Аҷоиб мардуманд, гулободиҳо. Таҳлиле, ки эшон ба сомон мерасонанд, касе аз ҳукуматиҳои Гулобод наметавонанд бо онҳо сарбасар шаванд. Махсусан, таҳлилҳои бобои Гулбиддину кампири Гулбибӣ дар ҳама соҳаи ҷомеаи Гулобод мавриди таҳсину офарин аст, зеро ин ду пири барнодилу хирадсолор масоилро ба гунае таҳлил мекунанд, ки гӯё ин таҳлилгарони бемислу монанд дар кулли воқеоти Гулобод ҳозиру нозир бошанд, ё дар нақши асосӣ ширкат намуда бошанд. Ҳамааш бо далелҳои раднопазиру арқому асноди моткунандаи масъулини ин ё он соҳа аст, таҳлилашон.

Ин дафъа низ мардуми Гулобод аз аъмоли вазорату кумитаҳои Гулобод ба дод омада, боз бо гардани каҷ назди эшон барои маслиҳату машварат омаданд.

Бобову кампир, ки аз хараҷу мараҷи ҷомеа хаста шуда буданду дигар тобу тавон ва роҳу василае барои ислоҳи камбудӣ, ба ҷуз умед бастан ба хашми Худо надоштанд, дарҳол пай бурданд, ки боз ҳам рафтори вазорати маориф чун корд ба устухони аҳли ҷомеа расидан дорад, зеро оғози соли хониши нав буду ин аъмоли ин вазорат  расм гаштаву ба анъана даромадааст ва ҳатто ҳукми қонунро қабул намудааст.

Дар ҳақиқат шикояти омадагон аз ин вазорату вазоратиён бо сарварии вазираш буд, ки мегуфтанд, ки боз ҳамон фурӯши маҷбурии рӯзномаву обуна ва боз ҳамон чиптаи кинову консерт.

Кампири Гулбибӣ ин арзи мардуми ба наздашон ташриф овардаро шунида пиққӣ хандида монд. Вақте бобо нигоҳи тезу тунде намуд, барои хандаи худро ҳақ нишон додан кампир ба сухан оғоз карда, чунин иброз дошт: “Гӯё  кормандони ин вазорат ин мавсимро бо чӣ қадар интизориҳо, ки аз интизории Маҷнун сангинтар аст, паси сар карда бошанду бо умеде ба нондиҳандагони хеш ва оғози соли нави хониш ин булбулакони “боғи дониш”-ро интизор шуда бошанд. Шояд эшон дар шабҳои хобашон “соли нави хониш” гӯён хобҳои аҷоибу ғароиб дида, худро дар ҷазираҳои Қипру дар осоишгоҳҳои беҳтарини дунё  ва ҳатто дар кайҳон тасаввур карда бошанд”.

Бобо баъди шунидани ин ҳарфҳои кампираш  каме табассум карду фавран бо мақсади худро ҷиддӣ нишон додан қошу қавоқашро овезон карда, таҳлилро оғоз бахшид: “Аз як тараф агар дуруст нигоҳ кунем, суханони кампир дуруст асту мактабу маориф имрӯзҳо нондиҳандаи натанҳо вазорати маориф, балки аҳли байти кормандони табъу нашр, вазорати фарҳангу Гулободсинамо ва рӯзномаву маҷаллаҳои якрангу якмазмун театрҳои лӯхтаку сиркҳои кӯчагӣ ва дигару дигар ҳастанд.  Лекин дар Гулобод мақоли “ҳалворо ҳаким хӯраду калтакро ятим” дар ин шабу рӯз бозгӯи ин рафтори вазорати маорифу дурӯягии он, ба қавле туфи кардаи худро лесидани онро  дар амал татбиқ кардан мемонад. Зеро боз ҳам муздурони бечораву беҳуқуқи ин вазорат муаллимин зери таънаву маломат, дашному тамасхури аҳли ҷомеаи Гулобод қарор гирифтаанд. Фармони дар макотиб ба фурӯш роҳ надодани ҳар гуна маркаҳову чиптаҳои кинову консерт, ки соли 2006 ба тасвиб расида буд, ба ин вазири навомада маъқул набудааст. Бинобар ин фармонро бекор накарда, баръакс бидуни ягон амр бо мақсади худро аз агентии зидди фасод дар амон нигоҳ доштан супоришҳои шифоҳӣ ва баъзан хаттӣ бо ишораи “бо мақсади баланд бардоштани ҷаҳонбинии мактаббачагон” филмҳои гуногуну театрҳои лӯхтак ба мактабҳо сайру гашт мераванду ҳӯппаи маблағи бадастомада бо вазир тақсими одилона мешавад. Лекин ман аз мардуми шарифи Гулобод, ки дар аксар ҳолат метавонанд сиёҳро аз сафед фарқ карда тавонанду ба қавле “мӯйро аз хамир ҷудо кунанд”, норозӣ хастам. Чунки имрӯзҳо мебинему мешунавем ва аз расонаву интернету дигару дигар огоҳӣ меёбем, ки гӯё гунаҳкори №1 дар маблағҷамъкунӣ дар макотиби Гулобод муаллимин мебошанду ба эшон унвони ифтихории “гадо”-ро бо дабдабаву тантана часпонидан доранд. Эй мардуми Гулобод! Охир як маротиба тоқиҳоро аз сар гирифта, наздатон монеду чуқур андеша кунед, муаллими Гулобод, ки наметавонад дар соли хониши нав шими наве хараду бо ҷуроби дарида ба мактаб меояд, дар куҷо матбааи рӯзномабарорӣ дораду дар куҷо студияи филмҳои фачу лачи пессемистӣ ба навор мегирад, ё дар кадом нашриёташ  китоби дарсӣ чоп мекунаду мефурӯшад? Ҳамааш бизнеси вазиру вазораташ аст, охир! Наҳангҳои калон дар он ҷову ин бечора муздурони фурӯши маҳсулоти эшонанду бас.  Вазорате, ки ояндаи ҷомеаи Гулобод аз он вобастагии калон дораду масъалаи вуҷуду нобудии миллат дар дасти ӯст имрӯз ба як корхонаи тиҷоратӣ табдил ёфтаву аз вазифаи асливу ҷонии хеш фарсахҳо  дур мондааст. Имрӯз меъёри ин вазорату кормандонаш дар ҷомеаву ҳаёт пул асту тамоми тору пудашон, тамоми ҳастиашон ва тамоми муқаддасоташон бо пул чен карда мешаваду халос. Лекин бояд каме мардонагиро ба худ гиранду ба ҷомеаи Гулобод муроҷиат кунанд, ки гунаҳкори асосии ин ҳама хараҷу мараҷ худи эшонанд, на муаллимини бечораву беҳуқуқ, ки бо музди ночизе заҳмати сангинеро ба сомон расонидан доранд. Калтакро халқи Гулобод ба сари ин масъулини хариду фурӯш зананд, на ба сари муаллимони Гулобод”.

Боз ҳам кампири Гулбибӣ пиққӣ карду ин дафъа худро дошта натавониста, баланд ба қоҳ-қоҳ хандидан даромаду аз қошу қавоқи бобои Гулбиддин парвое надошт. Бечора бобо, ки буду шудаш дар ин дунё ҳамин кампираш буд, тарсида аввал бо пиёла ба рӯйи кампираш об пошида ӯро ба худ оварданӣ шуд, лекин дид, ки бо пиёлаи об кампир ба худ омадан он тараф истад, аз хандаи баланду зиёд баъди пошидани об ба рақс даромад, маҷбур шуд сатили обро аз сари кампираш резаду аз балои ногаҳонӣ кампирашро наҷот диҳад. Ин дафъа нияташ амалӣ гашту кампир дар ҳавои тирамоҳ, ки серун аст, каме хунук хӯрда, боборо масхаракунон бо ханда сабаби хурсандиву рақсашро фаҳмонд: “Ҳоло ҳам содаӣ, мӯйсафед. О, кадом беақл дӯғашро турш гуфтааст? Кадом корманди вазорат, аз вазир сар карда, ба ин рафтори зиддимиллиаш иқрор шавад. Агар нангу номуси миллӣ медоштанд, вазорати № 1-и Гулободро ба тиҷоратхона табдил намедоданд, вассалом. Ман дигар ба баҳси шумо кор надорам. Меравам, либоси тарамро иваз мекунаму як чойи гарм нӯшида, кайф карда мешинам. Агар фикру таҳлили ман ба шумо маъқул набошад, худатон медонеду дави аспатон”.

Бобои Гулбидину ҳозирин низ ба фикри кампири Гулбибӣ ва таҳлилу хулосабарориаш якдилона қоил шуданду бо ҳамин ба мавзуи доғи рӯзи Гулобод нуқта гузошта, бо нияти мавзуъҳои нави таҳлилӣ хайрухуш карданд. Шумо низ хуш бошед, азизон!

Бахтиёр Облоқулзодаи Гулободӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь