Якум. Суннату ойинҳо нигаҳдоранда ва муҳофизу пайвандгари мо бо пешинаву гузаштаи таърихӣ мебошанд. Дар ин миён Наврӯз ва маросимоти Наврӯзӣ аз қидмати деринаи таърихӣ бархурдор аст ва моро бо гузаштаву собиқаи таърихӣ, суннатӣ, ойинӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва фарҳангӣ пайванд медиҳад. Ба назари донишмандон, аз ҷумла ҷомеашинос Алии Шариатӣ, ҷашну идҳои мутааддиде дорем, ки моро аз берун ба солонҳо, толорҳо, ҳуҷраҳои бузург ва фазои дохилӣ мекашанд ва дар маҳдудаҳо нигоҳ медоранд. Аммо Наврӯз ва чанде аз ҷашнҳои куҳану бостонии аҷдодӣ (ба шумули Сада, Ялдо ва Меҳргон) аз ин қоида истисноанд ва бо шукӯҳу таҷамулоте, ки доранд, мардумро аз маҳдудаҳои танг ба берун – ба кӯҳу пушта ва дашту водиҳо мекашанд ва аз маҳдудаҳои танг наҷот мебахшанд. Ба ин маъно, Наврӯз бо маросимоту ойину суннатҳои дерину пешин мардумро ба табиат ва ҳолу ҳавои табиӣ фаро мехонад ва аз ташвишоти зиндагӣ мунсариф месозад.
Дувум. Наврӯз бо он шукӯҳу таҷаммулоте, ки дошту дорад, аз доираи як ҷашн-пружаи миллӣ ба як фарҳангу тамаддуни миллию фаромиллӣ табдил ёфт ва густараи бузурги ҷуғрофиро фаро гирифт. Ба ин маъност, ки:
Ки Наврӯз эътидол асту тавозун,
Бурузи расму ойину тафаннун (таовун).
Ба он шӯру шукӯҳи ҷовидонӣ
Расида то ба сатҳи як тамаддун.
Севум. Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни бедории табиат ва инсон аст, ки ҷузъи ҷудонопазири ин табиати бузург мебошад. Такроршавӣ ва раванди тавлиду бозтавлидӣ махсуси табиат, эҳсос ва ҷамъият аст. Ҳарчанд ки такрор дар илму адабиёт ва фарҳанг ҷоиз нест, аммо табиат, эҳсос ва ҷамъият онро дӯст доранд.
Чаҳорум. Наврӯз корти муҷаввиз (визитная карточка)-и мост ва бо ин, ба истилоҳ, корти ҳувиятӣ, суннатӣ, ҷашнӣ ва фарҳангӣ мо худ ва миллатамонро дар ҷаҳон муаррифӣ мекунем ва бо маросимот, ойинот, суннат ва одатҳои Наврӯзӣ дар миёни соири ақвому милал тайи таърих муаррифӣ шудаем. Аз тарафи дигар, миллати мо тайи таърих тавассути Наврӯз муқобила ва мубориза кардааст ва имрӯз низ бо хатароти минтақавию ҷаҳонӣ аз тариқи ин ҷашни дерини аҷдодӣ таҳоҷумоти сиёсӣ-мафкуравии дохилию хориҷиро маҳор мекунад. Ҳарчанд ки муқовимат бо афкори аҷнабӣ хеле мушкил шудааст, аммо тавассути таҷлили саросарии маросимоти наврӯзӣ имкони пирӯзӣ бар неруи ҷоҳилону мутаассибони бегонапарасти дохилию хориҷӣ, ки солҳост таҳти пуштибонии моддию маънавӣ тарҳҳои шуми худро амалӣ мекунанд, ҳаст. Аз сӯйи дигар, тайи таърих миллати мо ҷабру зулми зиёдеро мутаҳаммил шуда, бо ҷуръату ҷасорати фавқулода худро аз нав шинохта, бозсозӣ карда, манзумаи Наврӯзро сохта, дар партави маросимоти Наврӯзӣ созу оҳанги пирӯзӣ навохтааст. Яъне Наврӯз бо шинохт, дониш, биниш, ҷаҳоншиносӣ ва тафаккури миллат пайванд дорад ва мафҳумҳои “шинохт” ва “сохт” (сохтан) ба сатҳи ақлонӣ, тафаккурӣ, бинишӣ ва илмии мардум тааллуқ мегирад. Ба ин маъност, ки:
Аҷнабӣ бар ин замин гарчи ҳазорон сол тохт,
Ҷабру зулму хешро бар курсии давлат нишохт,
Гарчи миллат борҳо дору надорашро бибохт,
Ҳамчу оҳан хеш андар оташи тафсон гудохт,
Бо ҷасорат хешро аз нав шинохт,
Бо хирад манзумаи Наврӯз сохт,
Сози пирӯзӣ навохт!
Аз ин ҷост, ки Наврӯз ҷашну иду расму суннату маросими сода нест, балки мартабаи ҳувияти озодагии мост. Ин аст, ки:
Пас, яқин Наврӯз ҷашну иду расми сода нест,
Базми шодию нишоту айшу нӯши бода нест,
Ибтикори мардумони пешипоуфтода нест,
Достону қиссаву афсонаву сарвода нест,
Ҷуз паёми ҳикмати озода нест,
Ҷуз ризои хотири дилдода нест,
Ғайри некуҷода нест!
Дар зимн, манобеъи гузашта ҳокӣ аз онанд, ки Наврӯз дар зиндагии инфиродию ҷамъӣ ва сиёсию иҷтимоию маданӣ ончунон таъсир ва нуфузи зиёде доштааст, ки дар баробари исми Офаридгор ба номи ин ҷашн низ савганд ёд мекардаанд. Дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аз забони қаҳрамонон мехонем:
Ба Яздону номи ту, ай шаҳриёр,
Ба Наврӯзу Меҳру ба хуррам баҳор.
Ё ин ки ҳангоми ҷангу набардҳо бохтану мағлуб шудан бо аз байн рафтани Наврӯз баробар дониста мешудааст:
Гар эдун, ки гӯйӣ, ки пирӯз нест,
Аз ин пас варо низ Наврӯз нест.
Панҷум. Наврӯз бузургтарин ҷашни миллист, ки комилан ҳолу ҳавои дунявӣ дорад. Ба сухани дигар, мардуми мо ба воситаи таҷлилоти Наврӯзӣ аз ҳавою фазои табиати ватанӣ нафас мекашанд, оҳангу нағмаҳои идона менавозанд, овозхонӣ мекунанд, шеъру тарона месароянд, аз неъматҳои дунёӣ лаззат мебаранд ва ҳамин тур, кулли рӯзро ба хушҳолӣ сипарӣ менамоянд. Аз хона баромадан ва худро ба домани талу теппа, кӯҳу пушта ва сабзаву майсазор задан ва дар ҳавои баҳору Наврӯзи оламафрӯз бо шӯру шавқ рақсу бозӣ кардан аз ҷумлаи талаботи маросимоти Наврӯзӣ будааст, ки шукӯҳи идонаи Наврӯзӣ дар “Шарафнома”-и Низомӣ хеле хуб ба риштаи тасвир баркашида шудааст:
Рух ороста, дастҳо пурнигор,
Ба шодӣ давидандӣ аз ҳар канор.
Муғона майи лаъл бардошта,
Ба ёди муғон гардан афрошта.
Ҳама корашон шӯхию дилбарӣ,
Гаҳ афсонагӯйӣ, гаҳ афсунгарӣ.
Ҷуз афсун чароғе наяфрӯхтанд,
Ҷуз афсона чизе наёмӯхтанд.
Фурӯҳишта гесӯ шикан дар шикан,
Яке пойкӯбу яке дастзан.
Чу сарви сиҳӣ дастае гул ба даст,
Сиҳисарви зебо бувад гулпараст.
Сари сол, к-аз гунбади тезрав
Шумори ҷаҳонро шудӣ рӯзи нав,
Яке рӯзашон будӣ аз кӯйю кох
Ба коми дили хеш майдон фарох.
Ҷудо ҳар яке базме оростӣ
В-аз он ҷо басе фитна бархостӣ…
(ниг.: Ганҷавӣ, Низомӣ. Хамса. Шарафнома. –Душанбе: “Адиб”, 2012. С.128)
Шашум. Наврӯз бо қаҳрамони устуравӣ ва ниматаърихии мо Ҷамшеди Пешдодӣ иртибот дорад ва маҳз тавассути ин шаҳриёри иронитабор марсуму машруъ шуд. Аз ин ҷост, ки Наврӯзро ба шахсияти нимустуравӣ ва ниматаърихӣ Ҷамшед тавъам медонанд ва ин тавъамӣ ё пайвастагӣ бедалел нест, чаро ки Ҷамшед нахустин шаҳриёри донишманди ҷуғрофиёи фарҳангию сиёсии ориётаборон аст, ки тавассути илму хирад сохтани ҷаҳони навро шурӯъ намудааст. Ба сухани дигар, Ҷамшед бо овардани Наврӯз марҳилаи аввалини худшиносии миллиро дар ҷаҳони маърифати иронитаборон оғоз бахшида, таҷлили онро ҳамчун тантанаи хирад ва адолат (ду бахши муҳимми ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ) саросарӣ намудааст. Дар зимн, мушкилоти ҷомеаи инсонӣ аз замони зуҳури инсонӣ то имрӯз як аст – марг ва ҳамин мушкили аввалиндараҷа ва ба истилоҳ, калидӣ дигар мушкилотро ба дунбол дорад. Ин мушкилот (дард, ранҷ, беморӣ, сардӣ бадбинӣ ва танаффур, дурӯғгӯйӣ ва амсоли инҳо) пайваста ҳамқадами инсонанд ва ба гумони устурасозони пешин, рафъи мушкилоти фавқ аз ҷониби Ҷамшед ба вуқуъ пайвастааст ва нахустин бор дар таърихи фарҳанги мо (албатта, дар қолаби устура ва боварҳои ибтидоӣ) инсон намиранда мегардад. Дар “Авасто” ин масъала, яъне масъалаи ба дасти Ҷамшед рафъ шудани мушкилоти маргу беморию пирию ранҷу зиён мавриди баррасӣ қарор гирифтааст (ба фаргарди Вандидод руҷуъ шавад) ва Ҳаким Фирдавсӣ дар достони Ҷам зуҳури Наврӯз ва ба ин восита аз ранҷурӣ раҳо гардидани ҷаҳонро таври зайл тасвир намудааст:
Сари соли нав ҳурмузи фарвадин,
Баросуда аз ранҷ рӯйи замин.
Бузургон ба шодӣ биоростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Ҳафтум. Наврӯз ҷашни созандагӣ, офарандагӣ, ва ҳувиятсозист ва аслан, бо ҷаҳлу нодонӣ даргир аст. Чун Ҷамшеди пешдодӣ бо илму хиради зинда мусаллаҳ буд, рӯзи хирадсолориро Наврӯз унвон карда, ба сифати ҷашни ҳамагир ва фарогир миёни мардум ва табақоти гуногуни иҷтимоӣ интишор дод. Ҷамшед оварандаи Наврӯз ва ситоишгари хиради инсонист, кинахустин маротиба фазои ҳамбастагӣ, ҳамгиройӣ ва баҳамоии мардумиро новобаста аз тааллуқоти динӣ, мазҳабӣ, миллӣ, нажодӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, қавмӣ, табақотӣ-каставӣ заминагузорӣ карда буд ва ҳамин иқдоми наҷибона ва инсонсолорона умри Наврӯзро бардавом сохта, аз маҳдудаю марзҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ гузаронида, то ба замони мо овардааст. Махсусияти калидии Наврӯз ба сифати ҷашни фарогир ва ҳамагир дар воқеиятгаройӣ, инсонсозӣ ва таъйини таодул ва баробарӣ миёни инсонҳо зоҳир мегардад ва ин вижагӣ тайи асрҳои тӯлонӣ ойини миллиро на танҳо тарк накард, балки таҳкиму тақвият бахшид. Ин аст, ки Наврӯз пайванди наслҳои инсониро дар имтидоди тӯлонии замонӣ нигаҳ дошта, ин риштаро, бо ҷаҳонӣ шуданаш ба дарозо мекашад ва ҷуғрофиёи ҷаҳонӣ ва башариро фаро мегирад. Ба сухани равшантар, Наврӯз, воқеан, ҷашни ҳамсипосӣ, ҳамбастагӣ, худшиносӣ ва ҳамзистӣ аст:
Наврӯз, ки ҷашни ҳамсипосӣ бошад,
Дар силсилаи русум асосӣ бошад,
Ҷашне, ки на динӣ, на сиёсӣ бошад,
Дар сархатти ҷадвали қиёсӣ бошад,
Чун зубдаи осори ҳамосӣ бошад,
Фарҳанги шукӯҳу худшиносӣ бошад!
Ҳаштум. Айёми наврӯзӣ ва баҳорӣ замони бедоршавӣ, эҳёи табиат, эҳсос, отифат ва фикру андешаи инсонҳост. Воқеан, замони фарорасии Наврӯз як навъ гармония ё симфонияи табиӣ дар олами вуҷудӣ ба амал меояд. Маҳз ҳамин ҳолат ва вазъи хуби равонӣ (настроение) аст, ки мардум вуҷуди худро аз ғаму ғусса, кину адоват, бадию бадандешӣ, зулму ситам, ҷаҳлу разолат пок намуда, танҳо аз покии вуҷуд ва андеша дам мезананд ва ин гуна фазоро то Наврӯзи дигар ба якдигар орзу мекунанд:
Наврӯз даррасиду ғам аз дил бурун шавад,
Шодии мардумӣ ҳамагонӣ фузун шавад,
Аз покии вуҷуд бигӯ з-он, ки бегумон,
Нопокию палидию дун сарнагун шавад.
Нуҳум. Чун дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – Наврӯзи фурӯзанда қарор дорем, ба шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон, қабл аз ҳама, сиҳатию тандурустӣ, тавонмандию эҷодкорӣ, муваффақияту бурдборӣ, бахту саодати хонаводагӣ, самимияту илтифоти ҳамагонӣ, дили шод, хандаю шӯхтабъии баҳорӣ, табъи болида, ҳолати руҳияи наврӯзӣ таманно менамоем. Руҳияи Наврӯзӣ аз фоли Наврӯзӣ, ки аз хотири ҷамъи инсонӣ дарак медиҳад, сарчашма мегирад. Бигзор, ки оромишу амният, сулҳу субот, хираду дониш фазои Тоҷикистони азизро тарк накунад ва миллати тоҷик бо ойини Наврӯзи истиқлол ба сӯйи пеш – ҷониби рушду тараққӣ ва фатҳи қуллаҳои мурод қадамҳои устувор бардорад.
Бо лутфу эҳсону шараф, эй дил, ба истиқболи мо,
Хуш бош, меояд кунун Наврӯзи истиқлоли мо.
Фоли наку Наврӯзро бошад ҳамеша ҳамсафар,
Поянда бодо то абад Наврӯзи некуфоли мо!
Нозим Нурзода,
пажуҳишгар