(бахшида ба рӯзи ҳуқуқ инсон – 10 декабр)

Маҳз дар замони ба истилоҳ “Давраи Маърифат” (шуруъ аз асри XVIII) ғояву ақидаҳои марбут ба ҳуқуқи фитрӣ пайдо шуданд. Дар асоси ин ақоид Билл дар бораи ҳуқуқ дар Британияи Кабир, Билл дар бораи ҳуқуқ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА), Эъломияи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд дар Фаронса ба вуҷуд омаданд ва қабул шуданд. Баъдтар, дар қарни гузашта ҷанги дуюми ҷаҳонӣ зарурати шартномаи умумӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсонро бепарда намоиш дод. Вақте ки ба аҳли ҷомеа ваҳшонияти Олмони фашистӣ маълум гашт, равшан гардид, ки Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҳуқуқҳои инсонро чандон кофӣ муқаррару тасдиқ накардааст. Ба таъбири дигар, ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз тарафи режими фашистии Олмон, Италия, Япония бо вайронкунии тоқатнопазири ҳуқуқи инсон роҳандозӣ шуда, бино ба гуфтаи ҳуқуқдони фаронсавӣ Р. Кассэн “бо усулҳои беназири ваҳшиёна” маҷро мегирифт. Аз ин ҷост, ки коркарди ҳуҷҷати ҳаматарафаи байналмилалие, ки ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро бозтоб намояд, хеле муҳим буд.

Дар он замон вобастагии масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон бо фаъолияти ташкилоти байналмилалии таъсисёбанда, ки ба таъмини сулҳ ва амният равона шудааст, комилан собит гашта буд. Мусаллам аст, ки амалигардонии ҳуқуқу озодиҳо танҳо дар шароити сулҳу субот имконпазир аст. Зеро ҳама гуна муқовимати мусаллаҳона бо дағалона вайрон кардани ҳуқуқу озодиҳо роҳандозӣ мегардад ва ё баръакс. Нақзи ҳуқуқҳои инсон борҳо сабабгори муқовиматҳои мусаллаҳона шудааст. Аз ин лиҳоз, шартномаи умумие, ки ҳуқуқҳои шахсро номбар ва баён карда бошад, воҷиб буд. Ин амр бояд ба рушди ҳуқуқҳои инсонӣ ҳамчун шарти аввалиндараҷаи сулҳ ва хатми ҷанг таккони нав мебахшид.

Дар соли 1946 Ҷон Хамфри, мутахассиси канадагӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ аз тарафи котиби генералии СММ ба вазифаи сардори шуъбаи ҳуқуқҳои инсон, мураттиби асосии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар даъват карда шуд. Ба зиммаи вай вазифаи ҳамкорӣ бо Комиссияи ҳуқуқҳои инсон, ки намояндагони як қатор давлатҳо (Австралия, Белгия, РСС Белоруссия, Британияи Кабир, Хитой, Куба, Миср, Ҳиндустон, Эрон, Ливия, Панама, СССР, ИМА, Уругвай, Филиппин, Фаронса, Чили, Югославия) шомил буданд, вогузор шуда буд.

Дар Комиссияи ҳуқуқи инсон муттаҳид кардани намояндагони назарияҳои мухталифи фалсафӣ, идеологӣ ва динӣ перомуни пайдоиш ва мазмуни ҳуқуқҳои инсон аз рӯйи ҳар як моддаи Эъломия баҳсҳои тезутундро ба миён овард. Мубоҳисаҳои тезутунд байни намояндагони мамлакатҳои сотсиалистӣ ва Ғарб доир ба мазмуни ҳуқуқҳои инсон ба вуҷуд меомаданд. Бештари аъзои комиссия, алалхусус, аз мамлакатҳои рӯ ба инкишоф мавқеи давлатҳои сотсиалистиро оид ба масоили ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодӣ, чун ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, маориф, таъминоти иҷтимоӣ, ки дар матни Эъломия ворид шуда буданд, дастгирӣ карданд.

Муқаррароти Эъломия дар бораи ҳамасоҳа будани ҳуқуқҳои эълоншуда ва татбиқшаванда будани онҳо дар ҳама гуна қаламрав хизмати дипломатияи шӯравӣ мебошад.

Баҳсҳои шадид дар атрофи таклифи намояндагони СССР оид ба иловаи модда дар бораи ҳуқуқҳои инсон бо кафолат аз тарафи давлат низ доман меафрӯхтанд. Кишварҳои Ғарб ин таклифро бо он ҷиҳат, ки аз тарафи давлат ёрӣ расонидан шояд ҳамчун шакли фишор ба афкори ҷамъиятӣ пазируфта шавад, рад карданд. Аъзои комиссия ташаббуси намояндагони шӯравиро бобати дар Эъломия инъикос намудани робитаи ҳуқуқи инсон бо масоили соҳибихтиёрии давлат низ дастгирӣ накарданд. Дар аснои баррасии лоиҳаи Эъломия гуногунфикриро на танҳо мухолифатҳои идеологӣ, балки фарқияти анъанаҳои фарҳангӣ низ ба миён меоварданд. Алалхусус, ҳини муҳокимаи лоиҳаи Эъломия, ки ба ҳуқуқи никоҳ ва баробарии тарафҳо дар никоҳ дахл доштанд, ин зоҳир мегардид. Маънидодкунии ҳуқуқ ба озодии дин ҳам, ки дар лоиҳаи Эъломия ҳамчун ҳаққи пайравӣ кардан ба ҳар дин ё эътиқоди динии худро иваз кардан ифода ёфта буд, баҳсу мунозираҳои зиёдро ба вуҷуд овард.

Овоздиҳӣ ба Эъломия тадриҷан ба амал бароварда мешуд. Дар ҷараёни баррасӣ ва овоздиҳии модда ба модда муқовимати мамлакатҳои Ғарб ва мамлакатҳои блоки Шӯравӣ рӯ зад. Сарвари ҳайати Шӯравӣ дар СММ Андрей Вышинский оид ба Эъломия ба тариқи зерин изҳори назар кард: “Ба ҷиҳатҳои хуби худ нигоҳ накарда, ин лоиҳа як қатор камбудиҳои ҷиддӣ дорад, ки асоситарини онҳо хусусияти сохтаю юридикӣ доштани вай ва дар ин лоиҳа пешбинӣ нашудани ягон чорабиние мебошад, ки ба амалигардонии ҳуқуқу озодиҳои асосии инсони дар ин лоиҳа эъломшуда мусоидат карда тавонад.”

Ниҳоят, дар натиҷаи меҳнати семоҳа имкон даст дод, ки матни Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мувофиқа карда шавад. Дар Иҷлосияи 3-юми Ассамблеяи генералии СММ 10-уми декабри соли 1948 дар Қасри Шайои шаҳри Париж Эъломияи умумии ҳуқуқи башар бо аксарияти мутлақи овозҳо қабул карда шуд. Аз 56 давлате, ки дар овоздиҳӣ иштирок карданд, 48 давлат ба тарафдорӣ овоз доданд ва танҳо 8 кишвар дар овоздиҳӣ ширкат наварзиданд. Инҳо РСС Белоруссия, Полша, Арабистони Саудӣ, СССР, РСС Украина, Югославия, Иттифоқи Африкаи Ҷанубӣ ва Чехословакия буданд.

Дар таҳияи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар чунин шахсиятҳои соҳибмаърифат, ба монанди Рэнэ Кассэн – ҳуқуқдони фаронсавӣ, Президенти факултаи Ҳуқуқи университети Париж, Элеонора Рузвелт – ҳамсари президенти ИМА Франклин Рузвелт, доктор Чанг – устоди донишгоҳи Колумбия, Шарл Малик – ҳикматшинос, устоди донишгоҳи Бейрут саҳми калон гузоштаанд. Ин ҳуҷҷати дорои мақоми тавсиявӣ аз 30 модда иборат буда, ба бисёр забонҳои ҷаҳон (зиёда аз 370 забону шеваҳо) тарҷума шуда, ҳуҷҷати аз ҳама зиёд тарҷумашуда дар олам мебошад.

Соли 1950 ба ифтихори Эъломия, СММ иди Рӯзи ҳуқуқи башарро ташкил намуд, ки ҳар сол 10-уми декабр ҷашн гирифта мешавад.

Дар СССР эъломия бори нахуст дар матбуоти расмӣ дар бюллетени Кумитаи шӯравии ҳимояи сулҳ “Асри 20 ва сулҳ” таҳти №4, соли 1988 (с. 44-47) ба табъ расида буд.

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ба ҳуқуқи ҳалими (навозишкоронаи) байналмилалӣ дохил мешавад. Худи номаш аз ин гувоҳӣ медиҳад. Эъломия ҳуҷҷати байналмилалиест, ки нерӯву нуфузи ҳатмият надорад. Ин танҳо муроҷиати СММ ба тамоми давлатҳост, ки низоми ҳуқуқии худро тавре бунёд созанд, ки ҳар як инсон дар давлат замонати ҳимояи ҳуқуқҳои хешро дошта бошад. Пас, барои чӣ дар ҷаҳони муосир ба ин ҳуҷҷат таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад? Барои чӣ дар раванди омӯзиши ҳуқуқи инсон на ба паймонҳо ва конвенсияҳо, ки ба ҳуқуқи байналмилалии дурушт дохил мешавад, балки ба Эъломия асосан такя карда мешавад? Ва чӣ тавр дар бораи омӯзиши ҷиддии ҳуҷҷате, ки аз 30 модда иборат буда, азёд кардан мумкин аст, ҳарф задан қобили қабул аст? Посухи ин саволҳо дар худи Эъломия дарҷ ёфтаанд.

Дар моддаи яки ин ҳуҷҷат баён гаштааст, ки “Ҳамаи одамон озод зода шуда, эътибор ва ҳуқуқи баробар доранд. Онҳо дорои хирад ва виҷдон буда, бояд нисбат ба ҳамдигар дар руҳияи бародарӣ рафтор намоянд.” Ин модда ботантана чиро ба хотир меоварад? Хирад ва виҷдон, муносибат дар руҳияи бародарӣ! Ин арзишҳои равонию ахлоқӣ ҳам дар тамоми таълимотҳои динӣ ва ҳам дар ҳуҷҷатҳои байналмилалие, ки кулли ҳуқуқи байналмилалӣ ба он асос ёфтаанд, дарҷ гардидааст. Ин арзишҳои равонию ахлоқӣ ғояи асосии ҳамаи моддаҳои Эъломия мебошанд ва азбаски арзишҳо абадиянд, эъломияи умумӣ новобаста ба солхӯрда будан  муҳимияти худро гум намекунад. Маҳз дар ҳамин модда дар бораи сарчашмаи ҳуқуқи инсон, яъне қадру қимати инсон, ки ба ҳар як одам аз рӯзи таваллуд дода шудааст, сухан меравад.

Соли 1966 дар асоси Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ду ҳуҷҷати байналмилалӣ қабул шуд, ки ба ҳуқуқи байналмилалии дурушту устувор мансуб мебошанд. Якум, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ, ки ҳуқуқҳои асосии сиёсӣ ва гражданиро таҷассум намудааст. Дертар ин ҳуқуқҳоро ҳуқуқҳои насли якум ном мебурдагӣ шуданд. Ин ҳуқуқҳо ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, ҳуқуқ ба ҳимоя аз бандагӣ, шиканҷа ва рафторҳои пастзанандаи қадру қимати инсон, ҳуқуқ ба озодии афкор, виҷдон ва дин, иштирок дар идоракунии давлати худ ва ҳоказоянд.

Дуюм, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки асоситарин ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро инъикос намудааст. Ин ҳуқуқҳо ба меҳнат ва истироҳат, хизматрасонии тиббӣ, таъминоти иҷтимоӣ, таҳсилот, сатҳи арзандаи ҳаёт ва иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа бо назардошти он ки барои замонати онҳо давлат бояд сатҳи иқтисодии муайян дошта бошад, ҳуқуқҳои насли дуюм номида шуда буданд. Вале вақтҳои охир мутахассисони соҳаи байналмилалӣ бештар дар он бора сухан мекунанд, ки ин ҳуқуқҳо асосӣ ва муҳиманд ва на танҳо сифати зиндагӣ, балки худи ҳаёт низ аз онҳо вобастааст. Ва беш аз ҳама ба ҳуқуқи таҳсил ва ёрии тиббӣ миёни ҳуқуқҳои насли якум вохӯрдан мумкин аст.

Айни замон бештар аз 140 давлат иштирокдорони Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон мебошанд, ки амалӣ гардонидани ҳамаи чораҳои зарурии марбут ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро бар дӯш гирифтаанд. Ин давлатҳо ба қонунгузории дохилии худ меъёрҳоеро ворид намудаанд, ки дар асноди байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон ифода ёфтаанд ва ҳаққи шаҳрвандони худро бобати ба мақомоти байналмилалӣ муроҷиат намудан дар сурати поймол кардани ҳуқуқҳояшон эътироф намудаанд.

Эъломияи умумӣ барои таҳия ва қабули чунин ҳуҷҷатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ, ба монанди Конвенсия дар бораи барҳамдиҳии ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ; Конвенсия дар бораи барҳамдиҳии ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон; Конвенсия муқобили шиканҷа ва дигар намудҳои ҷазо ва муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну эътибор; Конвенсия дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо; Конвенсия дар бораи пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он ва дигар ҳуҷҷатҳо аҳамияти муҳим дошт.

Дар асоси ин ҳуҷҷатҳо кумитаҳои байналмилалие таъсис ёфтаанд, ки дар кишварҳои иштирокдор ба назорати риояи ҳуқуқи инсон машғул мебошанд.

Дастовари бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчунин 20-уми ноябри соли 1989 дар асоси Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак мебошад. Айни ҳол теъдоди кишварҳои иштирокгари конвенсияи мазкур қариб ба 200 адад расидааст. Ин маънои онро дорад, ки имрӯз дар кулли ҷаҳон бо ин Конвенсия ҳуқуқҳои зиёда аз 95 фоизи кӯдакон ҳимоя мегарданд.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои инсон, ки дар Эъломия баён гардидаанд, пеш аз ҳама, дар қонуни асосии давлат – Конститутсияи Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд. Боби дуюми Конститутсия «Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд» ном дошта, дар он ҳамаи ҳуқуқу озодиҳое, ки дар ҳуқуқи байналмилалӣ дарҷ гардидаанд, инъикос ёфтаанд. Ин гувоҳи он аст, ки давлат бо қатъият мақсад дорад низоми ҳуқуқиро тавре созад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон замонат дода шаванд.

Шаккокиҳои зиёде ба гӯш мерасанд, ки ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон фақат дар коғаз навишта шудааст ва давлат дар таъмини онҳо чандон муваззаф нест. Ба ин чиз баҳс кардан нашояд, лекин нодида набояд гирифт, ки тағйири авзоъ аз ҳар яки мо вобастааст.

Суоле ба миён меояд, ки ҳуқуқи инсон чист? Ин муносибати инсон ва давлат дар шахси намояндагони вай аст. Ин муносибатест, ки ҳангоми муроҷиати инсон ба корманди қатории милитсия, хизматчии давлатӣ, вакили мақомоти намояндагӣ ва ҳоказо намоён мешавад. Вақте ки ҳамаи намояндагони давлат ҳар яки ин гуна муроҷиатҳоро аз нуқтаи назари эҳтиром нисбат ба ҳаққи инсон баррасӣ менамоянд, ҳуқуқ дар кишвари мо хусусияти номаълумӣ ва номуайянии худро аз даст дода, ба худ симои инсонӣ мегирад ва мушаххас мегардад. Шаъну эътибор ва ҳаққи инсонро эҳтиром накарда, вайро эҳтиром кардан нашояд. Сухан на дар хусуси донистани қонунҳо, балки дар бораи омодагии риоя кардани онҳо меравад.

Ҳолатҳое ҷой доранд, ки аз сабаби паст будани фарҳанги ҳуқуқӣ шаҳрвандон ҳатто қонунро дониста, тайёр нестанд дар чаҳорчӯбаи талаботи қонун зиндагӣ кунанд. Ҳамчунин ҳолатҳое низ вуҷуд доранд, ки одамон ҳуқуқро намедонанд ва ин ба поймол кардани қонунҳо ё ҳимоя карда натавонистани онҳо оварда мерасонад. Аммо агар дар маҷмуъ назар афканем, эҳсос кардан мумкин аст, ки сатҳи маърифати сиёсию ҳуқуқии мардуми мо боло рафта истодааст.

Ҳамин тавр, дониши кофии ҳуқуқӣ ба инсон имкон медиҳад, ки на танҳо ҳаққи худро ҳимоя намояд, балки ҳуқуқи дигар ашхосро низ поймол насозад. Лозим меояд ҳанӯз дар хурдсолӣ аносири таҳсилоти ҳуқуқиро дар барномаҳои таълиму тарбияи кӯдакон ворид намуд, то он ки аз ҳамон вақт сар карда, бифаҳманд, ки ҳуқуқи инсон арзиши ҷудонопазир мебошад ва ҳама гуна ҷомеаи мутамаддин бидуни онҳо ҳеҷ қимате надорад.

Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон дар шароити Истиқлолияти давлатӣ барои шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муқаддасоти давлатӣ аз диди тоза назар андохта, беҳтарин арзишҳо, ормонҳо ва ченакҳоеро муайян кардааст, ки метавонанд манфиатҳои имрӯзу фардои миллату давлатро дилпурона ҳифз намоянд. Шинохти инсон ҳамчун арзиши олӣ дар анъанаҳои афкори ҳуқуқии мардуми мо ҷойгоҳи сазовор касб намуда, дар низоми ҳуқуқӣ неку ба таври арзанда инъикос ёфтаанд.

Инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар Тоҷикистон арзиши олӣ эълон шуда, (моддаи 5 Конститутсия) шинохти тамоми арзишҳои дигарро дар доираи манфиат ва манзалати он имконпазир мегардонад. Ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда наметавонад. Ҳама чиз дар давлат ва ҷомеа барои қонеъ гардонидани талаботи инсон равона шудааст. Касе, мақомоте ва ё санади меъёрии ҳуқуқие ба хотири ягон манфиат наметавонад ҳуқуқу озодии инсонро маҳдуд ё поймол намояд, зеро Қонуни асосии кишвар инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро дар маркази арзишҳо қарор дода, онро аз дигар муносибат ва падидаҳо болотар гузошта, масъулияти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба зиммаи мақомоти давлатӣ вогузор намудааст.

Бояд қайд намуд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин мегарданд.

Дар  Конститутсия пешбинӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон мазмуни онро дорад, ки онҳо ӯҳдадории ҳуқуқии шахсони мансабдор ва ҳамаи кормандони мақомоти давлатиро муқаррар мекунанд ва ҳамаи шахсони мансабдор ва мақомоти давлатӣ вазифадоранд риояи ин ҳуқуқу озодиҳоро таъмин намоянд. Меъёрҳои Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ доранд ва онҳо бевосита мустақиман амал мекунанд. Шахс ва шаҳрванд Конститутсияро ба роҳбарӣ гирифта, метавонад ҳуқуқу озодиҳои худро амалӣ намояд ё дар ҳолати вайрон кардани онҳо ба меъёрҳои Конститутсия такя намуда, онҳоро ҳифз кунад.

Дар ин радиф, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахусти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.04.2020 барҳақ қайд намудаанд, ки “татбиқи бевоситаи меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо, ҳифзи асосҳои конститутсионӣ, тамомияти арзии Тоҷикистон, таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум меҳвари асосии сиёсати давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.”

Аз ин ҷост, ки ба рӯзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷ гузошта, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 10 декабр рӯзи ҳуқуқи инсон эълом гаштааст ва ҳар сол мутантан ҷашн гирифта мешавад.

Холиқзода Усмоналӣ,

прокурори калони Раёсати назорати умумии

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь