Муҳоҷирони тоҷик метавонанд аз Русия нафақа гиранд ва дар ин матлаб шарҳ медиҳем, ки барои ин чӣ бояд кард.

Соли 2023 дар Русия фаъолияти Созишнома миёни давлатҳои узви ИДМ дар самти таъмини нафақа қатъ гардид. Тибқи он созишнома шахс метавонист аз кишваре, ки макони зисти доимиаш аст, нафақа гирад.

Баъди ин, Русия бо як қатор кишварҳо созишномаҳои дутарафа имзо кард, ки мувофиқи он, нафақа дар асоси таносуб пардохт мешавад. Чунин созишномаро Русия бо Тоҷикистон низ баст. Нақл мекунем, ки ин чӣ тавр амал мекунад.

Пардохти нафақа чӣ тавр танзим мешавад?

Соли 2022 Созишнома миёни Русияву Тоҷикистон дар самти пардохти нафақа мавриди амал қарор гирифт. Таҳияи созишномаи мазкур қариб 7 сол тӯл кашид.

Дар натиҷа, ин созишнома пардохти нафақаро дар асоси таносуб дар назар дорад. Яъне, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Русия барои таъйини нафақа метавонанд ба мақомоти давлатии яке аз ин ду кишвар, ки феълан он ҷо зиндагӣ доранд, муроҷиат намоянд.

Ҳамин тавр, мувофиқи ин созишнома, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Русия расман кор мекунанд, имкон пайдо намуданд, мисли дигар шаҳрвандони Русия аз ин кишвар нафақа гиранд.

Ҳатто агар муҳоҷир ба Тоҷикистон баргашта, дар ин ҷо ба нафақа барояд ҳам, фаъолияти кориаш дар Русия ба назар гирифта мешавад.

Ин кадом навъи нафақа аст?

Созишномаи мазкур ҳама намуди нафақаҳои суғуртавиро дар назар дорад. Яъне, сухан на танҳо оид ба нафақаи суғуртавӣ барои пиронсолӣ, балки дар бораи нафақаи маъюбӣ, нафақа барои аз даст додани саробон, нафақаҳои иҷтимоӣ, ёрии моддӣ барои дафн ва ғайра меравад.

Кӣ метавонад талаби нафақа кунад?

Тоҷикистониён ва аъзои оилаи онҳо, дар ҳолати расман ба кор даромадан ва пардохтани андозҳо, метавонанд даъвои чунин нафақа кунанд.

Барои шаҳрвандони Русия низ, ки расман дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, чунин қоидаҳо амал мекунанд.

Барои гирифтани нафақа чӣ бояд кард?

Барои гирифтани нафақаи Русия муҳоҷири тоҷикро мебояд, ба ғайр аз пешниҳоди патент, ҳамчунин бо корфармо шартномаи меҳнатӣ баста, худро дар Фонди иҷтимоии Русия ба қайд гирад ва ҳар моҳ бевосита ва ё ба воситаи корфармо андозҳои иҷтимоиро ба буҷаи Русия пардохт намояд.

Агар муҳоҷир дар Русия ғайриқонунӣ кор кунад чӣ?

Агар муҳоҷири меҳнатӣ дар қайди Фонди ҳифзи иҷтимоӣ набошад ва андозҳоро насупорад, пас аз Русия нафақа гирифта наметавонад.

Вале онро метавонад аз Тоҷикистон гирад. Дар Тоҷикистон онҳое, ки дар кишвар расман кор намекунанд, метавонанд дар ҳаҷми 187 сомонӣ нафақаи иҷтимоӣ гиранд.

Ҳаҷми нафақа чӣ тавр муайян мегардад?

Ҳаҷми нафақа аз ҳаҷми андози иҷтимоии пардохткарда  ва таҷрибаи корӣ вобаста аст.

Яъне, чӣ қадаре таҷрибаи кории муҳоҷир ва ҳаҷми андози иҷтимоии пардохтаи ӯ ба буҷаи Русия бештар бошад, ҳаҷми нафақаи ӯ ҳамон қадар зиёдтар мегардад.

Таҷрибаи корӣ чӣ тавр ҳисоб мешавад?

Барои гирифтани нафақа дар Русия таҷрибаи корӣ ба назар гирифта мешавад. Агар ин таҷриба барои гирифтани нафақа дар Русия кифоя набошад, пас таҷрибаи кории захиравии дар ҳудуди Тоҷикистон ва ё давлати сеюме, ки Русия бо он шартномаи байналхалқӣ дар бораи таъмини иҷтимоӣ дорад (масалан, Қазоқистон ё Қирғизистон), ба кор меравад.

Барои гирифтани нафақа ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Барои таъйини нафақа бояд ба мақомотҳои минтақавии Фонди нафақа ва суғуртаи иҷтимоии Русия аз рӯйи макони зист муроҷиат намуд.

Кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Ҳангоми барои таъйини нафақа муроҷиат кардан, бояд будубоши қонуниро дар ҳудуди Русия, дар лаҳзаи муроҷиат, тасдиқ намуд.

Барои муҳоҷирони меҳнатӣ ин гуна ҳуҷҷат иҷозатномаи будубоши муваққатист.

Ҳуҷҷатҳои боқимондае, ки барои гирифтани нафақа талаб мешаванд, ба мисли ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Русия буда, аз навъи нафақаи таъйиншаванда вобастаанд.

Дар ҳолати ба давлати сеюм кӯчидан чӣ мешавад?

Агар баъд аз ба нафақа баромадан, корманд ба давлати сеюм, на ба Русия ё Тоҷикистон, кӯчад, ӯ сарфи назар аз ин, нафақаашро мегирад. Ҳисобу китоб аз ҷониби давлате амалӣ мегардад, ки корманд дар он ҷо расман кор кардаву ба нафақа баромадааст.

Ҳамин тавр, асоси нафақаи ояндаро пардохтҳои суғуртавие ташкил медиҳанд, ки корфармо барои корманд пардохт мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь