Субҳи барвақти як рӯзи баҳорӣ бо баҳонаи сафар чашмҳоро боз кардем. Табиист, ки табъ болида. Зеро баъди чанд муддати кору бори пурғавғои шаҳр боз имкони истироҳат дар табиат пайдо шуд. Бо аҳли гурӯҳ дар ду мошин пешу қафо ба роҳ баромадем. Роҳ ба сӯи як мавзеъи куҳӣ.
Мувофиқи табъ ронандаҳо низ одамони ғайриодӣ буданд. Як лаҳза ором намегирифтанд ва ҳамсӯҳбатони хуб низ буданд. Роҳи мо сӯйи кӯҳи намаки Хоҷа Мӯъмин буд, ки дар ноҳияи Восеъ воқеъ аст. Яке аз дӯстон чун огоҳ шуд, ки мо сӯйи Хоҷа Мӯъмин равонем, даъват кард, ки як сари қадам ба хонаашон меҳмон шавем, ки дар Кӯлоб буд. Мо ҳам таклифро рад накарда, ба меҳмонӣ рафтему шӯрбои гуштҳояш ҳил-ҳил пухта ва анвои хушлаззати дастархонро бо иштиҳои том ба шикам ҷо кардем, зеро моро дар пеш роҳи пурпечутоби куҳӣ интизор буд. Аз он ҷо баромадему сӯи кӯҳ роҳ гирифтем.
Яке аз ҳамраҳонамон 13 сол пеш ба онҷо рафта будааст, вале роҳро он қадар хуб дар хотир надошт. Ягон нафари мо бошад боре ҳам он ҷо нарафта будем ва ҳатто ронандаҳо. Аз ин сабаб, аз рӯи тахминҳо пеш рафтан гирифтем. Роҳ хеле аҷоиб буд: роҳи хокии баъзе ҷойҳояш ба қадри ду чархи мошин кафида, чангу ғубори хафакунанда, вале табиати ҷаззобу нотакрор, рамаи чорво, аспу хару бузу гӯсфандон ва сангпушти миёни роҳ ғелида.
Қисмати машаққатноки роҳ дар қафо монд, вале мерафтему мерафтем, ба манзил намерасидем. Дар роҳ танаффус кардем, дар дуроҳа мондем, ки давоми роҳро равем ва ё баргардем. Таваккал кардему пеш рафтан гирифтем ва ногоҳ ба мақсуд расидем. Ураааа. Мо кӯҳҳои сафедро дидем. Чӣ қадар зебо. Танҳо як хатак кӯҳро аз ҳам ҷудо кардааст, ки дар ду қисмат ду манзараи аз ҳам тамоман фарқкунанда. Як тараф кӯҳҳои сап-сафед ва тарафи дигар манзараи сабзу хуррам, боло осмони мусаффо. Аз тамошо чашмҳо сер намешуданд.
Ба гуфти яке аз ҳамсафаронамон дар поён ғор будааст ва метавонем дохили он дароем. Тибқи ривоятҳо дар онҷо нафас кашидан барои саломатӣ хеле фоиданок будааст. Баъди интихоби ҷои хубе барои нишастан баъзе ҳамраҳонамонро, ки хоҳиши рафтан надоштанд, гузошта, роҳ сӯйи ғор гирифтем. Дохили ғор тамоман аз берун фарқ мекард. Ҳаво рутубатнок буд ва аз куҷое садои об меомад. Он ҷӯяки хурде дар зери ғор будааст. Ба зарфи пластмассавӣ “шифоӣ” гуфта об гирифтем. Лекин об хеле шӯр буд. То охири ғори намак даромадем, ки аз он ҷо ғор шакли кӯзаро ба ёд меовард. Хулоса, ғор ва гирду атрофашро сайр кардем ва пасон ба ҷои интихобиамон барои истироҳат баргаштем. Болои сабзаҳо қолин партофтему хӯрданиҳоро аз халтаҳои сафарӣ берун кардем ва ба гуфти мардум “пикникча” ташкил кардем. Бачаҳо аз куҷое ҳезум ёфта оташ гиронданд ва кабоби ҳасибчагӣ омода карданд. Болои сабза нишаста табиати ҷаззобро тамошо кардан, баъди тановули таом чойи кабуди дар оташ ҷӯшонидашуда нӯшидан бас ҳаловатбахш буд.
Лекин як чизро бояд қайд кард, ки роҳ каме машаққат мехоҳад. Агар азми ба он ҷо сафар кардан кунед, бо мошини андаке пурқувват ва ронандаи пуртаҷриба ба роҳ бароед.
Дар роҳ бо худ фикр кардам, ки чаро то имрӯз боре дар бораи ин мавзеъ намедонистам ва таърифашро ҳам нашунида будам. Ин макон метавонад яке аз маконҳои туристии хориҷиён низ бошад. Вале ман, ки сокини Тоҷикистонам, дар ин бора то имрӯз чизе намедонистам, бечора хориҷиҳо аз куҷо ҳам медонистанд. Сабаб чист?!
Шояд сабаб дар набудани тарғибот ва реклама бошад? Ё маблағгузорӣ ва табдили ин макон ба мавзеъи туристӣ. Дар Тоҷикистон ин гуна мавзеъҳо кам нестанд. Хориҷиён, ки хаста аз шаҳру аз муҳити пурғавғои шаҳр ва биноҳои баландошёнаи замонавӣ шудаанд, аз ин гуна манзараҳо ҳаловат мебаранд. Ҳатто ба ноҳамвории роҳаш низ метавон аҳамият надод.
Ман бовар дорам, ки агар таблиғоти маконҳои туристӣ дар Тоҷикистон ба роҳ монда шавад, кишвари мо ба яке аз мамлакатҳои аз ҷиҳати туризм пешрафта табдил меёбад. Чӣ гуфтед?
Шоираи Қудрат, донишҷӯ