ДАР МУҲОКИМАИ ЛОИҲАИ ҚОНУНИ НАВ

Чанд рӯз пеш лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои ахбори омма”, ки Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар ҳамдастӣ бо Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пайи баррасӣ ва муҳокимааш будааст, дастрасам гардид. Новобаста аз он ки ташаббус аз кадом ҷониб сар задааст, иқдоми мазкур, яъне ба раванди қонунгузорӣ ҷалб шудани ҷомеаи шаҳрвандӣ амали сутуданист. Вақте сухан дар бораи лоиҳаи қонуне марбут ба фаъолияти ояндаи як ниҳоди муҳими иҷтимоии ҷомеа – Воситаҳои иттилооти омма (ВИО) меравад, таҳия, баррасӣ ва қабули он бояд бо иштироки намояндагони фаъоли ВИО сурат бигирад. Ҳамзамон гуфтанист, ки лоиҳаи чунин қонуне ба мисли “Дар бораи воситаҳои иттилооти омма”, бинобар ба фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ, қишрҳои аҳолӣ дахл доштани меъёрҳои он, боз ҳам беҳтар мебуд бо мақсади фаҳмидани афкори мардум, дархосту пешниҳоди мушаххаси истифодабарандагону истъмолгарони иттилоот дар расонаҳои хабарӣ интишор меёфт.

Тавре номи Лоиҳаи қонун ишора менамояд, ҳадаф аз муттаҳид кардани ду қонуни амалкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” (19 марти соли 2013) ва “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” (14 декабри соли 1996) ба як санади ҳуқуқии фарогири меъёрҳои муайянкунанда ва танзимгари фаъолияти ду самти муҳими соҳаи журналистика – матбуоти даврӣ ва радиову телевизион иборат аст.

Назари иҷмолӣ ба матни мавҷудаи Лоиҳаи қонуни мазкур ба қолаби муайян даромадани санад, заҳмати дастандаркорони Кумитаи соҳавии Порлумон ва ТҶ “Хома”-ро бозгӯ менамояд, вале ҳамзамон тағйиру илова, таҳриру такмили зиёд мехоҳад. Азбаски дар чаҳорчӯби як мақола зикри ҳама тағйиру иловаҳо имконнопазир аст, мо кӯшиш менамоем танҳо вобаста ба як моддаи он – “Мафҳумҳои асосӣ” ва номи қонун мулоҳиза ронем.

Дар Моддаи 1.  “Мафҳумҳои асосӣ” шарҳи 39 мафҳуми дар матни қонун истифодашаванда зикр гардидааст, ки аксари онҳо дар қонунҳои ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” ҷой доштанд.

Вале мутаассифона, шарҳи чанд мафҳуми муҳим, ки дар Қонун истифода мешаванд ва дар раванди фаъолият истифодаи онҳо дар баробари худи рӯзноманигорон барои истифодабарандагону истеъмолгарони иттилоот низ лозим меояд (масалан, ҳангоми мурофиаҳои эҳтимолии судӣ мавриди баҳс қарор мегиранд), ба мисли “абонент”, “блог”, “блогнавис (блогер)”, “воситаҳои иттилооти омма” “иттилоот”, “иттилооти оммавӣ”, “маҳсулоти аудиовизуалӣ”, “наворбардор” аз таваҷҷӯҳи муаллифон берун мондаанд.

Ҳоло ба тафсири ҳар кадоме аз ин мафҳумҳо банд нашуда, шакли дар адабиёти илмӣ роиҷ ва қобили қабули онҳоро меоварем:

абонент – шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки барномаҳои телевизион ва радиоро қабул мекунад;

– блог як намуд рӯзномаи шахсӣ аст, ки ҳар кас дар он метавонад фикру ақида ё мушоҳидаҳои шахсиашро нависад ва ё дар шакли видеову (видеоблог ё худ влог) садо (подкаст) ҷой диҳад. Маводи блог метавонад дар баробари матн акс, садо ва навор низ ҳамроҳ дошта бошад.

блогнавис (блогер) – шахсест, ки дар бораи воқеа, ҳодиса, рӯйдод назари инфиродиашро баён менамояд ва он на ба факт, балки ба ақида дар бораи ин факт такя мекунад. Блогнавис ба фарқ аз журналист бо идора ва ташкилоти воситаҳои иттилооти омма шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва ё дигар муносибатҳои шартномавӣ надорад.

– воситаҳои иттилооти омма – василаҳои паҳнкунии иттилоот (ахбор) барои омма – нашрияҳои даврии чопӣ, шабакаҳои телевизион ва радио, агентиҳои иттилоотӣ, сомонаҳои интернетӣ, кинохроникаҳо, барномаҳои аудио ва аудиовизуалӣ, ки фаъолияти рӯзноманигорон тавассути онҳо амалӣ мегардад;

иттилоот – маълумоти мушаххас дар бораи воқеа, ҳодиса, рӯйдод, падида ва равандҳо, ки сарчашмаи муайян доранд ва сарфи назар аз шакли пешниҳод коркард ва таҷдид мегардад;

 – иттилооти оммавӣ – ахбор ва маводи чопӣ, садоиву тасвирӣ дар бораи ашё, фактҳо, воқеаву ҳодисаҳо, раванд, фикру ақидаҳо, ки дорои хусусияти иҷтимоӣ буда, барои доираи номаҳдуди истеъмолгарон равона мегардад;

маҳсулоти аудиовизуалӣ – теъдоди муайяни барномаҳои сабти аудиоӣ ва видеоӣ, ки барои истифодабарандагон ва истеъмолгарони иттилоот пешбинӣ гардидааст; 

– наворбардор – корманди эҷодии телевизион ва кино, ки бо воситаи асбобҳои сабт сужа ва пораҳои барномаҳои телевизион ва филмҳои мустанадро ба навор мегирад.

Акнун чанд нуктаи муҳимро вобаста ба ибораҳои ифодагари василаҳои иттилоъпахшкунӣ, ки ба номи Қонун низ дахл дорад, ба баҳс кашиданием. Яъне “Воситаҳои ахбори омма (ВАО)” нависему бигӯем ё “Воситаҳои иттилооти омма (ВИО)”?

Ҳар ду калима (ахбор, иттилоот) чун шакли ҷамъи калимаҳои “хабар” ва “иттилоъ”, маънои хабар додан, баён намудан, огоҳ шудан, воқиф шуданро доранд ва дар мавриди баҳси мо таъиноти воситаҳоеро ифода менамоянд, ки бо мақсади барои омма (истеъмолгарон) ёфтан, таҳияву омода кардан ва пахш намудани ҳама гуна иттилооти чопӣ ва аудиовизуалӣ фаъолият доранд.

Ҳадаф ва хусусияти ҳамаи ин иттилоот танҳо аз хабар додан иборат набуда, балки инчунин таҳлил намудан, ба баррасии истеъмолгарон вогузоштан, андешаи онҳоро таҳрик додан ва ниҳоят онҳоро бовар кунонидан ё аз фикрашон гардонидан аст. Дарвоқеъ, ибораи “Воситаҳои ахбори омма” ба забони мо чун тарҷумаи барғалати “Средство масссовой информации”-и русӣ ворид гардид. Дар ибораи русӣ калимаи “информация” тибқи “Словарь русского языка” (Ожегов С.И) барандаи маънои «маълумот дар бораи муҳити фарогир ва равандҳои дар он ҷараёндошта» аст, на «маълумот, чизе ки хабар дода мешавад» (ахбор).

Тамоили ҷолиби поксозии забони миллиамон аз иллати тарҷумазадагӣ тақозо дорад, ки дар ҳолати вуҷуд надоштани калимаи аслии тоҷикӣ ё муродифи он, истилоҳот, яъне калимаю ибораҳои ифодагари мафҳумҳои соҳавӣ мувофиқи таъиноти аслиашон истифода гарданд. Дар ин ҷо имкон дорад даъвое низ пеш ояд, ки пас, чаро чун ҳамзабононамон ибораи «васоили иртиботи ҷамъӣ» ё “расонаҳои гурӯҳӣ”-ро истифода набарем?

Дар ҷавоб ба баҳс напардохта, мухтасар гуфтанием, ки ин ҳар ду ибора низ бинобар аслан бегона будани мавриди мазмун (объект) ба мисли “воситаҳои ахбори омма”-и мо тарҷума аз забони ғайр буда, таъиноти ВИО-ро дар худ намеғунҷонанд.

Модоме мо дар бораи Қонуни асосии соҳавӣ ва мафҳумҳои фарогири он сухан меронем, дурустӣ ва зарурати дар нисбати воситаи журналистика истифода бурдани ибораи «воситаҳои иттилооти омма”-ро номи қонунҳои соҳавии солҳои охир қабулшуда “Дар бораи иттилоотонӣ” (2001, 6 август), “Дар бораи иттилоот” (2002, 10 май), “Дар бораи ҳифзи итилоот” (2002, 2 декабр), “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” (2008, 18 июн) низ собит месозанд, ки  объектро на ҳамчун “ахбор”, балки “иттилоот” таъкид намудаанд.

Манфиати тағйир додани ин ибораи ифодагари василаи журналистика дар назария ва амалияи журналистика низ равшан аст. Калимаи “ахбор” чун маҷмӯи хабарҳо, яъне огоҳ намудан аз рӯйдоду навигариҳо ба истифодаи ин вожа дар шакли танҳояш, бо мақсади таъкиди жанри муайяни “хабар” ишора намояд, ҳангоми таснифи жанрҳои публитсистӣ “ахбор” дар таркиби ибораи “жанрҳои ахборӣ” барои ифодаи мансубияти як гурӯҳи жанрҳо хизмат мекунад. Пас, масалан, гуфтанӣ ё навиштанӣ бошем, ки “хабар чун жанре аз гурӯҳи жанрҳои ахборӣ дар воситаҳои ахбори омма серистеъмол аст”, магар такрори калима ҳамчун ифодагари мафҳум то куҷо хушоянд аст?

Дар адабиёти илмӣ ва илмию оммавӣ низ солҳои охир истифода шудани ибораи  «воситаҳои иттилооти омма» ба ҷойи “воситаҳои ахбори омма” (дар асарҳои тарҷумавии “Воситаҳои иттилооти омма ва интихобот”, тарҷумаи Абдураҳмон Абдуманнонов, Д., 2004; “Таҳқиқоти журналистӣ: усулҳои муосир ва техника”, тарҷумаи Асадулло Саъдуллоев ва Абдураҳмон Абдуманнонов, Д.,2004) далолат медиҳад, ки аҳли назар барои ислоҳи иллати тарҷумазадагии забон кӯшиш доранд ва сараро аз носара ҷудо кардан мехоҳанд.

Ҳамин тавр, “Дар бораи воситаҳои иттилооти омма” навиштани номи Лоиҳаи қонуни “Дар бораи воситаҳои ахбори омма” ва ба ибораи “воситаҳои иттилооти омма” тағйир додани мафҳуми “воситаҳои ахбори омма” дар матни он ба мақсад мувофиқ буда, имкон медиҳад минбаъд саҳви мавҷуда ислоҳ гардад.

Қироншоҳ ШАРИФЗОДА,

муаллими калони Кафедраи матбуоти

 факултети журналистикаи ДМТ

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Одамон ба кайҳон парвоз доранду муаллими азиз дар гирдоби маъно дармондаанд: о фарқаш чӣ Хӯҷаалӣ гӯем ё Алихӯҷа?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь