Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи политехникии шаҳри Душанбе» муассисаи давлатии таълимӣ буда, бо фармони Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба маълумоти касбӣ-техникӣ аз 12 январи соли 1965, таҳти №15 ҳамчун Омӯзишгоҳи касбӣ – техникии №7 таъсис ёфтааст. Муассисаи мазкур аз бози таъсисёбияш якчанд маротиба тағйири ном намудааст. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, таҳти № 146 “Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар номгӯи ташкилотҳои зертобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон мебошад. Дар аввали таъсисёбиаш мутахасисонро аз рӯи ихтисосҳои “Васлгари таҷҳизотҳои шамолдиҳанда ва сардкунанда”, “Кафшергари газӣ”, “Сантехник” ва “Васлгари барқ” омода менамуд.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Литсей фаъолияти худро пурра ба бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷи кишвар мутобиқ намуд. Алҳол дар Литсей аз рӯи 10 ихтисос мутахассисони соҳаи техникиро тайёр мекунанд:

1. “Кафшергари барқию газӣ”;

2. “Васлгари барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷизотҳои барқӣ”;

3. “Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил”;

4. “Мутахассис оид ба системаи компютерӣ ва технологияи интернетӣ”; 

5. “Харрот”;

6. “Челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ-санитарӣ”;

7. “Дӯзанда”;

8. “Мутахассиси механикаи барқӣ оид ба лифтҳо”;

9. “Кашергари барқӣ”;

10.“Васлгари барқии таҷизотҳои шиддаташон баланд”.

Баробари ин, дар Литсей курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯи 12 ихтисос:

“Кафшергари  барқию газӣ”, “Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил”, “Тракторчӣ”, “Васлгари барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷизотҳои барқӣ”,  “Мутахассиси механикаи барқӣ оид ба лифтҳо”, “Мутахассис оид ба системаи компютерӣ ва технологияи интернетӣ”, “Сантехник”, “Дӯзанда”, “Харрот”, “Муҳосиб бо донистани компютер”, “Забони русӣ” ва “Забони англисӣ”.

Дар муассисаи таълимӣ 610 нафар хонанда дар 26 гурӯҳ ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 39 нафарашонро духтарон ташкил мекунанд. Аз миқдори умумии гурӯҳҳои таълимӣ 22 гурӯҳ буҷавӣ ва 4 гурӯҳ шартномавӣ мебошад. Дар асоси Низомномаи озмунҳои фанҳои умумитаълимӣ ва тахассусӣ хонандагони Литсей фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Соли равон дар озмунҳои фанҳои гуманитарӣ байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ хонандагон Ҳафиззода Суман ва Саидмукаррами Н, сазовори ҷойи якум ва хонандаи бахши дуюм Парвизи А. сазовори ҷойи 2-юм гардид. Дар мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи гӯштингирӣ ва дастхобонӣ хонандагон Саидов А, Каримов Б. сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе” дар самти тайёр кардани кадрҳои техникӣ бо Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгорӣ, Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе ва дар хориҷи кишвар бошад, бо Донишкадаи олии касбии шаҳри Пензаи Федератсияи Русия ҳамкорӣ дорад.

Дар ду соли охир муассисаи таълимӣ ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. Бинобар сабаби қомат афрохтани сохтмонҳои бисёрошёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурияти кушодани ихтисоси “Механикаи барқӣ оид ба лифтҳо” ба миён омад. Ҳоло аз рӯи ин ихтисос 50 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли 2017, муассисаи таълимӣ дар озмуни “Кабинети методии беҳтарин” байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи 3-юм гардид.

Соли 2018 муассисаи таълимӣ дар озмуни “Китобхонаи беҳтарин” байни литсейҳои касбии ҷумҳурӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи дуюм гардид.

Дар ду соли охир аз тарафи директори муассиса Бурҳонзода З.С., методист Ғаниев Д. ва устои таълимӣ Шамсиев С., Стандарти давлатӣ ва барномаи таълимӣ аз  рӯи  ихтисосҳои “Челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ – санитарӣ”, “Механикаи  барқӣ  оид ба лифтҳо” барои  муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳия гирдид. 

Аз тарафи устои таълимӣ Танибеков М. бошад, дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии “Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим” Стандарти давлатӣ ва барномаи таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи ихтисоси “Харрот” таҳия гардид. 

Моҳи октябри соли 2018 муассисаи таълимӣ дар озмуни “Кабинети беҳтарини тахассусӣ” иштирок намуда, ба даври асосӣ роҳхат гирифт.

Дар асоси нақшаи фаъолияти солонаи муассиса чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ, аз қабили Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, Иди Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Ҷавонон 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ, Иди Меҳргон, Рӯзи Забони давлатӣ, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчами давлатӣ, Иди Сада пайваста бо шукӯҳу шаҳомат ва дар руҳияи меҳанпарастӣ гузаронида мешаванд.

Имрӯзҳо дар Литсей 54 нафар кормандони муҳандисӣ-омӯзгорӣ кору фаъолият намуда истодаанд, ки аз онҳо 27 нафарашонро занҳо ташкил менамоянд. Аз ин шумораи кормандон 3 нафар Аълочии маориф, 3 нафар унвонҷӯ, 8 нафар дорои тахассуси олӣ, 10 нафар дорои тахассуси якум мебошанд.

Дар соли таҳсили 2017-2018 Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе” бо ҶДММ “Талко-Персия”, КВД “Обу корез”-и шаҳри Душанбе, ҶСК “Гулистон”- шаҳри Душанбе шартномаҳои ҳамкорӣ баст, ки натиҷатан 75 нафар хонандагон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Соли таҳсили 2018-2019 бошад, Муассисаи таълмии“Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе” бо корхонаҳои истеҳсолии ҶДММ “Таъмири автомобил №3”, КВД “Обу корез” – и шаҳри Душанбе, ҶДММ “Талко-Персия”, ҶСК “Гулистон”- и шаҳри Душанбе шартномаҳои  ҳамкорӣ дошта, баъд аз хатми Литсей дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ 108 нафар хатмкунандагон дар корхонаҳои болозикр бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Дар муассисаи таълими 10 нафар нимятим, 3 нафар ятими кулл ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки бо китобҳои дарсии ройгон таъмин гардида, дар соли таҳсил ду маротиба ба ин хонандагон лавозимотҳои дарсӣ ва кӯмакҳои пулӣ расонида мешавад. Соли таҳсили 2017-2018 376 нафар хонандагон Литсейро хатм намуданд, ки аз ин шумора 205 нафарашон дар муассисаҳои кишвар, 81 нафар дар коллеҷҳои техникӣ ва 15 нафарашон дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар идмаи таҳсили худро идома дода истодаанд. Айни замон аз теъдоди умумии хатмкардагон 75 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Муассисаи давлатии “Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе” ягона Литсейи политехникӣ дар пойтахти кишварамон ба шумор меравад, ки довталабон баъди хатми синфи 9, дорои маълумоти миёнаи умумӣ ва  дипломи тахассусӣ мегарданд. Афзалияти муассисаи таълимӣ дар он аст, ки хонандагони Литсей як вақт бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Ва ҳамчунин, баъди хатми Литсей хатмкунанда аз рӯи ихтисоси доштааш ба донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвар тариқи суҳбат дар бахшҳои дуюм ва сеюм дохил мешавад.

Дари муассисаи таълимӣ барои довталабон ва дилбастагони касбу ҳунари асил доимо кушода мебошад.

“Самак”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь