Низом Нурҷонов олим ва театршинос дар санъати миллии театрии тоҷик аз худ мероси гаронбаҳо боқӣ гузошт. Мероси бойи ин олими шарафманд ба насли имрӯз намунаи ибрат буда, то имрӯз мову шумо ва наслҳои минбаъда низ баҳравар хоҳанд шуд. Ин олими пухтакор таърихи театри сунатии тоҷикро аз нав эҳё намуда ва театри муосирро ба оламиён муаррифӣ намуд. Садҳо китоби илмию оммавӣ, ки бо забонҳои тоҷикию русӣ эҷод кардаст, ки китоби рӯйи мизии олимон, устодон ва донишҷӯён гардидааст.

Низом Нурҷонов дар давоми умри бобаракати худ китобҳои зеринро эҷод кардааст: “История таджикского советского театра”, “Таджикский театр”, “Дар олами балет”, “Муҳаммадҷон Қосимов”, “Ним асри пурсамар”, “Аслӣ Бурҳонов”, “Рангомезиҳои саҳна”, “История таджикского советского театра”, “Маҳмудҷон Воҳидов”, “Мактаби актёрии тоҷик”, “Маҳорати драманависӣ” ва даҳҳо китобҳои дигар.

Низом Нурҷонов соли 1985 асари нави худро бо номи “Драмаи халқии тоҷик” манзури хонандагон намуд, ки самараи ҷустуҷӯҳои чандинсола буда, дар он намунаҳои беҳтарини драмаҳои халқии тоҷик ҷамъоварӣ ва мураттаб шудааст. Низом Нурҷонов моҳияти бадеӣ, ғоявӣ ва хусусияти базе марҳилаҳои ин анвои эҷодиёти бадеии халқи тоҷикро мавриди таҳқиқу таҳлил қарор додааст. Дар китоби худ Низом Нурҷонов исбот менамояд, ки “Тоҷикон аз давраи бостони соҳиби театри анъанавӣ ва драмаи даҳанакии халқӣ буданд. Театр ва драматургия дар Машриқ, аз ҷумла дар сарзамини тоҷикон, ки таъриху фарҳангӣ бостонӣ дорад нисбат ба мамлакатҳои Ғарб ба тарзи дигар сурат гирифта, бо роҳи хосе инкишоф ёфтаанд”.

Дар ҳақиқат дуруст аст, ҳар як миллат бо хусусиятҳои хоси миллӣ театри худро бунёд мекунад.

Низом Нурҷонов театрҳои анъанавӣ ва драмаи халқи тоҷикро, ки аз урфу одат, иду маросимҳо пайдо шудааст, ба як чорчӯбаи муайян даровардааст. Хусусиятҳои драмаҳои халқии даҳанакии тартибдодаи Низом Нурҷонов мисли драмаҳои Пагодин зинда ва рангоранг ба чашм мерасад.

Низом Нурҷонов китоби дигари худро бо номи Муҳаммадҷон Қосимов соли 1978 ба дӯстдорони санъати театрӣ ва хонандагон пешкаш гардонд. Ин китоб хонандаро бори аввал бо образҳои офиридаи ҳунарманди беҳамтои театр ва кино ошно мегардонад. Низом Нурҷонов бо мақолаҳои ҳақиқии худ дар қалби ҳар як ҳунарпешаи театр шӯълаҳои эҷодиро устокорона меафрӯхт, ки аз як нақш то нақши дигар образи ҳунарпеша рангу бори тоза мегирифт. Устод Низом Нурҷонов Муҳаммадҷон Қосимовро аз қабили ҳамон соҳибистеъдоде мехонд, ки ба туфайли Инқилоби Сотсиалистии Октябр қувваҳои эҷодияш гул – гул шукуфта, ба қуллаҳои баланди санъати театр ва кино расидааст. Вайро ҳамчун шахси меҳнадӯст, чолок, қавиирода ва мухлиси ҳақиқии театр эътироф мекард. Гоҳе мақолаҳои тезу тунди Низом Нурҷонов барои такмили намоишнома ва истеъдоди табииӣ артист, режиссёр ақлу заковат ва ифодакунандаи ғояҳои ӯ мегардиданд.

Низом Нурҷонов дар китоби худ қайд мекунад, ки “Муҳаммадҷон Қосимов бо дониш ва эҷодиёти худ дар сабзиши драматургияи тоҷик, касби актёрӣ, дар пешрафти кинои миллии тоҷик ҳиссаи сазоворе гузоштааст. Як силсила нақшҳои калон дар театр ва кино, нақшҳои гуногун дар песаҳои классикони рус ва Ғарб ва беҳтарин асарҳои драматургони собиқ иттиҳоди Шӯравӣ, истеъдоди ӯро ҳаматарафа кушоданд”. Низом Нурҷонов олиме буданд, ки дар симои он кас инсони маънаван пешқадами даврони худро медид, ки барои бунёди театри нав чи ҷустуҷӯҳо ва заҳматҳо мекашид. Дар мақолаҳои устод Низом Нурҷонов ҳам таҳлили образҳо, ҳам мактаби касбият ва ҳам зебоипарастиро эҳсос мекунӣ ва бо шавқ мутоила менамоӣ.

Низом Нурҷонов барои пешрафти театр ва муаррифӣ намудани актёрҳои боистеъдод ва намоишномаҳои ба саҳна гузошта, бе кинояю дағдаға аз рӯйи меҳнат ва нақшофариашон мақолаҳои имлию оммавӣ эҷод намуда, ба хонандагон пешниҳод менамуданд, ки писанди ҳамагон мегардид.

Устод Низом Нурҷонов китоби дигари худро ба фаъолияти эҷодии Артисти халқиии СССР, лауреати мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ Аслӣ Бурҳонов бахшидааст. Дар асар як қатор образҳои барҷастаи офаридаи ҳунарпеша, санъати хоси ӯ таҳлили амиқ ёфтаанд. Бояд қайд намуд, ки дар китоб боби махсус ба образи барҷаста офаридаи ӯ В.И.Ленин бахшида шудааст. Низом Нурҷонов дар хусуси образи офаридаи Аслӣ Бурҳонов чунин қайд кардааст: -“… вай образи ҳақиқии Ленинро ба вуҷуд оварда тавонист, ки дар он характери одами рус мушоҳида мешавад. Баъзе хислатҳо, аз он ҷумла зеҳни тези Ленин, ғайрати пурзӯр ва мизоҷи пурҳарорат, меҳрубонӣ, одамгарӣ, ғамхорӣ, дилсӯзӣ… меҳру муҳаббат ба одамони одӣ, навозишкорӣ ва нафрати ӯ нисбат ба душманон дар бозии артист хело муҷассам ифода ёфтаанд. Ин сифатҳо бо хусусиятҳои хоси миллии санъати тоҷик вобастаанд”.
Низом Нурҷонов мақсади муаллифро эҳтиёткорона меомӯзад, ба мазмуни ҳар як нақш диққат дода, жарф тадқиқ намуда, ҳар як саҳнаи актёрро дар алоҳидагӣ андешида, дар тарозӯи ақлаш бар кашида, иншо менамояд. Ба ҳақиқати ботинии образи актёр диққат дода, заминаи ҳаёти онро ҷустуҷӯ мекунаду воқеаҳо ва материалҳои ба песа дахлдорро омӯхта, фикру мулоҳизаҳои худро рӯйи дафтар меорад. Мантиқан дуруст будани рафтори қаҳрамонро исбот намуда, фикрҳои драматург, нияту мақсади режиссёрро дар алоқамандӣ нишон медиҳад, ки хонанда дарҳол онро дарк мекунад. Ин ҷо мо метавонем чанд образҳои ӯро ёдовар шавем. Кассио аз “Отелло”-и В. Шекспир, Салим аз “Калтакдорони сурх”-и С. Улуғзода, Ҳоҷӣ Ваққом аз “Арӯси панҷсӯма”-и М. Ӯрдубодӣ, Хлестаков аз “Ревизор”-и Н.В.Гогол ва Фахриддинов аз “Ситора”-и Ҷ. Икромӣ ва ғайраҳо мебошанд. Низом Нурҷонов ин образҳоро муҳаққиқона таҳлили амиқ намуда, ҳаяҷон, ҳиссиёт, хислатӣ онро бо тарзи фалсафӣ кушода медод, ки ба хонанда ҳаловат мебахшад. Низом Нурҷонов дар ҳақиқат олими беҳамтои санъати театрист, ки дурандешона фикрашро баён менамуд. Китоби ӯ таҷриба ва ҳунари як умрраи актёрро дар театр ва кино дар бар гирифтааст.

Китоби дигари устод Низом Нурҷонов “Фаррух Қосимов” мебошад, ки пекаши хонандагон гардонидааст. Ин китоб дар бораи ҳунарпеша ва коргардони маъруфи тоҷик Фаррух Қосимов нақл мекунад, ки дар инкишофи санъати театрии тоҷик хизмати босазое ба анҷом расонидааст. Устод Низом Нурҷонов донишманди нуктабину дурандеш буданд, ки нозукиҳои санъати театриро дарк ва эҳсос намуда, асарҳои ба саҳнагузошта ва нақшҳои офаридаи Фаррухро шоирона, файласуфона, орифона таҳлил намуда, моҳияти онро ба хонанда кушода додаанд. Фаррух Қосимов дар рафти фаъолияти эҷодии худ театри хоси худро ташкил намуд, ки намоишҳояш бо сабки нав, тоза, рӯйи саҳна оварда, манзури тамошобинони  Ғарбу Шарқ гардонид.

Устод Низом Нурҷонов унсурҳои ҳаҷвию фоҷеавии актёрро бо бадеияти баланд моҳирона таҳлил намуда, ба актёр бо пешниҳодҳои худ шавқманд мегардонд, ки интихоби жанри худро такмил диҳад ва равшан намояд. Дар симои ботинии Низом Нурҷонов маҳалгароӣ ва кутоҳандешӣ дида намешуд. Фикру андешаи худро солимона, муфассал дар мақолаю китобҳояш баён менамуд. Ӯ дар соҳаи театр ягона эҷодкорест, ки дар роҳи инкишофи санъати театрии тоҷик фидокорона хизмат намуд. Низом Нурҷонов инсони хоксору бофарҳанг буд ва ҳеҷ гоҳ аз душвориҳои заҳмати эҷодӣ сухан бар забон намеовард. Худнамоӣ намекарданд. Барои обруву мукофот ва мансаб кӯшиш накардаанд ва аз паи манфиати шахсӣ нарафтанд. Дар ҳақиқат олиме буданд, ки аз васвасаи худнамоӣ озод буданд. Барои Низом Нурҷонов пеш аз ҳама санъат ва илм вазифаи асоси буд. Паногоҳ аз набардҳои зиндагӣ буд. Намегузошт, ки ӯ вақти қамматашро дар ташвиши рӯзгор масраф намояд.

Рустам ВОҲИДӢ, ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь