Мақсад аз гирифтани қалам кӯшиши шогирдонаест дар тафсири шеъри шоири саршиноси тоҷик устод Бозор Собир. Ҳаёти ӯ бо шеъраш он қадар печида аст, ки наметавон онҳоро ҷудогона ба риштаи шарҳу тасвиру кашид. Ҳар ду рангинанд. Саодати рӯзгор доранду гирифторию афсурдаҳолӣ, шодмонӣ доранду ғамбеморӣ, сарбаландӣ доранду саргардонӣ, ки касе беҳтар аз худаш нагуфта:
Ҳар куҷо густурда пояндози ман аз мавҷи қарсак буд,
Ҳар куҷо густурда пояндози ман аз авҷи чак-чак буд.
Аз ҳазорон ёри хушгил бар сарам гулдаста меборид,
Аз ҳазорон хирмани гул бар сарам гулдаста меборид…,
Ва ҳамзамон:
Ҳарчӣ кардам лек хурсандӣ накардам,
Ҳар куҷо гаштам дилам зиқ буд.
Аз лиҳози нуктаҳои болоӣ наметавон дар бораи шеъри Бозор бидуни сар даровардан ба зиндагиномаи ӯ ҳарф зад.
Бозор Собир шоири миллат асту шахсияти сиёсию фарҳангӣ. Ҳамчун шоир хеле ҷавон ҷойгоҳашро дар саҳнаи шеъру адаб пайдо кард. Агар дар асри 20-ум бузургоне чун Айнию Лоҳутӣ шеъри тоҷикиро либоси нав пӯшониданд, Мирзо Турсунзода онро берун аз марзҳои тоҷикӣ муаррифӣ кард, баъди солҳои 60-уми асри гузашта таҳти роҳнамоии ҳамосасарои чирадаст Муъмин Қаноат, Бозору Лоиқу Гулрухсор ва як зумра шоирони ҷавон парчамбардорони шеъри тоҷик гаштанд. Ҳар яке аз эшон даричаи наву хоси хешро дар шеъри тоҷикӣ ба рӯйи хонанда боз намуд.
Шеъру ҳаёт барои Бозор Собир ду падидаи бо ҳам тавъаманд. Шоирон инсонҳои одӣ нестанд. Шоир ҳамон вақт ҳосили эҷодаш мондагор мегардад, ки тапише, ҷунбише дар қалбаш ҷӯш мезанаду берун меояд. Мисли шири саромада аз дег, мисли як эътироз. Эътирозе, ки барои умум хос нест. Он ҳаракатест дар муқобили маҷрои об, алорағми равиши зиндагӣ. Бузургонро ба хотир биорем. Маҳз ҳамин тафовут бо дигарон буд, ки Рӯдакиро мил кашиданду Синоро дарбадар карданду Фирдавсиро зери пойи фил партофтанӣ шуданду Адиб Собири Тирмизиро ғарқ карданд. Ҳамин тафовут буд, ки Ҳилолиро сангсор карданд, Носири Хисрав аз зодгоҳаш бурун рафт, Мавлоно чилланишин гашт, Фаррухии Яздиро пушти зиндон партофтаву лабонашро бидӯхтанд, вале аз навиштан даст накашид:
Шарҳи ин қисса шунав аз ду лаби дӯхтаам,
То бисӯзад ҷигарат бар ҷигари сӯхтаам.
Дар ин росто, онҳое, ки Бозорро дар ивази мавқеъгирии сиёсӣ гунаҳгор карданӣ мешаванд, ба эътибор намегиранд, ки шоирон одами ҳассос буда, ҳар як ҳодисаву рӯйдод онҳоро ба ҳаракат меорад. Онҳо метавонанд имрӯз сахраи шамолро «тундбоди мудҳиш» ба қалам диҳанду фардо «насими ҷонафзо» тасвираш кунанд. Ҳикмати вуҷудӣ ҳам андешаи тағйирёбанда будани ҳама мавҷудот, аз ҷумла инсонро собит месозад.
Ҳеҷ касро пӯшида нест, ки руҳияи Бозор Собир аз нахуст ҷанбаи эътирозӣ дошт. Ӯ чун дигарон дар паси парда ё аз пушт гуфтугӯ намекард, ҳамеша суханашро рӯирост мегуфт. Бозор худ тараннумгари ҷасорати мардӣ буд. Танҳо мард метавонад иштибоҳи худро қоил шавад. Дар замони Шӯравӣ бо маъруфияте, ки ҳамчун шоир дошт, метавонист бидуни мамониат узви ҳизб гардад. Аммо нашуд. Ӯ яке аз аввалин афроди сиёсӣ дар ҷомеаи тоҷик буд, ки аз озодию демократия, худшиносии миллӣ табли сухан зад, вале чун ба хориҷ роҳ ёфту «озодӣ»-и онҳоро бо «демократия»-ашон аз наздик дид, дарк кард, ки ҳама бофтаанд, дар пояи пулу сарват бино шудаву ҳимоятгари боигарии қишри сарватманданд. Сотсиализмро беҳтарин сохт барои мардуми заҳматкаш дарёфт ва ба вассофи ашаддии ин сохту асосгузори он мубаддал гашт:
Худо умре агар аз осмонҳояш
Ба мардум аз биҳишти мурдаҳо мегуфт,
Рафиқ Ленин
Биҳишти зиндаҳо бинҳод.
Зиҳӣ ҳафтод соли сурхи шӯроӣ,
Ки мо дар як биҳишти зиндаҳо будем,
Тамоман бехабар аз пулпарастӣ зиндагӣ кардем.
Шоир замони Шӯравиро барои он зиндабод мегӯяд, ки Ватанашро ободу чароғон кард. Зиёданд онҳое, ки бо ин андеша мухолифанд ва даъво пеш меоранд, ки дар дигар ҷойҳо Шӯравӣ набуду барқ ҳаст. Дуруст аст, вале ангур аз ангур ранг мегираду ҳамсоя аз ҳамсоя. Бигузор ин мардум боре сӯйи Бадахшон сафар кунанд, он гоҳ бо чашми хеш хоҳанд дид, ки дар ду тарафи дарёи Панҷ, ду мардуми ҳамхуну ҳамзабон, яке дар асри 21 ба сар мебараду дигаре дар асрҳои миёна. Бозор Собир ҳаминро кайҳо дарк кардаву бидуни истиҳола аз кофирхонию ғайридингӯиҳои аҳли таассуб эълон медорад, ки «ҷамъияти пешрафтаи дунё исломӣ нест, ҷаҳони мутаммадин ҷаҳони мазҳабӣ нест. Ман ҷонибдори дунёи пешрафта ҳастам, на ҷонибдори ҷаҳони қафомонда. Ман ҷонибдори дунёи аз ҷиҳати илм, фарҳанг, саноат ва техника пешрафтаву рушдкарда мебошам. Ҷонибдори ҷаҳони феодалӣ нестам»:
Эй Шарқи касофату махавхонаи халқ,
Исломи ту песае ба пешонаи халқ,
Ин риши имому авлиёи ту нарехт,
То санги ҷаҳолат афтад аз шонаи халқ.
Манзури шоир интиқоди дини Ислом нест. Ӯ ба онҳое хитоб мекунад, ки бо мағзи пучу пук динро барои манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳию ҳизбӣ истифода мебаранд ва ташвиқгару таҳмилкунандаи арзишу ғояҳои бегона бар дӯши миллати худ гаштаанд. Ин омил боиси сангандозиҳои доираҳои динӣ, хусусан хурофотзадаву тундрав болои шахсияти шоир гашт. Чуноне, ки Фирдавсии бузургвор ҳазор сол пеш барои «Зи шири шутур хӯрдану сусмор…» муҷиби таъқибу фишори аҷнабипарастони ҳаммиллаташ гашта буд. Бозор Собир комилан ба андешаи ҳакими Тӯсӣ мувофиқ аст ва дар бораи онҳо менависад:
Араби аҷнабӣ агар як бор,
Арабитозӣ кард то Фархор,
Араби хонагӣ арабтар шуд,
Арабитозӣ мекунад ҳар бор.
Баъди тарки Ватан ҳам хислати Бозор Собир дигар нагашт. Баръакс дар баробари ҳақиқатҷӯиву ҳақиқатгӯиву ҳақиқатнигорӣ рӯшод аз камбуду иштибоҳоти худ мегӯяд. Зеро ӯ душмани бадисту бадкорӣ. Бадро таҳаммул намекунаду тавони диданашро надорад. Магар наметавонист, ки мандати депутатӣ дар ҷайб, аз эҳтирому эҳтимоми саросарӣ бархӯрдор роҳату майишат карда гардад? Дигарон метавонанд, Бозор не? Чун дид, ки фаъолияти ҳамкасбонаш дар ҳамон давраи муайян бо хислату руҳияи ӯ созгор нест, парлумонро тарк кард. Зеро аз дигарон тафовут дорад. Моем, ки ҳар неку бади хешро пинҳон медорем бо истиҳолаи он, ки хандахариш ё муҷиби айбгузориҳои дигарон нагардем. Бозор рӯйирост зиндагии хешро дар ҳонаи сеҳуҷрагии шаҳри Душанбе бо ҳаёти онсӯиуқёнусиаш муқоиса мекунаду худро фиребзада ва «бомж»-и дари хонаи истисморгарон меномад. Аз гуфтани ҳақиқат парҳез намекунад. Ӯ рӯирост мегӯяд, ки: «Демократия мегуфтанд ва мо намедонистем, ки ин демократия чист. Шунида будем, ки мегуфтанд беҳтарин сохтори ҷомеа аст, вале надида будем. Аз дигарандешӣ, озодии сухан, матбуот бароямон мегуфтанд. Ин шиорҳои саҳюнистиро, ки аз ҳар сӯ бароямон мерасиданд, гирифтему ҳангома барпо кардем:
Бо наъра баромадем ба майдон,
Бо сангу кулӯху сангборон,
Сад хайма задем дар хиёбон,
Яъне, ки барои мардикорӣ.
Ва оқибат фаҳмидем, ки моро гӯл задаанд, фиребамон кардаанд. Комилан фиребамон кардаанд. Ба майдонҳо баромадем, якҷо бо мутаассибон».
Кам касоне пайдо мешаванд, ки мардона фиребхӯрдани хешро ошкор созанду пушаймониашонро изҳор:
Аз мастӣ ватанситезӣ кардем,
Худро ҳама турку тозӣ кардем.
Дар хуни Ватан, ки бозӣ кардем,
Ҳаргиз наравад ба оббозӣ.
Хоҳу нохоҳ қалам маро ҷониби муқоисаи Бозор Собир бо баъзе афроди шинохта ва бо сиёсат пайвастае, ки миллат, давлатдории миллӣ ва манфиатҳои миллӣ барояшон бегонаанд, мебарад. Ин гурӯҳ хоҳ дар дохили ҷумҳурӣ ва хоҳ берун аз он, грантхӯраки ғарбу институтҳои ба ном ҳомии ҳуқуқи башар гашта, яке «ташкилот»-е месозаду дигаре «таҳлилгар»-ии сиёсӣ мекунад, сеюмӣ нашрияе, сомонае, шабакае таъсис додаву чаҳоруми тибқи дастуру супориш саҳнасозӣ мекунад. Одитар гӯем, ба евросиёсатмадору долларжурналисту гранттаҳлилгару монанди инҳо табдил ёфта, барои манофеи бегонаҳо ҷон мекананд. Магар Бозор Собир наметавонист чунин «грантҳо»-ро бигирад? Ё барояш намедоданд? Ҳамон шапкаи офтобхӯрдаи сари шоир аз афроде, ки тасвирашон рафт, дар ғарбу шарқ маъруфияти бештар дошт ва бо як ишорае метавонист барои соҳибаш даромади муфт биёрад. Ӯро бо ҳамин мақсад ҳам бурда буданд. Бо нияти истифода дар муқобили давлату миллати худаш. Аммо тирашон хок хӯрд. Ватану миллаташро мисли муллои аҷанабипарасту журналисти савдоию ҳуқуқшиноси беҳуқуқ ба савдо нагузошт. Баръакс, дар кишваре, ки истиқомат дошт, сиёсати хориҷиашро фошофош истилогарона меномид ва алайҳаш шиорҳо сар медод. Рӯйирост роҳбари ин давлати бузургро дар таҳмили ҷанг бар сари Афғонистону Ироқ гунаҳгор мекард ва боҷуръати танҳо ба худаш хос, кафши партофтаи журналисти ироқиро тавсифу дастгирӣ мекард:
Кафши Зайдӣ ба сари Буш назад,
Чунки Буш,
Ба таги тахта даромад чун муш.
Кафши Зайдӣ ба сари Буш назад,
Лек рӯяш чӣ қадар гашт сиёҳ,
Аз хиҷолат ба замин рафт фурӯ…
Он бадбахтие, ки ба ном муноддиёни «озодӣ» ва «демократия» бар сари аҳолии бахтбаргаштаи Ироқу Афғонистон ва соири кишварҳои арабӣ оварданд, ҳама медонанд. Қисмате хомӯшанд, бархе эътироф карданӣ нестанд. Бозор Собир дар он тарафи уқёнус зиндагӣ дошту дар ин бора мегуфт:
Аз боридани гулӯлаву раъди туфанг,
Аз домани дашти Карбало то Соланг.
Аз тоскулоҳи янкӣ чун телпаки мор,
Рӯида чағорае, ки талх асту шаранг.
Маҳз ҳамин рӯшодгӯйӣ боис шуд, ки бисёре аз собиқ ҳамандешони шоир аз ӯ рӯ гардониданд. Ҷамъе мунофиқаш эълон карданду гурӯҳе мушрик. Вале парвое аз ин «ҳукмномаҳо» надошт. Такрор ба такрор мегуфт, ки «ҳамон майдонҳо пури муллову ришу мардуми камсаводу мазҳабӣ буд. Ва мо демокративу зиёиён ҳам дар ҳавои барпокардаи мутаассибон мондем. Аз ин рӯ фиреб хӯрдем. Мо содалавҳона гумон кардем, ки демократия ҳақ ва озодиеро ба мо меоварад, ки болотар аз ҳуқуқу озодиҳои дар Шӯравӣ доштаамон аст, лекин дар амал дидем, ки он ҳама шиорҳо фиреби назар ва комилан дурӯғанд».
Дар ҳиҷрат қарор доштани Бозор Собир барои баъзеҳо хеле муфид буд. Дар ҷамъи дую ҳазор, рӯйи саҳифа ё навор мегуфтанд, ки Ҳукумат шоири бузурги миллат Бозор Собирро ғариб кардааст, ба гӯшаи фаромӯшӣ супурдааст ва оқибат берун аз хоки кишвар мемонаду тақдири шуарои дучори таъқиб боз такрор меёбад. Чун бо даъвати расмии Президенти Тоҷикистон шоир ба Ватан баргашт, ҳанӯз аз дарвозаи фурудгоҳ набаромада ба маломаташ пардохтанд. Каломе нагуфта, эълон карданд, ки «акнун шоири дарбор мешавад» ва монанди инҳо.
Аммо Бозор, Бозори пештара монд. Аз туҳмату ғайбатҳои бодгуна сари мӯйе наҷунбид. Хомӯш буд. Бидуни ташвиқи ӯ ҳам миллати тоҷик Сарвари муносиби худро интихоб кард. Бозор бошад, шеър гуфт ва сифатҳоеро арза дошта, ки натиҷаи заҳмати ҳалоли Пешвои миллатанд:
Пойгоҳи давлататро карда кафшер,
Бастакори нақби Анзоб,
Бастакори нақби Шаршар,
Бастакори Чормағзак,
Бастакори ГЭС-и Роғон…,
Агар Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамаро насохтаю намесозад, пас ки сохтааст ин иншоотҳои муҳимми стратегиро? Боз ҳам ҳақ ба ҷониби Бозор аст:
Ҳар кӯр метавонад,
Номи маро кунад кӯр…
Бозор Собир ҳақгӯй буду ҳақҷӯй. Замонасоз, маддоҳу хушомадгӯ набуд. Сафедро сафед мегӯфту сиёҳро сиёҳ. Дар як вақт метавонист бо бузургии Иқболу пайвандиаш бо ин алломаи шеъри форсӣ ифтихор кунад:
Ҳамшаҳрии Фирдавсӣ, ҳамшаҳрии Иқболем,
Ҳамшаҳри баномусем, ҳамшаҳри баиқболем….
ва ҳамоно дар ҳама бадбахтиҳои занони мусулмон гунаҳгораш созад, ки:
Аз Балху Бухорою Ҳарӣ то Ҳамадон,
Зиндонӣ занону мардҳо зиндонбон.
Инҳо, ки дар ин билод беиқболанд,
Аз фалсафаи Муҳаммади Иқболанд.
Сухани Бозор васфи дарёфти Ватани куҳани навин буду фарзандони ин сарзамин. Тавсифи онҳо дар муқоиса бо кӯрдилонест, ки тавони дидани рушду тавсиаи Тоҷикистонро надоранд. Ӯ ҳар куҷое рафт аз Ватан буду Ватан аз ӯ. Бидуни ёди Ватан наметавонист нафаси озод кашад, ӯро зодгоҳи азизаш ба худ мекашид:
Дарё канори Ором,
Оромгоҳи ман буд,
Ман дар канори Ором,
Дил ташнаи Ватан буд.
Чашм мепӯшиду худро дар оғӯши шаҳри зебою дилоро, шаҳри ишқу ҷавонӣ, шаҳри умеду орзуҳояш Душанбеи ҳамешабаҳор медид:
Кӯчаҳои ҷавониам шабу рӯз,
Бӯйи атри занона мекарданд,
Бӯйи атри занона аз ҳар сӯй,
Бӯйи атри занона аз ҳар кӯй,
Ғайр аз ин бӯй бӯ намекарданд.
Вале бо ҳамон хислату хӯйи Бозорӣ – гуфтори бепарда, тақлидгарони фарҳанги бегонаро зери интиқод шадид мегирад, ки:
Авратонаш ба куртаи арабӣ,
Бо лачакҳои турку эронӣ,
Гӯиё хӯсаҳои поизанд,
Ғарами латтаҳои ночизанд.
Ишқи Ватану ёди рӯзҳои дар канораш сипаркарда, Бозорро боз ҷониби Тоҷикистони азизаш баргардонид. Ӯ баргашт, бо умеди хизматгузорӣ ва дубора сохтани Ватан. Ватани навину муосир. Пешрафтаю рушдкарда. Ватане, ки ҳама он ҷо хушбахт бошанд. Кабиру сағиру фақир, ҳама. Ҷони худро дар ин роҳ дареғ доштанӣ набуд:
Дубора созамат Ватан,
Ба хишти ҷони хештан.
Сутун занам ба сақфи ту
Ба устухони хештан…
Шоир мегӯяд, ки «касе ин қадар бозсозию азнавсозӣ кардааст, ин қадар роҳу тунел кушодааст, ман бо ӯям. Касе, ки пайваста дар фикри саноат аст, дар фикри корхонаҷот аст ва дар фикри техникакунонии ҷумҳурист, ман бо ӯям». Ва пешниҳод мекунад, ки:
Агар чу шиша чашми ман,
Ба кор меравад бимон.
Ба кор меравад агар
Сарам чу санги сохтмон
Бимон, бимон, бимон.
Имрӯз тамоми миллати тоҷик ба Ватансозӣ камар бастааст ва агар бузургвороне чун Бозор бо миллат буданду ҳастанд, ҳатман тоҷик ба қуллаи мақсуд мерасад. Мо Ватане хоҳем сохт, ки ҳаваси тамоми сайёра бошад ва нишонае аз чунин фарзандони содиқу родмардаш монанди Бозор Собир.
И. Шарифзода