(Андар масъалаи зан ва ҳуқуқу ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеаву хонавода)

Кайҳо чизе нанавиштаам. Аммо ин саҳар бо кумаки Алекси азизам, ки чун одат миёни соатҳои севу чор даъвии ғизо мекунад, бархостаму рафтам назди тиреза. Назарам ба се-чор зане уфтод, ки роҳ меруфтанд, ҳар яке дар қитъаи худаш. Камзулҳои зард дар бар, дар даст ҷорӯбу боз халтаҳои махсус. Он халтаҳо барои ҷамъоварии коғазпораҳо ва зарфҳои гуногунест, ки мову шумо ҳар ҷо, ки рост омад, мепартоем… Ин занҳо, маълум, ки тоҷиканд, аз соати дуи шаб то дамидани субҳ корашонро анҷом медиҳанд, роҳу пайраҳаҳои мову шуморо тоза мекунанд…

Дидани ин манзара бандаро ба андешае овард, ки чаро ин кори душворро маҳз занон иҷро мекунанд? Ба ин ақидаам, ки ҳеч хонуми аврупоӣ ба хотири чанд танга хоби роҳати нимашабиашро ҳаром нахоҳад кард…

Даврони шӯравӣ ба ёд меояд: 99%-и кормандони саҳроҳои пахта занони тоҷик буданд, танҳо як фоизаш мардон ва онҳое, ки ба ташкили кор гӯё масъулият доштанд – бригадиру раису ҳисобгару дигару дигарҳо… Ҷойи корашон – зери сояҳои ғафси дарахтон, лаби ҷӯю саҳни шипангҳо… бо дастурхони пур аз нозу неъмат. Васфу ситоиши занҳои чун бардагони плантатсияҳои амрикоии охири асри 19 заҳматкаш мавзӯи асосии шеъри шуаро буд: муболиға ба ҳадде буд, ки гӯиё ин занҳо пахта не, балки зар мекоштанд… Дар тасовири шуаро аз субҳи солеҳон то шоми сияҳ дуқад шуда кор кардани занони тоҷик дар зери офтоби сӯзон ҳеч роҳ намеёфт, чун ягон шоире ба даруни ин пахтазор намерафт ва аз “лаззат”-и машаққати он огаҳ набуд… Ҳеч ҳуқуқдоне ҳатто имкони лаб кушодан надошт, ки чунин муносибат нисбат ба занон табъиз аст, чун кор соату меъёр надошт… Ҳама аломату нишонаҳои ғуломдориро ба мушоҳида гирифтан мумкин буд, аз ҷумлаи онҳо – меъёри муайян надоштани кор…

Хуб, он замон гузашт, аммо имрӯз чӣ? Боз ҳам дар корҳои тоқатфарсо занон машғуланд. Чанд рӯз пеш аҷиб манзарае дидам: дар қитъаи замини миёни роҳ гурӯҳи занон ба нарм кардани замин ва шинондани гулу гиёҳ зери офтоби тамуз машғуланд ва марде мисли банда шикамғафс ба онҳо фармонфармоӣ мекунад… Чаро ба ҷойи ин шикамғафс ягон зан сардор нест? Чаро сардори чунин гуруҳи занони заминкор ҳатман бояд мард бошад?

Банди ин ва чанд андешаи дигар ба ин натиҷа мерасам, ки то кунун дар масъалаи зан пешрафти фикрие ҳосил нашуда. Ҳеч имкон надорад, ки дар масъалаи зан фарҳанги Шарқу Ғарбро ба ҳам қиёс кард, зеро инҳо яке бому дигар ҳаворо мемонанд.

Идомаи андешаҳо дар матлаби зер:

Як аломати фарқгузори тамаддунҳои шарқиву ғарбӣ дар замони муосир, хоҳем нахоҳем, ҳамин масъалаи зан, нақш ва мавқеи ӯ дар хонаводаву ҷомеа аст. Чӣ дар гуфтугузори омиёна ва чӣ дар суҳбатҳои аҳли зиё, намояндагони ин ду навъи тамаддун, агар мавзӯъ пешрафти Ғарб ё рукуди Шарқ бошад, ҳамоно ҳамчун меҳвари андеша мавқеи занро дар ин ҷомеаҳо ба таҳлилу мулоҳиза мегиранд. Аз нигоҳи мафкурапардозии ғарбӣ, ба рӯзгори хонавода ва тарбияи атфол машғул будани зани шарқӣ ва ба сиёсати даврон майл надоштани ӯ қариб ки нишонаи беҳуқуқӣ ва табъизу истисмор хулоса мешавад.

Ин навъ мубоҳисаҳо нав нестанд ва таърихи қадима доранд. Масалан, ҳанӯз солҳои бистуми садаи XX дар Чин миёни аҳли фарҳанг баҳси ҷиддие шурӯъ шуда буд, ки ҳадафи он роҳҳо ва имконоти ба вуҷуд овардани ҷараёни ягонаи ҷаҳонии фарҳангиву таърихӣ буд. Фарҳангиёни чинӣ аз он баҳс мекарданд, ки оё зарурате ҳаст, ки Шарқ дунболи Ғарб биравад ва аз анъанаҳои ниёкони хеш сарфи назар кунад ва ё он расму оинҳоро ба тозагӣ нигоҳ дорад ва монеаҳое пешорӯи таъсири Ғарб дошта бошад. Хулосаҳо мекарданд, ки бунёди ин тамаддунҳо аз ҳам тафовути ҷиддӣ дорад: дар Ғарб – ғояи модигароӣ ё худ материализм бартарӣ дорад, дар Шарқ маънавияту рӯҳоният, дар Ғарб – хиради ба амал нигаронида ё хиради амалӣ, прагматизм, дар Шарқ – эҳсосу фаросату завқ.

Билохира, яке аз муҳаққиқони машҳури чиноӣ Ли Да-Ҷао андешаи муфиде пеш овард, ки фарҳангу тамаддунҳои шарқиву ғарбиро на аз тариқи бо ҳам баробар кардани арзишҳо, балки ҳамоҳангиву мувофиқат карданашон ба арзишҳои умумибашарӣ ба ҳам пайвастан имконпазир аст. Ҳаҷми ин навиштор имкони шарҳи муфассали мавзӯи мазкурро надорад.

Танҳо ба он диққат медиҳем, ки мувофиқи назари адибони чиноӣ дар Ғарб моддигароӣ авлавият дорад ва дар Шарқ маънавият.

Ҳамин хулоса нисбат ба зан ва мақоми ӯ дар ҷомеа дар тамаддунҳои ғарбиву шарқӣ ба воқеияту ҳақиқат қаробате дорад.

Як мисолро мухтасар аз гуфтаҳои ду фарҳангии ҳар ду қутби олам меорам. Шайх Абӯҳомид Муҳаммади Ғазолӣ (асри XI) дар “Насиҳат-ул-мулук” боберо ба хулқу атвори занон бахшидааст ва ҷумлаи феълу хӯи нисвонро ба даҳ навъи ҳайвонот монанд кардааст. Хулосаи ин мутафаккир ҳамин аст, ки бонуи хубу солеҳа феълу атвори гӯсфандро дорад, зеро муборак аст ва босабру пуртаҳаммулу тамкин, бо шавҳар муҷодалаву мудохила намекунад ва орому безарару пурманфиат аст.

Дар Юнони бостон Симониди Аморгӣ (қарни VII-и қабл аз милод) низ айнан хислати занонро ба ҳашт навъи ҳайвон ва инчунин, замину баҳр монанд кардааст ва чунин мегуморад, ки беҳтарин зан феъли оруи асалро дорад, зеро ҳамвора ба сӯи хона чизе мекашонад ва дар иқтисоди оила шарик аст.

Дар ин мисолҳо ду навъи ҷаҳонбиниро мушоҳида метавон кард, ки аз қадимтарин давраҳои инкишофи тамаддун то имрӯз идома дорад. Дар Ғарб зан аз қадим сарусомони як паҳлуи рӯзгорро баробари мард ба уҳда мегирифт, дар Шарқ занро аз ҳама шарру ғавғои иқтисоду иҷтимоъ барканор медоштанд, то ки ба офариниши фарзанд ва тарбияи ӯ машғул бошад. Шиори “баробарии зану мард”, ки мунтазам дар Ғарб садо медиҳад, аз ин нуқтаи назар, хеле нисбист. Ин баробарӣ моҳиятан ба иқтисоду сиёсат нигаронида шудааст. Дар тамаддуни шарқӣ ин гуна баробарӣ ҷанбаи маънавӣ дошт, яъне зану шавҳар мебоист дар тарбияи фарзандон ва ташаккули хислатҳои ҳамида дар ниҳоди онон масъулияти баробар медоштанд.

Дар ҳаёт татбиқ шудани шиори баробарӣ дар солҳои 20-50-и садаи XX дар кишвари мо таҷрибаҳои талхе ба бор овард: занонро ба иҷрои амалҳое раҳнамун мекарданд, ки ба табиат ва имконоти занонаи онҳо рост намеомад, аз қабили рондани тракторҳои вазнин, ҳатто “Белаз” барин мошинҳои муҳташам, кранҳои хавфноки болобаланд, кор дар сохтмон, дар тамокузори заҳрогин, пахтазори тафсон… Бузургсолон давраҳоеро ба ёд доранд, ки ягон зани ғайритоҷик ба ҷорӯбкашиву кӯчарӯбӣ машғул набуд, ба ҷуз зани тоҷик, ки забони русӣ намедонист. Зани пахтачини офтобхӯрдаву аз камғизоӣ лоғар ва бори вазнин ба тахтапӯшт қаҳрамони шеъри шоирон гашта буд. Дар баъзе макотиби олӣ духтаронро бо либоси миллӣ ба дарс роҳ намедоданд. Ин ҳама аз гузаштаи начандон дури кишвари мост.

Ҳоло қонунҳое рӯи кор шудаанд, ки баробарии зану мардро гӯиё таъмин мекунанд. Аммо дар кӯчаву бозор пайи як луқма аробакашиву борбардорӣ ва мошиншӯӣ кардани кӯдакон гувоҳи он аст, ки занон пайи таъминоти иқтисодии хонаводаҳо сарсонанд ва ранҷ мекашанд.

Бармегардем ба баҳси аввал, ки сухан аз мавқеи зан дар ҷомеа чун меъёри бартарӣ доштани ин ё он тамаддун мерафт. Занон дар Шарқ низ дар арсаи сиёсат будаанд ва қобилияту нерӯи давлатдориашон ҳатто ғарбиёнро ба ҳайрат гузоштааст. Чанд мисол меорам. Ба сари қудрат омадани Беназир Бҳутто, сарвазири Покистон, навъе аз сенсатсия дар олами сиёсат буд. Ӯ баъди марги фоҷиавии падар, баъди маҳрумият аз озодӣ, тифли навзод дар оғӯш, ба таҳдидҳои пайдарҳами кушта шуданаш эътиборе надода, ба маъракаи интихобот ворид мегардад ва билохира пирӯз мешавад.

Дар давлати ҳамҷавори Покистон – Банғола низ устураи “зани ороми шарқӣ” барҳам дода мешавад. Ба ҳайси сарвазири Банғола, давлати 115-миллионаи осиёӣ бори нахуст Холида Зиё пазируфта мегардад. Баъди қатли бераҳмонаи шавҳараш – генерал Раҳмон, Холидаи Зиё бар зидди неруҳои иртиҷоӣ ва диктатура ба мубориза мехезад ва ғолиб меояд.

Мисоли дигар боз аз Шарқ. Баъди табаддулот дар Филиппин ба қудрати сиёсии мамлакат зан меояд – Карасон Акино. Ҳангоми суханрониаш дар телевизион ба ӯ хабар медиҳанд, ки фарзандаш дар сангар муқобили шӯришгарон маҷрӯҳ шудааст. Иродаро аз даст намедиҳад, манфиати давлату халқро аз осудагиву амнияти шахсӣ болотар мегузорад. Солиёни раҳбарии ин зани пуртавон давраи рушди давлати Филиппин будааст.

Акнун чанд намунаи дигар аз Ғарб. Маргаритаи даниягӣ дар синни 23-солагӣ тавонист, ки се давлати аз ҳам ҷудо – Норвегия, Шветсия ва Данияро мутаҳҳид бикунад ва раҳбарии онҳоро ба муҳлати 40 сол ба уҳда бигирад. Ин иттиҳод аз нимаи дуюми асри XIV ба вуҷуд омад ва 126 сол идома ёфт. Ё худ шаҳбонуи Англия Елизаветаи I (қарни XVI) муддати 45 сол дар тахти салтанат қарор дошт ва ин давра марҳалаи рушди ҳамаҷонибаи кишвар ба ҳисоб меравад. Мария Тереза низ ба муддати 40 сол (асри XVIII) дар Австралия роҳбари кишвар буд ва ба ислоҳоти фарогири ҳама соҳаҳои зиндагӣ муваффақ шуд.

Занҳои номбурда вақте ба сари қудрат омаданд, ки он давлатҳо дар буҳрону қаҳтиву сахтиву тангии рӯзгор қарор доштанд.

Сарвазири Норвегия Брундланд модари чаҳор фарзанд ва чаҳор набера, ки нисбатан дар давраи орому осуда давлатро идора кардааст, истисност. Дар таърихи 200-солаи Франсия бори нахуст бо ташаббуси президенти собиқи Франсия – Франсуа Митерран ба сифати сарвазири давлат зан – Эдит Крессон пазируфта шуд. Дар сарулибос аз ягон зани дигари франсавӣ бартарӣ надошт. Мақоли франсузҳо “ҳокимият мардро вайрон ва занро оро медиҳад”, баъди таҷрибаи давлатдории хонум Крессон вирди забонҳо гашт.

Мисоли дигар – Маргарет Тэтчер, сарвазири пешини Бритониё, ки бо лақаби “хонуми оҳанин” шуҳрат пайдо кард. Ӯ соли 1979, замоне ба сари ҳокимият омад, ки давлат гирифтори буҳрони шадиде буд. 12 соли роҳбарии ӯ давраи шукуфоии кишвар ва тараққиёти бемайлони иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Дар ҷавонӣ, ончунон ки муаррихон менависанд, дугонае надошт, дар дӯкони падараш кор мекард, ҳатто дар давраи сарвазирӣ низ ба оила ҳамчун падидаи муқаддас муносибат мекард. Бо ҳамсараш Дэнис Тэтчер хеле меҳрубон буд, шуғли дӯстдоштааш тарбияи ду фарзандаш – Марк ва Керол ба шумор мерафт. Аҷобаташ ин аст, ки баъди ба истеъфо рафтанаш самимона иқрор шудааст: “Зани идеалӣ бояд ба корҳои хона машғул бошад, кӯдаконашро дуруст тарбия кунад ва ба коре дигар бештар аз инҳо авлавият надиҳад”.

Дар тамаддуни тоҷикӣ низ зан меросбари асили ахлоқи миллист ва таркиби ин ахлоқ омехта аз фарҳанги қадимаи ориёӣ, маънавияти асили авастоӣ ва тамаддуни исломист. Таърихи мо низ намунаҳои боризе аз шуҷоату ҷоннисориҳои занонро дорад. Дуто аз ин намунаҳо – муборизаи мардонаи сарвари қабилаи массагетҳо Томирис муқобили шоҳи ҳахоманишиҳо Куруши Кабир, ё худ шуҷоати беназири маликаи Бухоро Хотун зидди истилогарони араб шуда метавонад. Ба зани тоҷик аз қадим то имрӯз олиҳимматӣ, масъулияти баланд барои пойдории оилаву қавм ва миллат, фазлу ҳунар, ободгарӣ, илму ҳикмат, шарму иффат, меҳрубонӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул дар сахтиҳои рӯзгор ва эҳсосоти нек ба ояндаи ҳаёт, усулу тарзи хеле зебои пӯшидани либос ва орои бадан, эътиқод ва эътимоди самимона ба арзишҳои миллӣ, покизарӯзгорӣ ва садоқат ба ҳамсар, ғановати ахлоқ барин хислату хусусиятҳои тамаддуни пешқадам хос аст.

Дар тамаддуни пешазисломӣ, ки аз фалсафаи монавия ва зардуштия ғизо мегирифт, занону мардон баробарҳуқуқ будаанд. Масалан, дар аҳди зардуштия зӯран ба шавҳар додани духтар аз ҷониби падару модар мамнӯъ буд, зан ҳам дар оила ва ҳам дар ҷомеа эҳтиром карда мешуд. Мавқеи зан дар ҷомеа ба дараҷае буд, ки дар Суғди бостон қабл аз издивоҷ зану шавҳари оянда ҷиҳати тақсими масъулият дар хонадорӣ ба ҳам аҳди никоҳ мебастанд. Ҳуҷҷати суғдие, ки аз қалъаи Муғ (ноҳияи ҳозираи Айнӣ) соли 1933 ёфт шудааст, шартномаи никоҳ аст, ки миёни суғдидухтар Дугдгончӣ ва ҷавони бохтарӣ Уттегин баста шудааст, яъне суғдиёни қадим устувории пояҳои ахлоқӣ ва иқтисодии оиларо вазифаи хеле муҳим медонистанд.

Сидқу вафодорӣ дар оила, чи дар аҳди зардуштия ва чи дар ислом, таҳкурсии оила ба ҳисоб мерафт ва хиёнат ҳам аз ҷониби зан ва ҳам аз ҷониби мард гуноҳи вазнин ҳисоб мешуд. Ҳамин принсип ё тарзи андеша то кунун аҳаммият дорад ва ҳангоми сар задани хиёнат оилаи тоҷик билофосила ба шикаст дучор меояд.

Шарму ҳаё ва иффату покизагӣ дар менталитети зани тоҷик мавқеи муҳим дошт. Дар мафкурапардозии тоҷикӣ аз қадим то имрӯз зани бешарму ҳаё қобили қабул набуд ва дар тасаввур ҳам намеғунҷид. Ҳаёву шарм унсури асосии зебоии ботинии зан буда, дар ҳамоҳангӣ бо ҳусни зебои зоҳирии ӯ қадру манзалаташро хеле баланд мекард. Духтари тоҷик аз ғояти ҳаё ба чашми падар наменигарад ва падар ба ҳеч ваҷҳ духтарро ҳамчун чораи ҷазо намезанад, дар урфи тоҷикӣ латукӯби духтар аз ҷониби падар боиси баргаштабахт шудани духтар гуморида мешуд. Ин гуна фаҳмиш, яъне эҳтиёт намудани духтар аз азиятҳои ҷисмонӣ дар тафаккури мардуми тоҷик хеле устувор буд ва боистӣ имрӯзҳо низ чунин бошад.

Тамаддуни исломӣ дар масъалаи гиромидошти зан арзишҳои навро зам кард. Муҳимтарини он – накуӣ дар муносибат ба зан аст. Дар ҳадисе ҳаққи зан муқаддас дониста мешавад, ки намунаи барҷастаи гуманизм аст. «Ҳуқуқи зан муқаддас аст, пас ҳуқуқи ононро бад-эшон бисупоред». Аз ин дидгоҳ, рисолати зан-модар низ муқаддас то андозаест, ки биҳиштро зери пойи модарон гуфтаанд.

Гапи маъмул аст, ки ҷомеаи солим аз оилаҳои солим таркиб меёбад, аммо таркиби сифатии ин оилаҳо аз он вобаста аст, ки дар онҳо занҳо чӣ гуна хулқу атвор, тарзи андеша ва ҷаҳонбинию масъулият доранд. Ва чӣ гуна ҳаққи хешро дифоъ карда метавонанд…

Дифоъи ҳуқуқи занон айни замон муҳимтарин масъалаест, ки ин қишри ҷомеаро аз ғуломиву бардагӣ мераҳонад…

Ҳафиз РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь