Ё чанд пешниҳод барои пешгирии зӯроварӣ дар оила
Муҳаббат ва зӯроварӣ – ду мафҳуми мухолиф ва инкоркунандаи якдигар. Ду мафҳуме, ки ҳеҷ вақт наметавонанд паҳлӯи ҳам бошанд ва ё якдигарро пурра намоянд. Вақте аз муҳаббат сухан мегӯем ва ба зӯровариву зулму шиканҷа дар оила рӯ ба рӯ мешавем, ҳатман ба хулосае меоем, ки пояи ин оила аз ғишти муҳаббат бунёд наёфтааст, зеро агар пояи оила аз ғишти муҳаббат бунёд мешуд, ҳатман бо лойи меҳр сиришта мешуд ва муқаддасоте чун оиларо гиромӣ медошт. Коршиносон эътироф кардаанд, ки зӯроварӣ танҳо дар оилаҳое арзи вуҷуд мекунад, ки муқаддасоте бо номи муҳаббат вуҷуд надошта бошад. Ҳама гуна зӯровариву нофаҳмӣ дар оила ҳамон вақт сурат мегирад, ки миёни аҳли оила муҳаббат, вафодорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн вуҷуд надошта бошад.
Оила, давлати кӯчаке дар дар таркиби давлати бузург!
Оила худ муқаддас аст ва ҳар ки ин муқаддасотро поймол мекунад, ӯ хиёнат ба аҳли оила, аз ҷумла ба фарзандон мекунад. Фарде ки ба оила хиёнат кард, ӯ хатман ба муқаддасоти дигар, аз ҷумла ба Ватан низ хиёнат хоҳад кард. Оиларо беҳуда пояи давлат ва давлатдорӣ намегӯянд, зеро давлат аз оила сарчашма мегирад ва оила худ як давлати кӯчак низ ҳаст. Давлате, ки сарвар, мақомоти иҷроия ва шаҳрвандони худро дорад. Ободии давлати бузург маҳз аз ҳамин давлати кӯчак сарчашма мегирад. Агар дар ин давлати кӯчак аҳли оила бо ҳам тифоқ бошанду фарзандони худро дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳру муҳаббат тарбия намоянд, ҳатман аҳли ин оила оянда давлатро низ бо меҳру муҳаббат бунёд хоҳанд кард ва ҳар давлате ки бо меҳру муҳаббат бунёд мешавад, пояндатарин давлат аст. Бинобар ин, барои пешгирии зӯроварӣ дар оила, пеш аз ҳама бояд оиларо дар асоси ишқи пок ва садоқату вафодорӣ бунёд намоем. Дар мазраи диле, ки муҳаббат парварида мешавад, гули вафо, устуворӣ, матонат ва фазилатҳои неки инсонӣ шукуфон мегардад. Дар ҳолати баръакс, яъне бе ишки пок, бе муҳаббати самимӣ ва бе эҳтироми тарафайн бунёди оилаи солим ғайриимкон аст. Оқибати ҳама гуна беэҳтиромӣ бошад, дар ниҳоят ба зӯроварӣ, ҷудошавӣ ва ҳатто худкушиҳо оварда мерасонад.
Чи бояд кард, ки ҳам пеши роҳи зӯроварӣ гирифта шавад, ҳам вайроншавии оилаҳо кам гарданд? Чи бояд кард, ки боварӣ ва эътиқод дар оила ҳукмфармо ва зӯровариву шиканҷа ба кунҷи фаромӯшӣ равад? Чи бояд кард, ки қонунҳо ва қарорҳо на ба ном, балки дар амал фаъолияти худро нишон дода, пеши роҳи зӯроварии оилавиро гиранд ва худкушиҳоро пешгирӣ намоянд? Инҳо суолҳоеянд, ки омӯзиши дақиқ ва посухи ҳаматарафа мехоҳанд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ набояд ба он бетарафӣ зоҳир намояд. Мехоҳам дар ин мавод барои пешгирии зӯроварии оила якчанд пешниҳодҳо намоям. Пешниҳодҳое, ки ба назари банда каме ҳам бошад, метавонад зӯроварӣ ва вайроншавии оилаҳоҳоро пешгирӣ кунанд.
Бештар кардани ҷавобгарӣ
бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо
Ба назари банда, барои решакан кардани зӯроварӣ нисбат ба зан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва “Кодекси ҷиноятӣ” якчанд тағйирот ворид намуда, ба онҳое ки дар оила даст ба зӯроварӣ мезананд, ҷазои сангинтаре муайян созад. Зеро агарчӣ Қонун “ДАР БОРАИ ПЕШГИРИИ ЗУРОВАРИ ДАР ОИЛА” муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зуроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд, вале таҷриба нишон медиҳад, ки ҳанӯз камбудиҳо зиёданд. Бинобар ин, нахуст бояд бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузориҳои ҷории кишвар нақши воқеан баробари зану шавҳар аз рӯзи аввали бунёди оила ба таври қнунӣ таъмин карда шавад. Зеро ҳар як амали зӯроварӣ нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳам баробарии зану мард дар оила таъмин нест ва ҳанӯз гурӯҳе аз мардон занҳоро на ҳамчун ҳамрадифу ҳаммаром дар бунёди оила, балки чун хизматгор, итоаткор ва танҳо иҷрокунандаи дастуру фармонҳо медонанд. Агар вазифаҳои ба дӯшаш гузошташударо зан дар вақташ иҷро накунад, ӯ аллакай мавқеи худро дар оила гум мекунад ва мавриди сарзанишу танбеҳ ва ҳатто зӯроварӣ қарор мегирад. Бинобар ин қонуне зарур аст, ки аз рӯзи оғози ҳамзистии муштарак, баробариро дар оила кафолат диҳад ва вайронкунандагони онро ба ҷавобгарӣ кашад. Бояд ҳам зан ва ҳам мард ба таври қонунӣ дарк кунанд, ки бунёди оила аз ду нафар иборат аст ва нигоҳдориву равнақи онро низ маҳз ин ду нафар асос мегузоранд.
Дастгирии бештари оилаҳои ҷавон аз тарафи давлат
Ба назар чунин мерасад, ки яке аз омилҳои дигаре, ки мавриди бештари зӯроварӣ дар оила қарор мегирад, ин нақши камранги давлат дар пешгирии зӯроварӣ дар симои Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Зеро агарчӣ Кумитаи кор бо занон салоҳиятҳои зиёд дорад, вале салоҳиятҳо ва масъулиятҳои худро на ҳамеша ба таври бояду шояд иҷро мекунад. Таҷриба нишон медиҳад, ки нақши созмонҳои ғайридвалатии кӯмакрасон ва ҳимояи ҳуқуқи занон нисбат ба Кумитаи кор бо занон бештар аст. Барои далел метавонам, мисолеро орам, ки зане аз ноҳияи Панҷакент ба Раиси Кумитаи кор бо занон, ба шӯъбаҳои Кумитаи кор бо занон дар ноҳияҳои Истаравшан ва Панҷакент борҳо муроҷиат карда бошад ҳам, ҳатто натавонист, ки чизу чораи худро аз хонаи шавҳараш бозпас гирад ва ё ба фарзандаш алимент ситонад. Зеро на Кумитаи занон кӯмакаш кард ва на роҳпулие дошт, ки аз Панҷакент ба Истаравшан рафта, чизу чораашро бозпас гирад ва ё адвокат киро кунад. Нодорию камбағалӣ ба чунин занҳо имконият намедиҳад, ки ҳуқуқҳои худро ҳимоя кунанд ва аз зӯроварӣ эмин бошанд. Бинобар ин, бояд нақши Кумитаи занон дар ин самт бештар бошад.
Нақши дуюме ки давлат метавонад барои солим нигоҳ доштани оилаҳо дошта бошад, ин сиёсатӣ иҷтимоӣ аст. Зеро яке аз сабабҳои муноқишаҳои оилавӣ ин сатҳи пасти зиндагӣ, қашшоқӣ ва нодорӣ аст. Давлатро зарур аст, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ ба оилаҳои ҷавон кӯмак кунад. Алъон кӯмакпулии давлат, ки ба модару кӯдак дода мешавад, дар як моҳ ҳамагӣ 50 сомониро ташкил медиҳад ва бояд иқрор кард, ин кӯмакпулӣ на ба модар кӯмаке мешаваду на ба оила ва ҳатто папмерси якмоҳаи кӯдакро таъмин намекунад. Барои бардоштани вазъи иҷтимоии оила бояд ин кӯмакпулӣ аққалан ба ҳадди аққали маош, яъне ба 400 сомонӣ баробар карда шавад. Ин муқаррарарот, дар моддаҳои 165 ва 219-и Кодекси қаблии меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ном вуҷуд дошту расман амал намекард вуҷуд дошт ва то якунимсола шудани тифли навзод аз тарафи давлат кӯмакпулии оилавӣ, алалхусус пардохти яквақтаина ва «кӯмакпулии ҳармоҳа» дар ҳаҷми 100% (фоизи) ҳадди ақали моҳонаи музди меҳнат» муайян карда шуда буд, вале ба ҷои ҳадди ақали маош модару кӯдак ҳамагӣ 40 сомонӣ мегирифтанд. Дар Кодекси нав ин муқаррарот барҳам дода шуд ва алъон ба модару кӯдак ҳамагӣ 55 сомонӣ дода мешавад.
Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи оиларо зарур аст, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба барқарор намудани муқаррароти моддаҳои 165 ва 219-и Кодекси қаблии меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне «кӯмакпулии ҳармоҳа» дар ҳаҷми 100% (фоизи) ҳадди ақали моҳанаи музди меҳнат» расман муроҷиат намуда, дархости қабули онро кунанд. Дастгирии иҷтимоӣ аз тарафи давлат ва ба ҳадди ақали маош баробар кардани кӯмакпулӣ метавонад, каме ҳам бошад, сатҳи зиндагии оилаҳои ҷавонро баланд бардошта, низоъу зӯровариро дар оила камтар намояд. Тибқи маълумоти оморӣ солона наздик ба 500 занон қасди худкушӣ мекунанд, ки аксари он дар натиҷаи зӯроварӣ ва омили иҷтимоӣ ба амал омадааст.
Ҳамоҳангсозии ҷиддии фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ
бо мақомотҳои марбутаи давлатӣ
Пешниҳоди дигаре, ки барои барҳамдиҳии зӯроварӣ дорам, ба назари ман бояд фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии Лоиҳаи PDV-ро густурдатар намуда, нақши ин лоиҳа дар пешгирии зӯроварӣ бештар карда шавад. То онҷое огоҳем ҳанӯз 30 нояби соли 2017 дар меҳмонхонаи Ҳаят, бо мақсади муттаҳид намудани саъю кӯшишҳои дастгирии татбиқи Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва Барномаи давлатии пешгирии зӯровари дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии лоиҳа бо иштироки намояндагони донори лоиҳа, Ҳукумати Шветсария ва намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати адлияи ҶТ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ ва инчунин як катор ташкилотхои байналмалалӣ ба мисли Helvetas, UNDP, UNFPA ва ғайра баргузор гардида буд, вале дар фаъолияти яксола мушоҳида шуд, ки ин Шӯро агарчӣ хеле фаъолияти густурда дошт, ҳанӯз ба натиҷаи назаррас ноил нашудааст. Бисёр хуб мешуд, ки дар оянда корҳои фаҳмондаиҳиро байни оилаҳо ба роҳ монда, тамоми ниҳодҳои марбута ва созмонҳои дар он ширкаткунанда дар атрофи ҳам муттаҳид шуда, оддитарин зӯровариро мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор диҳанд ва занони нодору камбағалеро, ки мавриди зӯроварӣ қарор мегиранд, зери муҳофизати худ гиранд.
Барҳам додани ташхисҳои маҷбурӣ,
аз ҷумла сертификати бакорат
Чанде пеш Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Идораи ҳуқуқи башар ва бахши СММ дар умури занон дар изҳороти муштараки худ даъват ба амал оварданд, ки ба “таҷрибаи бисёр дардноку таҳқиромез ва осебгузори санҷиши бакорат, дар ҳолате, ки зарурати тиббии анҷоми чунин санҷиш вуҷуд надорад, хотима дода шавад”.
Мутахассисони СММ санҷиши бакоратро як ҳолати бисёр таҳқиромез меноманд ва мегӯянд, ки он ҳуқуқи занону духтаронро поймол мекунад ва ба сиҳатии табииву равонии онҳо таъсири манфӣ мегузорад. Ҳатто Шӯрои уламои Тоҷикистон аз ҳодисаҳои зиёди ташхиси бакорат дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, ҳушдор дод, ки бо ин баҳона набояд шаъну шарафи занон поймол шавад. Масъулини Шӯро мегӯянд, бакорат масъалаи хусусӣ аст ва аз ин роҳ бо обрӯи занон бозӣ кардан дуруст нест.
Тақдири Мастонаи Асо, як сокини ноҳияи Балҷувон нишон дод, ки ҳатто сертификати тиббии пешниҳодшуда натавонист ӯро аз зӯроварӣ ва таҳқиру тӯҳмат ҳифз намояд. Пас чӣ заруряте барои чунин сертификат вуҷуд дорад? Бояд чунин ташхис танҳо дар сурате роҳандозӣ карда шавад, ки агар арӯсу домод қабл аз издивоҷ нисбати якдигар шубҳа дошта бошанд, дар ҳолатҳои дигар бояд комилан чунин ташхисот аз байн бурда шавад.
Равоншиносоне, ки дар мавзӯъҳои зӯроварии оилавӣ дар рӯзҳои нахустини оиладорӣ тадқиқотҳо анҷом додаанд, мегӯянд, ки дар аксар ҳолатҳо шаби якум низоъ аз бетаҷрибагии ҳарду тараф оғоз меёбад. Онҳо ҳатто иброз медоранд, ки “баъзе аз занон шаби аввали ҳамхобагиашонро чун хоби дахшатноке нақл мекунанд”. Чунки қабл аз издивоҷ на ба духтар на ба писар оини ҳамхобагӣ ҳаматарафа омӯхта намешавад ва ин омил низ боиси пайдоиши нофаҳмиву зӯроварӣ мегардад. Барои он ки ҳанӯз аз шаби аввали ҳамзистии муштарак ҳамдигарнофаҳмиву зӯроварӣ сурат нагирад, ба ҷои пешниҳоди сертификат, бояд ба навхонадорон аз тарафи равоншиносон ё шахсони таҷрибадори ба онҳо наздик дарси муҳаббат, эҳтиром, садоқат ва ҳатто дарси ҳамхобагӣ гузаронида шавад.
Ин буд чанд пешниҳоди банда барои бунёди оилаи солим ва пешгирии зӯроварӣ, ки умедворам мавриди пуштибонӣ қарор мегирад. Зеро, мо бояд иззати хонаро дар дӯстӣ, сарвати хонаро дар шодӣ, зебогиро дар покизагӣ, устувориро дар тарбият, гармиву сафои хонаро дар муҳаббат дарёфт намоем на дар зӯровариву шиканҷа.
Холиқи Муҳаммадназар
Маркази тадқиқоти журналистӣ