Ҳунар мазраи сабз дар хирман ва кулвори каси ҳунарманд буда, туғён ва шуру вал-валеро дар шарёни ӯ ба вуҷуд меорад. Аниқтараш шахсеро ки дар вуҷудаш шохаҳои ҳунар оташак афрӯзад, оташ бо мурури замон ба гулхан табдил гардида дурахш, ҷилло ва гармии он аз сина берун ҷаста сар ба афлоки хирад мепечад. Ҳунари овозхонӣ аз замонҳои хеле ва хеле дур аз ёдҳои инсонҳо замину замонро тасхир намуда будааст. Ва шояд ҳамин буда бошад, ки ъорифи хушкаломи адабу ҳунари порсии порсони ъолами маъонӣ ҳазрати Лисон-ул-ғайб Ҳофизи Шерозӣ чунин фармуда:
Дар осмон на аҷаб, гар ба гуфтаи Ҳофиз
Суруди Зуҳра ба рақс оварад Масеҳоро.
Суруди Зуҳра, ин каломи ъорифони пур аз маони ошиқона касро дар боли андешаҳои малакути мебарад ба саоми ҳунар, ба баландтарин қуллаи андешаҳои бихрадонаи малакулмаъонӣ дур аз назарҳо, ба он ҷое, ки басират оҷиз асту башорат наздик. Ва он садо, садои малакутӣ оҳанги аз жарфои ҷони осмон ба само печида, ки онро бо гӯши ҷон мешунавӣ ва бо чашми дил мебинӣ. Ва боз шояд ҳамин буда бошад, ки Мавлонои Балхии бузургвор дар перомуни матои шеър ва олами маъонӣ чунин фармуда:
Шеър он бошад, ки бистонад туро
Бехабар аз хеш гардонат туро.
Орифони сармасти бодаи лоязолӣ дар ҳавои ашъори малакутӣ аз худ мерастанд, аз шароби шавқ масту мадҳӯш мегаштанд. Сомеъин ва бинандаҳо дар ҳавои савтҳои малакутии онҳо бо шавқу шӯри бепоён ба онҳо мепайвастанд. Ва худро аз хеш берун сохта ба он олами аз дидаву гӯш ба фаромӯшӣ уфтода зара ба зара-ғара ба ғара мавҷ бо мавҷ ва авҷ бо авҷ мепайвастанд. Яъне ҳунари воқеӣ ва ҳунарманди асил ҳамин гуна бинанда ва шунавандаро аз хеш бурун сохта, вориди дунёи шавқу шӯр, олами аз ақлу ҳӯш болотар мегардониданд. Банда аз гӯшу ҳуш ва чашму ақлу заковати беш аз чиҳилсола, дар ин чорсу, ин чаҳор роҳ, ин чаҳор қулла, ин чаҳор дарвоза, ин чаҳор боғи маърифату маъонӣ ва ин чаҳор қутби ҳунари асили тоҷикӣ роҳгузар ҳастам. Ва пушти ин чаҳор дарвозаи тиллоии ҳунари овозхонии ин миллати бузурги чаҳонро тасхир намуда дар такопӯям. Дунболи лаҳни хуш ва таронаҳои шавқӣ, дар боли орзуҳои ширинтарини зиндагӣ, бо гӯши ҷон садои устоди ҳунари асили гуяндагӣ, овозхони воқеъан мардумӣ, ки сурату сирати ӯ дар равоқи забарҷади ҳунари волои овозхонӣ бо ҳарфҳои тиллои ҳакокӣ шудааст мешунавам. Устодони арҷманд Абдулло Назрӣ, Одина Ҳошим, Зафар Нозим ва Ҷӯрабеки Мурод, ки ӯ худ муроди дили ин миллати фарҳангсолор мебошад, пушти ана ҳамин дарвозаи тиллоии савту садо ҳанӯз гушу ҳӯш мебошам.
Оре… матонат, садоқат, назокат ва нафосати ҳунари асилро дар чеҳраи нӯронии ин пирони хирад мебинам. Панҷоҳ сол қабл аз имрӯз суруди ин устодони арҷманди соҳибарҷу эҳтиром дар қаламрави кишвари абарқудрати Шӯравӣ, шиносномаи Миллати тоҷик буд. Таронаҳои дилошӯб, савту созҳои миллӣ ва назокату латофати ҳунари баланди устод Ҷӯрабеки Мурод, дар толорҳои шуҳрати ҷаҳонӣ доштаи сайёра, номи ин миллати бузургро муаррифӣ мекард. Баландтарин унвони он замон ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар қаламрави Тоҷикистони биҳиштосо бо номи устод Ҷӯрабеки Мурод, ифтихорманд буд. Мактаби ҳунар ва маҳорати касбии овозхонии устод лабрези дӯстдорону ҳаводорон ва пайравонаш гардида, сафи мухлисону ҳаводоронаш лаҳза ба лаҳза мефзуд. Ва шогирди мактаби ҳунари устод Ҷӯрабек Мурод на ҳар кас буда метавонист. Ахлоқи ҳамида, латофат ва назокати гуфтану шунидан, тарзи либос пӯшидан, одоби дар маҳфили аҳли сухан ва калом нишастан, тарзи бо сомеъ ва бинанда расонидани амонати аз классикон ба мерос монда, башардӯстӣ, мардумнавозӣ ин ҳама хоси худи устод Ҷӯрабек будаву ҳаст. Ва ҳамин ахлоқи баланди инсонӣ ва истеъдоди фавқулодаи ӯ буд, ки шоъири шаҳир, қаҳрамони Тоҷикистон устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода, шеърҳояшро дар ҳавои оҳангҳои устод Ҷӯрабек Мурод замзама мекард. Миёни устод Ҷӯрабек ва аҳли калом як пайванди ногусастание буд. Кулли шоирону нависандагони тоҷик, дар маҳфили каломи хеш боифтихор ӯро мехонданд. Имрӯз мактаби бузурги ҳунари асили савтиёти миллӣ ки номи устоди арҷманд Ҷӯрабек Мурод, бо ҳарфҳои тиллоӣ болои он ҳакокӣ шудааст, шогирдон ва пайравони зиёдеро рӯи саҳнаи ҳунар овардааст. Бузургтар аз он ин аст, ки насли сеюми мактаби ҳунари устод Ҷӯрабек Мурод, толорҳои қалби ошиқонро чироғон намуда садҳо ҳунармандони ҷавон худро шогирди ин мактаби касбӣ ном мебаранд. Ва устод қандили бузургеро мемонад, ки шогирдон чун чилчароғ атрофи он зери шаҳпари шуъои пурҷилои малакутии ӯ сарфарозӣ доранд. Мактаби ҳунари устод Ҷӯрабек Мурод, аз дили Хуҷанди бостон, то тамоми водии Зарафшон, водии Ҳисор, вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон домон густурдааст.
Ҳамин будаву ҳаст, ки дар тамоми Самарқанду Бухоро, Намангон, Фарғона ва Тошканд нест хонадони тоҷику ӯзбек, ки бо оҳангҳо ва лаҳни шакарини устод Ҷӯрабек таронаеро зам-зама насозанд. Суруди мардумии “Зулайхо” пайки шодиву сур барои тамомии хонадони тоҷику ӯзбек будаву ҳаст. Борҳо банда шоҳиди он будам, ки устоди зиндаёд Шоири Халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии Рӯдакӣ Лоиқ Шералӣ дар ҳавои завқ ва оҳанги устод Ҷӯрабек ин сурудро замзама мекард. Ҳамин муҳаббат ва самимияти қаламрави эҷоду эътибори фарҳангӣ, пулеро миёни қалбҳои устодон Лоиқ Шералӣ ва Ҷӯрабек Мурод ба миён овард ки ҳосилаш ин шеъри устод Лоиқ мебошад.
Қурбони он дилам, ки қурбони одам аст,
Ҷонам фидои одаме, к-ӯ ҷони одам аст!
Ман ҳар чи ҷамъ оварам дар рӯзгори хеш,
Аз баҳри рӯзгори парешони одам аст!
Сад ҷазбаи заминро як ҷав намехарам,
То ҷазбаи ишораи дастони одам аст!
То он даме, ки зиндаам андар талоши бахт,
Ашъори ман ситоиши исёни одам аст!
Ин мактаби олами маъонии зебоофарӣ ва зебоипарастӣ номи устоди арҷманд Ҷӯрабек Муродро шаст сол, боз зевари тору пуди ҳунари овозхони намудааст. Магар овои ширину гуворо ва ширадору шавқрезӣ ҳунармандони мардумии кишвар, Муродбеки Насриддин, Хосияти Зарафшонӣ ва Афзалшои Шодӣ пайки абадияти мактаби устод Ҷӯрабеки Мурод нест? Ҳақо, ки ин мактаб саропо кишвари биҳиштмаъвои тоҷикро фаро гирифтааст. Дар дунёи ҳунари овозхонӣ қулаи устод Ҷӯрабеки Мурод, баландтарин қулаи савту садои миллати тоҷик мебошад.
Андалебово
Аз чаманистони гулҳои ҳазорранги устоди Ҷӯрабек рӯ сӯи таронаҳои мардумӣ, оҳангҳои пур аз навозиш ва лаҳни гурлерзу гулоғӯши кӯҳистони кишвар оварда гӯш фаро мениҳем бо садои наворез ва савтҳои гушнавози устоди ҳунар, ҳунарманди мардумии кишвар устоди зиндаёд Абдуллоҳи Назрӣ. Садои хуш ва савтҳои пуршури мардумӣ ва лаҳни чун чашмаҳои мусафои куҳистони сар ба афлок кашидаи тоҷик устод Абдуллоҳи Назриро ҳамнишини синаҳои мардум намуда ёди некашро садсолаҳо дар ёдҳои ошиқону шефтагонаш бо абадият сабт намуд аст.
Садои малакатӣ ва навои пуразнавозишу саропо пур аз назокату латофати савтрезаҳо маҳин-маҳин чун шаҳпаракҳои ошиқи гулҳои ҳазорранг ба само мепечад. Ва садои фораму дилнишини ӯ чаманистони олами маъониро шукуҳу шаҳомати абадӣ мебахшад. Дарёи ҳунар мехурушад, талотум мекунад, дар ҷуяҳои маъонӣ мавҷзанон занҷирҳои ихтиёрро аз ҳам мешиканад ва сар ба афлок мекашанд, ӯро бо худ мебаранд ба дунёи бекаронаи розу ниёзҳои малакутӣ. Оре ҳамин будааст, ки ҳанӯз наздики шаст қабл аз имрӯз, шоъири шаҳири хушкаломи зиндаёди тоҷик Ғоиб Сафарзода дар як нигоштаи хеш, дар рӯзномаи “Тоҷикисони Советӣ” соли 1964-ум дар мавриди ҳунари устод Абдуллоҳи Назрӣ чунин нигошта буд.
“Имрӯз дар корзори меҳнати зарбдори сотсиалистӣ, ҳунарманди маъруфи тоҷик, яке аз шогирдони пурифтихори устод Акашариф Ҷӯраев, Абдуллоҳи Назрӣ бо таронаҳои дилошуби хеш руҳия меҳнаткашонро баланд бардошта, онҳоро бо фатҳи марраҳои нави меҳнатӣ ҳидоят менамояд. Маҳз овози ширину лаҳни хушаш, садои мурғакони ҳазоравои куҳистонро бо манзараҳои мафтункунандаи биҳиштосояш пеши назар меорад. Барои мани қаламкаш, ки дар корзори адабиёти тоҷик, барои эъмори ҷомеъаи инсонпарвари сотсиалистӣ, бомайлу рағбати дучанд кор мекунам, суруду таронаҳои ӯ муҳаббати манро ба диёри кӯҳистони тоҷик лаҳза ба лаҳза зиёдтар менамояд. Ва гумон мекунам, ки ин абётро маҳз барои ӯ нигошаам:
Овози маро зи кӯҳисорон шунавед,
Аз савти нафиси обшорон шунавед.
Мурғони диёри ман шиносанд маро,
Овои ман аз нолаи онон шунавед.
Банда бо тамоми дилу ҷон, дар ин маънӣ, бо устоди бузургвор шоири шаҳири зиндаёди тоҷик Ғоиб Сафарзода ҳамфикру ҳамақида мебошам.
Устоди равоншод ҳунарманди воқеъан мардумии кишвар Абдуллоҳи Назрӣ шаҳсавори корвони савту садо ва лаҳни хуши мардуми кӯҳистон будаву аст.
Нест хонадони кӯҳистоние, ки таронаеро дар сабку услуби малакул-маъвои устод Абдуллоҳи Назрӣ замзама нанамояд. Ӯ резапайкар, резаандом, резагуфтор ва резарафтор буд. Марди маҳфилоро машъалафрӯз ва ҷаҳондидае буд. Сурати хирадмандона ва сирати хеле бузурговорона доштанд. Ӯ марди худодод ва роҳии осору пайкори ҳунари волои савту садои мардумӣ буд.
Ошиқону ҳаводорони савту садои хушаш аз ду соҳили Ому, то паҳнои ду Бадахшон гушӯ ҳуши ӯ буданд. Дар тарона ва замзамаҳои мардумии ӯ дар боми андешаҳои ъорифона тамоми манзараҳои гулпӯши кӯҳистони кишвар пеши назар ҷилвагар мешуд. Лаҳни ширадор ва садои аз жарфои ҷон бо эҳсосоти баланди малакутӣ бурнҷастаи ӯ ба само мепечад. Само ситоразор мегашт. Ситораҳои тиллои савту садои хуши мардумиаш ҳамаро сарҷамъ месохт. Таровиш ва назокати лаҳни ширадораш касро асиру шефтаи савтиёти ӯ мекард. Ва аз худ мерастӣ ва ба дунёи ҳазорранги ӯ мепайвастӣ. Ин ҳунари худододӣ, ин ганҷи шойгон, ин мероси ҳазорсолаи тиллоӣ, қиматтарин гавҳар дар ҳастии ӯ буд. Мактаби ҳунарии ӯ аз кулбаи хоксоронаи бобоӣ ва аз мактаби бузурги устоди зиндаёд ҳунарманди воқеъан ҳам милливу мардуми Акашариф Ҷӯраев оғоз гардида, беш аз панҷоҳ сол ин мактаби ҳунрварии мардумиро пешво буд. Чун суфиёни Хуросони бузург, аввалин шогирдони ин мактаб, фарзандони азизи ӯ буданд. Баъдан ин мактаби ҳунарӣ, ба маҳфили фарзонагони кӯҳистон табдил гардид. Сабку услуб ва роҳу равиши оҳангҳои ҷаззобу дилнишинаш бо умқи гӯши ҷонҳои сомеъин мерасид. Ҷилои рушани ҳунари гуяндагии мардумӣ, аз падар ба фарзанди фарзонаву арҷманд ва донишманду оҳангпарвари ӯ, устод Исмоил супурда буд. Ӯ беш аз панҷоҳ сол боз шогирди ин мактаби бузург будаву ҳаст. Ҳарчанд ӯро ҳамагон ҳамчун устоди бузурги ин мактаб бидонанд, ӯ ҳанӯз худро шогирди ин мактаб меҳисобад. Насли сеюми ин мактаб дар такопу ва эҷоди тозаву рангин, мусофирини дунёи ҳунар мебошанд. Ва миёни мардуми кишвар арҷгузории бузурге дар сару садоҳои ин хонадони арбобони ҳунар мебошад. Яке ӯро бо унвони қутби ҳунари мардумӣ мешиносад, дигар ӯро бо унвони дарвозаи тиллоии савту садои ду Бадахшон. Воқеъан, ӯ дарвозаи тиллоии савту садо ва лаҳнҳои ширини кӯҳистони тоҷик будаву ҳаст. Ва ҳанӯз бо гуши ҷон садои ширадору лаҳни хушашро мешунавем. Савтрезаҳо маҳин-маҳин аз гӯши ҷон ба гӯши дил фурӯ менишинад. Лаҳзае дар сукути андешаҳои ошиқона ва ъорифона оҳанги хайрбод ва видоъро лолоӣ мекунем.
Ҷасоратово
Ва дар боли шавқу шур ва туғёни ҳастӣ садои пуршуре ба само мепечад. Садои ошно! Садои матонат ва паҳлавонӣ садои шавқу шуру ҷавонӣ. Садое дар ҳавои риндони сармасти Порсо! Садои марғуладори шерафкан. Оре ин ҳамон садои устоди равоншод, қаҳрамони сарои ҳунари овозхонӣ, Зафар Нозим мебошад. Солҳои шастуму ҳафтодуми садаи гузашта, ин марди ҳунар яккатози майдони таҳамтанони ҳунари овозхонӣ буд. Садои пуршуру пуртуғёни устод Зафар оҳанги матонату қаҳрамонии ҷавонони он замон буд. Дар ҷодаи ҳунари асили овозхонӣ, устоди равоншод Зафар Нозим воқеан шуру туғёни наверо ба миён овард. Мактаби ҳунари устод Зафар Нозим, мактаби матонат ва шуҷоату оини ҷавонмардӣ буд. Ва ин макта, ҷои ҳар тардомане буда наметавонист. Овозаву шуҳрату шони ҳунари устод Зафар то охири солҳои ҳафтодуми садаи гузашта пайки пирӯзии мактаби риндони сармаст буд. Садои хуши ӯ аз қалбҳо ба қалбҳо аз гушҳо ба гӯшҳо мерафт. Пойтахти кишвар, Душанбеи азиз, он вақт аз садои марғуладори фалакпечи Зафар рӯҳи тоза мегирифт. Таронаҳои пур аз шавқу шӯр оҳангҳои дилнишини ҷаззоби ӯ ба маҳфилҳои шавқии ҷавонон рӯҳу болидагӣ мебахшид. Ошиқону шефтагони савту садои хуши устод Зафар, бар тану ҷони баъзе аз сардамдорони он замон, ларза меангехт. Ӯ мисли раъду барқ буд. Дар воқеъ сабку услуби хоси хешро дошт.
Ин мактаби ҳунар аз қолабҳои куҳна берун раста, дар кӯчаҳои ҳунари овозхонӣ шуру валвалва барпо карда буд. Ва ҳамин сабкро дар тамоми кишвар бо унвони сабки Зафар пазируфта буданд.
Ин бузургмарди дунёи ҳунар то солҳои 90-уми садаи гузашта яккатози майдони ҳунари савту садо буд. Ӯ яъсу навмедиро дӯст намедошт. Тамоми сурудаҳояш шавқу шӯр ва туғёну талотуми зиндагӣ буд. Ӯ миёни абру боронҳо ва туфонҳо зода шуда буд. Ҳеҷ гоҳ пеши зиндагӣ бечорагӣ накашида буд. Доротарин дороҳо, номдортарин номдорҳо, паҳлавонҳо муштзурҳо ҳама сурудаҳои ӯро дӯст медоштанд. Дар ҳавои сурудаҳои ӯ таровати баҳор назокати абру борон ва туғёни абрҳои раъдрез дида мешуд. Мо наврасони он замон, ояндаи ҷавонӣ ва шукуҳу шаҳомати қаҳрамониро, аз сурудаҳои ин абармарди дунёи ҳунари воқеан миллию мардумӣ меёфтем. Сурудаҳояшро зери лаб замзама мекардем. Ҳатто ба либоспӯшии устод Зафар тақлид мекардем. Ӯ барои мо як симои бузурги сурудаҳои матонату қаҳрамонӣ буд. Ӯ уқоби пулодчангол ва дурпарвозеро мемонд. Пеши гардун зинҳор бечора набуд. Шикоятро дӯст намедошт. Табассуми зебое дошт. Қаҳ-қаҳ механдид. Хандааш аз қаъри дил ва жарфои ҷон буд. Бар ашк ва гиряи ӯ зинҳор бовар надоштам. Ин ҳама то баҳори майдонбозиву майдонсозӣ давом кард. Баъди чаҳор сол баҳори соли 1994 ба аёдаташ рафтам. Ҳеҷ боварам намеомад, ки бо устоди арҷманд ҳунарманди воқеъан мардумӣ ринди сармаст Зафар Нозим нишастаам.
Хеле маъюсу бечора дилмондаву дилмурда хомӯш буд, ашк мерехт. Аз ман гурехтан мехост. Тобу тоқати суҳбат надошт. Аниқтараш ӯ намехост, ки нафаре аз муштоқони ҳунараш бечорагии ӯро бубинад. Сархаму хомӯш маъюсу ноумед аз наздаш берун шудам. Наздики як соат пушти дараш нишастам. Ӯ дигар набаромад. Дуюмбора майли наздаш даромадан доштам. Баъди лаҳзае сари ин андеша омадам, ки ӯро тарк гӯям. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Баъди як моҳ он чиро, ки дар чашмони маҳзуни пур аз дарди ӯ дида будам рӯи саҳфа овардам. Ва он матолиби нигоштаам, тавассути як дӯсти ҳунармандам ба дасти устод расонида шуд. Баъди се сол боз вохӯрдам. Аммо… Ӯ нафари дигар буд. Чашмони маҳзун, чеҳраи гӯёу хирадмандонааш аз ман узрхоҳӣ мекард. Бале ҳама гуна нооромӣ ва бесару сомонӣ, аввал аз ҳама зарбаҳои маргбор, бар ҳунар ва ҳунарманд мезад.
Аммо ин ҳама шикастанҳо имтиҳони сарнавишт ва тақдир буд. Он гуна, ки Мавлонои бузург фармуда?
Заҳар додам, нӯш кардӣ, ғам махӯр,
Ман даҳони ту пур аз ҳалво кунам.
Ва насими файзхезу файзрез ва файзбахши Истиқлол баъди чанде бо мадади Парвардигори бахшандаи меҳрубон хирадмандеро аз дудаи Сомониёни далери миллатсозу фарҳангбунёд рӯи кор овард. Ин абармади таърихи навини миллат бар тани афгору афсурдаи Ватан руҳу тавони нав бахшид. Бар хастагони руҳу ҷони миллат тобу тавон ва матонат бахшид. Ғунчаҳои аз зимистони бармаҳал сар ба замин ниҳода қомат афрохта сарфарозиву сарбаландӣ муждаи рӯзи нав оварданд. “Ман ба шумо Сулҳ, саодат, шукуфоӣ ва муждаи васлу висол хоҳам овард” гуфтани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замини ормонҳои миллатро гулбасару гул бар домон намуд. Яъсу навмедӣ ва дарду ҳиҷрон бо мақдами мубораки ӯ замини рӯзидеҳу рисқофари моро ба абадият тарк намуд. Киштаҳо сарсабз гардида, қалбҳо аз нав ба тапиш ва руиш даромаданд. Суруду тарона ва чангу чагонаи Ориёи саропои қаламрави биҳиштмаъвои мо тоҷиконро чароғистон намуд. Маҳфилҳои саропо маърифатхез ва савту садоҳои ориёи то бар гӯши олами малакут расид, китобу маърифат бар гӯши ҷонҳо мегуфт:
Савту сози мо китобу ҳикмат аст,
Ин думаънӣ эътибор миллат аст.
Ин бор бо дастгирии бевоситаи ин абармади таърихи навини миллат Пешвои муаззами миллат устод Зафар Нозим хеле қадрдонӣ гардид. Мақому манзалати ҳунар ва ҳунарманд арҷгузорӣ гардида, тамоми маросиму тантанаҳои кишвар бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар гулбасару гул бар домон гардид. Душанбеи азиз ҳамакнун бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи ин абармарди таърихи навини кишвар ва шаҳрдори воқеан ҳам азизи Душанбеи гулбадомони мо аз Бухорои Сомониён ҳеҷ каму костие надошта ва надорад.
Равонат шод бод устоди арҷманд. Садояш дар қалбҳои мо то он замон ки набзи мо метапад танинандоз аст. Ва дар санги мазораш даруни синаи хеш набиштаам.
Баъд аз вафот турбати мо аз замин маҷӯ
Дар синаҳои мардумӣ ъориф мазори мо.
Оре мазори ин абармадони таърихи ҳунарҳои мардумӣ абадан дар синаҳои ъорифони миллат сукунат ихтиёр кардаанд.
Мактаби ҳунари устоди арҷманди равоншод Зафар Нозим беш аз шаст сол дар тамоми атрофи Душанбеи азиз ва тамоми водии Рашту водии Вахш соҳиби ошиқону шефтагон ва пайравони зиёд мебошад. Лаҳни гӯиши ин мактаб мақоми шавқӣ, бо зарбаҳои силсиладори мардумӣ буда, садои марғуладори мавҷхези зарбсоз мебошад. Боиси сарафрозӣ ва ифтихормандии тамоми ошиқону шефтагони лаҳни хуши устоди равоншоди зиндаёди мо Зафар Нозим ҳамин будаву ҳаст, ки фарзанди арҷманди ӯ Ҷовид ин мактаби бузургро бо тамоми нозукиҳояш аз худ намуда, имрӯз саҳнаи ҳунари падарро холӣ нагузоштааст. Ҷовид сурат ва сирати Зафар, Ҷовид ҷилои устод Зафар дар оинаи ҳунар, Ҷовид давоми умри абадии Зафар. Ҷовид, ин мактабро мебояд чун гавҳараки чашм нигоҳ бидорад. Сафи шогирдони ин мактаб ин лаҳни ширину гувороро мебояд, дар такмили нав дар лаҳни устод Зафар, то ба Сураё бирасонад.
Шаҳдово
Бо арҷу эҳтироми бузург, ба рӯҳи поки устод Зафар, зери савту садоҳои осмонкафи ӯ вориди ҷаҳони пур аз маъонии орифи суханшинос ва андалеби гулшани розҳои гуфтаву ногуфтаи, устоди равоншоду маҳфилоро ва ширинкалом, Одинаи Ҳошим мегардем. Он гуна, ки худи ӯ месуруд:
Рози Ҳофиз баъд аз ин ногуфта монд,
Эй дареғо, роздорон ёд бод.
Оре розҳои ӯ дар воқеъ ногуфта монд. Китоби қалби пуршури ӯ нокушода, нохонда, ношунида ба абадият супурда шуд. Ҳам акнун гӯш бар ашъори пуршӯри сурудаҳои ӯ мекунему дар сукути андешаҳои хирадмандона бо ӯ ҳамсуҳбат мешавем. Ва розҳои пинҳони ӯро аз фиғону дардҳои зери савту садо пинҳонгаштааш мешунавем. Он гуна, ки гушу ҳуши устоди хушкалом, шоъири воқеъан мардумии тоҷики Бозор Собир ӯро бо ин каломи ҷовидона шинохта буд.
Савту сози Ибни Ҳошим ёдгори миллат аст,
Нолаи ошуфтае аз рӯзгори миллат аст,
Ман ба симояш фурӯғи Олӣ-Сомон додаам,
Вориси Сомон-у Нуҳу шаҳриёри миллат аст.
Ва аз ин болотару хубтару воқеъбинонатар касе ӯро надидааст. Ҳол он ки тасвири ҳунари устоди шаҳири зиндаёди тоҷик Одинаи Ҳошимро садҳо шоиру нависандаи хушкаломи тоҷик сутудааст.
Мактаби ҳунари волои розҳои ъорифонаи устод Одина аслан ин мактаби падари бзургвори ӯ, Ҳошими Қосим, дар такмили худи устод, Одинаи Ҳошим мебошад.
Мактаби ҳунари ин абарманди таърихи мусиқӣ ва савтҳои воқеъан мардумӣ, оғози солҳои шастуми садаи гузашта, дар аксари мамолики шарқи исломи соҳиби шогирдони зиёде буд. Оғози солҳои ҳафтодуми садаи гузашта шоир ва ҳофизи хушкаломи Афғонистон устоди равоншод Зиё Қоризода, мактаби ҳунари устоди Одинаи Ҳошимро мактаби лаҳнҳои абадзиндаи гуишҳои Балхӣ бузург ёдовар шуда буд, ки ин асоси воқеъӣ мебошад. Ва дигаре аз донишмандони шинохта ва овозхони баландовозаи Афғонистон Акбар Лоло сабки хониши устод Одина Ҳошимро сабки хониш ва қироъати хӯросонии Каломуллоҳ ёдовари намуда буд. Устоди калому лаҳну савту мусиқии Ирон Муҳаммад Ризои Шаҷариён мактаби ҳунари устод Одинаи Ҳошимро мактаби каломи мавзун ва савтҳои ъорифонаи Хуросони бузург ёдоварӣ намуда буд. Оре мактаби ин ҳунарманди асил ва воқеъан мардумӣ, то ҳол мавриди омӯзиш ва пажӯҳиши ҳеҷ яке аз ҳунаршиносони кишвар қарор нагирифт. Аммо мактаби муқалидони фалаксароии ӯ дурӯғакеро зевари дидаҳо чун сароб намудаанд. Тӯли бист сол боз ин мактабро сарпуш болояш гузоштанд. Аммо аз номи поку бузургвори ӯ хеле нафарон соҳиби ному нон ва шаъну эътибори дуруғине гардидаанд. Ӯ худ ки марди Худодод буд, рӯҳи покаш ҳанӯз хеле касонро шафоат намуда истодааст. Мактаби ҳунари лаҳни гӯиши устоди равоншод Одинаи Ҳошим, дар воқеъ мактаби лаҳни қироати Каломулоҳ мебошад. Банда шоҳиди он будам, ки дар аввалин анҷумани тоҷикони ҷаҳон, дар шаҳри Душанбе дар як нишасти хосае, ки дар он устоди бузургвор академик Муҳаммад Сайфиддин Осимӣ, ду нафар тоҷикони Афғонистон. Раиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистон устод Аҳмади Донӣ, ду нафар тоҷикони муқимии Арабистони Саудӣ ва як нафар меҳмон аз Амрико ҳузур дошт, яке аз тоҷикони муқими Саудӣ бо номи Муҳаммад Ашрафи Саудӣ вақте, ки устод Одина бе асбобҳои мусиқи ғазали Соиби Табрезӣ ва як ғазали Ҳофизи Шерозиро хонд, ҳамаи он меҳмонон ашк мерехтанд. Дар интиҳо ҳамин нафари Саудӣ пешони устоди Одинаи Ҳошимро бусид ва дастонашро ба сифати эҳтиром дар дидаҳояш молиш дод ва гуфт, ки падари бузургворам се сол пеш да синни 96 солагӣ аз дунё гузашт ва орзуи шунидани овози устод Одиани Ҳошимро дошт. Ӯ гуфт, ки падари бузургворам Қуръонро ҳамин гуна ки устод Одина ғазали Соибу Ҳофизро хонд, ҳамин гуна дар ҳамин лаҳн мехонд. Чунин лаҳни хониш, он замонҳои дур дар хонадони Олӣ-Сауд бисёр эътибор дошт. Ва ин лаҳнро онҳо лаҳни хониши Хуросонӣ ном мебурданд. Яъне, ки шаҳдово, овое, ки аз шираи ҷон ғизо мегирад ва рӯҳро оромиш мебахшад.
Дареғо, ки он замон, дар он шабу рӯз, ҳич имкони сабт ва навори онҳо набуд. Устод Аҳмади Донӣ бо хеле эҳсосоти баланд дар ҳақи устод Одинаи Ҳошим суханони зиёде гуфт. Банда ки забони ӯро намедонистам, устоди равоншод Муҳаммад Сайфиддин Осими канда-канда ба мо тарҷума мекард. Яъне лаҳни хониши устод Одинаи Ҳошим ба тарҷумон ниёз надошт. Аммо ҳунар ва истеъдоди фавқуллода ва қувваи ҳофизаи ӯ ҳасудони хеле ва хеле зиёд дошт. Аслан рашку ҳасад, зодаи санътакорон мебошад, на зодаи ҳунармандон. Яъне ҳунари хонандагӣ ва савтиёти устоди равоншод Одинаи Ҳошим мактаби бисёр бузурге буда, ҳанӯз, дар қаъри он ганҷҳои бебаҳои зиёде нуҳуфта интизори пижуҳишгарони воқеъии тарихи ҳунари савтшиносӣ ва лаҳншиносӣ мебошанд.
Устод Одина дар интихоби мусиқӣ бар матн ҳунари нотакрор ва фавқуллодае дошт. Ҳар шеърро намеписандид. Завқи хеле ва хеле баланди интихоби матнро дошт. Ашъори беш аз сад нафар шуарои классикро ба бориктарин ва гӯётарин риштаи ҳазорранги мусиқии руҳнавоз кашида буд. То ҳол гуши мо нашунида ва чашми мо ҷое нахондааст, ки касе аз мусиқашиносону мусиқидонони кишвар дар пиромуни истеъдоди фавқуллодаи ҳунари оҳангшиносии устод Одина чизе гуфта бошад. Охир мусиқӣ ва савту наво либоси матн мебошад. Бар тани матн пушонидани либоси шинам ва хоси он матн корест басо сангин. Мактаби маҳорати гуяндагии устод Одинаи Ҳошим хоси худи ӯ буд. Банда, ки бо шарофати падари бузургвору донишманди зиндаёдам ошноии беш аз бистсола ба ӯ доштам, аз суҳбатҳои самимӣ ва хосаи ӯ хеле баҳраҳо бардоштаам. Боре аз рӯи дилбастагиам ба савту садо ва оҳангҳои мардумӣ ҳангоми иҷрои як ғазал аз устод хурдагирӣ намуда, гуфтам, ки ҳангоми иҷрои ин матн мусиқӣ мебояд каме пештар аз хониши Шумо мебуд. Устод дар ҳол пай бурд, ки банда воқеъан аз ҷону дил ӯро гӯш кардам ва гуфт: Шумо дуруст мегӯед. Аммо ин матн ба он дараҷа баланд мебошад, ки ҳангоми ба гӯши самеъи воқеъӣ расидан каму костиҳои оҳангро худаш пур мекунад. Ҳамон гуна, ки оҳанги зебо ва бағоят гушнавозу рӯҳнавоз каму костиҳои матнро пурра месозад. Баъди ин бори дигар шадидтар эътиқод ба он намудам, ки қобилияти қабул ва ҳазми савтиёт дар устод Одина, худодӣ будааст.
Банда хеле муттаҳайир аз он мебошам он муддаиёне, ки даъвои ному нону шаъну шарафи устоди бузургвор Одинаи Ҳошим мекунанд, назди виҷдон ва имони хеш, боре дар танҳои худашон аз худашон намепурсанд, ки рӯзе ин парда аз рӯи макру ҳаялҳо бардошта мешавад ва урёниву бечорагиву бенавоиву беҳунариву бадхоҳии онҳо манзури чашму дидаҳои мардум мегардад ва мардум лаънатҳои зиёдеро болои сари онҳо хоҳад рехт. Аммо бо ин ҳама он низ нахоҳем гуфт, ки мактаби ошиқону ъорифони устоди Одина ба ҳукми фаромӯши уфтод. Мактаби ҷовидонаи устодро бародари азизу арҷмандаш Ҳофизи воқеъан ҳам мардумӣ ва дӯстдоштанӣ шахсияти соҳибаҷру эҳтироми фарҳангӣ Абдулхайр Ҳошимов ва фарзанди номбардори устод Раҳматулло Ҳошимов дар мақоми ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҳунари имрӯзӣ ба пеш бурда истодаанд. Ва ҳамин мактаб аз ҷониби роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар соҳиби қадрдонии зиёд гардида, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат мақоми давлатӣ додан бар “Ансамбли фалак” ва бо Пешниҳоди Пешвои муаззами миллат бо қарори Комиссияи ЮНЕСКО пазируфтани “Суруди фалак” ҳамчун мероси маънавии фарҳангии ҷаҳонӣ ин қадрдонии устод Одина Ҳошим мебошад. Ва ҳамин дастгириву қадрдонии Президенти маҳбуби мо аз маънавиёти миллат ва давлат будаву ҳаст. Ва шояд ҳамин ризогии руҳи поки ба ҳақ пайвастаи устод Одина Ҳошим бошад, ки барои дар равоқи абадият сабт гардидани номаш ҷойнишинеро барои худ рӯи саҳнаи ҳунар овард. Ва африштаҳои раҳмат, ба мо сомеъин ва ошиқону шефтагони ӯ раҳм намуда касеро бо номи Фирдавс аз дудмони Ҳошим Қосим рӯи саҳнаи ҳунар овард. Ҳамагон умед бар он доранд, ки Фирдавси азиз, нахли умеди бори устод Одина буда, ин мактаби бузургро аз нав дар шакли зеботару волотаре, манзури гушу ҳуши муштоқони ҷадди бузургвораш хоҳад намуд. Мо низ бо кафи пур аз дуъо, аз даргоҳи Яздони Пок, хостори он ҳастем, ки ин чироғи зулматсӯз, ки дар сурати Фирдавс рӯи саҳнаи ҳунар омадааст, мактаби бузурги ҷадди хешро пурҷиллову мунаққаш нигоҳаш бидорад.
Мурод аз ин гуфтану гуфтаҳо он аст, ки ҳанӯз дер нашудааст биёед на барои риёву рибо балки аз барои Худо, аз сари сидқу сафо бо дасту дили пок осорхонаи ҳунари асили ин ҳунармандонро лоақал, дар Донишкадаи Ҳунар ва Консерваторияи Миллии Тоҷикистон боз намоем. Ва мактаби ҳунари ин абармардони торихи ҳунари воқеъии мардум мавриди омӯзишу таҳқиқоти қарор бигирад. То дар пеши ояндагони хеш сархаму маломатзада набошем. Ва ангушти надомат нагазему нагӯем:
Аз дида, ки рафт баъд афсӯс хурем,
Дар синаи хеш захми ҷонсӯз хурем.
Танҳо тирамоҳ ёди Наврӯз кунем,
Танҳо шаби тор мо ғами рӯз хурем.
Охир мансубиятҳои миллии онҳо аз мансубиятҳои қавмиву маҳали ҳазорҳо зина боло мебошад. Ин чаҳор қутби ҳунари мусиқӣ ва сурудаҳои мардумӣ, чаҳор дарвозаи тиллоии дунёи ҳунари миллат мебошанд.
Ҳол он, ки Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи кишвар вазифадоранд, ки дар бунёди Маркази омӯзиши осори ин чаҳор шоҳсутуни ҳунари овозхонии миллат, саҳмгузори асосӣ бошанд. Ашъори ахлоқиву имонӣ, ватанхоҳию башардӯстии ин абармардҳои воқеан таърихии миллат, дар тарбияи насли наврас ва ҷавонони оянда хеле ва хеле бузург мебошад.
Ашъори пуршуру пур аз маъонӣ ва лафзи ширину гуворои ҳар яки онон мебояд, дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ва махсус, факултаҳои филологияи тоҷик, фарҳангшиносӣ ҳамчун дарси фарҳанги миллӣ ба шогирдон мавриди баҳрабардорӣ қарор бигиранд. Ҳамон гуна, ки дар аксари кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Русия, Олмон, Фаронса, Бритония, Италия ва чандин кишварҳои дигар мероси суннативу фарҳанги миллии онҳо, дар сурати чеҳраҳои шинохтаи ҳунар, аз макотиби миёна, миёнаи махсус, литсею, коллеҷ ва Донишкадаву Донишгоҳҳо сар карда, бо тариқи конфронсу семинарҳо мавриди таълими ҳамагон қарор мегиранд. Ҳол он, ки устод Ҷӯрабеки Мурод, устоди равоншод Абдулои Назрӣ, устоди равоншод Зафар Нозим, устоди равоншод Одинаи Ҳошим бо аҳли калому маърифат ва устодони Донишкадаву Донишгоҳҳои кишвар, ҳамеша алоқамандии хеле ва хеле хуб доштанд. Роҳии ҳақиқии фарҳанги миллӣ ва расму суннатҳои пешқадами миллати тоҷик, миёни соири қавму миллатҳо кишвар буданд.
Бунёди маркази омӯзиши фарҳанг ва осори суруд ва мусиқии миллат дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо номи устод Ҷӯрабеки Мурод, дар Рашт бо номи устоди равоншод Зафари Нозим, дар Хатлон бо номи устоди равоншод Одинаи Ҳошим, дар Бадахшон бо номи устоди равоншод Абдуллои Назрӣ барои кишвари азизи Тоҷикистон манфиатбор буда, гувоҳи барҷастаи фарҳангсолории раҳбарияту ҳукумати кишвар мебошад. Ва дар оянда, ҳар меҳмони арҷманд ва изатманди хориҷие, ки ба хотири ҷашну суннатҳои миллӣ ба Тоҷикистони азиз қадам ранҷа менамояд, тавонанд, ки баъди дидани ин марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумии кишвар, бо таасуроти хеле хуб ба ватанашон баргарданд. Ва ба ҳамватанони хеш, дар мавриди қадршиносии ҳунар ва ҳунарманд дар Тоҷикистони азиз чизеро гуфта тавонанд. Ҳол он, ки раҳбари азизи кишвари мо, дар тамоми вохӯриҳояш бо мардум, аз фарҳангсолориву фарҳангпарварии ин миллати қаҳрамони ориёфтар, бо таъкид, ба ҳамаи раҳбарияти мақомоти идории давлатӣ мефаҳмонад, ки аҳли қалам ва ҳунар, ки симои барҷастаи ҳуввияти миллат мебошанд, қадрдонӣ карда шаванд. Ин ҳарфҳои саропо хирадмандона ва ин ғамхории дар воқеъ падаронаи Раҳбари кишвар мебояд калиди кушоиши ҳама мушкилоти миллат бошад. Ва ифтихормандии миллат ба чунин раҳбари хирадманд ва фарҳангсолор низ ба тамалуқи ҳеҷ як вазиру вузаро набояд, ки мансубият дошта бошад.
Ҷумъахон Темурзода