12-уми декабр аз қатли суратгир, рӯзноманигор, адиб ва пул миёни форсизабонону ҳамфарҳангиён Муҳиддин Олимпур 28 сол сипарӣ гардид. Дар матлаби зер доир ба ҷустуҷӯҳои ӯ дар мисоли як акси пайдокардааш хоҳем гуфт.

Нигоҳе ба вуруди Муҳиддин Олимпур ба кори рӯзнома

Муҳиддин Олимпур ба воситаи матолибаш фарҳанги тоҷикро ба Эрону Афғонистон, Русияву Молдава, Испанияву Италия, Фаронсаву Тунис, Ҳиндустону Шри-Ланка ва Амрикову Аврупо то қадри имкон муаррифӣ кард. Дар баробари ин доир ба шахсиятҳои фарҳангӣ ва илму адаби хориҷи кишвар ба ҳаводорону алоқамандони тоҷикистонияш матолиби гуногунжанр пешкаш кардааст. Яъне ин шахсияти фарҳангӣ доимо дар фикру зикри навгонӣ ва ҷустуҷӯву такопӯи ҳаводиси фарҳангӣ буд ва ҳамин аст, ки ӯро ҳамчун мубаллиғи фарҳанг мешиносанд.

Адиб, публитсист, журналист ва аксбардор Муҳиддин Олимпур 2-юми марти соли 1946 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ дар хонадони кишоварз ба дунё омад. Аз рӯйи сарчашмаҳо, ки яке аз онҳо Донишномаи озод мебошад, Олимпур аз хурдӣ ба наққошӣ ва аккосӣ майлу рағбати зиёд доштааст. Ин истеъдод самти ояндаи фаъолияти эҷодкорро мушаххас намуда, барои ба эҷод сару кор гирифтану ба ин ҷода рафтан кӯмак кардааст.

Ҳамза Камол дар китоби ёддоштии Муҳиддин Олимпур бо номи “Ирон бӯи модар медиҳад” навиштааст: “Баъд аз хатми Омӯзишгоҳи рассомӣ Олимпур ба ҳайси аккос ва ороишгар дар рӯзномаи ҷавонони вақт бо номи “Комсомоли Тоҷикистон” ба фаъолият пардохт”.  Аммо аз рӯйи сарчашмаи дигар, ӯ соли 1965 омӯзишгоҳро хатм карда, соли 1968 дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ба фаъолият оғоз кардааст. Яъне агар гуфтаи Ҳамза Камол аз он шаҳодат бидиҳад, ки Муҳиддин Олимпур пас аз хатми омӯзишгоҳ зуд ба кори рӯзнома пардохтааст, пас дар ҷойи дигар ба кор оғоз кардани рӯзноманигор 3 сол баъд аз хатми боргоҳи таълим арзёбӣ шудааст.

Дар ин росто бояд гуфт, ки маълумотҳое ҳастанд, ки ба кор оғоз кардани Муҳиддин Олимпурро соли 1967 нишон медиҳанд. Вале дар натиҷаи таҳқиқи ҳуҷҷатҳо маълум шуд, ки рӯзноманигор соли 1965 дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” корро шуруъ кардааст.

Муҳиддин Олимпур бо тамоми ҳастӣ ба кори рӯзнома машғул шуда, дар муддати кӯтоҳ ба воситаи навиштаҳову тасвирҳояш шинохта шуд. Ӯ дар “Комсомоли Тоҷикистон” акс мегирифт, мусоҳиба меорост, тақриз ва мақолаҳои фарҳангӣ менавишт.

Дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” чанд сол кор кардани Муҳиддин Олимпурро ҳеҷ сарчашмае дақиқ нишон намедиҳад ва тахмин меравад, ки то гузаштан ба  ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” он ҷо фаъолият кардааст.

Агарчи Олимпур дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” вазифаи рассом-суратгирро ба ӯҳда дошт, аммо қариб дар ҳар шумораи ҳафтанома хабару гузориш, мақолаву лавҳа ва мусоҳибаҳояш ба нашр мерасиданд. Далели ин гуфтаро аз китоби “Ирон бӯи модар медиҳад” ёфтан мумкин аст: “Фаъолият дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” дар нумӯи бештари эҷоди Олимпур саҳифаи дурахшоне боз кард”. Далели дигар он аст, ки сармуҳаррири ҳамонвақтаи ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” Аскар Ҳаким лоиҳаи омӯзиши хати ниёгонро ба Муҳиддин Олимпур пешниҳод мекунад ва бо дастгирӣ ва кӯмаки бевоситаи рӯзноманигор он яке аз беҳтарин лоиҳаҳои ҳафтанома пазируфта мешавад ва 52 шумора, яъне тӯли як соли фаъолияти ҳафтанома нашр мешавад. Соли дигар бо дархости зиёди хонандагони ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” нашри лоиҳаи мазкур идома ёфта, ҳаводорону хоҳишмандони алифбои ниёгон ба воситаи рӯзнома муҳимияти алифбои ниёгонро меомӯзанд. Ба ин мазмун Аскар Ҳаким дар маҷмӯаи мақолаҳое, ки дар ёдномаҳои дӯстони Муҳиддин Олимпур ҷамъ оварда шудаанду бо номи “Ҷойи ӯ дар дида буд…” нашр шудааст, чунин навиштааст: “Хонандагони “Адабиёт ва санъат” хати ниёгонро агар омӯхта бошанд ва имрӯз теъдоди зиёди мардуми тоҷик ба ин хат агар ошно бошанд, дар он хизмати бевоситаи Муҳиддин Олимпур ҳаст.”

Ин тасдиқи Аскар Ҳаким шаҳодати он аст, ки Олимпур барои як насл не, балки барои чандин насл хизмат кардааст ва ҳамин аст, ки ӯро ҳамчун мубаллиғ, шарҳдиҳанда, расонанда ва дӯстдори фарҳангу санъат мешиносанд.

Кӯшишҳои Муҳиддин Олимпур барои шарҳи як акс

Агарчи Муҳиддин Олимпурро аксари ҳаводорону мухлисонаш ҳамчун аксбардор мешинохтанд, вале гуфтан бамаврид аст, ки номбурда дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ва ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” вазифаи ғайрирасмии ходимӣ ва ҳатто мудирии шуъбаҳои фарҳангро иҷро мекард. Ин гуфта аз он ҷо пайдо шуд, ки дар замони фаъолияти Олимпур дар рӯзномаҳои зер дида мешавад, ки инъикоси масоили фарҳангӣ зиёдтар ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Гуфтаҳои болоро бо як матлаби ӯ, ки 8-уми майи соли 1986 дар шумора №19 (239) бо сарлавҳаи “Ду акси Ҳабиб Юсуфӣ” ва зерсарлавҳаи “Аз хазинаи суратгир” дар нашрияи “Адабиёт ва санъат” рӯйи чоп омадааст, тасдиқ мекунем.

Муаллиф дар аввали навиштааш гуфтааст: “Бо гузашти солҳо акси зардшудаи албомҳои захиравӣ, ки он замон шояд арзиши казоие надошт, ба мо ҳикояҳои аҷоибе ҳадя мекунад”.  Аз ин нукта фаҳмидан мумкин аст, ки Муҳиддин Олимпур доимо дар талоши як гавҳари ҳанӯз нопайдои фарҳангӣ буд. Тибқи нақли худи муаллиф “…онҳоро аз албоми суратҳои хонаводагии муаллимаи муҳтарам Хадича Юсуфова (завҷаи бародари Ҳабиб Юсуфӣ) пайдо намудаву аз болои он суратҳо сурат гирифтам”.

Муҳиддин Олимпур аз нигорандагоне набуд, ки болои як матлаб кам кор кунад. Ӯ ҳатто барои ба хонанда расонидани шарҳи хурди ду акс талошҳои зиёд кардааст. “Дар кунҷи яке аз аксҳо (ҳамоне ки шоир бо шиму пероҳани сафед) навиштаҷоти зайл ба чашм расид: “Кисловодск, 6-августи соли 1938”. Аммо дар сурати баъдӣ, ки шоир бо шахси номаълуми дар бағал тифлдошта гирифтааст, навиштаҷоте ба назар нарасид. Барои муайян кардани соли акс ва одами дар паҳлӯи шоирбуда мо аз устоди муҳтарам, нависанда, мутарҷим ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик Раҳим Ҳошим пурсон шудем. Устод баъд аз андешаҳо дар муайян сохтани таърихи ин расму шахси дар паҳлӯи шоирбуда худдорӣ карданд”.

Муаллифи матлаб ба ҳосил нашудани мақсадаш ноумед нашуда, боз барои ифшои муаммои пешомада кӯшиш кардааст. Ба навиштааш ӯ, бо маслиҳати Раҳим Ҳошим барои шарҳи акси дуюм назди Фотеҳ Ниёзӣ меравад ва суратро ба Нависандаи халқии РСС Тоҷикистон нишон медиҳад. “Дар ҳақиқат муаллим Фотеҳ Ниёзӣ суратҳоро дарҳол шинохтанд ва он лаҳзаҳои аккосиро дар лавҳи хотирашон бедор намуданд” – навиштааст Олимпур. Муаллиф дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои зиёд ба хонандагонаш маълум месозад, ки Фотез Ниёзӣ бо маслиҳати якдигар ба Ҳабиб Юсуфӣ ва ҳамгузари ӯ Абдумӯъмин Фаттоев аз Иттифоқи нависандагон барои истироҳат дар Кисловодск роҳхат медиҳад. Нафари дар канори шоирбуда ҳамгузари Ҳабиб Юсуфӣ Абдумӯъмин Фаттоев ва кӯдаки дар бағалдоштааш духтари Фотеҳ Ниёзӣ – Раъно Ниёзӣ будаанд.

Дуруст аст, ки дар навиштаҳои матбуотии Муҳиддин Олимпур образ, шарҳи зиёд ва суфтакуниҳо каманд, вале ҳар матлаби хурди нигоранда аз ҳодисае, хотирае ё рӯйдоде нақл мекунад, ки хонанда бо сарфи вақти кам дар бораи матлаб пурра маълумот мегирад.

Дар матбуот аксҳои зиёди аҳли илму адаб, мусоҳибаҳо бо намояндагони фарҳангу санъати дохилу хориҷ, тақризҳо ба намоишномаҳои театрӣ ва филмҳову аксҳо, ҳикояҳои лирикиву гузоришҳои фарҳангии Муҳиддин Олимпур нашр шудаву то ба имрӯз омада расидаанд.

Ба ҷойи хулоса

Муҳиддин Олимпур чун як шахсияти фарҳангӣ мухлис ва мубаллиғи шахсиятҳои нодири фарҳанги форсизабонон ва чеҳраҳои ҳунар дар Тоҷикистон буд. Ӯ бо ин пеша падид омад ва касби шӯҳрат кард. Ҳамчун журналисти сермаҳсул шинохта шуд. Дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” то охири умр кор кард. Дар ин ҳафтанома ба ҳайси рассом-суратгир фаъолият намуда, ба ҷуз гирифтани суратҳои аҳли илму адаб, бо шахсиятҳои фарҳангӣ як қатор мусоҳибаҳо анҷом дод, ба филмҳо ва намоишномаҳои театрӣ тақризҳо навишт ба нашр расонид. Ба қавли Аскар Ҳаким, Олимпур дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” кореро анҷом медод, ки дӯст медошт.

Силсилабарномаҳои сафаргуфтаҳояш ба номи “Аз Душанбе то Лос-Анҷелес” зиёда аз 600 соат аз радиои BBC садо доданд. Сафаргуфтаи “Аз Душанбе то Лос-Анҷелес” паёми як шахсияти фарҳангие мебошад, ки аз кишваре ба кишваре сафар карду ҳар он чизеро, ки ба фарҳангу санъат дахл дошт, бо диди публитсистӣ ба шунавандагон расонид.

Ӯ дар оростани яке аз серистеъмолтарин жанрҳои матбуоти дирӯзу имрӯз – мусоҳиба шеваи муассир ва ҳусни баёни фарқкунанда дошт. Ин буд, ки Олимпур чун беҳтарин журналист ба дарёфти ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ шарафёб шуд.

Муҳиддин Олимпур аз худ барои наслҳои оянда маҳсули эҷоди фаровоне ба ёдгор гузоштаст.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь