Дар ин рӯзҳое, ки ҳама доди ватанхоҳӣ мезананд, ҳама аз хусуси рӯ ба муҳоҷират овардани мутахасисони варзида ва гайра бонгӣ ожир дар медиҳанд, мардони асиле ҳастанд, ки бе ҳеҷ ҳаёҳуй, бе ҳеҷ худнамоию манфиатҷӯӣ, содиқона ва софдилона баҳри пешрафту шукуфоии Ватан заҳмат мекашанд, қарзи шаҳрвандӣ ва ватандории худро адо менамоянд.
Ин ҳама ҳаёҳую воҳимаро аслан онҳое бод медиҳанд, ки худашон кайҳо домони ин Ватанро раҳо карда, ба домони кишварҳои дигар часпидаанд ва дар андешаи ободии ин ватан нестанд. Фақат мехоҳанд чанг хезонанду ҷанг андозанд ва аз дур тамошо кунанд. Вале ватандорони воқеӣ ва дилсӯз ҳар кадом дар ҷою вазифаи худ, побарҷо, бо заҳмату меҳнати шабонарӯзӣ, хоксорона ва беминнат барои пешрафту шукуфоии сарзаминашон талош меварзанд. Агар аз ман пурсанд, ки барои ин даъвоҳоят далел биовар, ман бе ҳеҷ дудилагӣ чандин нафарро мисол оварда метавонам. Яке аз онҳо, раиси мудирони Бемористони байналмилалии ба номи Сино, Абдухалил Холиқзодаро ёдовар мешавам. Ӯ аз зумраи ҳамон мардонест, ки дар ҳақашон мегӯянд: Панҷ панҷааш ҳунар аст! Бале, дар ҳақиқат ҳам ӯ ҳунармандест, ки аз ӯҳдаи ҳама кори бар дӯшаш гузошта мебарояд. Дар шеърнависию шеъргӯӣ шоир, дар роману очеркнависӣ нависанда, дар тарҷумонии чандин забонҳо тарҷумон, дар рӯзноманигорӣ рӯзноманигор, дар соҳибкорию корчаллонӣ, соҳибкор ва дар табибию дармонбахшӣ, табиб ва гайраҳо аст. Аз ин рӯ, метавон бешак гуфт, ки ӯ пайрави Рӯдакиву Сино аст. Ӯ мудирияти беморхонаро ба ӯҳда дорад, гарчанде, ки худ табиб нест. Аммо аз ҳамон табибоне, ки роҳбариро бар дӯш доранду масъулият надоранд, дучанд фаъолияташ хубу беш буда, обрӯю нуфузи беморхонааш дар ҷумҳурӣ ҳамто надорад ва донишмандиаш дар соҳаи тиб беш аз баъзе табибон аст. Аз хориҷа, махсусан аз давлатҳои Эрону Ҳиндустон ва Афғонистон табибони пуртаҷрибаро ба Тоҷикистон даъват карда, бо кор фаро гирифтан кори саҳлу осон нест, аммо ӯ овард ва дар хидмати мардуми тоҷик мутахасисони беҳтарини хориҷиро қарор дод. Ин аст, яке аз ватандустдориҳояш. Дигар дар даврони хуруҷи бемории Covid-19, ӯ қарор нанишаст, пайваста ташвиқ бурд, ки сараввал, табибон наҳаросанд ва корпартоӣ накунанд ва баъдан, ба мардум роҳи дурусти пешгириро аз ин вабо бирасонанд. Хушбахтона, аз зердастони Абдухалил Холиқзода касе наҳаросид ва корпартоӣ ҳам накард, навбатдории шабонарӯзӣ танҳо барои қабули беморони Covid – 19 дар бемористон таъсис дод ва табибон баръакс, дар беморхонаи “Сино” сарҷамъ бо шавқ фаъолият менамуданд, ки ҳамаи ин бевосита заҳмати Абдухалил Холиқзода буд. Аввалин шуда шабакаи ташвиқоти таргиботӣ, оиди пешгирии “Куруно-19”-ро дар сайти махсуси беморхона дар шабакаҳои интернети ҷой дода, таъҷилан телефони боварии беморхонаро таъсис намуд, ки беист худ ва табибонаш оид ба вазъи беморӣ дар миқёси кишвар маълумот медод, мардум ва беморонро ба рузҳои неки дар пешбуда дилгарм мекард. Бо як нишондод ва тавсияи додаи доктор Ораш Алоӣ мардум пурра аз тарсу ваҳм раҳо ёфт, ки бевосита хизматҳои мудири бемористони Сино дида мешуд. Бархе баҳо медиҳанд ӯ набераи Рудакй аст. Бале, ӯ дар ҳақиқатан ҳам набераи Рӯдакй аст, аз деҳаи Панҷрӯд буда, дар онҷо тавлид шуда, таҳсил ёфт. Рафиқону ҳамсинфонаш мегӯянд аз давраи мактабӣ ӯ бачаи худододи босавод буд. Албатта ӯ бо ҳама кору хислатҳояш худоназаркарда аст…
Китобҳои навистаи ӯ соддаю пурмаъно ва оммафаҳманд. Хислатҳои хуби инсониро дар рафтор ва симои ӯ ҳама дида метавонад. Аз чандин нафар хислатҳои ҷавонмардонаи ӯро шунидаам. Рӯзҳои вазнини ҳаётро низ аз сар гузаронид ва дар китоби худ “Моҷарои рафта” пурра ҳаёту зиндагониро дарҷ намудааст.
Бо як ташвиқоташ ними аҳолиро наҷот дод ва гуфт: -“Куруно-19 ин беморие нест, ки ҳама бимирад, ин ҳамон зуком аст”. Танҳо тавсия дод, ки барои пешгирии ин беморӣ, масофаро риоя намоянд, ниқоби тиббӣ истифода баранд, покшӯӣ намоянд ва ҳаргиз аз омадани ин беморӣ наҳаросанд. Ба қарантини пурраи аҳолӣ розӣ нашуд ва гуфт, ки ин беморӣ бо карантини нарм гузаро аст ва ҳамин тавр ҳам шуд: дар Тоҷикистони азизи мо ин бемориро бо карантини нарм раҳо намуданд. Дар Бемористони “Сино” кушодани як студияи ташвиқотӣ-таргиботӣ ин иқболи баланди халқи тоҷик аст ва ҷасорату кордонию касбдӯстдории Абдухалил Холиқзода буда, ҳар мудирияти беморхона онро ташкил карда, ба истифода дода наметавонад. Қариб ҳар рӯз духтурони соҳавиро ба студияаш даъват карда, оиди ҳама беморӣ суҳбат ва сабабҳои пайдоиш, пешгирӣ ва табобати онро ба мардум расонд ва ҳоло ҳам расонида истодааст. Бо ин ҳама кордонию корбариаш пеш аз ҳама ҳамчун инсони хоксору ҳалим дар байни мардум шӯҳрати хоса ёфт, ки боиси аҳсану офаринҳо аст…
Таманно дорам, ки ҳамеша муваффақ дар фаъолият ва ба беҳтарин орзуву ормонҳояш худо бирасонад.
Зиҳӣ, марди оқилу доно,
Пайрави Рӯдакиву Сино.
Ҳазор сол бизӣ,
Сад ҳазор сол бизӣ!
Ҳабиб Ҷумъазода