Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Юсуф Раҳмон
«Бо дарназардошти он ки адолати судӣ яке аз воситаҳои асосӣ ва боэътимоди ҳалли баҳсҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, судяҳо вазифадоранд, ки фаъолияти худро танҳо дар асоси Конститутсия ва қонунҳо ба роҳ монанд».
Эмомалӣ Раҳмон
Баъди тамошои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судии кишвар эътимоду бовариам ба давлат ва Ҳукумати мамлакат боз ҳам афзуд ва зарур донистам, ки дар бораи беадолативу қонуншиканиҳо дар ҳошияи як баҳси судӣ ба Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса ба роҳбари адолатпеша ва ҳақталош, инсони фозилу дастгири ҷабрдидагон муҳтарам Юсуф Раҳмон Аҳмадзод тавассути ҳафтаномаи «Фараж» муроҷиат намоям, то дар ҳалли баҳси мазкур аз рўи волоияти қонуну эҳтиром ба давлат ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд.
Чуноне Пешвои муаззами миллат изҳор доштанд, воқеан ҳам ҳокимияти судӣ риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро кафолат дода, фаъолияти он ба таъмин намудани қонуният ва адолати иҷтимоӣ равона шудааст.
Онҳо вазифадоранд, ки ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақилу беғараз бошанд ва қарорҳои судиро танҳо дар доираи талаботи қонун қабул намоянд.
Мусаллам аст, ки санадҳои судӣ аз номи давлат бароварда мешаванд ва онҳо бояд ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқат намуда, барои барқарор гардидани адолати иҷтимоӣ равона карда шаванд.
Президенти мамлакат дуруст таъкид намуданд, ки «бо вуҷуди тадриҷан беҳтар гардидани кори судҳо дар фаъолияти онҳо ҳанӯз камбудиву норасоиҳо, аз ҷумла риоя нагардидани муҳлати баррасии парвандаҳо, сари вақт ба тарафҳо насупоридани санадҳои судӣ, бекоршавии санадҳои судӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба шаҳрвандон ба назар мерасанд.
Баъзе судяҳо дар вақти баррасии парвандаҳо беаҳаммиятӣ зоҳир намуда, ба далелҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ намедиҳанд ва ҳолатҳои барои парванда аҳаммиятдоштаро ҳаматарафа намесанҷанд.
Чунин тарзи муносибат боиси татбиқи нодурусти қонунҳо, қабули санадҳои ғайриқонунӣ ва дар ниҳоят, бекор шудани қарорҳои қабулкардаи онҳо мегардад».
Ҳақ аст ин суханони Пешвои одилу ҳақпарвари миллати мо!
Ман Муҳаммадрустам Наимов, сокини шаҳри Исфара мебошам. Дар даврае, ки ман ва аҳли оилаам дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Хабаровски Федератсияи Русия қарор доштем, сокини шаҳри Исфара Абдумумин Наимов, ки хешутаборӣ дорем, аз вазъияти набуданамон истифода бурда, ду адад қуфлҳои дарвозаи манзили истиқоматиамро қасдан шикаста, ғайриқонунӣ ва бидуни иҷозати ман ворид гардида, бо дастгирии судяҳои «ҳимоятгар» – аш ва бо сохтакории ҳуҷҷатҳо тибқи ҳалномаи Суди шаҳри Исфара аз 14-уми декабри соли 2023 ва қарори коллегияи кассатсионии Суди вилояти Суғд аз 14-уми майи соли 2024 онро азони худ мекунад.
Дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ талаботи моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қасдан нобуд кардани амволи шахсӣ), моддаи 147 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғайриқонунӣ ворид шудан ба манзили истиқоматӣ) дағалона вайрон карда шудааст.
Маълум менамоям, ки тибқи шартнома аз 20-уми апрели соли 2005 падарам Наимов Кучанг ва модарам Ҳадисахон Наимова ба ман ҳавлии истиқоматиро ҳадя намудаанд. Шартномаи ҳадя дар Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» – и шаҳри Исфара аз 21-уми апрели соли 2005 расман ба қайд гирифта шудааст. Аммо баъди гузаштани наздик 20 сол шахси мансабдори ин корхона муҳри он замон гузоштаи роҳбарияти корхонаро рад намуда, бо роҳи сохтакорӣ ва ғараз амал намуда истодааст.
Ҳол он, ки дар шартномаи ҳадя муҳри шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара аз 21-уми апрели соли 2005, №187 гузошта шуда, ин муҳру қайди ҳуҷҷатро шуъбаи мазкур бо мактуби худ аз 28-уми майи соли 2024, №139 тасдиқ намудааст.
Чи гуна метавон арзёбӣ кард ин амалро? Магар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Исфара дурўғ ҳуҷҷат пешниҳод менамояд? Албатта, не!
Вале ба кадом сабаб Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» – и шаҳри Исфара сохтакории ҳуҷҷатро амалӣ кардааст, Худованд медонаду виҷдони ин ашхос.
Бар замми ин судяи суди шаҳри Исфара Н. Бобоҷонзода ба ҳуҷҷати сохтакоришуда, қалбакӣ ва бардуруғи пешниҳод намуда, яктарафа ва беасос баҳои ҳуқуқӣ дода, онро бе экспертизаи хатшиносӣ, бе пурсиши намояндаи корхонаи бақайдгирии молу мулк, шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара саҳеҳу боэътимод ҳисобидааст.
Оё ин рафтор ба шаъни ҳимоятгари қонун, ки дидаву дониста моддаи 13 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст, мезебад?
Ҳамзамон, суди мазкур талаботи моддаи 47 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ риоя накардааст, яъне ба баррасии парванда намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, прокуратураи шаҳр расман хабардор ва даъват карда нашудаанд ва он беиштироки ин мақомоти салоҳиятдор гузаштааст. Ин гуфтаро мактуби прокурори шаҳри Исфара аз 15 феврали соли 2024, №26/52ш-24 тасдиқ менамояд.
Дар банди 2, моддаи 353 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, ки «Ҳалномаи суди марҳилаи якум новобаста ба далелҳои шикоят ва эътирози кассатсионӣ дар ҳолатҳои зерин бояд бекор карда шавад, агар:
-парвандаро суд бо ҳайати ғайриқонунӣ баррасӣ карда бошад;
-парвандаро суд ҳангоми ҳозир набудани яке аз шахсони иштирокчии парванда, ки оид ба вақт ва маҳалли гузаронидани маҷлиси судӣ огоҳ карда нашудааст, баррасӣ карда бошад;
-суд масъаларо оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсоне ҳал карда бошад, ки барои иштирок ба муҳокимаи парванда ҷалб нашудаанд».
Мутаассифона, ин банди Кодекси мазкур низ аз тарафи суд умуман риоя нагардидааст.
Бо тақдири инсон магар ин гуна муносибатро раво дидан магар аз рўи адолат аст?
Чунин масъалаҳои печдарпеч, гумроҳкунанда ва сохтакориҳо дар ин самт хеле зиёданд. Аз ин рў, баъзе ваҷҳҳои муҳими ин қазияро пешниҳод менамоям, ки сафедиро аз сиёҳӣ, адолатро аз хиёнат, қонуниятро аз худбинӣ ҷудо месозанд ва ба роҳи адолату ростӣ раҳнамун месозанд:
– Соҳибмулки манзил худи ман мебошам ва то имрўз шартномаи ҳадяи манзили истиқоматӣ аз 20-уми апрели соли 2005, ки ба номи ман ба расмият дароварда шудааст, бекор карда нашудааст;
– Мувофиқи қарори марҳалаи кассатсионии коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Суғд аз 27-уми июли соли 2023 холисона бармеояд, ки соҳибмулки манзили истиқоматӣ ман, яъне Наимов Муҳаммадрустам мебошам;
– Кучанг Наимов шурўъ аз соли 2005 ба манзили истиқоматӣ ягон алоқамандӣ надорад, зеро манзили истиқоматиро он замон ба фарзандаш ҳадя намудааст. Пас чаро Суди шаҳри Исфара номбурдаро ҷавобгар ҳисобидааст?;
– Соҳибмулки манзили истиқоматӣ, яъне маро беасос ҳамҷавобгар ҳисобидаанд, ки нодуруст аст;
– Прокурор дар баррасии парванда иштирок накардааст, аммо қонунгузорӣ иштироки прокурорро ҳатмӣ арзёбӣ намудааст;
– Шикояти кассатсионии шахсони мурофиавӣ дар мурофиаи судии касатсионии Суди вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода нашуда, то имрўз қарори қонунӣ қабул нагардидааст;
– Ҳалномаи судии дар соли 1998 қабул гардида то имрўз қувваи олии ҳуқуқӣ дорад, зеро он аз номи давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Мутобиқи моддаи 64-и Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалномаи судии қувваи қонунӣ гирифта таҳти баҳс қарор дода намешавад;
– Ҷавобгар Наимов Кучанг дар мурофиаҳои судӣ тамоман иштирок накардааст ва боре ҳам пурсида нашудааст;
– Ҳуқуқ ва манфиатҳои ман, ҳамчун соҳибмулки манзили истиқоматӣ, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, аз Ҷониби Суди шаҳри Исфара ва Суди вилояти Суғд ба эътибор гирифта нашуда, дағалона поймол гардидааст ва ваҷҳҳои дигар, ки зарурати дарҷи онҳо нест.
Чуноне, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ҷомеаи имрӯза аз ҳар як корманди мақомоти давлатӣ, бахусус, аз судҳо ва кормандони судҳо риояву иҷрои ҳатмии қонунҳо, маърифату дониш ва сатҳи баланди касбият, инчунин, одобу ахлоқи намунавӣ, беғаразӣ ва поквиҷдониро талаб менамояд.
Воқеан ҳам бояд судяҳо ҳангоми иҷрои вазифа дар ҳама ҳолат ба савганди худ содиқ бошанд, шаъну шарафи судягиро нигоҳ доранд, ваколатҳояшонро бо масъулияти баланд анҷом диҳанд ва ба халқ содиқонаву беғаразона хизмат кунанд.
Пешвои муаззами миллат дуруст зикр доштанд, ки баъзе судяҳо дар вақти баррасии парвандаҳо беаҳаммиятӣ зоҳир намуда, ба далелҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ намедиҳанд ва ҳолатҳои барои парванда аҳаммиятдоштаро ҳаматарафа намесанҷанд.
Чунин тарзи муносибат боиси татбиқи нодурусти қонунҳо, қабули санадҳои ғайриқонунӣ ва дар ниҳоят, бекор шудани қарорҳои қабулкардаи онҳо мегардад.
Дарднок ва боиси ҳайрату таассуф аст, ки ин кирдор, яъне ғасби манзили истиқоматиам дар вақти муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанам аз ҷониби ашхоси бегона неву аз тарафи шахси бароям азиз бобоям Абдумумин Наимов, ки 71 сола мебошанд ва бо дастгирии иддае аз ғаразмандону «ҳомӣ»-ёни ҳуқуқу адолат ба амал омадааст. Шояд ашхосе бобоямро гумроҳ карда бошанд?
Аз ин рў, ман ба хотири таъмини адолат ва ҳақиқат аз Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Юсуф Раҳмон Аҳмадзод хоҳиш менамоям, то ки нисбат ба ҳалномаи Суди шаҳри Исфара аз 14-уми декабри соли 2023 ва қарори коллегияи кассатсионии Суди вилояти Суғд аз 14-уми майи соли 2024 дар партави дастуру раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда чораҳои амиқи қонунӣ андешанд.
Ҳамзамон, аз Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон хоҳиш менамоям, ки масъалаи мазкурро мавриди таҳқиқу баррасии холисона қарор диҳад.
Бо эҳтиром,
Муҳаммадрустам НАИМОВ,
сокини шаҳри Исфара, кўчаи 8-март, №66