Моҳи сентябри соли 2015 ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид тарҳи 17 ҳадафро, ки омили таъмини боэътимоди рушди устувор дар саросари ҷаҳон маҳсуб мешавад, ҳамчун Ҳадафҳои рушди устувор қабул намуд ва давлатҳо – аъзои созмон уҳдадор шуданд, ки дар ин замина ҳадафҳои худро таҳия намоянд. Ин ҳадафҳо фарогир буда, ҳамаи соҳаҳо – иқтисод, иҷтимоиёт, ҳифзи экологӣ ва ғайраро дар бар гирифта, барои коҳиш додани камбизоатӣ, аз байн бурдани гуруснагӣ, таъмини сулҳу салоҳ, таҳсилоти босифат, оби тозаи ошомиданӣ, дастрасӣ ба табобат, адолати судӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои бунёдии инсон, беҳдошти вазъи санитарӣ, муҳайё намудани инфрасохтор ва шароити созгор дар маҳали иқомат, муҳайё сохтани шуғли мувофиқ ва дигар масоили мубрами марбут ба рушд заминаи боэътимод гузоштанро пешбинӣ менамоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳадафҳои худро дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 таҳия намуда, дар ин замина Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020-ро ба тасвиб расонид ва ҳоло он мавриди амал қарор дорад.
Ҳадафи 16-уми Ҳадафҳои рушди устувор – ин “Мусоидат ба ташаккули ҷомеаи осоишта ва кушода барои рушди устувор, таъмини дастрасӣ ба адолат барои ҳама ва бунёди муассисаҳои самаранок, ҳисоботдиҳанда ва дар иштироки васеъ асосёфта дар ҳама сатҳҳо” номгузорӣ шуда, дар навбати аввал дар маҷмуъ ба таври назаррас кам кардани тамоми шаклҳои зӯровариро пешбинӣ менамояд.
Тавре мушоҳидаҳо ва матолиби расонаҳо гувоҳӣ медиҳанд, дар шароити Тоҷикистон асосан зӯроварӣ дар оила, ки аз он бештар занон зиён мебинанд, таъзиқу азият ҳангоми бозпурсии гумонбарон ба хотири худиқрорӣ ҳангоми тафтишоти пешакӣ, муносибати ғайриоинномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ба назар мерасанд.
Маҳз ба ҳамин хотир бо пешниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ Маҷлиси намояндагон Қонун “Дар бораи пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила”-ро ба тасвиб расонид. Монеаи асосӣ дар татбиқи ин қонун ба менталитети мардум марбут аст. Яъне бонувон тибқи анъанаи роиҷ намехоҳанд асрори хонаро ба берун бароранд ва ноилоҷ ба азобу шиканҷа дар оила тоқат мекунанд. Шояд оқибати ин сабру таҳаммул дар шакли худкушии бонувон низ зуҳур меёбад.
Баробари ин мисолҳои ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шуъбаҳои кор бо занон ва оила, мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намудани бонувон ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ дар оила бештар мушоҳида мешавад, ки ин як омили коҳиши хушунат дар оила буда метавонад. Барои мисол, баъди ҳамин гуна муроҷиат бо кӯшиши дастҷамъона бону Б. аз хушунати фалокатбори шавҳараш халос шуд. Ҳоло ӯ бо 4 фарзандаш зиндагии оромона дорад. Дар ин маврид танҳо фаҳмонидани талаботи қонуни ёдшуда оид ба пешбинии муҷозот барои хушунат ин оиларо ба салоҳият овард.
Азбаски сабабу омили ҷудошавии оилаҳо мушаххасан таҳқиқ намешаванд ва мақомоти марбута танҳо бо овардани омор иктифо менамоянд, дар аксар маврид оқибати хушунати ҷисмонӣ, равонӣ ва руҳонӣ будани он номаълум боқӣ мемонад. Мутобиқи омори шуъбаи сабти ҳолатҳои шаҳрвандии шаҳри Панҷакент, давоми се соли гузашта ва 9 моҳи соли 2019-ум 1101 оилаҳо аз ҳам пошидаанд. Сабаби онро маъмулан мувофиқ наомадани хӯю хислат арзёбӣ менамоянд. Оё дар асл чунин аст? Тавре дар мақоли русӣ омадааст: “Оилаи бегона ҷангали анбуҳ асту ба он ворид шудан душвор”.
Дар миқёси мамлакат бошад, тибқи омори расмӣ, дар ним соли 2019 шаш ҳазор оила аз ҳам пошидааст.
Агар ба мушаххасоти сабабҳои ҷудошавии оилаҳо, ки дар ҳисоботи САҲШ омадааст, бовар намоем, дар ин муддат бо сабаби мувофиқ наомадани хислат 558 оила ва ё наздик ба 50 дарсад аз ҳам ҷудо шудаанд. Ҳамчунин, бефарзандӣ, хиёнат ва барпо намудани оилаи дигар сабаби аз ҳам пошидани оилаҳо дониста шудаанд. Инҷо зери мафҳуми мувофиқ наомадани хислат шояд хушунат ҳам ниҳон аст, ки аз ибрози он чун анъана бонувон истиҳола менамоянд.
Хушунат, истисмор, хариду фурӯш ва дигар шаклҳои шиканҷа нисбати кӯдакон бошад, махсусиятҳои худро дорад. Кӯдакон наметавонанд аз худ ҳимоят кунанд, ба мақомоти марбута арз намоянд ва шиканҷаи ҷисмонӣ ва руҳонии онҳо метавонад муддатҳо идома ёбад. Ҳаққу ҳамсояҳо, наздикони оила ба хотири анъанаи ғалати дахолат накардан ба корҳои оилаи дигар барои пешгирии шиканҷаи кӯдакон тадбире намеандешанд ва ё ба мақомоти марбута дар ин бора маълумот намедиҳанд. Санҷиш ва омӯхтани омилҳои худкушии ноболиғон бошад, аксаран амиқ сурат намегирад.
Омили асосии хушунати оилавӣ ва шиканҷаи кӯдакон бештар ба сатҳи таҳсилот ва камогоҳии волидон ва наздикон аз усулу роҳҳои тарбия ва надонистани психологияи кӯдакон марбут аст. Масалан, таносуби ҷудошавии оилаҳо ва сатҳи таҳсилоти онҳо низ пандомӯз аст. Соли 2016 аз 275 оилаи ҷудошуда 3,2, соли 2017 аз 252 – 6,2, соли 2018 аз 344 – 22 дарсад соҳиби таҳсилоти олӣ будаанд, ки ин дар қиёси нафарони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маротиб кам аст.
Худ ҷудошавии волидон барои кӯдакон як навъи шиканҷа аст. Дар Панҷакент давоми солҳои 2016 – 2018 ва 9 моҳи соли 2019-ум 582 нафар кӯдакон аз ҳузури яке аз волидон бо сабаби ҷудо шудани онҳо маҳрум мондаанд. Ҳарчанд омори синну соли онҳо дастрас нест, чун аксари оилаҳои гусаста ҷавонанд, кӯдакони онҳо низ ноболиғанд. Ин кӯдакон аксаран дар тарбияи модарон мемонанд ва аз нигоҳи моддӣ ва равонию маънавӣ низ худро аз ҳамсолонашон кам мегиранд ва он бешубҳа ба ҳолати руҳиашон таъсири амиқ мегузорад. Ҳамчунин, ин модарони ҷавон бо кӯдакони ноболиғ ва ё наврас, ҳатто агар оилаи нав барпо намоянд, ки ин воқеан кам иттифоқ меафтад, худро осуда ҳис карда наметавонанд. Андешаи он ки муносибати аъзои оилаи нав бо кӯдакони ӯ чӣ тавр сурат мегирад, ҳамеша вайро машғул медорад.
Тибқи омори шуъбаи САҲШ-и шаҳри Панҷакент, давоми се соли охир ва 9 моҳи гузаштаи соли равон ақди никоҳи 672 оила бо қарори суд бекор шудааст. Тибқи муқаррароти қонун аксаран кӯдакони ноболиғ бо модар мемонанд ва онҳоро дар қисми хонаи собиқ шавҳар маскун менамоянд. Акнун тасаввур намоед, ки ҳоли ин зану кӯдакон дар ин хона чун аст? Ошхона, рӯи ҳавлӣ ва иншооти санитарии шарикӣ, таънаю маломати пайвастаи наздикон ва ё ҳамсари нави собиқ шавҳар зиндагии онҳоро душвортар карда, онҳо аксаран ҷои гурезро дар хонаи волидон мебинанд. Он ҷо низ касе ба ҷуз волидон ба онҳо рӯи хуш намедиҳад. Ин кӯдакон фардо чӣ касе мешаванд, ин азоб ба руҳияи онҳо чӣ таъсире мегузорад, хулоса кардан осон нест.
Тавре коршиноси маҳаллии масоили оилавӣ Ҳамзира Замонова мегӯяд, байни сабабу омилҳои пош хӯрдани оилаҳо бекории бонувони деҳот, сатҳи нокифояи таҳсилоти онҳо, зери таъсири калонсолон ва суннатӣ будани бунёди оилаҳо, анъанаи роиҷи то синни муайян ҳатман ба шавҳар додани духтарон, кам будани ҷои кори шоиста ва муҳоҷирати ҷавононро метавон ном бурд.
Баъдан, агар зан таҳсилдида, соҳиби касб ва ҷои кор аст, аз шавҳар ҷудо шудан ҳанӯз фоҷиа нест. Ӯ сарҳисоби зиндагиашро меёбад, фарзандони ноболиғашро ба камол мерасонад. Агар касбу коре ва манбаи даромад надорад, чун аксари духтарони деҳот, ба умеди алимент ва саховати наздикон аст, дар ҳақиқат фоҷиа аст барои зан ва кӯдакони ноболиғи ӯ.
Воқеан, бисёр шавҳарон ҳатто аз додани алимент бо ҳар баҳона саркашӣ мекунанд ва бори нахуст соли гузашта Суди шаҳри Панҷакент собиқ шавҳарро барои муддати мадид напардохтани алимент ба ҷазои ҳабсӣ маҳкум кард.
Баъди ба ҳукми иҷро даромадани Қонун “ Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент сохтори махсус созмон ёфт ва он ҳоло дар доираи лоиҳаи ҳамкорӣ бо Созмони атфоли СММ – ЮНИСЕФ низ корҳои муайянеро дар ин самт ба ҷо меорад. Баробари ин, тавре ёдовар шудем, на ҳамаи ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила бо сабабу омилҳои гуногун ошкор ва ба ҳисоботи оморӣ ворид мешаванд.
Ин ҷо овардани шарҳи зерро зарур мешуморам. Бо вуҷуди муроҷиати расмӣ ва дастури роҳбарияти ШВКД дар шаҳри Панҷакент, масъули ин самти кор дар шуъба аз пешниҳоди маълумот бо баҳонаҳои гуногун саркашӣ намуд. Ҳол он ки, расонаӣ кардани баъзе ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила, ба мардум фаҳмонидани оқибатҳои ин амал, ки қонуни марбута пешбинӣ менамояд, барои пешгирӣ ва коҳиш додани чунин падидаҳо мусоидат менамояд. Дар шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ аз ҳамкории нокифояи мақомоти милиса бо онҳо дар мавриди пешгирии зӯроварӣ дар оила изҳори норозигӣ намуданд.
Аксаран мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оила, САҲШ зиёд намудани тарғибу ташвиқи оиладорӣ, кӯмаку дастгирии оилаҳои ҷавонро роҳи асосии коҳиш додани ҷудошавии онҳо медонанд. Ин корҳо, аз ҷумла, васояти наздикону калонсолон ба оилаҳои ҷавон шояд дар бисёр маврид зарур ҳам ҳаст, вале танҳо бо он намешавад иктифо кард. Ба назар бояд гирифт, ки аз ҳам ҷудо шудани зану шавҳар падидаи нав ва хоси замони мо нест. Аз он фоҷиа сохтан ҳам зарурате надорад. Барои коҳиш додани он нахуст сатҳи таҳсилоту касбомӯзии духтарон, хоса деҳотиёнро баланд бояд бардошт. Сониян, шартномаи пеш аз никоҳро, ки Қонун дар бораи оила пешбинӣ менамояд ва ҳоло ихтиёрӣ аст, ҳатмӣ дониста, дар он оқибату масъулияти тарафайн, хоса дар мавриди доштани фарзанди ноболиғ, таъмини молию манзилии онҳоро бештар бояд кард. Баъдан, ҷавонон ва волидони онҳоро ташвиқ бояд кард, ки танҳо баъди соҳиби касб ё таҳсилоти касбӣ, имконияти соҳиби манзил шудан, фикри оиладорӣ намоянд.
Масъалаи дигар омода намудани ҷавонон ба оиладорӣ аст. Барои ин танҳо донистани пухтупазу дарздӯзӣ кифоя нест. Маърифати оиладорӣ фарохтар аз ин аст. Он бояд маърифати умумӣ, омӯзонидани психологияи марду зан, муносибат бо наздикони ҳамсарон, ибтидои тарбияи фарзанд оғоз аз пайдо шудани он дар батни зан, махсусияти ҷисми зану мард, алоқаи заношӯӣ, пешгирии амрози вогир ва дигар масъалаҳои муҳим дар оиладориро фаро гирад. Ин масъалаҳои муҳим ва доманадорро наметавон дар як соати дарсӣ дар як ҳафта барои синфи 10, ки барномаи дарси “Маърифати оиладорӣ” пешбинӣ мекунад, фаро гирифт.
Мушоҳидаи дигар, хеле содда гирифтани оиладорӣ ва талоқ аз ҷониби баъзе ҷавонон аст. Талоқ аз тариқи телефон ва ё паёмак як далели ин аст. Ҳамчунин, бо сабаби “касодии бозори арӯсон”, ки як пайомади муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон низ ҳаст, барои ҷавоне хонадоршавии такрорӣ ба духтари бокира ё духтари хона мушкил нест. Ибораи маъмулшудаи баъзе хушдоманҳо – “ту баромада рав, ба писарам духтари хона ёфта медиҳам” аз ҳамин мушкилот маншаъ мегирад. Зери ин ибора маънӣ ва ё воқеияти дигар нуҳуфта аст: яъне аксар ҷавонон на худашон арӯс интихоб мекунанд, на барои он заҳмате мекашанд, балки волидон барои онҳо арӯси ояндаро меҷӯянд. Ниҳоят нафаре, ки дӯст надоштаӣ ва барои розигиаш заҳмат ҳам накашидаӣ, чӣ арзише дошта метавонад?
Бе ҳалли мушкилоте, ки дар ин навишта ишора рафт, ҳатто бо ҷудошавии оила – талоқ, хушунат нисбати зан, хоса ӯ агар соҳиби фарзанд ва бесарпаноҳ бошад, анҷом намеёбад,балки ин хушунат дар шакли дигар идома меёбад.
Т. СОЛЕҲЗОДА,
рӯзноманигор