Ҳангоми ҷустуҷӯи аксҳои зиёд, ки дар бойгонии шахсиам мавҷуданд, аксе ба дастам афтод ва воқеаи 43 сол муқаддам пеши назарам омад. Ин акси таърихӣ соли 1980 ҳангоми ҷашни 35-солагии Ғалаба дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Ӯротеппа аксбардорӣ карда шудааст.
Дар он Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром бо ҳамроҳии котиби аввали Ҳизби коммунисти шаҳр Мирзоқосим Рустамов, корманди амният Ахмедов, нависанда Маҳкам Пӯлод, Шоири халқии Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Саидалӣ Маъмур, Шоири халқии Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии ба номи А. Рӯдакӣ Лоиқ Шералӣ ва мудири шуъбаи Кумитаи ҳизби коммунисти Ӯротеппа Норбой Рӯзиев акс ёфтаанд.
Меҳмонон ба шаҳри Ӯротеппа ташриф оварда, ба хотири он 12 ҳазор шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Ӯротеппа, ки ба шарафашон «Кохи ёдгорӣ» бино карда шуда буд, гулчанбар гузошта, хотираи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватаниро ба хотир оварда буданд.
Худи ҳамон рӯз дар Қасри фарҳанги шаҳр маҷлиси тантанавӣ ва консерти калони устодони санъати Ӯротеппа баргузор гардида буд. Рӯзи дигар шоирон ва адибон ба корхонаю хоҷагиҳои калон, корхонаҳои винобарорӣ, консервабарорӣ ва колхозу совхозҳои «Роҳи Ленин», «Ӯротеппа» меҳмон шуда бо меҳнаткашон вохӯриҳо гузаронида, шеърҳои худро бахшида ба ин санаи таърихӣ қироат намуданд.
Аз баромади М. Рустамов маълум гашт, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Ӯротеппа се нафар – Раҳмон Раҳмонов, Абдуназар Фармон-қулов ва В. Куйбишев дорандаи ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва ду нафар – Муҳаммадӣ Иброҳимов (барои ҳимояи шаҳри Минск дар рӯзи шашуми саршавии ҷанги хонумонсӯз) ва Исмоил Иброҳимов (барои убур кардани дарёи Днепр) ба гирифтани ордени Ленин мушарраф шуда буданд.
Имрӯз чун бузургдошт ба номи ин қаҳрамонон кӯчаву мактаб номгузорӣ шудааст.
Ана, ҳамон рӯз меҳнаткашони Ӯротеппа бо эҷодиёти шоирон Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Сайидалӣ Маъмур аз наздик шинос шуда буданд.
Сайфулло МАҲКАМОВ,
рӯзноманигор