Аз ин ба баъд сокинони Тоҷикистонро зарур аст аз рӯи тартиби нави маросими азодорӣ ва таъзия амал намоянд, ки аз ташхиси давлатии диншиносӣ гузаштааст ва бар асоси мазҳаби ҳанафӣ таҳия шудааст. Бино ба гуфтаи масъулини Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар, тартиби маросими азодорӣ ва таъзия тамоми амалҳоро аз лаҳзаи вафоти шахс то маросимҳои азодории ӯ дар бар мегирад.

Мувофиқи тартиби нав, минбаъд дар маросимҳои дафн дод гуфтан, навҳа кашидан, хок бар сар задан, фиғон бардоштан, мӯйканию рӯйканӣ кардан ва овозхон (навҳагар) овардан манъ аст. Ба наздикони шахси вафоткарда дар вақти видоъ барои тасаллии ботинашон танҳо гиря ва ашкрезонӣ иҷозат дода шудааст. Тибқи ин муқаррарот ҳаққи қабркан ва мурдашӯй низ танзим шудааст, ки он дар мувофиқа бо масъулони ваколатдори маҳалла муайян карда мешавад ва соҳибони майит бояд онро пардохт намоянд. «Шабона ҳеҷ кас дар хонаи мурдадор, ба истиснои фарзандон ва хешу табори наздик, ҳуқуқи истодан надорад»,- омадааст дар тартиб.
Инчунин, ба ҷанозагоҳ ва қабристон рафтани занҳо, беҳуда ба назди соҳибони майит даромадану баромадан, баланд садо баровардану ҳарф задан, хандидан, дар маросим пӯшидани либоси сиёҳ аз мамнуоти дигари маросими азодорӣ буда, пӯшидани ҷомаи кабуду дар сар гузоштани тоқӣ ва бо рӯймол бастани миён барои марди азодор, бастани рӯймоли калони кабудча (докаи сафед), куртаю поҷомаи васеи кабуд барои зани азодор (модар, духтар, амма, хола, янга) аз тавсияҳоеянд, ки масъулони кумита ба мардум пешниҳод намудаанд.
Танҳо чизе, ки дар он маҳдудият ҷорӣ нест, шумораи иштирокчиёни маросими ҷаноза аст, ки тибқи мазҳаби ҳанафия савоб шуморида мешавад.
Муовини раиси Кумита Азизулло Мирзозода дар суҳбат бо «Фараж» вобаста ба он, ки дар сурати нақзи тартиб ва муқаррароти маросими азодорӣ ва таъзия сокинонро чи қадар ҷарима интизор аст, гуфт, он чизе дар қонун аст, возеҳ навишта шудааст, вале тартиби маросими азодорӣ тавсиявӣ аст ва истифода аз он ба худи сокинон вобаста мебошад.
Инчунин, гуфта мешавад, намози ҷанозаро сархатиб, имомхатиб, имомхатиби масҷиди панҷвақта бо тартибе, ки мазҳаби ҳанафӣ муқаррар намудааст, мехонанд. Ин дар ҳолест, ки қаблан аз рӯи расму анъанаи миёни мардум роиҷбуда, агар нафаре пеш аз маргаш хондани намози ҷанозаашро ба ягон шахсияти бузург васият намояд, он ҳатман бояд иҷро мешуд. Тибқи ин русум дар сурати иҷро нагардидани васияти марҳум ӯ аз пайвандон норозӣ хоҳад шуд.
Сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшин Муқим гуфт, дар ин маврид қарори Шӯрои уламо аз соли 2004-ум қабул шудааст ва дар маросими ҷаноза пеш аз ҳама авлавият ба эмоми ҳай, яъне эмоми маҳалла дода мешавад. Афшин Муқим мегӯяд, мувофиқи мазҳаби ҳанафия аввал султон метавонад пеш даромада, ҷанозаи майитро хонад. «Аммо аз он ки дар мо султон нест, метавонад раиси Шӯрои уламо пеш дарояд. Дар ҳар сурати дигар авлавият ба эмоми маҳал дода мешавад ва васияти майит ба инобат гирифта намешавад».
Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар ҳоле қабул мешавад, ки бар асоси тағйироти ахир ба қонуни танзим тамоми маросимҳои азодорӣ дар кишвар бидуни забҳи чорво гузаронида мешаванд.
Ин тавсияҳо шакли қонунӣ мегиранд ё на, вақт нишон медиҳад.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, «ФАРАЖ»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь