Бузургтарин наркобарони замони Иттиҳоди Шӯравӣ шахсе бо номи Шнейдерович буд, ки аз фурӯши ҳашиш беш аз 50 ҳазор рубл ҷамъ карда буд. Бо ин пул соли 1964 вай метавонист чанд мошини тамғаи “Волга” бихарад.

Дар бораи нашъамандӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ то оғози бозсозии горбачёвӣ гуфтану навиштан мумкин набуд ва агар ҳам касе чизе менавишт, оқибати хуб надошт. Албатта, ба ҳамагон маълум буд, ки зуҳуроте чун нашъамандиву нашъафурӯшӣ дар кишвари паҳновари Шӯравӣ вуҷуд дошт ва пӯшида ҳам набуд. Вале чунин меҳисобиданд, ки ба ин гуруҳи хатар асосан шахсоне бо доғи судӣ дохиланд, ки дар маконҳои маҳрумият аз озодӣ тамъи нашъа чашидаву тадриҷан ба истеъмоли он одат кардаанд. Гуруҳи дигар ҳам буданд, ки онҳоро ҳунармандони то ҷойе шуҳратёфта меномиданд ва Владимир Висотский ва Аркадий Севернийро аз ин зумра ном мебаранд. Ва ба гуруҳи дигар сокинони ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои шарқидурӣ дохил мешуданд. Аммо омори дақиқи нашъамандон вуҷуд надошт, онҳоро касе ҳисоб ҳам накарда буд.

Маълумоти оморӣ дар бораи истеъмоли маводи мухаддир ва ҷуғрофиёи густариши он на танҳо аслан чоп намешуд, балки махфӣ нигоҳ дошта мешуд. Дар солҳои 50-уми асри гузашта ҳабҳо барои муолиҷаи меъда дар дорухонаҳо озодона фурӯхта мешуданд, ки дар таркиби худ афюн доштанд. Баъдан доруҳое ҳам ба фурӯш гузошта шуданд, ки эфидрин ва кодеин ва навъҳои мухталифи барбитуратҳо доштанд. Ва аз онҳо омода кардани маводҳои ба истилоҳ “нишотовар” чандон мушкил ҳам набуд. Вале дар солҳои шастум теъдоди нашъамандони дорухонаӣ, ки худ мавод тавлид ва истеъмол мекарданд, чандон зиёд набуданд. Он замон нашъамандон бештар барои дарёфти мухаддироти “тоза”, аз қабили морфин, омнопон, чакраи кокаин ва дигар дорувориҳо, ки бо дорухат фурӯхта мешуданд, талош мекарданд. Дар бораи теъдоди вобастагон ба маводи мухаддир дар қаламрави Федератсияи Русия, системаи густариши мухаддирот ва ҳаҷми вуруди маводи мухаддир дар бойгонии таърихи иҷтимоӣ-сиёсии Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ (он замон ВКД чунин номида мешуд), ки ба Бюрои Сиёсии КМ КПСС ироа шуда буд, тасаввуроти рушантар медиҳад. Ин маълумот 8 майи соли 1964 ироа шуда ва албатта муҳри “Махфӣ” дар он зада шуда буд…

 

Воситаҳои интиқол

52 сол пеш вазири ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Русия Вадим Тикунов аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки ба қаламрави Федератсияи Русия мухаддирот бештар ворид карда шудааст. Вай гуфта буд, ки воридкунандагони аслӣ сокинони Қазоқистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мебошанд. “Вақтҳои охир,-навишта буд вазир, – маводи мухаддири ҳашиш бештар паҳн шудааст”. Танҳо дар вилояти Омск милитсия 62 интиқолдиҳанда ва фурӯшандаи мухаддиротро боздошт кард, ки ба нашъамандон беш аз 800 кило ҳашиш фурӯхтаанд. Ҳамин тариқ танҳо нашъамандони Омск тавониста буданд, ки дар як сол 8 тонна ҳашиш истеъмол кунанд. Ва ин рақам барои он замон кам набуд. Ҳашиш барои хоҳишмандони нишастҳои “вақтхӯшӣ” мухаддироти писандида маҳсуб мешуд.

«Интиқолдиҳандагон роҳу шеваҳои мухталифи интиқоли маводи мухаддирро кашф кардаву истифода мебаранд. Онҳо ҳашишро дар ҷомадонҳое ҷобаҷо мекунанд, ки дуқабатаанд ва қабати дуюми онро пай бурдан мушкил аст. Дар банкаҳои консерв ва ё шириниҳо, дар тӯпҳои резинӣ, тарбузу харбуза ҷо мекунанд. Баъзан онҳоро дар шакли муросилот ва ё ҳангоми ба ҳавопаймо нишастан дар бағоч месупоранд”. Барои ин кор роҳбаладони қаторҳо, кормандони вагон-тарабхонаҳо, яъне касоне, ки аз нигоҳи касбӣ ба нақлиёт алоқа доранд, истифода мешуданд.

Аз ин гузориши вазир ба Бюрои Сиёсии КМ КПСС фаҳмида мешавад, ки нашъамандони Шӯравӣ маводи мухаддир ва доруҳои психотропиро аз дорухонаҳо, бемористонҳо, дармонгоҳҳо, анборҳо ва дигар ҷойҳои нигаҳдории дорувориҳо медузданд ва бо ёрии дорухатҳои дуздидашуда аз дорухонаҳо озодона ба даст меоранд. Дар гузориш Бошқирдистон, Чечену Ингуш, Удмуртия, вилоятҳои Омск, Саратов, Куйбишев, Оренбург ва албатта шаҳри Маскав чун маконҳои густаришёфтаи мухаддирот зикр шудаанд.

 

Наркомафияи аврупоӣ дар Омск

Ва агар ба гузориши вазир ҷиддан таваҷҷуҳ шавад, ба омода кардан ва интиқоли умдаи маводи мухаддир бештар касоне машғул мешуданд, ки қаблан аз озодӣ маҳрум шудаву аз маҳбас баъди адои муҳлати ҷазо хориҷ шудаанд. Гуруҳҳои ҷиноӣ аз ҳисоби ин одамон ташаккул ёфтаанд ва онҳо шабакаҳои гуногуни фурӯши мухаддиротро созмон додаанд ва барои ин кор бештар ҷавонон ва ҳатто кӯдаконро ҷалб кардаанд. Ва чун дар ҳамаи замонҳо фоида аз тиҷорати маводи мухаддир хеле зиёд аст ва маҳз фоидаи ҳангуфт аст, ки одамон кашида мешаванд.

«Интиқолдиҳандагони ҳашиш,- навишта буд вазир ба КМ КПСС, –  соҳиби пули бедардимиён мешаванд ва ҳар килои онро ба ҳаннотон аз 200 то 300 рублӣ мефурӯшанд. Дар навбати худ барои як меъёри истеъмоли ҳашиш (камтар аз як грамм) нашъамандон ба ҳаннотон аз 50 тин то 1 рубл пардохт мекунанд. Пас мушкил нест ҳисоби ин ки як кило ҳашиш ба нашъафурӯш аз 700 то 800 рубл фоида меорад, ки ин ба ҳисоби соли 1964 баробар ба 8-9 маоши миёнаи як нафар мебошад.

Бузургтарин нашъафурӯши Омск (ин шаҳр дар ҳисоботи генерал Тикунов зиёд ёд мешавад) шахсе бо номи Шнейдерович буд, ки аз фурӯши ҳашиш он сол 50 ҳазор рубл ба даст оварда буд ва ин пули чандин автомошинаи машҳури “Волга” дар соли 1964 буд. Барои қиёс метавонем қайд кунем, ки Котиби якуми КМ КПСС ва сарвари Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ Никита Хрушёв, ки баъди чанд моҳи баррасии номаи мазкур дар КМ  ба истеъфо фиристода шуда буд, моҳе каме бештар аз 600 рубл маош мегирифт…

Дар ҳақиқат пуле, ки Шнейдерович аз фурӯши мухаддирот аз Қазоқистон ба даст оварда буд, хеле зиёд буд. Ва милисаҳои он замон дар ҳисоботҳои худ ин фоидаро хеле бузург – то ним миллион рубл арзёбӣ карда буданд. Ва ин қариб як миллион вояи истеъмол буд…

Ҷолиб аст, вале мутобиқ ба Кодекси ҷиноии РСФСР дар соли 1960 (ки 1 январи соли 1961 мавриди амал қарор гирифтааст) ба Шнейдерович ҷазои басо хандаовар пешбинӣ шуда буд: ҳамагӣ як сол маҳрум кардан аз озодӣ ва ё ҷалб ба корҳои ислоҳӣ ё ҷарима то сад рубл!!! Дуруст аст, ки Шнейдеровичро метавонистанд барои ба таври системанок машғул шудан ба ин кор ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум мекарданд, вале на аз ин беш!

Ва имрӯз чун ба ҳисоботи мақомот менигарем, даҳҳову садҳо хабари боздошти нашъабарон аз Қазоқистон дар Омскро мехонем, мебинем, ки кори Шнейдорович ҳамоно зинда аст. Марзи ҳазоркилометраи вилояти Омск бо Қазоқистон ба шарофати дӯстӣ миёни Русия ва ин кишвар ва узвияти Қазоқистон дар Иттиҳоди гумрукӣ амалан шаффофу камназорат аст…

 

Дӯстони нохуб

Дар номаи вазири ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба КМ бо хати сурх навишта шудааст, ки беш аз ҳар вақти дигар ҷавонон ба истеъмоли маводи мухаддир ҷалб мешаванд. Ва дар миёни онҳо “ҳатто ноболиғон низ ҳастанд”. Масалан дар Куйбишев то замони ирсоли нома 183 нашъаманди наврас ба қайд гирифта шудааст, дар Саратов ва Омск 870 истеъмолкунандаи мухаддирот сабти ном шудааст, ки 70 дарсади онҳо ҷавононанд.

Корманди озмоишгоҳи криминалии Саратов бону Т.Нефедова ба Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ навишта буд: “Инак дуюмин сол аст, ки ин мараз (фурӯш ва истеъмоли ҳашиш) одамони бештарро фаро мегирад. Кофист вориди гулгаштҳои хиёбони Чернишевский, наздикии варзишгоҳи “Динамо”, бозори Крит дар хиёбони ба номи Киров шавед, то бубинед, ки чӣ гуна гуруҳи мактаббачагон, коргарҷавонон, донишҷӯён ҳашиш дуд медиҳанд”.

Генерал Тикунов бошад, навишт, ки дар Қазон, ба хонаи нашъафурӯш Сафина, ки милитсия ӯро боздошт карда буд, ҳар рӯз то 50 нафар одамони синну солашон гуногун равуо доштанд.

Нашъамандӣ дар мактабҳо ба як зуҳуроти маъмулӣ табдил шуда буд. Ҳатто вазир аз ин арқом дар тааҷҷуб буд, ки баъзе мактаббачагон дар танаффусҳо ба ҳадде ҳашиш истеъмол мекарданд, ки аз ҳолати сардаргумӣ наметавонистанд ду калимаро ба ҳам васл кунанд. “Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нашъамандони зиёдеро ифшо карданд, ки хонандагони мактабҳои миёна буданд. Дар баъзе макотиб хонандагон ҳашишро дар фосилаи танаффуси байни дарсҳо истеъмол мекунанд”.

Сокини шаҳри Омск  Е. Н. Нефедова дар номааш ба унвони вазир навишта буд: “Юрий (писараш) бо дӯстони нохубе ошно шудааст ва зери таъсири онҳо мондаву ҳашиш истеъмол кардааст. Нашъафурӯше ӯро бо дӯстонаш ба хонааш даъват кардааст, то бо ҳам тамъи онро чашанд. Боре кашидаву аз худ рафтааст. Дар кӯча пойлуч давидаву ба бемористони бемориҳои руҳӣ афтодааст. Дар шаҳраке, ки мо зиндагӣ мекунем, зиёданд афроде, ки нашъа истеъмол мекунанд ва онҳо синну соли гуногун мебошанд: пир, миёнасол, ҷавон, наврас…”

Метавон аз ин гуна асноде, ки расман ба вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва КМ КПСС  ирсол шудаанд, даҳҳо иқтибоси дигар овард. Аммо ин нукта рушан аст: нашъамандӣ, аз ҷумла нашъамандии наврасон на дирӯз ва на имрӯз, балки хеле барвақттар аз ин пайдо шудаву густариш ёфтааст. Ва он ки ин мушкили муҳим зери муҳри “Махфӣ” аз мардум пинҳон дошта мешуд, маънои онро надошт, ки мушкил аслан вуҷуд надорад….

 

Бангдонаро чӣ гуна манъ карданд?

Роҳбарони умури дохилаи вақт чораҳои нисбатан ғайримаъмулии мубориза бо нашъамандиро пешниҳод карда буданд. Ба ҷойи он ки корҳои пешгирӣ аз нашъамандиро роҳандозӣ кунанд, боздошти нашъамандону нашъаҷаллобон, масдуд сохтани роҳи вуруди мухаддирот ва нуқтаҳои фурӯши он, онҳо ба қароре омаданд, ки кишти тамоку ва гиёҳҳои нашъадорро аз байн баранд.

Албатта, бангдона аз бангдона фарқ мекунад ва ин рустанӣ навъҳои гуногун дорад ва навъҳое ҳастанд, ки аз онҳо маводи мухаддир тайёр кардан имкон надорад. Яке аз ин навъҳо ҳамонест, ки дар иқлими сарду миёна мерӯяд. Аммо дар таркиби намудҳои ҷанубии он моддаҳои нашъаовар 20 баробар бештаранд. Дар нома ба Бюрои КМ КПСС оид ба РСФСР зикр мешуд, ки ҳашиш аз бангдонаи ҷануби Чуй ва ҷануби Манҷурия, ки замоне дар Қирғизистон, Қазоқистон ва ҷумҳуриҳои дигар низ кишт мекарданд, тайёр карда мешавад. Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ менавишт, ки он камтар аз севвуним дарсади ҳамаи бангдонаи мерӯида дар ИҶШС-ро ташкил медиҳад. Ва пешниҳод мешуд: кишти бангдона дар кулли қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ манъ ва барои кишти ғайриқонунии он ҷавобгарии ҷиноятӣ таъин карда шавад. То ин замон Кодекси ҷиноӣ ҷавобгариро танҳо барои кишти кукнор ва бангдонаи ҳинду (то ду сол маҳрумият аз озодӣ) таъин карда буд.

КМ КПСС ба истиқболи вазир рафт. Котиби КМ Андрей Криленко (имзои вай дар нома дида мешавад) аллакай охири мойи майи соли 1964 масъаларо дар Шӯрои Вазирон ба баррасӣ гузошт. 3 июн бошад дар ин масъала қарори Шӯрои Вазирон имзо шуд, ки кишти бангдонаи нашъадорро дар қаламрави Иттиҳод манъ мекард.

Ба муҷарради сари кор омадани Леонид Брежнев дар саҳнаи набардҳо алайҳи нашъамандӣ низ баъзе пешрафтҳо дида шуданд. Вале истеҳсолкунандагон дар Қафқоз, Осиёи Миёна, Қрим худро ба шароитҳои нав мутобиқ сохтанд, роҳҳои нави кишту ҷамъоварӣ ва интиқоли онро кашф  намуданд. Мавҷи нави нашъамандӣ ба аввали солҳои 1970 рост меояд, вале дар ин солҳо низ қонунҳои зиддинашъамандиву нашъаҷаллобӣ ба тасвиб расиданд, кишт ва ҷамъоварии он шадидан назорат шуд. Вале дигар касе наметавонист онро комил аз миён барад…

 Алексей БОГОМОЛОВ

“Совершенно секретно”

 

“Самак”: Ин мақола албатта, як талошест барои ифшои асрори мубориза бо нашъаву нашъамандӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ки даҳсолаҳо онро пинҳон медоштанд, вале баъдан илоҷе намонд ба ҷуз он ки ба мубориза ошкор даст зананд ва барномаҳоеро ҳам барои коҳиши сатҳи истеъмол рӯи даст гиранд. Шоирону нависандагон ба ин мавзуъ ҷиддан рӯ оварданд ва бузургтарин асар “Плаха”-и Чингиз Айтматов буд, ки таҳту решаи ин фоҷеаро мекушод.

Охири солҳои 70-и асри гузашта таҳаввулоти дигаре рух дод. Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон ҳамла кард. Саҳнаи набард бо муборизон дар Афғонистон ҷилд-ҷилд китобро дар бар мегирад. Вале саҳнаҳои дигари фоҷеабортар ҳоло ҳам пурра гуфта нашудаанд. Ва як саҳнаи мудҳиши он истеъмоли маводи мухаддир, густариши навъҳои дигар мухаддирот, ки садҳо маротиба пуртаъсиртар аз ҳашиш буданд. Дар атрофи ин масъала замоне хоҳем гуфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь