Саҳми Русия дар иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле бузург аст, аз ҷумла сармоягузории мустақим, бозори меҳнат барои муҳоҷирон, ичунин, кумак дар рушди маориф ва тандурустӣ. Ҳамаи ин ба пешравии минтақа ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Хонандагон ва донишҷӯён

Имрӯз дар Тоҷикистон панҷ мактаби муштараки русиву тоҷикӣ фаъолият мекунанд, ки аз ҳисоби буҷаи Федератсияи Русия сохта шудаанд. Барои муҷаҳҳазгардонӣ ва дастгирии ин мактабҳо Русия дар маҷмӯъ 141 миллион доллар ҷудо кардааст. Дар ин мактабҳо 4800 нафар талабагон таҳсил мекунанд. Русия инчунин, барои барқарор кардани системаи ғизои мактабӣ, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз фаъолият бозмонда буд, кумак мерасонад.

«Пазандагӣ дар баробари касби омӯзгорӣ ё ҳамшираи шафқат дар мактаб хеле муҳим аст» –  Сӯҳроб Бобоҷонов, роҳбари лоиҳаи ғизои мактабӣ ва намояндаи Институти ғизои соҳавии Русия дар Тоҷикистон.

Аз соли 2013 Институти ғизои соҳавии SIFI дар Тоҷикистон барномаи ғизои мактабиро, ки аз ҷониби Русия маблағгузорӣ карда мешавад, амалӣ мегардонад. Ҳамчунин, машғулиятҳои синфии мавзӯӣ ва ҳафтаҳои ғизои солим баргузор намуда, дар мавриди ғизои хонандагон ва огоҳии онҳо аз масъалаҳои ғизои солим ғамхорӣ мекунад. Аммо фаъолияти асосии он ба барқарор намудани ошхонаҳои мактабҳо, тартиб додани номгӯи хӯрока барои толибилмон, тайёр кардани ошпазҳо, ташкили нонвойхонаҳо ва ғайра нигаронида шудааст.

Роҳбари лоиҳаи ғизои мактабӣ, намояндаи Институти ғизои соҳавии Русия дар Тоҷикистон Сӯҳроб Бобоҷонов  қайд намуд, ки рӯзҳои наздик дар Душанбе даври дуюми озмуни ошпазони мактабҳо баргузор мегардад: «Аввалин озмуни ошпазҳо, ки ба он мутахассисони кордонро аз тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахт гирд оварда будем, аз ҷониби ҳамаи иштироккунандагон, ҳам директорони мактабҳо ва ҳам худи ошпазҳо бо хушнудӣ қабул карда шуд. Ошпазҳо таваҷҷӯҳро нисбати худ ҳис карданд, ва ҳадаф аз ташкили чорабинии мо низ ҳамин буд: нишон додани аҳамият ва нақши ошпази мактаб. Касби ошпаз  дар баробари касби муаллим ё ҳамшираи шафқат дар мактаб хеле муҳим аст.

Дар рафти озмун мо супоришҳои гуногун, ки мувофиқи қоидаҳои санитарӣ ва меъёрҳои тайёр кардани хӯрок тартиб дода шудаанд, пешниҳод мекунем. Бо ин мо мехоҳем ба ошпазҳо тарзи дурусти корро нишон диҳем, то ки хонандагон на танҳо сер бошанд, балки аз нуқтаи назари тамоми микроэлементҳо, минералҳо ва витаминҳои  зарурӣ дуруст ғизо гиранд.

Русия ба Тоҷикистон  яке аз теъдоди калонтарини квотаҳоро (дар байни кишварҳои ИДМ) барои таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар ҷудо мекунад 1000 ҷой. Дар соли 2023  ба 1000 ҷой  6000 довталаб мавҷуд буд. Дар  Русия ҳамагӣ 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд, ки нисфи онҳо ба таври ройгон, аз ҳисоби бурсҳои худи донишгоҳҳо ва вилоятҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Имсол, бо назардошти хатогиҳои техникии озмуни соли гузашта, озмуни дуюмро бо ҷалби шумори бештари иштирокчиён баргузор мекунем. Аз ҷониби худ мо кӯшиш мекунем, ки дар оянда  низ гузаронидани чунин озмунҳоро  бо фарогирии теъдоди бештари ошпазҳо  аз ноҳияҳои гуногун  мунтазам ба роҳ монем. Интихоби иштирокчиён дар саросари ҷумҳурӣ сурат мегирад, зеро барномаи мактабии Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ  қариб 50 фоиз мактабҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистонро фаро мегирад».

Дар Тоҷикистон  бузургтарин донори барномаи озуқаворӣ Русия мебошад. Соли 2023 Русия дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ, ки 2000 муассисаи таълимии 52 ноҳия ва шаҳрро фаро мегирад, ба Тоҷикистон 4,5 ҳазор тонна маҳсулоти башардӯстона дастрас кардааст.

Миллати солим

Русия дар Тоҷикистон зиёдтар лоиҳаҳои таълимӣ ва башардӯстонаро амалӣ мегардонад:  мактабҳо  бунёд мекунад,  омӯзгоронро барои кор ба ҷумҳурии Тоҷикистон равон мекунад, ба сокинони кишвар кумакҳои тиббию башардӯстона мерасонад ва ғайра.

Дар доираи Барномаи кумаки техникӣ дар самти пешгирӣ ва назорати бемории ВИЧ/СПИД ва дигар бемориҳои сироятӣ, Русия ба Тоҷикистон комплексҳои клиникии сайёр таҳвил мекунад. Буҷети умумии ин барнома  дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2021 беш аз 231 миллион рублро ташкил дод. Барои амалигардонии марҳилаи кунунии он то соли 2024 иловатан зиёда аз 160 миллион рубл ҷудо карда шудааст.

Виктория Смирнова, ҳамоҳангсози лоиҳаи Фонди «СПИД Инфосвязь» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки дар охири соли гузашта таҳвили шашумин комплекси сайёри табобатӣ – пешгирикунанда сурат гирифт: «Ҳадафи барнома – дастгирии системаҳои тандурустии  кишварҳои шарик дар таъмини назорати самаранок аз болои паҳншавии бемории ВИЧ/СПИД ва дигар бемориҳои сироятӣ мебошад. Ин шаш мошин дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи минтақавии кумаки техникӣ амал мекунанд. Хусусияти асосии Барнома дар он аст, ки дар баробари таҳвили комплексҳои сайёр барнома тамоми маблағҳои заруриро барои фаъолияти онҳо, аз ҷумла пардохти музди меҳнати кормандони тиббӣ, омӯзонидани онҳо, дастрас кардани системаҳои тестӣ ва адабиёти методии русӣ, инчунин, пӯшонидани хароҷотҳои истифодабарӣ то соли 2024, пешниҳод мекунад.

Солҳои 2022 ва 2023  брошюраҳои иттилоотии профилактикӣ дар 6 мавзӯъ таҳия ва  ба муассисаҳои тандурустӣ дастрас карда шуданд: «Пешгирии ВИЧ/СПИД – озмоиш», «Сироятҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва солимии мардона», «Сироятҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва солимии занона», «Зиндагӣ бо ВНМО», «COVID-19 ”, “Гепатитҳои вирусӣ”.  Теъдоди умумии нашри  маводҳо 240 ҳазор нусхаро ташкил дод».

Дар конференсияи байниминтақавӣ  оид ба ҳамкориҳои байни Русия ва Тоҷикистон (моҳи марти соли 2023) беш аз 50 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки аз онҳо созишномаи ҳамкории байни ҶСК «БТК Групп» ва минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро (Тоҷикистон) барои ташкили бахши нассоҷӣ  мисол овардан мумкин аст.

Барномаи кумаки техникии Русия дар Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб амал мекунад ва то ин муддат пешравиҳои назаррас ба даст оварда шудаанд, ки пеш аз ҳама дар самти беҳбудии  дастрасӣ ба хизматрасонии ройгони ёрии аввалини тиббию санитарӣ ва тавсеаи фарогирии аҳолии ноҳияҳои дурдаст ба чорабиниҳои ташхисӣ – озмоишӣ барои муайян кардани бемориҳои хатарноки сироятӣ мебошад.

Ғайр аз ин табибони тоҷик  дар марказҳои тиббӣ ва донишгоҳҳои бонуфузи Русия таълим мегиранд. Дар  баробари шаш мошини номбурда дар ҷумҳурӣ боз се ташхисгоҳи сайёр, даҳ мошини ёрии таъҷилии аз тарафи Федератсияи Русия тақдимшуда ва ду автопоезди тиббӣ мавҷуд мебошанд.

То имрӯз аз ҷониби Русия ба кишварҳои дӯст 19 комплексҳои сайёр дастрас карда шудааст. Аз ин теъдод 5 адад ба Арманистон, 7 адад ба Қирғизистон, 6 адад ба Тоҷикистон ва 2 адад ба Ӯзбекистон мебошад. Ҳамаи онҳо ба расонидани кумаки аввалини тиббию санитарӣ, инчунин, як қатор хизматрасониҳои марбут ба муоинаи бемории ВНМО, гепатитҳои вирусӣ, ёрии акушерӣ ва гинекологӣ, кардиология ва урология тахассус доранд.

Тиҷорат

Ҳаҷми сармоягузориҳои дар 13 соли охир аз Русия ба Тоҷикистон интиқолшуда беш аз 1,6 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз он сармоягузориҳои мустақим беш аз 900 миллион доллар аст.  Ҳиссаи  сармоягузориҳои Русия дар  ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба Тоҷикистон беш аз 16 фоизро ташкил медиҳад.  Дар кишвар форумҳои  сармоягузории доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русия пайваста баргузор мегарданд.  Яке аз чунин чорабиниҳо дар миёнаи моҳи сентябр баргузор гардид ва дар он муовини нахуствазири Русия Марат Хуснуллин иштирок намуд.

Ниёз Мирзоев, омӯзгори кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки яке аз иштирокчиёни ин форум буд, мегӯяд: “Тоҷикистон робитаҳои худро бо Федератсияи Русия ба роҳ мемонад, зеро ин кишвар яке аз кишварҳои пешсафи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ-техникӣ ба ҳисоб меравад.

Русия  таърихан ба Тоҷикистон лозим аст. Агар ба таърихи начандон дур  назар андозем, мебинем, ки Русия дар хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва истиқрори созишномаи сулҳ, ки бо ташаббуси ин кишвар ба даст омадааст, нақши бузург бозидааст. Ва имрӯз низ Русия ҳамчун кафили сулҳ дар минтақа баромад карда, марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистонро посбонӣ мекунад. Ба ғайр аз ин, Русия ҳамеша кишвари моро аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ дастгирӣ менамояд. Русия  кишвари бузург аст ва барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун имкониятҳои зиёд дорад. Масалан, дар форуми сармоягузорӣ ҷаноби Марат Хуснуллин қайд намуд, ки Русия ҳамеша шарики асосии стратегии Тоҷикистон буд ва боқӣ хоҳад монд. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 40 лоиҳаҳои сармоягузорӣ татбиқ карда мешаванд ва Русия  барои амалигардонии лоиҳаҳои гуногуни иқтисодӣ  зиёда аз 130 миллиард рубл маблағгузорӣ кардааст.

Яъне Русия то ҳол  шарики муҳимми иқтисодӣ ва стратегии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Зиёда аз 30 сол пеш байни Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Федератсияи Русия созишномаи дӯстию ҳамкорӣ, инчунин, дар охири соли 1999 созишнома дар бораи муносибатҳои иттифоқӣ, ки ба асри XXI нигаронида шудаанд, ба тасвиб расонида шуд. Ин аввалин  созишномае буд, ки кишвари мо бо кишвари хориҷӣ баста буд,  қаблан  дар таҷрибаи дипломатии давлати мо чунин формати ҳуҷҷатҳо имзо нашуда буд. Дар маҷмӯъ байни кишварҳои мо беш аз 160 созишномаву қарордодҳо ба имзо расидааст”.

Русия ба Тоҷикистон ҳамчун ҳамкори саноатӣ таваҷҷӯҳ мекунад. Ширкатҳои Русия дар бахшҳои  муҳимми иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмон, энергетика, саноат, иртибот, хизматрасониҳои молиявӣ фаъолият мекунанд.

Иқтисодиёти Тоҷикистон мисли иқтисоди дигар кишварҳои ҷаҳон наметавонад аз дигар давлатҳо ҷудо рушд кунад. Ба шарофати ҳамкорӣ бо Русия тайи 5 соли охир даромади аҳолии Тоҷикистон 2,1 баробар афзуда, сатҳи камбизоатӣ аз 31 фоиз дар соли 2015 то ба 22,5 фоиз коҳиш ёфт ва рушди миёнаи солонаи иқтисодӣ ба 7,3 фоиз расид. Дар ин раванд саҳми муҳоҷирон низ  калон аст. Аз рӯи назари коршиносон маблағҳои аз Русия интиқолкардаи муҳоҷирон  25 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳанд.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь