Парадокс фикр ё амалест, ки ба ақидаю амалҳои маъмул мувофиқ нест. Мутаассифона камина чунин ҳолатҳоро зиёд мушоҳида намудаам, ки бисёр дардовару нангинанд. Ҳатто шахсоне ҳастанд, ки барои худнамоии хеш фоҷиаи одамону оилаҳо ва рӯзи сахти онҳоро истифода мебаранд. Масалан, маъракаҳои ҷанозаю мотамро. Чуноне, ки мегӯянд «Буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу».

ПЕШПУРТАК

Ё ХУДНАМОӢ ҲАМ ҶОЙЮ МАВРИД ДОШТАГИСТ 

Дар ҷанозаи як шахсияти шинохта ширкат доштам. Шинохтагиаш то андозае буд, ки пеш аз дафнаш митинг – ҳамоиши расмии сатҳи давлатӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарони шаҳр ва чанде аз сохторҳои ҷумҳуриявӣ ҳам ширкат варзида, суханони вопасин гуфтанд ва бас дарднок видоъ карданд. Аммо то барпошавиаш, вақте ки сухан дар масъалаи ҷойи гузаронидани он рафт, аз ҷониби як нафар пешниҳоде шуд, ки аксариятро ба ҳайрат гузошт. Зеро пешниҳоди ӯ дар ҳамон лаҳза чун тарошаи аз бом афтида буд.

Ӯ ба муовини аввали раиси шаҳр пешниҳод намуд, ки ҳамоиш ва ҷаноза дар масҷиди калон гузаронида шавад. Шахсан барои ман ва ҳамаи онҳое, ки ӯро диданду шуниданд, ҳайратовар он буд, ки ин бародар ба масҷиду ҷанозаю ҳамоиш ва умуман ба маъракадориҳои деҳа ягон хел муносибат надорад. Ӯ ақаллан узви кумитаи маҳалла нест. Вай ин суханро замоне гуфт, ки ҳамон ҷо раиси хоҷагӣ, муовини раиси ҷамоат, чандин омӯзгорони мактаб, раиси кумитаи маҳалла, имомхатиби масҷиди ҷомеъ ва боз чандин одамони корозмудаю рӯзгордида буданд ва ҳуқуқҳои вазифавию маънавӣ доштанд, ки ба чунин маслиҳатҳо ҳамроҳ шудаю фикри худро бигӯянд. Вале, ҳанӯз онҳо лаб во накарда, ин бародар ба қавли одамони ҳамин маҳал «пешпуртакӣ» намуда, «нахӯди пеши қошуқ» шуд ва пешниҳодашро гуфт.

«Магар ба ин бародари «пешпуртак» ё «нахӯди пеши қошуқ» бисёр зарур буд, ки маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои мотам, маҳз дар ҳамин мавриди реш-реш будани дили садҳо одам «пешпуртакӣ» ва «нахӯди пеши қошуқ»-ии худро нишон диҳад?»

Ба ин саволи ботинии худ баъдтар ҷавоб пайдо кардам. Онҳое, ки ин бародарро бештар мешинохтанд дар як маъракаи дигар бо чунин мазмун гуфтанд:

– Ӯ ҳамин хел «касал» дорад. Дар ҳамагуна маъракаҳо новобаста аз он, ки худист ё бегона, бо ягон баҳонае ҳатман худро шарик мекунад, гӯё «касе» будани хешро нишон доданӣ мешавад. Бо одамони барӯманд, махсусан агар онҳо ходимони сохторҳои ҳукуматию давлатӣ бошанд, роҳу усуле пайдо мекунаду ба суҳбаташон ҳамроҳ мегардад ва «беҳамтоию бемислӣ», яъне «фардият»-и хешро нишон доданӣ мешавад. Дар он маъракаи мотам ҳам бо баҳонаи дар «масҷиди калон гузаронидани ҷаноза ва ҳамоиш» худро ба муовини аввали раиси шаҳр шиносонд ва «нобиға» буданашро маълум намуд.

Чаро ман атрофи ин масъалаи «хурд» сухан кушодам ва онро расонаӣ намудам? Аввал ин, ки ин масъала хурд нест. Зеро бисёр одамон гирифтори ҳамин хел «маризиҳо» ҳастанд. Дуюм. Агар Худо накарда «пешниҳоди» ин «нобиға» дар масъалаи дар масҷиди ҷомеъ гузаронидани ҳамоиш ва ҷаноза қабул мегардид ногувортарин ҳолатҳо ба вуҷуд меомаданд. Чунончӣ:

– Ба пиру барнои ба ҷанозаомадаи бемошин лозим мешуд, ки дар айни гармои рӯз селдараи мушкилгузарро убур карда, аз роҳҳои пурпечу тоб ва пурчангу хок гузашта, масофаи накамтар аз дуним – се км роҳро тай кунанд;

– Мошиндоронро лозим меомад, ки барои ба масҷиди калон расидан аз роҳҳои валангор гузашта, аввал ба деҳаи Умака биёянд ва баъд селдараро убур карда, аз роҳҳои боз ҳам валангортар гузаранд. Тӯли ин роҳи 3-4 километра чангу хокро ба осмон бардоранду баъд ба сари мардум бирезанд;

– Ба соҳибони майит ва ё масъулин зарур мешуд, ки мошини боркаш киро намуда ва ё илтимос карда, тамоми таҷҳизоти барои ҳамоиш овардаро аз дари ҳавлии падари шаҳид то масҷид бубаранд. Барои то масҷиди ҷомеъ расонидани ҷасад ҳам мошини дигари мувофиқ пайдо намуданашон лозим меомад;

– Баъди ҳамоиш ва ҷаноза майитро, ки шахси паҳлавонҷусса буд, бо тобут аз масҷид то ба мазорат ба масофаи тақрибан ду км биёранд. Иштирокдорони ҷаноза низ пиёдаю савора то мазорат ҳамин масофаро тай кунанд.

– Пас аз ба хок супурдани майит мошиндорон боз бо ҳамон роҳи омадаашон қафо гашта, барои дуою фотиҳаи баъди дафн ба мотамхона биёянд. Пиёдаҳо бошанд, барои ба он ҷо расидан масофаи бештар аз як км роҳи мушкилгузари селдараро убур кунанд.

Дар ҳоли дар масҷиди ҷомеъ гузаронидани ҳамоиш ва ҷаноза кори носавоби дигар рух медод: Ба тамоми занон, махсусан модар, ҳамсар, хоҳарон ва дигар ақрабони аз ҷинси зан будаи шаҳид, ҳамчунин бачагону наврасон муяссар намешуд, ки чунин ҳамоишу ҷанозаи ғайримуқаррариро бубинанд. Ва ин сабаб мегардид ба он ки баъди гузашти вақт, эшон бо писар, шавҳар, падар, бародар, ҷияну тағо ва амаки хеш ифтихори камтар намоянд. Зеро аз даҳони намояндагони давлату ҳукумат чӣ хизмату чӣ корнамоиҳо кардани шаҳидашонро намешуниданду намефаҳмиданд. Хайрият, ки зиёии рӯзгордидаю таҷрибадоре пеши даҳони ин «нахӯдаки пеши қошуқ»-ро гирифту ҳамин чизҳоро ба муовини раиси шаҳр фаҳмонд. Натиҷа он шуд, ки ҳамоиш дар майдончаи назди дарвозаи падари шаҳид гузашту ҷанозааш дар ҷанозагоҳ.

«МАНЪКУНИИ» ВИДОЪ БО ШАҲИД

 Маросими мотам. Хонаю ҳавлӣ пуропури одамони ба таъзияомада. Нафарони зиёд дар харакҳо, курсиҳо, рӯйи хишту тахтасангҳо нишастаанд. Садҳо нафар рост истодаю боз садҳои дигар диккак. Зери дарахтон, бари деворҳо, роҳраву дарвоза ва дигар ҷойҳои имкондошта ҳам пур-пури одам. Ҳама мегиристанд: касе бо овоз, касе бе овоз ва бо чашмони гирён, сеюмӣ хомӯшу дарунакӣ. Камина ҳам дар сафи онҳо. Даҳҳо шиносҳои дигар ҳам. Ин замон овози гӯшхароше баланд шуд:

– Касе даромада рӯйи шаҳидро диданӣ бошад, тезтар дарояд. Ман, ки дарро маҳкам кардам, дигар ҳеҷ касро даромаданӣ намемонам!

Ӯ кист, ки чунин ҳукм кард? Агар қади баланду рӯйи қоқи дарозашро ба эътибор нагирем, ҳеҷ кас. Махсусан, барои шаҳиддорон ва хешу ақрабонашон ба қадри хасе қимат надорад. Танҳо ҳамин, ки дар як гузар зиндагӣ мекунанд. Лек ҳамсоя нестанд. Ба маъракаҳои ҳамдигар қатори умум равуо доранд. Барои сокинони деҳа ва ба таъзияомадагон чӣ? Ҳеҷ чи. Як ҷойи холӣ, як сифр, ба қавли мардуми деҳа як «сагалдак». Бо вуҷуд рӯзи мотами хонадон, худро соҳиби майит вонамуд кард ва гуфт ҳамон суханашро.

Камина 70-солаам. Аз замоне, ки худро мешиносам боре мушоҳида накардаю нашунидаам, ки то шустану пок намудани майит ба назди ӯ даромадану рӯяшро дидан ва видоъ карданро манъ намуда бошанд. Аммо ин «сагалдак» бо ҳамон амали норавояш вонамуд кард, ки дар деҳа ва хонаи шахси мотамдор «касе» ҳасту «эътиборе» дорад.

Умри дароз бинад он мӯйсафеди муътабар, ки хеле номаълум ва оҳистаяк аз дасташ гирифту майда-майда чизе гуфта аз назди дари хона дураш бурд…

БЕСАЛОҲИЯТИИ ДУ НАФАР КОРМАНДИ МАРЗБОНӢ

 Ҳастанд одамоне, ки дар ҷомеа нақше доштани худро ҳатман нишон додан мехоҳанд. Ин хоҳиши табии баъзе инсонҳост. Аз ин рӯ ду нафари аввалиро каму беш фаҳмидан мумкин. Чунки ҳеҷ гоҳ имконоти нишон додани «кию чӣ» будани худро надоштаанд. Дар баробари ин ҷаҳонбиниашон ҳам хеле танг будааст. Аммо ду нафар корманди дар он маъракаи мотам ширкатдоштаи соҳаи марзбониро чӣ тавр бояд фаҳмид? Магар ҷаҳонбинии онҳо ҳам танг буд ва ба нишондиҳии худ эҳтиёҷ доштанд? Андеша мекунам, ки не. Онҳо салоҳият надоштанд. Усулҳои бас нозуки касбу кори худро намедонистанд. Агар медонистанд, пас риоя намекарданд?

Шуғли ман ёддошткунӣ ва навиштани таърихи воқеоти маҳаллӣ аст. Ин маъракаи мотам ҳам воқеаи маҳаллӣ буд, лекин хусусияти бас баланди тарбиявию ибратбахши сатҳи ҷумҳуриявӣ дошт, махсусан ҳамоиш. Аз ин рӯ бо андешаи он ки оянда онро барои наврасону ҷавонон чун воситаи хуби ибратбахш, хоса дар масъалаҳои ҳарбию ватандӯстӣ пешниҳод мекунам, ҷараёнашро аз тариқи телефон бо овози хеле паст кам-кам сабт кардам. (Таъкид: Аз тариқи диктафон не, дастгоҳи дигари махсуси сабти овоз не, маҳз телефон). Чанд лаҳза пас, ғайри чашмдошт ду нафар ҷавон, яке дар либоси ҳарбӣ дигаре шаҳрвандӣ якбора омаданду дар байни издиҳом ба истинтоқи ҳангоманоки ман оғоз карданд. Ҳарбипӯш талаб кард:

– Сабткуниро қатъ кун!

Ман ҳамин тавр кардаму пурсидам:

– Шумо аз куҷоед?

– Аз Қӯшунҳои сарҳадӣ гуфт ҳарбипӯш ва боз талаб кард:

– Чиҳо сабт кардӣ ба мо шунавон!

Ман бахши сабти овозҳоро ҳанӯз пайдо накарда оне, ки дар либоси шаҳрвандӣ буд, бо як чанг задан телефонро аз дастам рабуду бо ғазаб гуфт:

– Медония? Дар ҷойи дигар ҳам сабт кардӣ.

– Медонам.

– Ин замон милитсионери миёнаумри бӯзбалаю қоматбаланд бо рутбаи подполковник бо муомилаи хуш гуфт:

– Ака, бо ман биёед.

Вай маро хомӯшона аз байни издиҳоми одамон гузаронд. Тамоми мардум – касе бо изтироб, касе бо ҳайрат, касе чизеро сарфаҳм нарафта ба ману ӯ менигаристанд. Вай маро то он ҷойи кӯча, ки дигар одамон набуданд бурд. Раҳораҳ гумон кардам, ки ба даруни мошинашон дароварда истинтоқ мекунад ва ё рост ба шуъбаи милиса мебарад. Аммо ин тавр накард. Дар болои пул, он ҷое, ки одамон набуданд истоду бо муомилаи бисёр хуш, бо овози пасту мулоим гуфт:

– Ака, сабткунии шумо кори дуруст нест. Ба таъзия омада бошед, илтимос, раведу қатори мардум нишаста, дуою фотиҳа кунед.

Тамом, дигар чизе нагуфт. Ман ҳам гуфтание надоштам. Телефонамро бошад баъд аз ҷаноза каси ношиноси дигар оварду хомӯшона ба дастам қапонд, тамоман хомӯшона. Лек баъд фаҳмидам, ки кормандони соҳаи марзбонӣ нисбат ба он гапгузарониҳое, ки бо хабарнигорони Радиои «Озодӣ» кардаанд, бо камина бо шеваи «асалин» гуфтугӯ карда будаанд.

Мақсад аз овардани ин мушоҳида чист? Он, ки ҳамон ду нафар корманди соҳаи марзбонӣ бояд рафтору кирдореро, ки тасвир намудам содир намекарданд. Онҳо агар салоҳияти воқеӣ медоштанд, агар нозукиҳои касби хешро хуб дарк мекарданд, агар махфигии касбу корашонро ба эътибор мегирифтанд, ҳаргиз он тарзе, ки карданд рафтор наменамуданд. Балки номаълум меомаданду оҳистакак дар гӯшам мегуфтанд, ки «Сабт кардан мумкин нест». Тамом. Бо ҳамин масъала ҳал мешуд. Ҳангома ба вуҷуд намеомад.

Андеша дорам, ки ин амалу кирдор ва гуфторҳои бесалоҳиятона обрӯ ва эътибори он ду корманди соҳаи марзбониро на танҳо боло набурд, балки шояд боис шуд барои то андозае коҳишёбии обрӯю эътибори сохторҳои болоиашон. Магар маро – мӯйсафеди 70 солаи таърихнигорро дар байни издиҳом дӯғу пӯписаю истинтоқ карданашон мӯҷиби баландшавии обрӯйи худашону сохторҳои болоиашон шуда метавонад? Дар гумон аст. Махсусан, дар ҳоле, ки ман аз ҳамин деҳаам, бо падари шаҳид ҳамсабақи мактабӣ ва дӯсту рафиқи бачагиам? Бар зами ин, бо худашу занаш муносибатҳои хешу таборӣ дорам. Аз корнамоии бобояшон дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар ақибгоҳ чандин мақолаю очеркҳо навиштаю ба чоп расонидаам.

Хонандаи азиз! Акнун худ қазоват намо: Оё кирдори содиркардаи он ду нафар барои баландшавии эътиборашон мусоидат мекунад? Оё баҳсу гапгузарониҳояшон бо хабарнигорони «Озодӣ» барои болоравии обрӯяшон созгор аст? Охир, чуноне, ки худи онҳо дар ҳоли иҷрои вазифа буданд, кормандони «Озодӣ» ҳам айнан дар ҳамин ҳолат қарор доштанд, яъне вазифаи худро иҷро менамуданд. Пас чаро эшон ҳаққу ҳуқуқҳои вазифавии худашонро воло дониста, ҳаққу ҳуқуқҳои хабарнигоронро ба эътибор нагирифтанд? Оё илоҷ набуд, ки ба ҷойи он қадар «тую ман» ва баҳсу гапгузарониҳо эшон чун намояндагони давлат амал намуда, оҳистаяк ва номаълум моддаи дахлдори қонуни дахлдорро нишон дода, мегуфтанд, ки «дар асоси ана ҳамин моддаи ҳамин қонун шумо ҳуқуқи аз ин гуна маъракаҳо маълумот ҷамъ карданро надоред. Дар ҳоли баъд аз огоҳонидани мо давом додани коратон, мувофиқи ҳамин қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавед”. Ман бовар дорам, ки бо ҳамин «гап мемурд» ва ҳама чиз ҳал мешуд. Лекин, афсӯс, ки он ду бародари хешро корманди соҳаи марзбонӣ шиносонда, аз чунин тарзи муошират, муомила ва рафтору кирдор бархӯрдор набуданд.

Камина дар шигифтам: Дар ҳоле, ки мардум воқеоти сарзадаро аз тариқи интернет ва расонаҳои ахбори хориҷӣ як шабонарӯз пештар медонистанд, ходимони дар ин маъракаи мотам ширкат доштаи соҳаи марзбонӣ дигар чиро пинҳон карданию пешгирӣ намуданӣ буданд? Умуман, ман ҳамчун як шаҳрванд ва шахси рӯзгордида бар он назарам, ки он афсари неруҳои марзбонӣ, ки бо шаҳрванд бо чунин шева муомила мекунад, шахси ҷиддӣ нест. Як таърифак, худнамо ва худхоҳ аст. Салоҳият надораду масъулияти вазифаашро дарк намекунад. Болопарак аст. Агар ин ду нафар чунин намебуданд, мисли он милитсионери солманд, иззати худ ва иззати шаҳрвандро пос медоштанд. Бе намоишкорӣ, бедағдаға, бедағалӣ «ҳам лаълро ба даст меоварданду ҳам ёрро намеранҷонданд». Аз афти кор масъулини соҳаи марзбониро зарур аст, ки ба ходимонаш, махсусан ба ходимони ҷавонаш, одаму одамгарӣ омӯзонад. Дар куҷо ва дар кадом ҳолат чӣ гуна рафтору кирдор намуданро таълим диҳад. Усулҳои муносибату муомиларо ба шаҳрвандон, махсусан дар маросимҳои мотаму ҷаноза, ки одамон бисёр эҳсосотӣ мешаванд, ёд диҳанд. Дар акси ҳол ҳамин гуна ходимон обрӯю эътибори худро ку аз даст медиҳанд, вале ба обрӯю эътибори сохторҳои болоии худ ва давлату ҳукумат ҳам халал ворид мекунанд. Инро барои он мегӯям, ки ба аксар кормандони соҳаи марзбонии кишвар эътимодӣ бузург дорам. Эътимодам то андозаест, ки онҳоро дар қатори кормандони дигар сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ, ҳимоятгарони воқеӣ ва сарсупурдагоне мешуморам, ки барои ҳар як ваҷаб хоки Ватан, ҳар як шаҳрванд ва ҳар як дастоварди бо арақи ҷабин ба дастовардаи халқ, махсусан Пешвои миллат, ҷони худро нисор мекунанд. Ҳамчунин онҳо дар фаҳми ман чашму гӯши ҳақиқии давлату ҳукумат ҳастанд. Лек, чашм танҳо мебинаду гӯш мешунавад. Бузург шахсест, ки дидаи чашм ва шунидаи гӯшро ба ихтиёри ақл диҳад, то ӯ таҳлил кунаду моҳиятро дарку дақиқ намуда хулоса барорад. Агар шахсе, ки дидаю шунидаашро якбора ба ихтиёри забон дод, он шахс сабукзабон, сабукирода, сабукрой ва саҳлангор аст. Ҷиҳати ин хислатҳояш ба забон имконият медиҳад, ки ҳарчиқадаре, ки метавонад, дағдағаю воҳимаю ҳангома кунад. Мутаасифона он ду нафар бародари мадди назар дидаю шунидаҳояшонро ба ихтиёри ақл не, якбора ба ихтиёри забон вогузоштанд.

Шояд он бародарон бо он тарзи рафтору кирдорашон худро ватандорону ватандӯстони ҳақиқӣ нишон доданӣ шуданд? Агар «ҳа», масъулиятшиносона мегӯям, ки ҳисси ватандорию ватандӯстии ману манбаринҳо агар аз ҳисси ватандорию ватандӯстии он ду нафар бародари неруҳои марзбонӣ баландтар набошад, ҳаргиз ва дар ягон ҳалат пасттар нест. Исбот мехоҳанд? Марҳамат, экрани телевизиони давлатӣ. Ману онҳо баҳси ватандорию ватандӯстӣ ва ватансозӣ мекунем.

ҲАСАН ЮСУФИ ФАЙЗБАХШ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь