди худ бошед ва кӯшед, то вай сиру асроре, ки ӯро азият медиҳанд, ба шумо беҳарос гуфта тавонад;
– умедбахши кӯдакон бошед ва ӯро мутмаин созед, ки ҳамеша ва дар ҳама ҳол ҷонибдор ва пуштибон хоҳед буд;
Дарвоқеъ, гуфтаниям, вақте зан вазифаи ба зиммабудаи хешро дурусту комил, новобаста аз чӣ ва ё кадом амалкард, дарк мекунад, меомӯзад ва дар оила амалӣ мегардонад, пас метавонад фаъолияти худро дар самти корҳои давлатӣ низ оғоз намояд. Ва низ гуфтанист, ки оила низ ячейкаи хурди давлат аст. Чӣ қадар эҳсоси хубаст, вақте ки зан метавонад оилаи хушбахт бисозад, фарзандонашро дуруст тарбия намояд, ашхосе номвар ба ҷомеа супорад ва дар ин баробар фаъолияти худро дар самти корҳои давлатӣ равона созад, ки мӯҷиби хушҳоливу хушрӯзӣ гардад.
Айни ҳол дар ҳама самтҳои фаъолияти давлатӣ занон ба таври шоён кору фаъолият доранд, ки бо гузашти 30-соли истиқлоли давлатӣ мавқеи занон дар ҷомеа ва сиёсати мамлакат батадриҷ беш гардид.
Инсоне, ки қадри инсонии худро дар зиндагӣ дармеёбад ва бо парвариши оилаи солим, тарбияи фарзандони некном, боз нақши номоёни хешро дар раванди ҷомеаи ормонӣ, ё худ маданӣ мегузорад, хуш ба ҳолаш.
Шавқинисо НОСИРОВА,
донишҷӯи бахши 3-юми ДМТ