Хабари баргузории нишасти матбуотӣ дар бинои колхози ба номи “Картошка” то ба дигар раисҳо рафта расид. Нахуст Помидор баъди шунидани ин ҳодиса сахт асабӣ шуд.

Вале баъд аз он, ки фаҳмид Картошка дар маҷлис ҳузур надошт, ба ҳоли рӯзноманигорон сахт ва тӯлонӣ хандид. Тасаввур мекард чӣ тавр селаи рӯзноманигорон бо ҳавас ба нишаст мераванд, вале Картошка ба он ҳозир намешавад.
Тасаввур мекард, ки чӣ тавр тарбуз аз бағали себ меафтад. Охир вай хислати ӯро хуб медонист. Ҳарчанд Помидор нисбат ба Себ хушбин набошад ҳам, аммо гоҳо пинҳонӣ аз кирдори ӯ дастгирӣ мекард. Ҳамзамон каму беш аз Себ ҳарос дошт. Ҳарчанд имрӯз сухани ӯ қадре надошт, вале помидор бар он бовар буд, ки ин навиштаҳо рӯзе метавонад сари помидорро хӯранд.

Ҳарчанд дар дил тарс дошт боз ҳам намехост тарсашро ошкор кунад. Агар Себ аз он огоҳ шавад, ки Помидор аз вай метарсад, дигар ба ӯ Худо медиҳад.

Чун Помидор хуб медонист маҳз бо шарофати ҳамин Себу Сабзӣ ва дигар ҳамкасбони онҳо раиси қаблӣ Булғор аз вазифа рафта буд. Ӯ ба худ меандешид, ки агар Булғор он суханҳоро дар назди ин рӯзноманигорон намегуфт, шояд имрӯз вазифа насиби Помидор намешуд. Аз ин ҳолат ҳам хурсанд мешуду ҳам гоҳ вақт зиқ мешуд. Ҳар лаҳза  метавонист ҳодисаи ба сари Булғор ва боз якчанд раисони дигар омада бо ӯ низ рух диҳад. Ҳарчанд имрӯз дигар Себ мисли пешин ҷуръате надошт чизе нависад. Вале “эҳтиёт ними ҳаёт” гуфтаанд.

Ё ба қавли дигар “гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?” гуфтаанд. Себу Сабзӣ ва боз якчанд ҳамкасбони онҳо ба ин гуфтаҳо боварӣ доштанд.

Аммо Помидор ба худ қавл дода буд, ки чизе нашавад вай бояд нишастро баргузор намояду барқасди Картошка обрӯи худро назди дигар меваву сабзавотҳо боло барад. Ҳам ӯ мехост ба боло нишон диҳад, ки Помидор метавонад вазифаи Картошкаро низ иҷро кунад.

Помидор доим дар ҳасрати он буд, ки мансаби Картошкаро соҳиб шавад. Аммо Қаламфури блогер ҳамаи орзуҳои вайро барбод дод. Ҳангоме ки помидор дар вазифаи пасттаре фаъолият мекард, нафаре аз намояндагони оилаи Қаламфур фаъолияти блогерии худро ба роҳ монд. Дар аввал Қаламфур танҳо дар бораи кору фаъолияти рӯзмарраи худ гузоришҳо медоду халос. Аз чӣ бошад якбора самти фаъолияти худро тағйир доду оҳиста-оҳиста ба бад кардани фаъолияти кории Помидор оғоз кард. Дар аввал раис инро хуб қабул кард, чун вай дар он фикр буд, ки танқид шахсро боз ҳам масъултар мекунад. Ҳатто ҳолатҳое шуд, ки Қаламфур аз ҷониби худи Помидор бо сипоснома қадрдонӣ гардида буд. Вале Қаламфур ин ҳамаро нодида гирифта, дигар ба танқиди ошкоро ва андохтани ҷудоӣ байни меваҷоту сабзавот гузашт.

Ӯ доим намояндагони меваҷотро танқид намуда, соҳиби вазифа шудани онҳоро маҳкум мекард. Доимо талош меварзид то меваҷоту сабзавот якҷоя нашаванд. Ниҳоят кор то ҷое расид, ки атрофиён аз дасти Қаламфур ба дод омаданд. Турб дид, ки агар ҳамин тавр рафтан гирад, ин блогер чӣ балоеро ба сар меорад, бинобар ҳамин бо маслиҳати Помидору дигарон Қаламфур ба ҳабс гирифта шуд. Ба қавле “кори хирс тамом”. Ҳарчанд атрофиён аз хӯйи бади Қаламфур огаҳ буданд, вале боз ҳам ба ҳимояти ӯ барои номаш садо баланд карданд.

Дар ниҳояти кор Помидор ба худ азм кард, ҳарчи бошад ҳам нишаст баргузор мекунам. Дар дил нақша кашид, ки дар рафти нишаст дар додани саволҳо ва вақти баргузорӣ маҳдудият нагузорад. Охир Лаблабу аз вақти муайяншуда пештар нишастро ба итмом расонид, дигар як соли дигар атрофи ин амали вай баҳс идома кард. Қариб монда буд вайро ҳам аз вазифа гиранд, аммо шахси кордон буданашро ба инобат гирифта, ин корро накарданд. Охир Лаблабу баъди Нок ба сари ин вазифа омада буд. Ӯро маҳз ба хотири шахси кордон буданаш ба ин вазифа гузошта буданд.

Помидор дигар ғарқи хаёл шуду чӣ тавр гузаштани вақтро ҳам нафаҳмида монд. Охир вай ба котибааш Хурмо супориш дода буд, то касе вайро нороҳат накунад. Касе наздаш меомад, Хурмо бо баҳонаи “раис дар маҷлис ё раис ба ҷойе баромада рафтаанд”, мардумро ҷавоб медод. Мардум бехабар аз он, ки раис дар дохил асту танҳо хуши қабули онҳоро надорад. Ба ин ҳама афсонаҳо бовар мекарданду мерафтанд. Чун онҳо аллакай ба ин маҷлисравиҳо кайҳо одат карда буданд.

Садои занги телефон Помидорро ба худ овард, аз он тарафи гӯши овози котиба шунида мешуд. Хурмо аз раис мепурсид, ки Бодиринг омадааст, иҷоза диҳад, то наздаш дарояд? Бодиринг дасти рости Помидор буд. Дар ҳама ҳолат мисли пиёз маслиҳатгари беминнате буд. Раис, ки худ низ омадани муовинашро интизор буд, иҷоза дод.

Вақте Бодиринг ба дохил даромад ва Помидорро ғамгин дид, пурсид:

  • Ба шумо чӣ шуд, муҳтарам раис?
  • Эҳ напурс, мегӯям нишаст баргузор кунам. Вале аз он хавотирам, ки боз себ ҳамаро расво накунад.
  • Ба себ бояд ҳодисаи ба сари бародараш омада, дарс мешуд. Аммо мебинам, ки боз ҳам ба корҳои қаблияш даст задааст, – гуфт бодиринг.

Помидор сухани ӯро тасдиқ намуда, ҷониби вай бо аломати савол нигоҳ кард. Яъне гуфтанӣ буд, чӣ мехоҳӣ? Бодиринг ҳам суханро кашол надода, сари мақсад омад:

  • Раис, наздатон омадам, то маро ба рухсатӣ ҷавоб диҳед.
  • Даррав аз кор кардан монда шудӣ? – ҷониби ӯ нигоҳ кард Помидор ва ба суханаш идома дод;

– Охир ту агар ба рухсати равӣ, ин ҳама корро кӣ анҷом медиҳад? Аввал нишастро гузаронем, баъдан ба рухсати меравӣ.

  • Гуфтаи шумо шавад, раис.

Боз ҳарду дар бораи чӣ гуна баргузор кардани нишаст ва киҳоро даъват кардан, муддати тӯлонӣ маслиҳат карданд. Дар ин баробар кашидани нақшаҳои ояндаро низ фаромӯш накарданд. Бодиринг бехабар аз он, ки барои суханронии имрӯзааш аллакай дар ҷойҳои лозима фармони хориҷаш содир шуда истодааст, дар фикри харидани мошин ва сохтани қасри нав барои худ буд. Вай ҳамчунин мисли дигар роҳбарон орзу дошт, то зани дуввум низ гирад. Чун вай бар ин андеша буд, ки мансабдор бояд ду зан дошта бошад. Охир як зану як мошинро ҳама ҳам доранд – ку?

Дар мавриди суханронии имрӯзаи бодиринг ҳамин маълум аст, ки ҳангоми ҷаласае бехабар аз он, ки ҳамагон ӯро шунида истодаанд, ба хато роҳ додааст, ки ин боиси озурдагии хотири Банан ва Ананас гардидааст. Банан ва Ананас аз ин минтақаҳо набуданд ва онҳо ба инҷо ба ҳайси меҳмони махсус даъват шуда буданд. Вақте нисбати худ чунин беэҳтиромиро аз ҷониби бодиринг шуниданд, даррав аз болои ӯ ба раиси худ шикоят карданд.

Хориҷаҳо, ки бехабар аз зарофатгӯиҳои бодиринг буданд, ба боло аз ин беэҳтиромӣ нисбати намояндагонашон дарак доданд. Ҳамчунин аз онҳо талаб карда шуд, ки ин муовин аз кор равад. Дар ҳоли аз кор нарафтани ӯ, онҳо дар оянда ҳамкориро ба корхонаи мутааллиқ бо Помидор ва дигарон қатъ хоҳанд кард.

Боло ғайри қабули ин талаб дигар чорае надошт. Бинобар ҳамин, дар пайи аз кор рондани Бодиринг ва ба ҷояш пайдо кардани дигар номзади мувофиқ буд…

Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь