16 рӯзи муборизаи фаъолона алайҳи хушунати гендерӣ!” Таҳти чунин унвон ҳамасола дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон маъракаи дастҷамъона баргузор мегардад, ки ҳадафи аслии он барҳам додани хушунат нисбат ба занону духтарон аст. Ин маъракаи иттилоотӣ 25 ноябр, яъне аз Рӯзи байналмилалии мубориза барои барҳам додани зӯроварӣ нисбат ба занон оғоз шуда, 16 рӯз давом мекунад ва 10 декабр – Рӯзи ҳуқуқи инсон ба анҷом мерасад. Ин ишора ба он аст, ки зӯроварӣ нисбат ба занон аз ҳама паҳншудатарин ҳуқуқпоймолкунии инсон дар саросари олам аст.

Бояд гуфт, ки маъракаи мазкур соли 1991 аз ҷониби фаъолони якумин Донишгоҳи глобалии занони сарвар таъсис ёфтааст ва он ба сифати стратегияи ташкилӣ истифода шуда, шахсони алоҳида ва созмонҳоро барои ҳарчи зудтар пешгирӣ ва барҳам додани зӯроварӣ алайҳи занон даъват месозад.

Барои дастгирии ин ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ бо сарварии Котиби генералии СММ Антонио Гуттериш ташаббуси ӯ таҳти унвони “Дастҷамъона то соли 2030 хушунат нисбат ба занонро барҳам медиҳем”  мардуми олам ва созмонҳоро барои фаъолияти густурдатар баҳри пешгирӣ ва решакан намудани хушунат алайҳи занон даъват месозад, то ки дар ин раванд сатҳи огоҳии мардумро баланд бардоранд, фаъолиятҳои тарғиботиро бештар созанд, донишу таҷриба ва навгониҳоро дар ин самт бо ҳамдигар табодул намоянд, зеро бояд ба таври ҳамешагӣ ба поймолкунии ҳуқуқи занону духтарон ва зӯроварӣ нисбати онҳо нуқта гузошта шавад.

Маъракаи “Дастҷамъона” аз соли 2008 инҷониб амалӣ шуда, ташаббусҳои чандинсолаи тарғиботиро, ки оид ба пешгирӣ ва барҳам додани хушунат нисбат ба занон ва духтарон дар саросари олам равона шудааст, муаррифӣ месозад. Он ҳукуматҳо, ҷомеаҳои шаҳрвандӣ, созмонҳои занон ва ҷавонон, бахши хусусӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҳама бахшҳои СММ-ро даъват месозад, ки барои барҳам додани хушунат алайҳи занон ва духтарон муттаҳид бошанд.

Дар соли 2023 мавзуи маъракаи “Дастҷамъона” таҳти унвони “Барои пешгирии хушунат алайҳи занон ва духтарон маблағгузорӣ намоед!” амалӣ мегардад. Бояд гуфт, ки маблағгузорӣ ба ин раванд муҳим буда, маҳз ин амал сифати муборизаро баҳри пешгирӣ ва барҳам додани хушунат нисбат ба занону духтарон беҳтар месозад.

Бояд таъкид намуд, ки хушунат алайҳи занону духтарон яке аз паҳншудатарин шакли поймолшавии ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон аст.

Новобаста аз он ки бештари кишварҳои ҷаҳон қонунҳои махсусро оид ба ин масъалаи доғ қабул намудаанд, вале ҳанӯз ҳам он аз масоили умдаи ҷомеаҳо боқӣ мондааст.

Ин ҷо мехоҳем ба хотири осону фаҳмотар шудан, дар бораи мафҳуми зӯроварӣ ё хушунати гендерӣ ҳарф занем. Аслан, истилоҳи “гендер” ба фарқияти иҷтимоии зану мард мансуб аст. Ин фарқият на танҳо ба гуногун будани ҷинси биологӣ далолат мекунад, балки нақши зану мардро дар иҷтимоъ, сифату маҳорату малакаву фаъолиятҳои онҳоро дар пешбурди ҳаёт ва ҷомеа ба инобат мегирад ва инъикос менамояд.

Хушунати гендерӣ намуди зӯровариест, ки ҳангоми истифодаи ҳуқуқҳо ва озодиҳо, дар асоси баробарии занону мардон ба таври ҷиддӣ озодӣ ва имкониятҳои занон маҳдуд карда мешаванд. Дар ин замина зуроварии равониву ҷисмонӣ ва шаҳвонӣ расонида шуда, ҳатто хатари ҳодисаҳои аз фаъолиятҳои иҷтимоӣ маҳрум шудан ё ба марг маҳкум шудан пеш меояд.

Тибқи омор, айни замон дар ҷаҳон 736 миллион зан, яъне тақрибан аз се як нафар аз тарафи шарики худ ва ё шахси бегона ба хушунат гирифтор шудааст. Дараҷаи хушунат нисбат ба занон ҳатто дар ҷойи кор ва дар фазои иттилоотӣ (шабакавӣ) низ вусъат пайдо кардааст. Таҳқиқотҳои глобалӣ нишон медиҳанд, ки 38 дарсади занон шахсан ба хушунат тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ гирифтор шудаанд ва 85 дарсад занон, ки вақташонро асосан дар интернет мегузаронанд, шоҳиди зӯроварӣ нисбат ба дигар занон гаштаанд. Ин таҳқиқот ҳамчунин муайян намудааст, ки дар соли 2020, 44 фоизи занон, ки коргарони муассисони технологияҳои муосиранд, ба ин ё он шакли таъқиб дар ҷойи кор, аз ҷумла 41 дарсад занон ба таъқиби ҷинсӣ дучор омадаанд.

Ба ғайр аз ин, дар замони пандемияи Ковид-19 дар натиҷаи низоъҳои мухталиф ва тағйирёбии иқлим вазъи хушунат нисбат ба занону духтарон боз ҳам душвортар гардида, он бештар доман андохтааст ва хатарҳои дигарро ба миён овардааст. Иқтисодиёти ноустувор, масрафи воситаҳо барои зист ва маҳдуд будани ҳифзи иҷтимоӣ занону духтаронро нисбат ба хушунат бештар осебпазир гардонидааст.

Тибқи пурсиши гендерӣ дар мавриди таъсири Ковид-19 оид ба хушунат нисбат ба занон, ки бахши занони СММ дар 13 кишвар гузаронидааст, маълум шуд, ки 45 фоизи занон изҳор намудаанд, ки онҳо ва ё занони шиносашон аз аввали пандемия ҳатман ба ин ё он намуди шакли хушунат гирифтор гаштаанд.

Бояд зикр намуд, ки хушунат новобаста аз он ки дар чӣ шакл аст, ба рушди ҷисмониву равонӣ ва беҳбуди вазъи зиндагонии занон дар ҳама марҳилаҳои ҳаёташон, аз ҷумла барои рушди касбиву иқтисодии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва барҳам додани он нисбати занон ва духтарон дар ин замони пурнизоъ аз ҳарвақта дида аҳамияти бештар касб намудааст.

Дар доираи маъракаи “Дастаҷамъона” аз созмонҳои ҳимояи ҳуқуқи занон, ҷомеаҳои шаҳрвандӣ, сохтори СММ, шарикони ҳукуматҳо, мактабу донишгоҳҳо, ширкатҳо ва ҳамчунин аз шахсони алоҳида даъват карда мешавад, ки чорабинӣ ва тадбирҳои мухталифи пешгириро рӯйи кор бигиранд ва пардохт намоянд, то ки ҳодисаҳои хушунат решакан карда шавад.

Беҳуда ранги норинҷӣ рамзи хушунат интихоб нагардидааст. Ҳамчун рамзи маъракаи «16 рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон» пазируфта шудани он нишонае аз рӯзгори пурнишот ва умедворӣ аз ҳаёти пуррангу равшан аст.

Имсол низ бо ин ранг Тоҷикистон ба ин маърака бо баргузор намудани чорабиниҳои васеъ баҳри баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва тағйир додани фаҳмиш оид ба зӯроварии гендерӣ нисбати занон ва духтарон ҳамроҳ шудааст.

Воқеан, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири рушди ҳаёти занон, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо, махсусан мубориза бо хушунати хонаводагӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи башар, Эъломияи Пекин ва Барномаи амали он, Конвенсияҳои СММ «Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон» ва Протоколи иловагии он, «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак», Қатъномаҳои Шӯрои бехатарии СММ оид ба ҳуқукҳои занон ва ғайраро ба тасвиб расонидааст. Ҳамчунин қабул ва амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» низ аз ин шуморанд.

Бояд зикр намуд, ки мушкилоти зӯроварӣ дар оила яке аз шаклҳои хушунат ва масъалаи мубрами ҷомеа мебошад. Мутаассифона, хушунати хонаводагӣ имрӯз ба масъалае табдил ёфтааст, ки қисме аз хонаводаҳоро фаро гирифтаву яке аз сабабҳои пошхӯрии оилаҳо гардидаааст. Аксаран ин зуҳурот аз ҷониби зану мард баробар сурат мегирад. Тавре омор нишон медиҳад, дар баъзе маврид хушунати хонаводагӣ ба худкушии одамон, бахусус ҷавонон оварда мерасонад.

Пас биёед, дастҷамъона ба хушунат нисбати занон хотима диҳем!

Ҳар як узви ҷомеа дар бартараф кардани зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон нақши муҳим мебозад ва ҳамаи мо бояд якҷоя дар тамоми бахшҳо барои ҳалли ҷанбаҳои гуногуни зӯроварӣ якҷоя амал кунем.

Бибихонум ДАРВЕШЗОДА,

рӯзноманигор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь