Дар шаҳри Душанбе зимни давраҳои омӯзишӣ масъалаҳои зарфияти омӯзгорон дар пешгирии экстремизм миёни ҷавонон, усулҳо ва воситаҳои пешгирии экстремизм дар ҷомеа ва нақши таҳаммулгароӣ ва плюрализм дар пешгирии экстремизм мавриди баҳси омӯзгорон аз минтақаҳои гуногуни кишвар қарор гирифт.

Дар ин давраҳои омӯзишӣ, ки аз семинар ва тренингҳо иборат буд, 60 нафар омӯзгорон ва фаъолони ҷамъиятии ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Норак, Файзобод, Рашт, Исфара, Варзоб, Кӯлоб ва шаҳри Душанбе ширкат намуда, дар бораи зарфият ва имконоти омӯзгорон барои пешгирии экстремизм дар миёни ҷавонон, усулҳо ва воситаҳои пешгирии экстремизм ва терроризм дар байни наврасон, аҳамияти тарбияи наврасон дар руҳияи таҳаммулгароӣ ва дарки плюрализм барои пешгирии ифротгароӣ маълумот гирифтанд.

Дар тренингу семинарҳо иштирокчиён мавзуҳои “Зарурати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ”, “Хатари экстремизм ва терроризм дар ҳаёти ҷавонон”, “Фаҳмиши асосӣ дар бораи экстремизм”. “Чаро ҷавонон ба гуруҳҳои иртиҷоӣ ҳамроҳ мешаванд?”, “Нақш ва имконоти омӯзгорон дар пешгирии экстремизм миёни ҷавонон”, “Усулҳо ва воситаҳои пешгирии экстремизм дар ҷомеа”, “Нақши таҳаммулгароӣ ва плюрализм барои пешгирии экстремизм”-ро фаро гирифтанд.

Чорабинии мазкур бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Насли нави Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари давлатӣ бо дастгирии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар давраҳои омӯзишӣ зикр шуд, ки ҳодисаҳои террористии солҳои охир дар кишвар рӯйдода нишон медиҳад, ки сатҳи ифротгароӣ дар кишвари мо хеле боло рафтааст. Бино ба таҳқиқотҳои анҷомёфта, яке аз сабабҳои болоравии экстремизм дар солҳои охир коҳиши сатҳи таҳаммулгароӣ дар кишвар мебошад. Хусусан, фарҳанги таҳаммулгароӣ дар байни ҷавонон коҳиш ёфта, ҷои онро ифротгароӣ аз худ кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар гузашта мардуми кишвар аслан таҳаммулгаро ё таҳаммулпазир буданд ва ба ақидаю андешаи дигарон аслан кор надоштанд. Дар замони пеш мардуми мо дар канори ҳам бо мардуми дину ақидаашон гуногун зиндагӣ мекарданд. Ҳатто дар асрҳои миёна дар Бухоро намояндагони динҳои яҳуду насоро бо намояндагони дини ислом дар канори ҳам зиндагӣ мекарданд ва касе ба касе барои ақидаю дину мазҳабаш кор надошт. Мардум дар он замон андешаи ҳар касро чун андешаи шахсии ӯ қабул мекарданд ва агар он ба онҳо писанд набошад ҳам, таҳаммул мекарданд. Вале мутаассифона, дар замони истиқлолият гуруҳҳои ифротие пайдо шуданд, ки бо ақидаҳои ифротии худ андешаи дигаронро умуман инкор карда, мехоҳанд дигарон низ чун онҳо андешанд ва дар ҳолати баръакс, ҳатто нобуд намудани одамони дорои андешаи ба фикри онҳо дигарро зарур меҳисобиданд.

Бинобар ин, дар семинар коршиносон барои пешгирии экстремизм дар баробари иттилоъ додан дар бораи хавфҳои гуруҳҳои ифротӣ дар руҳияи таҳаммулгароӣ тарбия намудани наврасону ҷавононро барои ояндаи ҷомеаи Тоҷикистон зарур шумориданд.

Дар давраҳои омӯзишӣ зикр шуд, ки коҳиши таҳаммулгароӣ яке аз сабабҳои афзоиши ифротгароӣ дар ҷомеа шуда, ҳоло зарурати барои пешгирии экстремизм боло бурдани сатҳи таҳаммулгароӣ дар ҷомеа, бахусус дар байни мактаббачаҳои синфҳои болоии мактабҳои миёна ва ҷавонон, ки ояндаи ҷомеа аз онҳо вобаста аст, пеш омадааст.

Дар айни замон аҳли ҷомеаи дунё экстремизм ё ифротгароиро, ки маънои тундравӣ, аз андоза гузаштани андешаҳо ва амалҳои тундравонаро дорад, маҳкум мекунанд ва бо он мубориза мебаранд. Зеро хавфҳои афзоиши экстремизм ва хатарҳои терроризм қариб тамоми сокинони сайёраро нигарон сохтааст. Ҳоло аксари давлатҳои дунё барои пешгирии экстремизм мубориза мебаранд. Дар Тоҷикистон низ ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд, иқдомҳои зиёде барои пешгирӣ аз ин падидаҳои номатлуб анҷом дода мешавад. Дар Тоҷикистон барои эмин нигоҳ доштани аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон аз хатарҳои экстремизм ва пешгирии пайвастани онҳо ба гуруҳҳои ифротӣ таваҷҷуҳ сурат мегирад.

Ҳоло зарур аст тамоми аҳли ҷомеа маълумот дошта бошанд, ки ифротгаро шахсест, ки андешаҳои дигаронро нодуруст ва андешаи худро дуруст ҳисобида, андеша, шахсият, дин, нажод ва ё ҳатто миллати дигаронро паст шуморида, мақсади бо роҳи зӯроварӣ нобуд кардани онҳоро дорад. Бинобар ин, экстремизм аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум карда мешавад ва онҳое, ки даст ба амалҳои экстремистӣ мезананд, чун ҷинояткорони хавфнок пазируфта мешаванд. Фаъолияти гуруҳҳои экстремистию террористӣ мувофиқи қарори Суди Олӣ мамнуъ шудааст ва ба ин далел, онҳо бо роҳҳои гуногуни имоконпазир кӯшиш мекунанд, ки ба таври ноаён аксаран ҷавонони ноогоҳро мағзшӯӣ намуда, ба сафҳои худ ҷалб кунанд ва дар оянда онҳоро барои мақсадҳои нопоки худ истифода баранд. Ҷавонони ноогоҳ дар чунин ҳолатҳо ноаён ба ҷинояткор табдил ёфта, ҳаёти худро месӯзонанд.

Бинобар ин, огоҳ намудани ҷавонон аз хатарҳои экстремизм ва пешгирии он ба масъалаи муҳими ҷомеа табдил ёфт. Барои пешгирии экстремизм афзоиши сатҳи таҳаммулгароӣ дар ҷомеа метавонад муассир ва муфид бошад. Зеро афзоиши сатҳи таҳаммулгароӣ барои тақвияти сулҳу оромӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад. Таҳаммулгароӣ маънои доштани қобилияти сабр кардан, муросо кардан ва бо мулоимат муносибат кардан нисбат ба андеша, рафтор ва иштибоҳи дигаронро дорад. Дар аксари давлатҳои дунё таҳаммулгароиро ҳамчун яке аз воситаҳои асосии пешгирии экстремизм пазируфтаанд. Дар руҳияи таҳаммулгароӣ тарбия кардани насли ҷавон, маънои бо фаҳмиши дурусти дунёи муосир калон кардани наврасон ва пешгирӣ кардан аз ҳар гуна низоъҳо, аз экстремисту террорист шудани ҷавононро дорад. Чун, агар ҷавонон ҳамдигарро фаҳманд, андешаи дигаронро тибқи қоидаҳои плюрализм бо таҳаммул ҳамчун ҳуқуқи ҳамон кас барои ҳамон гуна андешидан дарк кунанд ва ё қабул намоянд, ба экстремисту террорист табдил нахоҳанд ёфт.

Бинобар ин, дар давраҳои омӯзишӣ зарфияти таҳаммулгароӣ ва плюрализм барои пешгирии экстремизм дар ҷомеа бузург арзёбӣ шуда, ба зарурати ташаккул ва омӯзиши фарҳанги таҳаммулгароӣ ва плюрализм дар муассисаҳои таълимӣ таъкид шуд.

Ба далели он, ки омӯзгорон бевосита бо ҷавонон кор мекунанд, имкониятҳо ва зарфияти омӯзгорон дар пешгирии экстремизм бузург арзёбӣ шуд ва таъкид гардид, ки омӯзгорон барои пешгирии экстремизм нақши муҳим дошта метавонанд.

Дар давраҳои омӯзишӣ иштирокчиён аз мутахассисон ба саволҳои худ ҷавоб гирифта, зикр намуданд, ки дар мактабҳои худ барои пешгирии ифротгароӣ ва барои дар руҳияи таҳаммулгароӣ тарбия намудани хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом хоҳанд дод.

Аброр САЛИМОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь