Ҳикоя

Пирамард ҳаяҷонзада ба дафтари корӣ, бе салому алейк даромада, болои курсӣ яклаба нишаст. Нигоҳи чашмони маҳзунашро ба дастони ларзону серрагу паяш давонд. Як оҳи сард кашида сар бардошт.

– Омада – омада дар синну соли пирӣ бо фалокате дучор шудам.

– Чӣ ҳодиса рӯй дод? Гӯш мекунам, падар, – ӯро шердил кардам.

– Як ҳафта пеш ба манзилам басо марди хушлибосу ширинзабон, бо чеҳраи кушодаву лабони пурханда даромада, аз писари дар шаҳри Хоруғ хизмати ҳарбиро иҷрокунанда салому пайём овард…

– Худро шиносонд Ному насаб, касбу кор, машғулият, – сухани ҳамсуҳбатамро хеле боадабона буридам.

– Не, – бо таассуф ҷавоб гардонд мӯйсафед. – Ӯ гуфт, ки дар қисми ҳарбие, ки Қамарҷон хизмат мекунад, ба сифати пара…пра… прап…

– Прапоршик, – ҳадаҳа ба пирамард ёрӣ расондам.

– Ҳа – ҳа, – прапоршик, – мӯйсафед дами озод кашид ва қиссаашро давом дод. – Дар ҳаққи писарам бисёр суханони нек гуфту беҳад таърифаш кард. Гуфт, ки мо афсарон аз хизмати Қамарҷон пура розӣ ҳастем. Шумо, падар, дар ҳақиқат ҷавони далеру масъулиятшинос тарбия кардед. Аз чунин таърифу таҳсини меҳмон сарам ба осмон расиду давида ҳамсояҳоро ҷеғ задам. Қушқори думбакалонро, ки барои пешвозгирии писарам фарбеҳ кунонда будам сар задему ду шабонарӯз зиёфат додам. Вақти гусел барои фарзанди ҷигарбандам 300 сомонӣ ҳам додам.

Мӯйсафед қадре лаб фурӯ баст. Гумон кардам, ки ӯ фикрҳояшро ба тартиб дароварда ҳикояташро давом медиҳад. Каме сабр кардам. Хомӯшӣ тӯл кашид. Тоқат накарда суол партофтам.

– Баъд чӣ кор кардед?

– Баъд ба писарам ин ҳодисаи хурсандибахшро расондам. Ӯ хабар дод, ки дар қисми ҳарбии мо чунин прапоршик хизмат намекунад ва ҳамаи афсарону хизматчиён дар ҷойи корашон ҳузур доранд. Фаҳмидам, ки ба доми қаллоби маккоре афтидам. Аз шарм ба ҳамсояҳо ин воқеаи нангинро нагуфтам.

Ариза, баёноти мӯйсафедро гирифта, протоколи пурсиши ҷабрдидаро тартиб дода, вақти видоъ ваъда додам, ки ҳатман ин фиребгари маккорро кофта меёбам ва ба ҷазо гирифтор мекунам.

Пирамард баромада рафт. Ман аз ғаладони миз боз чор адад ҳамин гуна аризаҳоро бароварда қатор чидам. Онҳо аз шахсони гуногунсолу гуногунҷинс, аз маҳаллаҳои гирду атрофи шаҳр буданд. Мазмуни ҳамаи аризаҳо афтидани зану мард ба доми фиребгари моҳире буд ва доираи амалиёти ин қаллоби гузаро ба хизматчиёни ҳарбӣ тааллуқ дошт. На изеву на пайеву на суроғаву на нишонаи махсус ва на далелу тахмин аз ҳикояю қиссаҳои ҷабрдидагон ба даст дароварда натавонистам. Савол кундаланг меистод. Ин ҷиноятро чӣ тавр исбот кунам? Гиреҳи муамморо чӣ тарз кушоям?

Сар ба андеша рафтам. Маърӯзаҳои устодам Неъмат Абдуллоевро аз фанни «Назарияи исбот» ба хотир овардам. Олими соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ ба мо муфаттишони оянда панду насиҳат медод.

– Баъзан дар кушодани гиреҳи ҷинояти мушкилу мураккаб муфаттиши дурандеш бояд аз тасодуф ва таваккал басо моҳирона ва оқилона истифода мебарад.

Ба ҳамин роҳ рафтам ва чор корманди раёсати фаврӣ – ҷустуҷӯиро ба чор гӯшаи шаҳр партофтам. Худам ба маҳаллаи Қазоқон рафта, ҳавлии рақами 27 – ро иҷора гирифтам. Писари сокини ин ҳавлӣ мебоист дар рӯзҳои наздик хизмати сарбозиро ба итмом расонида, ба зодгоҳаш бармегашт.

Баъди се рӯзи интизорӣ Шуҷоат аз хизмати ҳарбӣ ҷавоб шуда, ба назди падару модараш баргашт. Ӯ ҳамчун посбон дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон қарзи ватанро иҷро мекард. Ҳини ба ҳавлӣ даромадан падараш дар хона ҳузур надошт. Ӯ барои хариди маҳсулот ба бозори Баракат рафта буд.

Ҳолати маро ба худ тасаввур кунед. Нақшаи ман амалӣ нагардид. Тасодуфу таваккал ба ҳаво парид. Дафтару қаламро ба даст гирифта, аз ҳавлӣ баромада рафтанӣ будам, ки соҳиби хона акои Мирзонабот бо ду халтаи пурбор даромада омад. Халтаҳоро ба замин гузошта, писарашро ба оғӯш гирифта, хушҳолона ба гап даромад.

– Ҳамин ҳоло ба дӯстам Ҷаъфар дар троллейбус дар бораи ту гап задам. Гуфтам, ки писарам Шуҷоатҷон дар қисми ҳарбии рақами 21021, ки дар ноҳияи Зафаробод хизмат менамояд бояд ба наздикӣ ба хона, ба назди…

– Шуҷоатҷон, ту як муддат ба хона даро, – сухани соҳиби манзилро шитобон буридам. – Мо як меҳмони «олиқадр» – ро интизорем, – ва сарбозро ба хона дароварда, дарро аз қафояш пӯшидам.

Ин замон дарбачаи ҳавлӣ кушода шуда, марди миёнсоли хушсимою хушсару либос бо чеҳраи шукуфта вориди ҳавлӣ шуд.

– Ман прапоршики қисми ҳарбии рақами 21021 аз сарҳади ноҳияи Зафаробод, – аввал дасти акои Мирзонаботро фишурда, баъд дасташро сӯи ман дароз карда…

– Тӯрабек Қашқариев, – ба панҷаи дасташ завлона зада, суханамро идома додам, – ташрифи шуморо кайҳо боз интизорем, – ва сӯи дари хона гардан тофта хитоб кардам, – Шуҷоат аз хона баро ва ба прапоршики қалбакии маъруф шинос шав.

Дар як лаҳза ифодаи хушнудӣ аз чеҳраи меҳмони нохонда ғайб ва қомати босалоботаш хам зад…

Инак, ӯ дар ҳуҷраи корӣ рӯ ба рӯи ман нишастааст. Як банд мӯйи сафедаш пешонаи пурчину ялақосиашро мепӯшонад. Сару либоси тоза ӯро ба олиме шабоҳат медиҳад. Бинии дароз ва лаби ғафси поёни овезонаш, ки аз майли маишатпарастиаш гувоҳӣ медиҳад, чеҳраи зебояшро халалдор месозад. Воқеан, ӯ шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносиро хатм кардааст. Бо забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ озодона ҳарф мезанад. Қадре забони инглисиро низ медонад. Панҷоҳу ҳашт сол дорад ва сӣ соли умрашро ҳашт маротиба бо ҳукми суд дар зиндон гузаронидааст.

– Аҷоиб хислат дорам, – гумонбар оромона ба додани баёнот оғоз намуд. – Заҳмат кашиданро дӯст намедорам. Касби қаллобӣ маро ба сӯи худ ҷалб менамояд. Дар ҷаҳони ҷиноят ман бо тахаллуси «Шоҳи қаллобон» маъруфу машҳурам. Аз содагию бесаводию даҳонялагии шахсони зудбовар моҳирона истифода мебарам. Гӯиё сабадбофе мебошам, ки кадом химчаро дар куҷо ва чӣ тавр паҳлуи ҳам пайваст намоям. Ҳазорон усули фанду фиребро азхуд кардаам…

– Масалан?

– Масалан, ба бемор мегӯям, ки табиби дӯсте дорам. Ӯ дарҳол ба ту шифо мебахшад. Ба довталаб мефаҳмонам, ки бо ёрии устод ӯро ба донишгоҳ бе мамониат қабул менамоям. Ба донишҷӯе, ки аз имтиҳон чапагардон шудааст, гӯё дасти мадад дароз мекунам. Аз шахсони гулу гаранг ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиашонро гирифта, аз бонк маблағ меситонам. Дили гумонбарро ба даст дароварда мегӯям, ки муфаттиш дӯсти ҷонии ман аст. Ва даҳҳо, садҳо усулҳои дигарро ба кор мебарам. Гоҳ сару либоси прапоршики мепӯшаму баъзан унвони полковникиро ба худ мечаспонам. Ба баъзеҳо нафақа ваъда медиҳаму ба дигарон аз хешовандонаш салому пайғом меорам. Эҳ, чӣ давраҳое буданд… Ҷавон будам. Фиреб карданро дӯст медоштам.

– Ин тарзи фаъолияти шумо кай ва аз куҷо сурат гирифт?

– Аз хурдӣ бачаи шӯху чангараву бесар ва басо зираку ҳушёр будам, – дастгиршуда ба хотираҳои худ ғарқ гардид. – Шумо медонед, ки падарам ректори Институти тиббӣ буд. Волидайн боре маро ба Муассисаи профессор Мансуров бурд. Олими машҳури соҳаи тиб хушҳолона нидо сар дод:

– О, бачаи дадош ба корхонаи ман ташриф овардааст, – ва як бисту панҷсӯмаи нави шараққосиро ба кисаам тиққонд.

Аз ин хулоса баровардам, ки аз ному мансаби додом истифода барам ва бо ҳамин восита факултети ҳуқуқшиносиро хатм кардам, вале як рӯз ҳам аз рӯи ихтисос кор накардам.

Ёд дорам дар курси якум мехондам. Як рӯз бо тарзи шӯхӣ аз номи падар ба сардухтури беморхонаи Қарияи Боло Нурулло Ятимов занг задам.

– Нурулло Валиевич писарам ба тамошои кӯли Комсомол меравад. Азбаски бисёр бачаи шӯху бесар мебошад метарсам, ки ягон қилиқи ношуд карда, ба сарам балое набиёрад. Ҳушёр шавед, ки боз нағмаву нағомоте накунад. Куртаи сафеди остинкӯтоҳ ва шими кабудранг пӯшидааст.

– Хотирҷамъу осуда бошед, устоди гиромиқадр, – ҳадаҳа ҷавоб гардонд сардухтур. – Ҳаракат мекунам, ки истироҳаташ мувофиқи табъаш гузарад.

Ҳамин ки дар истгоҳи Боғи ҳайвонот аз троллейбус фаромада, ҷониби кӯл раҳсипор гаштам ду нафар аз қафоям равон шуданд. Худро ба тамошои кӯл андармон кардам. Ин дам худи сардухтур дар барам қомат афрохт.

– Ҷавони нағз, чӣ хел манзараи аҷоиб – а?

– Бале, аҷоиб, – суханашро тасдиқ кардам. – Манзараи тамошобоб.

– Чӣ мешавад, ки бо қаиқ савор шуда, як бор дар гирди кӯл чарх занем?

– Мешавад. Ман розӣ.

Онҳо маро ба қаиқ савор карданд ва сардухтур белҳоро ба даст гирифт. Тақрибан ду соат дар кӯл шино кардем. Баъд онҳо маро ба тарабхонаи овозадори Якка Чинор оварда, зиёфати ҷамшедӣ доданд. Эҳ, чӣ давраҳои хушнудиву хурсандиро аз сар гузарондам…

Тӯрабек як муддат хомӯш шуд. Солҳои ҷавониву лаҳзаҳои гуворои кайфу сафояшро ба ёд овард, ки дар симояш ифодаи хушҳолӣ пайдо гашт ва ӯ пас аз қадре сукут боз ба нақли саргузашти худ гузашт.

Авҷи фаъолияти қаллобию фанду фиребам ба давраи бозсозиву ошкорбаёнии горбачёвӣ рост омад. Чор нафар сармуҳосиби корхонаҳои азими пойтахтро ба мизи мудаввар даъват намуда, маърӯзаи пурмазмун қироат кардам. Гуфтам, ки бо шарофати сиёсати ҳизби ҷоноҷон ширкати «Барқароркунии саломатӣ» ташкил карда, дар соҳили баҳри Норак бӯстонсарое сохтаам.

– Ин ширкати ту ба фаъолияти корхонаи мо чӣ алоқамандие дорад? – савол партофт сармуҳосиби корхонаи «Тоҷикнафт».

– Аблаҳ, – аз ғазаб ба сараш дод задам. – Ту ба ширкати ман маблағ интиқол медиҳӣ. Ходимони бӯстонсарои ман саломатии коргарони корхонаи туро барқарор мекунанд ва барои хизмати шоиста ҳиссае ба кисаат мефиристам.

– Ҳа, ин тавр бошад ман розӣ ва худи пагоҳ панҷсад ҳазор ба суратҳисоби ширкат мегузаронам, – ваъда дод ва бо ин амалаш шубҳаи сармуҳосибони дигарро барҳам зад.

Дар муддати ду ҳафта соҳиби ду миллион маблағ шудам. Тӯрабек ин ҷумларо ба забон оварда, бо аломати ризомандӣ лаби овезонашро лесид. Бо камоли ифтихор миёнашро рост кард. Ба худ симои кибру ғурурро гирифт.

– Фиреби пирону занони барҷомонда чӣ хел ба сарат омад? – бо ин савол гиреҳи ҷиноятро кушоданӣ шудам.

– Синну солам ба ҷое расид. Ғайрату шавқи ҷавонӣ маро тарк кард. Ҳине ки аз «бӯстонсаро», шумо ин мафҳумро медонед ва ҳоҷати шарҳ додан нест, баромадам, ба куҷо рафтанамро надонистам. Аз зани якумам кайҳо ҷудо шуда будам. Ҳамсари дуюмам чун донист, ки касби ман чист ақди никоҳро бекор кард ва маро аз ҳуқуқи истифодабарии манзил маҳрум намуд. Дар троллейбус нишаста ба андеша рафтам. Ба куҷо равам? Сарамро ба кадом гӯр тиққонам? На ёре дораму на мададгоре.

Дар курсии пеш ду мӯйсафед менишастанд. Оне, ки саҳл баландқомат буд, ҳикоя мекард. Писараш дар шаҳри Хоруғ хизмат мекардааст ва бояд баъди шаш моҳ бо сари баланд ба хона баргардад.

Нақшаи ба дом афтонидани мӯйсафед дарҳол ба сарам пайдо шуд. Он тарафашро худатон медонед, – қаллоб бо табассуми узромез сӯям нигарист.

– Ин тарафашро қисса накунед ҳам мешавад, – ӯро аз давом додани баёнот нигоҳ долштам. – Бо ҳамин роҳ зиёда аз чил нафарро ба доми фиреб даровардед.

– Мутлақо дуруст, – рақами ҷиноятҳояшро тасдиқ намуд Тӯрабек ва бо афсӯс илова кард. – Лекин ҳоло одамон тағйир ёфтаанд, – қаллоб бе иҷозати ман фикрашро ба забон овард. – Майдони фаъолияти ман торафт танг шуда истодааст. Баъдан милиса кор кардан намемонад, – Тӯрабек бо нафрат нигоҳашро ҷониби корманди раёсати фаврӣ – ҷустуҷӯйие, ки дар пойгаҳи дар болои курсӣ менишаст, равона кард ва илова намуд. – Ба ҳар ҳол аз афтиданам хурсандам.

– Нафаҳмидам, – ҳайрон сар аз протокол бардоштам. – Ин ҳолати руҳиатонро шарҳ медодед?

– Медонам, ки ин дафъа суд ба ман ҳукми абадро татбиқ менамояд, – Тӯрабек қаноатмандона ба сӯям нигарист. – Рӯзҳои охирини умрамро орому осуда дар ҳуҷраи «осоишгоҳ» мегузаронам.

– Ба шумо Шоҳи қаллобон истроҳати бо фароғат орзу менамоям, – гуфта ба ҷумлаи охирини протоколи ба сифати айбдоршаванда пурсидани Тӯрабекро нуқта гузоштам.

Зариф ҒУЛОМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь