Ба боғи “Кӯли ҷавонон” кай ки нараваед, пури одам аст. Ин ҷо рӯзҳои якшанбе рафтуокунандагон садчанд меафзоянд. Wi-Fi-и бепулаки Megafon.TJ қадами ҷавонони бекорро ба худ оҳанрабо барин ҷазб мекунад. Ҳамакнун, нимкатҳои боғ беодам нестанд. Барои ҷавонон боз як василаи вақтгузаронӣ пайдо шуд-дия! Хайр, ин дарди бахайр аст. Алҳол қариб ҳама ҷойҳо Wi-Fi доранд, мо дар ин бобат ист намекунем. Ин карат эродгирии мо ба «компания»-и ҷӯгиёни “Кӯли ҷавонон” нигаронида шудааст.
Як ҷуфти ба ҳам муносиб “дастибадаст” қадам партофа меомаданд, ки тифоқо як духтараки ҷӯгӣ (номашро шартан Шилқинак мемонем) пеши роҳи онҳоро гирифта, ба “ҳамла” гузашт. Маъшуқаи ҷавон аз Шилқинак тарсида, аз чангаки вай гурехт. Бача дӯғ зад, ки аз пеши онҳо дур равад. Эҳа, шумо дидаед, ки ягон лӯлӣ аз сайдаш осонакак рӯ тофта бошад. Шилқинак ҳамоно онҳоро таъқиб карду “1 сомонак диҳед” гӯён, ба ҷону ҳолашон нагузошт. Куртаи духтарро палмосид, дасташро қапид…
Бача ноилоҷ аз ҷайбаш тангаҳо бароварда доду аз чанголи Шилқинак раҳо шуд.
Ногоҳ садои хандаи ҷавоне баланд шуд. Дар як харак ҷуфте чақ-чақ карда менишастанд. Шилқинак, аз афташ, “луқма”-и нав ёфт. “1 сомон бите” гӯён, суҳбати “дилдодагон”-ро вайрон кард. Айёрона пойҳои бачаро молиш дод, гӯё навозиш карда истода бошад. Ҷавон шӯх будааст, ба Шилқинак таҳдид накард, ҳамсуҳбаташро нишон дода, “арӯси акам бгу, пул метиюм” гуфт. Шилқинак ончунон гапи “заказ”-шударо хушрӯ гуфт, ки “фармоишгар” ҳама тангаҳояшро инъом карду монд. Ҳарду хандиданд.
Нигоҳи Шилқинак ба тӯдаи одамон афтод, ки нав ба боғ меомаданд. Вай ба сӯйи дарвоза давид.
Ман ва як ошноям ба харак нишаста, аз Wi-Fi-и босуръат фоида мебурдему ҳамзамон, ба корҳои Шилқинак синча мекардем. “Ман ҳайрон, онҳоро бин, чӣ хел то як корро ба сомон нарасонанд, ё аз як кас муроди худро ҳосил накунанд, даст намеафшонанд. Дар як кор истодагариашонро намегӯӣ!”,- гуфт ҷӯраам. Муаллифи ин сатрҳо низ андешид, ки агар мо низ чун онҳо қобилияти дар ягон кор истодагарӣ медоштем, олам гулистон мешуд. Аз як ҷиҳат, мо донишҷӯёни тиҳикиса хурсанд будем, ки Шилқинак моро ҳам безор накард. Ҳамин хел, ба телефонҳои худ андармон будем, ки гапҳои ҷӯгидухтаре ҳушамонро ба худ кашид: “1 сомонак битиен, ба бахт шавен, арӯсҳои хушрӯ кнен”. Дӯстам лабханд карда, гуфт, ки «мо ҳам студент, кӯмаки одамонро интизор шуда шиштем». Ҷӯгидухтар ба мо чаққа нашуд, фаҳмид, ки аз мо ягон фоидае нест.
Ба пиндори мо, дар боғ барин ҷойи фарҳангиву фароғатӣ муомилаи номувофиқи ҷӯгиён бо равуокунандагон манзараи қубҳеро мемонад. Бас будагист наззораи чунин манзараҳо! Чӣ мешуд, агар маъмурияти боғ нисбат ба “монополия” кардани ҷойҳои серодам (дар мисоли боғ) аз ҷониби ҷӯгиён мамониат нишон медоданд?
Агар хориҷиён ба чунин шилқинии ҷӯгиён мувоҷеҳ шуда монанд, дар бораи мо чӣ мегуфта бошанд?
Ин пешниҳоди моро шоёни дастгирӣ медонед, ё не!?
Файзуллохон ОБИДОВ
Бехтарин бародар инро мон як рӯз ман як хориҷиро ба саёҳат ба шаҳр баровардам инамин хел шилқинақҳо сари роҳамонро гирифтан ва он хориҷӣ ноилоҷ чанд танга аз ҷайбаш бароварда ба онҳо дод ман дар назди он хориҷӣ шарманда будам ин гуна шилқинақҳо маданият ва фарҳанги халқи Точикро паст мекунанд….
хм бародар бо як ё ду сомон ту пулдор мешави хеч гап нест хеч кас бе ягон мушкили пеши ягон кас сар хам намекунад дар чомеае ки мо зиндаги мекунем хама бой нестанд. Хама баробари рискаш пайдо мекунад ту пул надихи боке нест пеши рохи дигархоро нагир….