“Адолат тавъам бо виҷдон аст. Якаш набошад, дигараш ҳам буда наметавонад. Адолат сутуни тамоми фаъолияти инсон дар зиндагӣ бояд бошад. Ман мехоҳам, ки дунболи адолат қадам гузорам.

Замони наврасӣ бисёр мепурсидам, ки барои адолатро барқарор кардан кӣ шудан лозим? Мегуфтанд, ки ҳуқуқшинос. Он замон ба пеши худ мақсад гузоштам, “пас, ман ҳуқуқшинос мешавам.”- гуфт Гулафзо аз касбияташ ёд оварда.

Гулафзо Пирова 15 марти соли 1999 дар ноҳияи Кушониёни шаҳри Бохтар, дар оилаи зиёӣ ба дунё омад. Падараш корманди давлатӣ ва модараш табиб аст. Дар оила 7 фарзанд буда, 5 духтару 2 писаранд. Гулафзо фарзанди панҷуми ин оилаи бузург аст. Оилаи онҳо аслан оилаи табибон аст. Гулафзо ягона ва нахустин нафар аз оилаи онҳо аст, ки ҳуқуқшиносиро интихоб кардааст.

Гулафзо соли 2021 зинаи бакалавриат ва соли 2023 зинаи магистратураи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кард. Дар баробари он ки ӯ дар риштаи ҳуқуқ таҳсил кард ва касбаш ҳуқуқшинос аст, вале ба адабиёту шеър муҳаббати беандоза дорад. Ин буд, ки соли 2021 дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” дар номинатсияи хондани адабиёти муосири тоҷик ва соли 2022 дар озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” дар бахши ровигӣ сазовори ҷойи дуввум гардид.

“Модарам – аввалин устоди зиндагии ман”  

“Замоне ки ҳатто қадам ба мактаб наниҳода будам, модарам ба ман хондану навиштанро омӯзонид. Падарам ҳар ҳафта ба хона маҷаллаву рӯзномаҳои зиёд меовард. Модарам бошад тамоми шеъру ҳикояҳои ибратбахши онҳоро барои ман мехонду меомӯзонид. Фикр мекунам, ки тухми муҳаббат ба китобу адабиётро низ модарам дар дилам коштааст. Идеали ман дар зиндагӣ модарам аст. То имрӯз ягон нафарро ба андозаи модарам пайравӣ накардаам. Агар ман ва модарам ба озмун мерафтем, ҳеҷ вакт ман ҷо намегирифтам. Худам ҳам мушоҳида мекунам ва бисёр вақт аз дигарон ҳам шунидаам, ки мегӯянд: “Нусхаи модараш шудааст”. Аз ин хеле хушам меояд”, – қайд кард Гулафзо.

Ҳамчунин, заминаи бисёр илмҳо, чун алгебра, забони модарӣ ва ҳатто хати форсиро ӯ аз модараш омӯхтааст.

Тавре қаҳрамони мо қайд кард, аввалин кӯшишҳои Гулафзо барои модараш буданд. Масалан, аввалин шеър, нахустин туҳфа, аввалин маош ва дигар аввалинҳои бисёре.

Гулафзо ба Президент чӣ ваъда дод?

Ҳанӯз хонандаи синфи шаш буд, ки дар вилояти Хатлон ҳамчун хонандаи сол муаррифӣ гардид. Аз ҳамон вақт дар гимназияе, ки таҳсилоташ шартномавӣ буд, ройгон таҳсил кард.

Дар маҳфилҳои ҳуқуқ, ҳамчунин, дар маҳфилҳои шоирони ҷавону навқаламон фаъолона иштирок мекард. Гоҳ-гоҳ шеър ҳам менавишт ва мақсадаш аз эҷоди шеър баёни зебову ҷолиби сухан буд.

Баъди синфи ҳафтум ӯ тасмим гирифт, ки оянда ҳуқуқшинос хоҳад шуд. Гулафзо аз кӯдакӣ таваҷҷуҳ мекард, ки ҷинояткорон дар ҷомеа хеле зиёданд ва ҷавонони бешумор ба амалҳои ношоиста даст мезананд. Шояд аз ҳамин сабаб ин касбро интихоб карда бошад.  Роҳбар будан ва ё дар вазифаи роҳбарикунанда фаъолият кардан орзуи кӯдакии Гулафзо аст.

“Аз даврони мактабхонӣ як рӯзи хотирмон дар саҳифаҳои китоби зиндагиам чун нақш дар санг сабт гардидааст ва ман он рӯзро ҳар сол ҷашн мегирам. Он рӯз 26 майи соли 2017 буд. Дар ин рӯз ман бо Президент мулоқот доштам. Соли хониши 2016-17 дар сафи гирандагони стипендияи президентӣ ман низ будам. Рӯзе ба мо гуфтанд, ки Президент бо гирандагони стипендияи президентӣ вохурӣ хоҳад кард. Мо ба Китобхонаи миллӣ даъват шудем ва танҳо як рӯз пеш маро огоҳ карданд, ки аз номи ҷавонон дар назди Пешвои миллат суханронӣ мекунам. Ман ин мулоқотро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, чунки он суҳбати самимонаи ман бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд ва ман он рӯз ба бисёр орзуҳои худ расидам. Ҷаноб пурсиданд, ки оянда кӣ шудан мехоҳӣ. Ман гуфтам, “ҳуқуқшинос”. Аввал бо тааҷҷубу эътироз нигаристанду гуфтанд, ки “ҳуқуқшинос бояд шахсӣ ҷиддӣ бошад, шумо бисёр бараҳм метобед. Шумо хислататон нозук метобад. Чӣ тавр оянда ҳуқуқшинос мешавед?” Ман гуфтам, “Бо вуҷуди ҳамин, ман ваъда медиҳам, ки беҳтарин ҳуқуқшинос мешавам.”  Баъд Ҷаноби Олӣ дастгирӣ карданд ва ман бо дастури бевоситаашон ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудам. Ман имрӯз худро қарздор ҳис мекунам, зеро ваъдаи додаамро бояд иҷро кунам. Дуруст аст, ки ман бо ин ихтисос ду зинаи таҳсилро хатм намудам, вале фаъолияти амалии ман нав дар шуруъ аст. Рӯзе фаро хоҳад расид, ки ман худро чун ҳуқуқшиноси беҳтарин муаррифӣ мекунаму Президент бубинанд ва гӯянд, ки интихоби ман дуруст будааст”, – гуфт Гулафзо.

Ҳамон соле ки бо Пешвои миллат мулоқот дошт, Гулафзо аз фанни ҳуқуқ дар ҷумҳурӣ сазовори медали тило гардида буд. Аз ин пеш дар синфҳои 7 ва 8 медали нуқра насибаш гардида буд.

Муҳаббати Гулафзо ба адабиёт

Шеър ва адабиёт як қисми ҷудонашавандаи зиндагии Гулафзо гардидаанд. Рӯзе, ки шеър намехонад, худро нороҳат ҳис мекунад, аз ин лиҳоз, ҳар рӯз шомгоҳон шеъре мехонад, маъниашро ҷуста, ба нафаре ҳатман нақл мекунад. Баъд дар худ ҳисси оромӣ эҳсос мекунад.

Гулафзо мудом дар пайи мутолиаи китоб аст. Ба ақидаи Гулафзо, китоб тарбиятгари инсон ва ташаккулдиҳандаи хислатҳои неки инсонист. Ҳуқуқшинос бо инсон ва ҳаёти ӯ сару кор мегирад. Он нафаре, ки аз одамият дур аст, чӣ тавр метавонад қазоват кунад? Ҳамчунин, бисёр асарҳое мавҷуданд, ки хусусияти ҳуқуқӣ доранд. Дар гузашта ба ҷойи судя ва ё ҳуқуқшинос мафҳуми “қозӣ” истифода мешуд. Дар асарҳои классикон низ дар бораи ин пеша бисёр ҳикоёту дастур ва пандҳо мавҷуданд. “Чанд сол пеш асареро хонда будам, ки ҳоло номаш ба хотирам намеояд. Дар он китоб сухан дар бораи қозии адолатхоҳе мерафт, ки ҷавононеро, ки ин пешаро интихоб мекарданд, тарбият мекард. Ӯ ба ҳар ҷавоне, ки наздаш таълим мегирифт, як пандро такрор ба такрор баён мекард: “Шумо ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки дар пушти ҳар парванда ҳаёти шахсе истодааст”. Ва ин панд имрӯз ҳар лаҳза дар гӯши ман гӯё садо медиҳад”, – қисса кард Гулафзо.

Имрӯзҳо Гулафзо дар пайи мутоиаи “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддини Балхӣ аст. Рӯзе ақаллан як ё якчанд ҳикояеро аз “Маснавии маънавӣ” мутолиа менамояд.

Чуноне дар боло қайд намудем, маҳаки фаъолият ва зиндагии Гулафзо адолат аст. Ӯ дар зиндагии ҳаррӯзаашро низ адолатро риоя мекунад ва чунин меҳисобад, ки ҳар як амали инсон аз зиндагии рӯзмарра маншаъ мегирад. Баъзан атрофиёнаш ӯро “апаи Адолат” гуфта муроҷиат мекунанд.

Чаро Гулафзо намехоҳад ба хориҷа равад?

Дар муқоиса ба аксар ҷавонон Гулафзо таҳсил дар Тоҷикистонро афзал меҳисобад. “Вақте сухан сари китобу қаламу хома меравад, аввалан номи мардуми форсу тоҷикро мегиранд. Мардуми эронитабор аз қадим соҳиби хомаву килку дафтар буданд. Ҳеҷ ҷо нашунидаам, ки гуфта бошанд: “Амрико аз қадим соҳиби хомаву қалам буд”, – бо ормон нақл кард қаҳрамони мо.

Гулафзо қабул надорад, ки бисёр ҷавонон сатҳи таълими Тоҷикистонро танқид карда, барои таҳсил ба хориҷа мераванд. Ба ақидаи Гулафзо камбудӣ дар мафкураи худи ҷавонон аст.

Ин қаҳрамони мо то имрӯз ягон саҳифаи иҷтимоӣ надорад ва аз интернет истифода намебарад ва ба гуфти худи ӯ эҳтиёҷ ҳам надорад. Қаноатманд аст, ки бидуни истифода аз сайтҳо низ ба ҳар чизе, ки эҳтиёҷ пайдо мекунад, тавассути китобхонаҳо ва кӯмаку дастгириҳои устодон дастрасӣ пайдо мекунад.

Гулафзо ҳеҷ вақт орзу накардааст, ки барои таҳсил ба хориҷа равад. Мехоҳад танҳо барои инкишоф додани ҷаҳонбинии худ, саёҳат ва ҷаҳонгардӣ кунад.

Ровигӣ низ яке аз истеъдодҳои беҳамтои Гулафзо аст. Беҳуда нест, ки дар озмуни “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” дар бахши ровигӣ баҳои баланд гирифту барандаи мақоми дуввум гардид. Ба ақидаи ӯ барои ровии хуб будан инсон бояд соҳибмаърифат буда, мутолиаи зиёд дошта бошад. Зеро сухани бемантиқ чун пистаи бемағз аст.

Гулафзо орзу дорад, ки дар оянда китобхонае ба номи худаш таъсис диҳад ва дар он китобҳои адабиву ҳуқуқиро фароҳам намояд. Худаш низ нақшаи навиштани китобҳоеро дорад, ки адабиёт ва ҳуқуқ ба ҳам тавъам бошанд ва ҳар ду як чизи том ва мукаммал шуда, ба мардум расанд.

Имрӯз дар ҷомеа бисёр нафароне ҳастанд, ки ба ҳуқуқшиноси асил шудани зан бовар надоранд ва ба қавӣ истода тавонистани зан шак меоранд. Гулафзо худро яке аз муборизон бар зидди ана ҳамин ақида медонад.

“Мегӯянд, ки илм ду навъ аст. Якум ҳамоне, ки дар қалб ҷойгир аст ва дигар оне, ки дар нӯги забон. Илме, ки дар қалб ҷойгир шудааст, бисёр судманд аст ва барои соҳибаш манфиатҳои зиёд меоварад. Аммо илме, ки дар забон аст, барои соҳибаш танҳо итмоми ҳуҷҷат аст. Аз овардани ин иқтибос чунин гуфтаниам ки илме, ки имрӯз ман дорам, дар қалбам аст ва мехоҳам ба воситаи он мақсадҳои неки худро амалӣ гардонам. Ман бояд ба мардум ҳамеша сабукӣ биёрам, кори инсонҳоро осон кунам, дасти касеро бигирам. Ҳуқуқшинос ҳар куҷое бошад, бояд сабуккунанда бошад, на вазнинкунанда. Ҳуқуқшинос бояд фидокор бошад. Имрӯз дар сари ман ҳамеша як шиор чарх мезанад: “Мардум ба ман бо умеди наҷот менигаранд ва ман бояд ба он нигоҳу боварӣ содиқ буда тавонам”, – суханонашро бо ин гуфтаҳо ҷамъбаст кард ҳамсӯҳбати мо.

Гулафзо алҳол дар пайи омӯзиши илм аст ва ҳамзамон, дар донишгоҳ ба дарс гуфтан пардохтааст. Мақсад дорад оянда дар ягон зинаи роҳбарикунанда фаъолияти кориашро давом диҳад. Вале бо вуҷуди фаъолият дар мақомоти расмӣ зарур ва шарт меҳисобад, ки ба дигарон донишашро омӯзонад, аз ин рӯ, дар пешаи омӯзгорӣ низ боқӣ монданист. Чуноне ки худаш қайд кард:

Моле, ки зи ту кас наситонад, илм аст,

Он чиз, ки туро зи ғам раҳонад, илм аст.

Ҷуз илм талаб макун ту андар олам,

Он чиз, ки туро ба ҳақ расонад, илм аст.

Шоира Мадалиева

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь