Синамо ва театр на танҳо воситаи вақтхӯшӣ, балки ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг мебошад, ки дар навбати худ ҳамчун ифтихори миллат арзишҳои миллиро инъикос менамояд. Дар Тоҷикистон кино ва театрро дӯст медоранд, филму намоишномаҳо эҷод  мекунанд, вале бо вуҷуди  ин, дар ҷумҳурӣ дар ин соҳа баъзе мушкилиҳо ба чашм мехӯрад.

Шарофат Арабова

Дар бораи вазъи синамо дар Тоҷикистон бо номзади илмҳои таърих, коршиноси синамо, фарҳангшинос, коргардон  Шарофат Арабова сӯҳбат кардем. Ӯ дар ҳайати ҳакамони фестивалҳои байналмилалии синамо дар Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Русия, Корея, Бангладеш, Ҳиндустон, Непал, Фаронса, Канада ва Озарбойҷон ҳузур доштааст.  Шарофат Арабова дар соҳаи синамои тоҷик, аз ҷумла тавлиди филм, пахш, инчунин, вазъ ва рушди малакаҳои рақамӣ дар соҳаҳои эҷодии Тоҷикистон таҳқиқотҳо  анҷом додааст.

Мероси аздастрафтаи советӣ

«Аксари ходимони муосири тоҷик шогирдони муаллимони барҷастаи рус мебошанд. Мо изҳори умедворӣ мекунем, ки ҳамкорони мо аз Русия минбаъд низ дар таълим ва тарбияи насли нави коргардонҳо ва актёрони тоҷик саҳм хоҳанд гузошт”. – Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон.

Имрӯз дар кишвар  масъалаи кадрҳои соҳаи синамо  – ҳунармандону коргардонҳо дар кадом вазъ қарор дорад?  Ба ин пурсиш Шарофат Арабова  чунин мегӯяд: “Мутахассисоне, ки имрӯз дар Тоҷикистон филм эҷод мекунанд, як гурӯҳи хурдро ташкил медиҳанд. Ҳастанд онҳое, ки бо ин кор ба таври касбӣ  (ҳамчун мутахассисони корозмуда)  машғуланд ва пояи ин соҳаро ташкил медиҳанд. Вале аксар вақт филмсозону коргардонҳо ба ин соҳа ворид шуда, 2-3 филм эҷод мекунанду   баъдан ба соҳаҳои  ба он наздик – рӯзноманигорӣ, блогерӣ, клипсозӣ ва ғайра  рӯ меоваранд”.

Норасоии кадрҳо яке аз мушкилотҳои асосии соҳаи синамо ва театри Тоҷикистон мебошад. Коршиносон  бар он назаранд, ки бо рафтани мутахассисони советӣ дар дохили кишвар кадрҳои баландихтисос торафт кам монда истодаанд.  Шарофат Арабова инчунин, иброз намуд, ки бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ  соҳаи синамо  як бӯҳрони муайянеро паси сар кард: “Синамои тоҷик, албатта, дар даврае, ки ҷумҳурӣ дар ҳайати ИҶШС буд, ташаккул ёфта буд – маҳз ҳамон вақт барои тавлиди филмҳои маҳаллӣ замина гузошта шуда, механизми паҳнкунӣ ва гирифтани таълими касбӣ дар соҳаи синамо ба роҳ монда шуд. Вале дар давраи соҳибихтиёрӣ дар баробари ташаккули давлати нав зарурати таҷдиди синамои ватанӣ  аз ҷиҳати молиявӣ, кадрӣ ва бадеӣ ба миён омад. Илова бар ин, бӯҳрони солҳои навадум ба синамои тамоми кишварҳои пасошӯравӣ таъсири ҷиддӣ расонд. Барои синамои тоҷик паси сар кардани бӯҳрон  нисбатан мушкилтар буд, зеро давлат бояд пеш аз ҳама мушкилоти ниёзи аввали мардумро ҳал мекард. Синамои тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи ҷустуҷӯи мавзуъҳо, услубҳо, муаммоҳо ва ниҳоят ғояҳои миллиро ба миён мегузорад”.

Дар баробари ин, ба туфайли солҳои зиндагӣ дар  ҳудуди як давлат ва ҳамкории наздики халқҳои мо фазои ягонаи фарҳангии Тоҷикистону Русия ташаккул ёфт. Гузашта аз ин, коргардонҳо, актёрҳо, балетмейстерҳо ва оҳангсозони рус дар ташаккул ва рушди театру синамои миллии Тоҷикистон саҳми бузург гузоштаанд. Ҳатто  пас аз соҳибистиқлол гардидани давлати мо ҳамкории фаъол дар ин самт  идома дорад.

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Русия ва Осорхонаи давлатии марказии синамо дар Душанбе намоишгоҳи “Сеҳри муқаддаси сарзамини мо” баргузор гардид, ки дар бораи марҳилаҳои ташаккули синамои тоҷик ва таърихи киностудияи “Тоҷикфилм” ҳикоят мекунад.

Мунаққиди синамо Шарофат Арабова ҳамчунин, мегӯяд: “Дар доираи фестивалҳои ҳамасолаи синамои Русия дар Душанбе аз ҷониби синамогарони хориҷӣ дарсҳои маҳорат (мастер-классҳо) гузаронида мешаванд. Вале ин ташаббусҳо доимӣ нестанд,  онҳо хеле кӯтоҳмуддат ва мақсаднок мебошанд. Дар замони шӯравӣ ба киностудияи «Тоҷикфилм» коргардонҳо  барои эҷоди танҳо як филм  даъват карда мешуданд. Мунаққиди синамои тоҷик Саъдулло Раҳимов таърихи синамои моро таҳлил намуда, ин коргардонҳоро бо ҳунармандони сафари ҳунарӣ дошта, муқоиса мекунад, ки  муваққатан  дар ин ҷо мемонанд. Аз ин хотир, онҳо аз худ мероси ҷиддие, ки дар тарбияи шогирдон, додани чаҳонбинии эстетикӣ ва усулҳои техникӣ  зоҳир меёбад, намегузоранд. Барои мисол, коргардони маъруфи  эронӣ Мӯҳсин Махмалбоф, ки  тӯли солҳои  1997 – 2009  дар Тоҷикистон иқомат  ва филм  эҷод кардааст, тавонист дар ин ҷо як мактаби махсуси шогирдони худро (“шогирдони тоҷик”) ташаккул диҳад, ки бо услубу анъанаҳои ӯ кор мекарданд ва ҳатто агар бевосита шогирдони ӯ набошанд ҳам, пас шогирдони шогирдонаш ба ҳисоб мераванд».

Имкониятҳо барои синамогарон

Ҳамкории фарҳангии мамлакатҳои мо танҳо бо барномаҳои мутақобилаи сафариву намоишӣ маҳдуд намешавад. Самтҳои муҳимтарини онро  лоиҳаҳои эҷодӣ ва таълимии Русия ташкил медиҳанд, ки дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд ва барои ошкор кардани иқтидори насли нави бозингарону у коргардонҳо  дар ҷумҳурии мо мусоидат мекунанд.

Донишкадаи давлатии русиягии кинематография (ВГИК) ба номи С. Герасимов барои қабули донишҷӯёни тоҷик  ба студияи актёрӣ омода аст. Донишкада аллакай таҷрибаи кофии ҳамкории мушобеҳро дар Осиёи Марказӣ дорад. Се сол пеш дар Тошканд филиали Донишкада кушода шуд ва ду сол қабл Донишкада аввалин донишҷӯён аз Ӯзбекистонро ба студияи актёрии назди факултет қабул кард.

Шарофат Арабова мегӯяд: «Синамогарони нави тоҷик имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия  дар риштаи синамо маълумоти олӣ ё олии иловагӣ  гиранд. Онҳо метавонанд ё барои дарёфти стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” барои таҳсил дар хориҷа ва ё тавассути “Россотрудничество” барои дарёфти стипендияи шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсил дар Русия ҳуҷҷат супоранд. Ҳар ду имконият барои тайёр кардани кадрҳои тоҷик ниҳоят муҳиманд. Ба истилоҳ, як навъ пайгирии бо кор таъмин намудани хатмкунандагон ва ҷалб кардани онҳо ба лоиҳаҳои муштарак бисёр муфид хоҳад буд”.

Коршинос ҳамчунин, қайд менамояд, ки байни кишварҳои мо барои ҳамкории фарҳангӣ  майдони васеъ вуҷуд дорад: “Ба назари ман, омода кардани менеҷерони соҳаи синамо – продюсерҳо, дистрибютерон ва намояндагони савдо муфид хоҳад буд. Мутаассифона, мо ягон ширкати дистрибютерии ватанӣ надорем, ки ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар ба пешбарии эҷод ва таблиғ машғул бошад. Махсусан норасоии  гурӯҳҳои эҷодӣ эҳсос карда мешавад, ки қобилияти ҷамъ кардани  гурӯҳи корӣ ва бо  франдчайзинг машғул шуданро дошта бошанд. Ҳарчанд  дар Душанбе курсҳои иқтисодиёти эҷодӣ вуҷуд дошта бошанд ҳам, онҳо аз воқеияти Тоҷикистон ва аз соҳаи синамо дур мондаанд.

Васеъ  кардани  ҷаҳонбинӣ

Шарофат Арабова дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбони рус таҷрибаи ғании шахсӣ дорад: “Соли 2006 пас аз хатми Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри  Душанбе ман ба  журналистикаи синамо машғул шудам. Дар кишвар барои аз худ кардани асосҳои кинематография ба ғайр аз мактаби синамои  назди Хонаи синамо (ташкилоти “Киносервис”) ва дар амал омӯхтан дигар имконият набуд. Баъдан  соли 2007 бо тавсияи Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон мо чор нафар  – Акмал Ҳасанов, Далер Раҳматов, Денис Бекетов ва манро барои гузаштан аз курси кӯтоҳмуддат   ба мактаби  «Сутунҳои сафед» (Госфилмофонд), ки аз ҷониби  Конфедератсияи иттифоқҳои синамогарон дар доираи Форуми кинематографияи миллии кишварҳои ИДМ, Латвия, Литва ва Эстония ташкил гардида буд, даъват карданд. Курс чор самти мувозиро дар бар мегирифт – сенариянависӣ, филмсозӣ, коргардонӣ ва танқиди филм, ки ман маҳз охиринашро  интихоб кардам. Ба мо адабиётшинос ва мунаққид Лев Аннинский, мунаққиди синамо Ирина Павлова таълим медоданд. Онҳо моро бо тарзи навиштани матлабҳо дар бораи синамо ва аз экран «хондан» шинос карданд. Дар хотирам мавқеи таърихии Госфилмофонд, дастрасӣ ба асарҳои классикони синамои советӣ, ки мо дар навор тамошо мекардем, сӯҳбатҳо дар атрофи филмҳо ва матлабҳои нав ва албатта, лексияҳое, ки ба ташаккули равиши ман таъсир расонданд,  нақш бастаанд.

Филмҳои Шарофат Арабова бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шудаанд: Фестивали ҷаҳонии синамо дар Кашмир, Фестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳметраж дар Линсан, Фестивали байналмилалии «Дидор»-2014, Фестивали байналмилалии синамои кишварҳои ИДМ, Балтика ва Гурҷистон, Фестивали байналмиллалӣ  дар Ҷайпур, Фестивали байналмилалии  “Cut.In”» дар Мумбай ва ғайра.

Таҷрибаи ҷолиби дигари таҳсилро дар Академияи тобистонаи синамои Никита Михалков (соли 2013), ки он замон  як лоиҳаи озмоишӣ барои 1,5 моҳ буд (пас аз таҳсил дар Ҳиндустон) ба даст овардам. Мактабҳои синамои русӣ ва ҳиндӣ комилан фарқ мекунанд. Дар Ҳиндустон кинематографияи мувозиро  меомӯхтам, ки бароям воситаи худшиносии режиссёр-муаллиф буд ва ҳама чиз, аз  ҷумла актёрҳо қатъиян ба нақшаи (ғояи) ӯ тобеъ карда шуда буданд. Вале дар Академияи  тобистонаи синамо ҳамкории эҷодии  коргардон бо актёр ва мувофиқан асосҳои мактаби актёрии русӣ дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дода шуд. Ин таҳсил дониши маро ғанӣ гардонд, зеро ҳамакнун метавонистам усулҳои ҳарду фарҳангро  якҷоя истифода барам.

Дар давоми даҳсолаи охир ин таҷриба аз ҳамкорӣ бо ҳамкасбон дар доираи форумҳои синамо, аз ҷумла дар форумҳои Русия (Фестивали байналмилалии филмҳои мусулмонии Қазон, Фестивали байналмилалии синамои Маскав, Фестивали байналмилалии синамои «Шакли ҳаёт» дар Перм, Фестивали байналмилалии синамои кишварҳои Иттиҳод таҳти унвони «Нахустнамоиши Москва», Фестивали амалии байналмилалии  мактабҳои синамои «Кинопроба» дар  Екатеринбург) иборат буд. Илова бар ин, кор  дар ҳайати ҳакамони фестивалҳои синамо  бароям як имконияти  мубодилаи мутақобилаи таҷриба ва ғояҳои имконпазири  дар шароити мусоид амалишавандаро ба вуҷуд овард.

Имрӯз фестивалҳои синамои Русия барои коргардонҳои тоҷик  ба як  майдоне табдил ёфтаанд, ки  тавассути он метавонанд, худро муаррифӣ кунанд ва соҳиби эътирофи коршиносони маъруф гарданд. Барои мисол, филми “Толеъ”-и коргардонҳои тоҷик Бахтиёр Каримов ва Муҳиддини Музаффар дар Фестивали байналмилалии филмҳои мусалмонии Қазон барои “Беҳтарин сенарияи филми пурраметраж” сазовори ҷоиза гардид. Илова бар ин,  “Барои қадами нахустин дар синамо” коргардони 20-солаи тоҷик Алиҷон Ҷалилов, ки филми мустанади “Алиф.До.Ре.Ми”-ро дар Фестивали  Қазон муаррифӣ кард, соҳиби Дипломи Гилдияи коршиносон ва мунаққидони синамои Иттифоқи синамогарони Федератсияи Русия гардид. Ҳамин филм дар Фестивали 43-уми байналхалқии донишҷӯёни Институти давлатии россиягии кинематография  «Барои  гум накардани хушбинӣ дар шароити талафоти сахт» сазовори дипломи махсуси ҳакамон гардид.

Ҳамкориҳои фарҳангӣ

Театри ба номи Маяковский дар Душанбе солҳост, ки бинои махсуси худро надорад. Моҳи ноябри соли 2023 Русия барои сохтмони бинои театри мазкур 3,5 миллиард рубл ҷудо кард.

Роҷеъ ба ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия сухан ронда, дар баробари дастгирӣ дар бунёди синамои миллӣ ва омодасозии кадрҳо, ҳамчунин,  дар бораи табодули фарҳангӣ ва ғанисозии мутақобилаи фарҳангҳо  ёдовар шудан зарур аст. Чуноне ки дар боло зикр гардид, Тоҷикистону Русия имрӯз дар фазои ягонаи тамаддун қарор доранд. Ҳамин тариқ, моҳи октябри соли 2023 дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Русия таҳти унвони “Russian Film Festival” баргузор гардид. Фестивал бо филми роҳнамоии «Наздикони дур»-и коргардони ҷавони рус Иван Соснин ифтитоҳ ёфт.

Мехостам  дар алоҳидагӣ дар бораи маъруфияти театрҳои русӣ дар Тоҷикистон қайд кунам. Дар ҷумҳурии мо ду театри русӣ — Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Театри давлатии мусиқӣ-драмавии русии ба номи Александр Сергеевич Пушкин фаъолият мекунанд. Фаъолияти онҳо бешӯбҳа барои нигоҳ доштани мероси фарҳангии Русия дар ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат менамоянд. Онҳо ба кишварҳои хориҷа сафар карда, дар фестивалҳо иштирок мекунанд.

Ҳарчанд дар бахшҳои эҷодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон  як қатор омилҳое вуҷуд доранд, ки ба рушди ин соҳа монеъагӣ эҷод мекунанд, вале сарфи назар аз ин мушкилоту маҳдудиятҳо, дурнамои ин соҳа хеле нек аст. Ҳамкории мутақобила бо ҳамкасбони рус барои табодули таҷриба, тарбияи босифати кадрҳои роҳбарикунанда, коргардонҳо, актёрон, инчунин, фароҳам овардани имкониятҳои нав барои фаъолияти эҷодӣ – ин аст калиди муваффақияти синамогарон ва ҳунармандони театри тоҷик.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь