Баъд аз он ки Лимон низ паси панҷара рафт, Пиёз дигар ба он ки ба ҳама чӣ қодир аст, шакке надошт. Ӯ нағз медонист, ки метавонад аз ин пас, ҳар касе нисбаташ гапе занад, онро бидуни мамониат аз сари роҳаш бардошта метавонад. Ҳодисаи Лимон инро бори дигар собит намуд ва дарсе ҳам шуд барои дигар маҳсулоту сабзавотҳо. Эҳтиёткорӣ байни меваҷоту сабзавоти дигар ду баробар афзоиш ёфт. Онҳо дигар пеш аз кореро кардан ба мақоли “Ҳафт бор чен куну якбор бур” бидуни мулоҳизае риоя мекарданд. Риоя кардан майлаш, онро шиори доимии худ қарор дода буданд. Чун дигар касе намехост бо сабаби ночизе ё зери тӯҳмати Пиёз паси панҷара раваду оилааш саргардон бошад.

Авлоди себ яке аз аввалинҳо шуда намояндаи ин сулола паси панҷара рафта буд. Себҳо дигар мисли пешин дар ҷамъият фаъол набуданд. Онҳо ҳарчанд медонистанд, ки инҷо Себ гуноҳе надорад, вале наметавонистанд инро исбот кунанд.

Ниҳоят ба рӯзноманигорони дар бораи меваю сабзавот менавишта, хабар омад, ки пагоҳ нисфирӯзӣ дар маҷлисгоҳ Картошка оид ба рухдоди вақтҳои охир ва ҷамъбасти сол нишасти матбуотӣ баргузор менамояд. Инҷо ҳарчанд на ҳама даъват шуда буданд, аммо дигар журналистон бо сабаби доштани суоли зиёд мехостанд иштирок кунанд.

Сабаб ин буд, ки дар соле як маротиба онҳо имкон доштанд раисро бубинанду ба саволҳои худ посухе пайдо кунанд. Ҳарчанд наметавонистанд ҷавоби аниқе пайдо намоянд, аммо дилсард намешуданд. Ҳамоно бо як умеде мерафтанд ҷониби идораи раис. Шояд Картошка онҳоро дарк кунаду бо онҳо низ муносибати хубе намояд.

Рӯзи муайяншуда фаро расид ва ҳамагӣ селаи рӯзноманигорон кормандони расонаҳои Себ, Анор, Сабзӣ, Карам ва дигарон ҷониби биное, ки онҷо Картошка менишаст, шитобиданд. Ақрабаки соати калони толор ба вақти муайяншуда наздик мешуд. Баъзе аз хабарнигорон бесаранҷом то оғози нишаст мехостанд ҳарчӣ шиками худро сер кунанд. Мутаассифона инҷо низ буданд нафароне, ки будани нишаст ё дигар чизе барояшон муҳимияте надошт. Онҳо дар ғами гузаронидани рӯзи худ ва бенасиб намондан аз тӯҳфае, ки Картошка медод, буданд. Ҳамин чанд нафар кофӣ буд то Картошка нисбати тамоми хабарнигорони меваҷоту сабзавот хулосаашро бароварда бошад. Дар назари аксарият ин қишр, ки намояндагии ҳам меваҷот ҳам сабзавот буданд, ба мисли нафарони доим шикамгуруснаву баднафс шинохта шуда буданд.
Карам ба будану набудани атрофиён парвое надошт. Худро болои мизи хӯриш, ки барои меҳмонон омода карда буданд, партофта буд. Ҳарчанд барои ин амалаш борҳо боиси хандаву масхара шуда бошад ҳам. Ба ӯ ин гапҳо таъсир намекард. Ба қавли мардум “Пусташ ғафс шуда буд”. Дар ҳақиқат ҳам ин кор чунин аст. Чун Карам якто не, чандто пӯст дорад, ки ба он пӯстҳо сухан канор истад, ҳатто тире таъсир намекард. Анор бошад, бо як маҳорати ба худ хос доимо дар назди роҳбарон ҳаракат мекард худро ширин кунад. Ҳарчанд тамъи каме турш дошт. Аммо бо ишваву ноз дили чандин роҳбарро рабуда буд. Ӯ бо ин роҳ ҳатто аз онҳо пул меситонид. Вай низ дар ғами нишаст неву дар ғами ҳарчӣ зуд ба анҷом расидани он буд. Чун ният дошт баъди анҷоми маҷлис назди раис даромада аз ӯ барои гузаронидани “рӯзгор” чизе ба даст орад.

Инҷо Себу Сабзӣ ва боз чанд нафари дигар, ки сафашон ангуштшумор буд, ҳатто ҷониби мизи ғизо назаре накарданд. Чун онҳо аллакай медонистанд ин ҳама зиёфат ба чӣ хотир аст. Ҳарчанд масъулин исрор меварзиданд, ки аз таҳи дил аст. Вале онҳо намехостанд бо ин роҳ назди эшон забонкӯтаҳ гарданд.

Аз бесаранҷом шудани масъулин пай бурдан мумкин буд, ки “шеф” омада истодааст. Ҳама паси мизҳо нишастанд ва омодагӣ медиданд то нишаст оғоз шавад. Ғайриинтизори ҳама ҳозирин ба толор Картошка неву ба ҷояш Пиёз ворид шуд. Ҳарчанд баъзе аз ҳузурдоштагон инро пешакӣ ҳадс мезаданд. Вале онҳо бар ин бовар буданд, ки худи Картошка ба маҷлис меояд. Охир ба ин маҷлис на ҳама даъват шуда буданд. Вале ин сафар ҳам имкон нашуд то ба худи раис суол диҳанд. Ба ҳамин ҳам шукр гӯён Себ интизор буд то ба ӯ сухан медиҳанду вай ба суолҳое, ки давоми як сол инҷониб мехост ҷавоб пайдо кунад, ниҳоят ҷавоб меёбад.

Вале ин дафъа ҳам фикри ӯ хом баромад. Нахуст Пиёз ним соати вақтро бо хондани маълумотҳое, ки рӯзе қабл ба ҳама фиристода буданду ҳамагӣ онро азёд медонистанд, сарфа намуд. Сипас мисле, ки пешакӣ маслиҳат шуда буд, Анор аз рӯи коғаз суолашро дод. Албатта баъд аз панҷ – даҳ дақиқа васфи Картошкаву Пиёз ниҳоят суоли худро Анор дод. Ба суоли вай Пиёз низ бо гуфтани ташаккуру дигар гапҳои нолозим даҳ дақиқаи дигар вақтро кашол дода, ҷавоб дод.

Ҳамин минвол боз ду се нафар, ки бо онҳо низ пешакӣ маслиҳат шуда буд, суолҳои қаблан омодакардаи худро доданд. Баъд аз ҳама Себ дигар тоқат накарду бидуни риояи навбат ба Пиёз суол кард:

  • Мӯҳтарам Пиёз, лутфан мегуфтед, ки чаро раис дар маҷлис ҳузур надоранд? Баъдан мегуфтед чаро дар бозор ҳамоно нархҳо боло рафта истодаанду сифати маҳсулот поён шуда истодааст? Оё шумо аҳамият додаед, ки ҳар бор мӯҳтарам Картошка оиди поён бурдани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия маҷлис мекунанд, вазъ ранги дигар мегирад, нархи маҳсулот боло мераваду поён не – Себ боз мехост суол диҳад, аммо Пиёз бо ишора ба он, ки вақт тамом шуд сухани ӯро қатъ кард.
  • Хуб, ҷаноби Себ, мебинам шумо бисёр маҳмадоно шудаед. Ба суолҳои шумо ман ҳаминро гуфта метавонам, ки мӯҳтарам Картошка бо сафари корӣ ба минтақаи кӯҳистон рафтаанд. Ба раис аз боло фармон шудааст то дар бораи зиёд кардани истеҳсол ва кишти маҳсулот корбарӣ намоянд. Дар мавриди он ки гуиё баъди эродҳои раис нархи меваю сабзавот боло шуда бошад, дурӯғи маҳзе беш нест. Шумо чӣ мехоҳед раиси муҳтарамро гунаҳкор кунед? Оё медонед, ки барои ноҳурматӣ нисбати раис шуморо метавонем паси панҷара барем!? – Пиёз бо чунин таҳдидҳо дигар намонд Себ сухане гӯяд.

Сабзӣ низ мехост суол диҳад, аммо чунин ранг гирифтани корро дида, аз додани савол худдорӣ намуд. Ӯ бо худ меандешид ба ин меваю сабзавот чӣ шуда бошад, ки нисбати якдигар ин қадар бадбинӣ доранд? Дигар онҳо низ аз инсонҳо фарқе надоранд. Имрӯз инсонҳо чӣ корҳои пасте нисбати якдигар карда истодаанд. Наход оқибати кори меваву сабзавот ҳам чунин шавад?

Сабзӣ мехост ин ҳамаро ошкоро гӯяд, вале аз воқеаҳои ба сари одамон омада, андеша мекард. Вай намехост дар байни онҳо низ мисли одамиён низову ихтилоф ба вуҷуд ояд.

Ӯ ғарқи ин андешаҳо нафаҳмида монд, ки чӣ тавр толор холӣ шуду нисфе аз ҳозирин паси корҳои худ рафта, нисфе дигар сӯйи мизи хӯрок давиданд.

Сабзӣ бо сари хам, аммо андешаҳои гуногун роҳ пеш гирифт сӯи нокуҷо.

Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь