10-уми феврал бароям рӯзи муҳиме ҳаст, зеро дар ин рӯз ду инсони бароям бисёр азиз – Акбаралӣ Сатторов ва Зариф Ашуров ба дунё омадаанд. Акбаралӣ дӯсти қадрдон ва ҳампешаи муваффақи мо буд. Ӯ дар панҷоҳу нимсолагӣ, 28 августи соли 2015, моро тарк кард. Зариф Ашуров, писараммаи модарам буд, аммо қадру манзалати як бародари бузургро бароям дошт. Баъд аз панҷ солу ду моҳи даргузашти Акбаралӣ, 28 октябри соли 2020 марг гиребони ин марди бузургро ҳам дар 76-солагӣ гирифт.
То соли 2015 ҳар сол 10 феврал ба шодбоши ин ду инсони шариф ва хушқалб мерафтам. Агар саодати дидор набудӣ, ҳатман телефонӣ ё бо ирсоли паёмаке рӯзи таваллудашонро табрик мегуфтам. Баъд аз даргузашти Акбаралӣ ҳар сол дар рӯзи мавлудаш бо дӯстон ба сари гӯраш меравем ва ёдашро гиромӣ медорем. Имсол 10 феврал бояд ба зиёрати оромгоҳи ин ду азиз биравам, ҳам Акбаралӣ ва ҳам тағои Зариф.
Ин ду шахсият, агарчӣ яке дар арсаи матбуот ва дуввумӣ дар бахши кишоварзӣ фаъолият доштанд ва ҳамдигарро аз наздик намешинохтанд, аммо аз рӯи хислату рафтор ва вижагиҳои фардӣ бисёр шабеҳи ҳам буданд.
Ёде аз Акбаралӣ
Акбаралӣ Сатторов зодаи рустои Мортеппаи ноҳияи Ҳисор (10 феврали соли 1965) буд, мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хонд, баъд ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пазируфта шуд ва соли 1990 Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург)-ро хатм кард. Дар рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”ва “Садои мардум” муддате хабарнигор ва мудири шуъбаи сиёсӣ ва ҳуқуқ буд ва баъдтар дар соли 1994 нашрияи хусусие таъсис кард. Акбаралӣ аз чеҳраҳои матраҳи соҳаи матбуот ва ноҷии садҳо нафар аз аҳли қалам дар замони душвори ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон буд. Ӯ то ҳадди тавони худ ба ҳамқаламони ниёзмандаш дасти кумак дароз мекард. Дафтари кораш қиблаи умеди садҳо пири бекасу куй, рӯзноманигору адиб, овозхону ҳунарманд ва донишҷӯю муаллим буд. Хайру саховат мекард, аммо ба касе миннат намегузошт. Бо таъсиси “Чархи гардун” дар даҳаи 1990 дубора мардумро рӯзномахон кард ва ин ҳафтаномаро ба минбари розу ниёзи аҳли илму адабу фарҳангу мусиқӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеъа табдил дод. Ҳамгоми замона ва ҷаҳондида буд ва тафаккури бозаргонӣ дошт. Аз соли 2006 то поёни умр раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон буд ва ин созмони эҷодиро ҷони тоза бахшид. Ҳамин хислатҳо ва заҳмату талошҳояш ӯро на танҳо ҳамчун рӯзноманигори муваффақ, балки ба унвони яке аз сутунҳои кохи матбуоти Тоҷикистон ба ҷомеъа муаррифӣ кард.
Чи басо палидакҳое ки аз суфрааш нон хӯрданд, вале онро пос надоштанд! Мисли ғавчуб дар роҳи тиҷораташ монеъ шуданд, аз ному молаш суйистифода карданд ва акнун ки Акбаралӣ аз ин ҷаҳон рахти сафар баста, худро дӯсти зиндаёд муаррифӣ мекунанд ва шери майдони матбуот мепиндоранд. Аммо Акбаралӣ дили бузурге дошт ва дар вақти зиндагиаш ҳаволаи чунин “дӯст”-они нонию забониашро ба Худо супурда буд. Ӯ дар саросари Тоҷикистон дӯстони ҷонии зиёде дошт ва бо онҳо ифтихор мекард. Аммо сад афсӯс, ки мо ба қадри чунин инсонҳои гарданфароз ва вораста дар вақти зиндагиашон намерасем ва баъд аз маргашон аз онҳо бо андӯҳу ҳасрат ёд мекунем.
Зиндагиномаи Зариф Ашуров
10 феврали соли 1944 (аммо дар шиноснома соли таваллудаш 1942 сабт шуда) дар деҳаи Тутакаи шаҳри Ҳисор, дар дараи Алмосӣ ба дунё омада, баъд аз хатми мактаби ҳафтсола се сол тарбиятгирандаи хонаи бачагони ноҳияи Файзобод буд ва сипас омӯзишгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанберо хатм кард. Фаъолияти кориаш аз корхонаи “Тоҷиктекстилмаш” оғоз ёфт ва солҳои 1962-1965 дар сафи Артиши шӯравӣ дар Олмон хидмат кард. Солҳои 1966-1972 дар шӯъбаи нақлиёти автомобилии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон таҳсил кард ва соҳиби ихтисоси муҳандис-механик шуд. Солҳои 1972-1974 дар муассисаи нақлиётии рақами 14 Ҳисор кор кард. Солҳои 1974-1999 муҳандис-технолог, ҷонишин ва раиси “Селхозтехника”-и Ҳисор буд. Соли 1999 роҳбари Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Таъминоти техникии Ҳисор” шуд. Ин корхона ба бахши кишоварзии шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор хидмат мерасонд. Соли 1999 барои хидматҳояш бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Зариф Шарифович Ашуров унвони ифтихории Корманди шоистаи Тоҷикистон дода шуд.
Зариф Ашуров бо ин ки тайи солҳои охир бознишаста буд, ором наменишаст, мисли Акбаралӣ сараш пур аз идея ва тарҳҳои ҷадид буд. Ӯ дар Ҳисор яке аз аввалинҳоест, ки ҳаммоми умумӣ бунёд кард ва яхдони бузурги нигаҳдории меваю сабзавот сохтааст. Солҳои охир дар замини назди ҳавлиаш дар маркази шаҳри Ҳисор чанд гармхона бунёд карда, парвариши бодирингу помидорро ба роҳ монда буд.
Ин марди шариф ду бор ба зиёрати хонаи Худо мушарраф гашта буд. Худро шахси сарватманд меҳисобид ва мегуфт, ки сарваташ 4 писару 6 духтар ва беш аз 65 набераю аберааш ҳастанд. Афсус ки се моҳ пеш миқрози аҷал риштаи умри ин инсони наҷибу фарзонаро бурид. Он рӯз бо пойҳои худ ба бемористон рафт ва шом пайкари беҷонашро ба хона оварданд. Марги ин марди хайрхоҳу дилсӯз воқеъан талафоти бузурге барои ҳамаи мо, ҳамдиёрону пайвандонаш ва албатта ҳамсару фарзандонаш буд.
Ёде аз даврони бачагӣ
Дар замони бачагии мо дар оғози даҳаи 1970 хонаи Зариф Ашуров дар деҳаи Тутакаи Ҳисор аз ҷумлаи чанд манзиле буд, ки оинаи нилгун ё телевизор доштанд. Зодгоҳи мо аз Душанбе тақрибан 25-30 км фосила дорад. Он замон барои пайдо кардани мавҷи телевизион садҳо метр кабел зарур буд то мавҷгирҳоро дар болои теппаҳои ду тарафи деҳа насб кунанд. Бисёре аз хонаводаҳо, имкони молии харидории телевизор ва садҳо метр кабелро надоштанд. Аз ин рӯ хонаводаҳое, ки телевизор доштанд, маҳалли тамошои дастҷамъонаи барномаҳои симо буд. Ёдам меояд, гоҳе шомгоҳон бо падарам ба хонаи тағои Зариф мерафтем, то намоишҳои ҷаҳоннаморо тамошо кунем. Хонаи тағои Зариф дар он солҳо як маркази фарҳангию маънавиеро мемонд, ки инсонҳои ташнаи ахбору рӯйдодҳои муҳими кишварро гирди ҳам меовард.
Аввалин боре ки ба маслиҳату машвараташон ниёз пайдо кардам, вақти хатми донишгоҳ буд. Он айём барои кор ду гузина пеши рӯям буд: кор дар рӯзномаи ноҳияи Ҳисор, ё дар телевизиони Тоҷикистон. Аз тағои Зариф маслиҳат пурсидам. Гуфтанд, “агар имкони кор дар шаҳр бошад, онро интихоб кун, зеро дар ноҳия имкони рушди мутахассиси ҷавон камтар аст.” Ин маслиҳати Зариф Шарифович кумак кард, то кор дар телевизиони Тоҷикистонро интихоб кунам. 35 сол аст дар ин ҷода заҳмат мекашам ва аз ин роҳи интихобкардаам пушаймон нестам.
Достони хона гирифтани ман
Соли 1987 эълом шуд, ки ба кормандони собиқадор ва мутахассисони ҷавони Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон хонаҳои кооперативӣ медиҳанд. Ман ҳам ариза пешниҳод кардам, зеро ҳар рӯз рафту омад аз зодгоҳ ба Душанбе осон набуд. Номи маро ҳам ба феҳристи ниёзмандони манзил ворид карданд. Бояд 30 дарсад аз арзиши умумии хона (13800 рубл)-ро ба бонк месупоридем ва 70 дарсади боқимондаро баъд аз анҷоми сохтмони хона пардохт мекардем. Бинои маскуние, ки бояд аз пули мо сохта мешуд, танҳо хонаҳои се ва чаҳорҳуҷраӣ дошт. Ба ман гуфтанд, ки барои афроди муҷаррад хонаҳои як ё дуутоқа нест ва мани он вақт муҷаррад ҳақ надоштам хонаи се ё чаҳорутоқа бигирам. Аз раиси онвақтаи иттифоқи касабаи Кумитаи радио ва телевизион хостам, ки номи маро аз рӯйхати довталабони гирифтани хона хат занад.
Баъд аз чанд рӯз Зариф Шарифович маро дар маркази Ҳисор дид ва аз хона пурсид. Қаблан гуфта будам, ки имкони гирифтани хонаи кооператив ҳаст ва ман ҳам ариза додаам. Ба тағои Зариф моҷарои хонаро шарҳ додам. Нороҳат шуданд ва амр доданд, ки ба мошинашон савор шавам. Маро то назди дари хонаи Радиои Тоҷикистон оварданд ва гуфтанд, ки “зуд рафта раиси иттифоқи касабаро пайдо ва аризаатро барқарор кун”. Ҳамин тавр кардам. Вақте фаҳмиданд, ки имкони пардохти ҳамаи 30 дарсад аз арзиши хонаро надорам, 500 рубл кумакам карданд. Баъд ин тавр шуд, ки моҳи сентябри соли 1989 издивоҷ кардам ва ибтидои моҳи ноябри ҳамон сол хонаҳои моро ба истифода доданд ва ман ҳам соҳиби хона шудам.
Ҷарроҳӣ
Наврӯзи соли 2009 буд. Рӯзе Зариф Шарифович занг заданд ва гуфтанд, ки барои ташхиси қалбашон бояд ба Эрон раванд.
– Ту забони онҳо (манзурашон гуиши форсии роиҷ дар Эрон)-ро медонӣ. Бо ҳам ба Теҳрон меравем ва қалби маро ташхис мекунем. Агар ҳама чӣ хуб буд, Шерозу Исфаҳон ва Тусу Нишопурро тамошо мекунем ва ба воситаи Машҳад ба Душанбе бармегардем.
Он солҳо имкони ҷарроҳии қалб, мисли ҳоло, дар дохили Тоҷикистон тақрибан набуд ва бисёре аз беморон ба Эрон ё ба Ҳинд мерафтанд. Мо ҳамчун турист озими Теҳрон шудем. Аз фурӯдгоҳи Меҳрободи Теҳрон ба меҳмонхона ва аз он ҷо ба назди доктор Алиасғари Булуриён, ҷарроҳи шинохташудаи эронӣ рафтем. Доктор Булуриён Зариф Шарифовичро муоина кард ва гуфт, ки ҳар лаҳза хатари сактаи қалб ба бемор таҳдид мекунад ва ӯ бояд ҳарчи сареътар ҷарроҳӣ шавад.
Аз шунидани ин хабар бисёр нороҳат шудам. Бо тағои Зариф баъди сарфи хӯроки шом ба меҳмонхона баргаштем. Гуфтам, ки “шояд беҳтар бошад яке аз писаронатонро даъват кунем ва баъд шумо рӯи мизи ҷарроҳӣ биравед?” Зариф Шарифович баъд аз чанд лаҳза сукут гуфтанд, “ҳеҷ зарурат нест, ки онҳо аз Душанбе ба Теҳрон биёянд. Ту ҳам мисли фарзандам ҳастӣ, фардо меравем ба бемористон ва ҷарроҳӣ мекунем”.
Фардои он рӯз Зариф Шарифовичро дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористон бистарӣ карданд. Соатҳо тӯл кашид то ин ки амали “оф пумп”-и қалб анҷом шавад. Аз тавзеҳи пизишкон ҳамин қадар фаҳмидам, ки дар ин навъи ҷарроҳӣ қалби инсон дар ҳоли фаъолият қарор дошта ва ҷарроҳ аз банди пои бемор рагҳоро бурида ба ҷои рагҳои гирифтаи қалби ӯ пайванд мезадааст.
Ҳамин тавр, мо як ҳафта дар Теҳрон мондем ва сипас бо қалби “таъмиршуда”-и Зариф Шарифович ба Душанбе баргаштем. Ормони тамошои шаҳрҳои таърихии Эрон дар дилҳоямон монд ва тағои Зариф ин орзуро ба хоки сард бурд.
Баъд аз чанд моҳ доктор Булуриён бо устодаш доктор Содиқӣ, ки муқими Суис аст, ба Тоҷикистон омаданд. Зариф Шарифович ба хотири сипосгузорӣ аз доктор Булуриён барои эшон ва устоду дӯстонашон дар манзилашон дар шаҳри Ҳисор меҳмонӣ тадорук диданд. Хотирмонтарин лаҳзаи он шоми зебо, ҳадяи қолинчае ба доктор Булуриён аз тарафи мизбон буд, ки рӯи он тасвири худи доктор дида мешуд. Доктор ин ҳадяи ғайримунтазираро бисёр хуб пазируфт. Зимнан, акси рӯи қолинчаи докторро, ман дар нахустин рӯзи ошноиамон дар Теҳрон, дар дафтари эшон гирифта будам.
Бо лутфи Худованд ва бо шарофати дастони пурэъҷози доктор Алиасғари Булуриён ва ҳамкоронаш қалби Зариф Шарифович баъд аз он ҷарроҳӣ ёздаҳ соли дигар таппид.
Достони бунёди мактаби нав
Деҳаи мо дар дараи Алмосии Ҳисор воқеъ аст. Дар даврони шӯравӣ фарзандони мардуми деҳ дар мактаби ибтидоӣ мехонданд ва баъд аз синфи 4 таҳсили худро дар мактаби миёнаи рақами 49, дар ҳамсоядеҳаи мо – Чангоби Карсанг идома медоданд. Бо мурури замон дар натиҷаи боронҳои сел ва боло рафтани сатҳи оби рудхона, хатари фуру рафтани бинои мактаб ба вуҷуд омад. Аз ин рӯ, дар даҳаи 1980 мардуми деҳа бо роҳи ҳашар дар баландие, ки аз деҳа бештар аз як километр фосила дошт, бо лойю гилу санг ва чӯб мактаб сохтанд. Он аввал мактаби 9-сола буд ва баъдтар ба мактаби миёна табдил дода шуд. Аз миёни деҳаи мо дарёи Хонақоҳ равон аст. Дар қисмати болои деҳ, дар соҳили рости дарё, фермаи чорводории совхози “Роҳи Ленин” ҷойгир буд. Дар охирҳои даҳаи 1980, дар замони ҳукумати Горбачёв гузорише барои телевизиони Тоҷикистон дар бораи таъсири чунин фермаҳо ба муҳити зист, бахусус ба сифати оби рудхонаҳо таҳия карда будем. Он барнома, ки “Оҳанги зиндагӣ” ном дошт, дар бюрои КМ ҲК Тоҷикистон баррасӣ шуд ва дар муддати чанд рӯз ҳамаи хукхонаҳо ва фермаҳоеро, ки дар наздикии соҳили дарёҳо дар ноҳияи Ҳисор воқеъ буданд, ба дигар ҷо кӯчонданд. Фермаи деҳаи мо ҳам баста шуд. Дар солҳои баъдӣ замини ин фермаро қисман ба хонаводаҳои ниёзманд барои сохтмони хона доданд, аммо як бахши он боқӣ монд.
Бо талошҳои Зариф Ашуров ва дастгирии Абдувоҳид Каримов, раиси собиқи ноҳияи Ҳисор (Худованд раҳмату мағфираташ кунад!) замини боқимондаи фермаи собиқро бо қарори ҳукумати ноҳия барои сохтмони мактаби нав ҷудо карданд. Акнун бояд мактаб сохта мешуд. Мӯйсафедони ҳамдеҳаам мехостанд барои сохтани мактаби нав сармоягузоре пайдо кунем. Зариф Шарифович низ борҳо машварат дода буд, ки дар ин замина ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кунам.
Соли 2003 дар пазироие бо сафири вақти Ҷопон дар Тоҷикистон ошно шудам. Ба ӯ дар бораи шароити бади мактаби деҳа ва зарурати сохтани мактаби нав дар зодгоҳам гуфтам. Бо пешниҳоди ҷаноби сафир дархосте дар ин бора навиштам. Бо дурбини аккосӣ ба “мактаби кӯҳна”-и деҳа рафтам ва чанд акс аз дару девори вайрону валангори он гирифтам. Аксҳоро ба нома замима кардам ва онро ба масъулони бахши лоиҳаҳои соҳаи маорифи сафорати Ҷопон тақдим кардам. Баъд баррасиҳои зиёд сафорат тарҳи пешниҳодкардаи моро барои сохтмони мактаб дар деҳаи мо пазируфт.
Бо кумаки ҳамдеҳаам, Қудратулло Файзуллоев, ки меъмор аст, тарҳи сохтмони мактабро омода карда ва онро ба сафорат пешниҳод кардем. Аз сафорат гуфтанд, ки бояд барои иҷрои ин лоиҳа ширкатеро пайдо кунанд. Аз дӯстон хоҳиш кардем, ки се ширкати қобили эътимодро ба сафорати Ҷопон муаррифӣ кунанд. Ҳамин тавр ҳам шуд ва як ширкати соҳибтаҷриба дар сохту соз ва иҷрои лоиҳаҳои сармоягузорӣ барандаи музояда (тендер) шуд. Он ширкат сохтмони мактабро бар ӯҳдаи корхонаи “Таъминоти техникии Ҳисор” зери роҳбарии Зариф Ашуров гузошт. Бо кумаки ҳамдеҳагон ва коргарони корхонаи “Таъминоти техникии Ҳисор” дар як муддати кутоҳ дар ҷойи ферма мактаби наве иборат аз 13 синфхона бунёд гардид.
Мардуми деҳаи мо аз кишвари Ҷопон ва шахсан Зариф Ашуров ва фарзанди бузурги ӯ Худойбердӣ Ашуров барои бунёди ин мактаб то абад сипосгузоранд. Аз оғози соли таҳсилии 2006/2007 то ҳоло садҳо фарзанди сокинони деҳаҳои Тутака, Тутакаи боло ва Неъматбоӣ ин мактабро хатм кардаанд. Ба ҷуз аз бунёди мактаби нав, саҳми ин марди дасткушод ва саховатпеша дар ободсозии гӯристонҳо, сохтмони масҷиди нав, ҷанозагоҳ, сохтмони роҳҳо ва кумак ба хонаводаҳои камбизоати зодгоҳу диёрамон бисёр бузург аст. Чунин корҳои хайру савоби Зариф Ашуров дар қалбҳои мардуми бедор ва огоҳи диёр ҷовидона нақш баста ва ному шахсияти ӯро дар сафҳаи таърихи диёри мо бо ҳарфҳои заррин сабт кардааст.
Аёдати устодон
Як хислати хуби дигари Зариф Шарифович эҳтирому қадршиносии ӯ ба устодонаш буд. Ман борҳо шоҳид будам, ки ӯ дар рӯзҳои таваллуди устодон ва ба баҳонаи ҷашнҳои гуногун устодони худро аёдат мекард, ё ба қавли худашон дар ягон гушаи Ҳисор ё шаҳри Душанбе онҳоро сарҷамъ мекард ва барояшон “як пиёла чой” медод. Георгий Кошлаков, Акмал Махсумович Бобоев ва Зайниддин Исоев Зариф Шарифовичро мисли фарзанди худ дӯст медоштанд ва эҳтиром мекарданд.
Дӯстони панҷгона
Дар Ҳисор ҳама аз рафоқату дӯстии панҷ тан аз ҳамдиёрони мо огаҳӣ доранд. Абдулло Файзуллоев, Илҳом Ғоибов, Ятим Муҳиддинов, Ҳабибулло Сатторов ва Зариф Ашуров. Ин панҷ тан пешаҳои гуногун доштанд, аммо ҳамрозу ҳамнишин буданд ва дар лаҳзаҳои шодию ғам, ҳамдигарро танҳо намегузоштанд. Ин инсонҳои дарёдилу дардошно пушти сари ҳам ба марг лаббайк гуфтанд ва аз ин дунёи бевафо рахти сафар бастанд: Абдулло (1992), Илҳом (1993), Ҳабибулло (1998), Ятим (2020). Дар охир Зариф Ашуров ҳам ба ҷамъи дӯстони қадрдонаш пайваст. Ёди ҳамаашон гиромӣ ва хонаи охираташон обод бод!
Поён
Акбаралӣ панҷу ним сол ва тағои Зариф беш аз се соҳ мешавад, ки бо мо нестанд, аммо ёдашон ҳамеша бо мост. Ин ду инсони озода, корофаринӣ ва хайру саховатро шиори зиндагии худ карда буданд ва дар тӯли умри хеш дасти ҳазорон фитодаро гирифтанд. Акнун кору пайкори онҳоро фарзандону шогирдонашон идома хоҳанд дод.
Суҳроби Зиё, рӯзноманигор