Интернет ҳаҷми бузурги иттилооти ҷойгиркарда, махзан ва ҳомили гарони донишҳои аз ҷониби башарият коркардшуда ва ҷамъовардашударо ҳамчун анбор дар худ нигоҳ дошта истода, барои фавран ва қулай дастрас гаштани он имконияту шароитҳои васеъ фароҳам оварда истодааст. Вале на ҳамаи иттилооти дар интернет ҷойгиркардашуда дуруст, саҳеҳ, дақиқ, объективона ва аз нигоҳи ахлоқӣ-ҳуқуқӣ ва динӣ мақбул мебошанд.
Дар интернет иттилооти ночиз, беарзиш, беҳуда, иғвоангез, моҷароҷӯёна ва дигар намуди иттилооти бадахлоқонаи аз ҷониби касе назоратнашаванда низ ҷойгир карда шудааст, ки ин раванд рӯз аз рӯз вусъат ёфта истодааст. Аз ҷониби дигар, интернет ҳамчун муҳите маҳсуб меёбад, ки дар он наврасон ташаккул ёфта, дорои интихоби омилҳои нодир ва соҳиби донишҳои муфиди мухталиф мегарданд, ки ба ташаккули онҳо ҳамчун шахсият таъсири амиқ расонида мешавад.
Ҳангоми баррасии асрори одаткунии наврасон ба интернет ҳамчун одаткунии руҳӣ, саволҳое ба вуҷуд меоянд, ки ташхискунии нишонаҳои онро ҳамчун беморӣ бояд муайян намуд. Ба асрори одаткунӣ ба интернет рафторҳои хусусиятноки зерин мушоҳида мешаванд:
– надоштани қобилият ва нахостани тарки интернет, ҳатто дар як фурсати кӯтоҳ;
– нороҳат шудан ҳангоми тарки интернет кардан дар вақтҳои зарурӣ;
– фикрҳои вобастагӣ ба интернет ҳангоми тарки он;
– кӯшиши гузаронидани кор дар интернет дар ҳамаи вақтҳои холигӣ;
– омодагии харҷи маблағ дар робита бо истифодаи интернет;
– қобилияти аз рӯи нақша кор кардан ва дар мавриди зарурӣ фарҷоми кори мушаххас дар интернет;
– дурӯғ гуфтан ба аъзои оила ва рафиқон оид ба кам кор кардан дар интернет;
– пайдо намудани қобилияти фаромӯшкунии уҳдадориҳои хизматӣ ва вохӯриҳои муҳим дар робита бо кори аз меъёр зиёд ба интернет, ки оқибат обрӯй ва эътибори кормандро коҳиш медиҳад;
– қабул накардани танқиди роҳбарият ва наздикон дар мавриди ба интернет аз меъёр зиёд одат кардан;
– пазироиши ҳолати дуршавии рафиқон ва вайроншавии оила дар робита бо кори аз меъёр зиёд бо интернет;
– аз даст додани саломатӣ ва вайрон намудани реҷаи хоб бинобар сабаби кор бо интернет дар вақти шабона;
– аз корҳои фаъолонаи ҷисмонӣ гурехтан бо мақсади зудтар пайдо кардани кор бо интернет ва ғайраҳо.
Ҳолати «геймерӣ» яке аз шаклҳои маъруф ва паҳншудаи одаткунӣ ба интернет мебошад, ки дорандаи чунин хислат қобилияти кор бо функсияҳои асосии компютери шахсиро надорад, зеро чунин шахс бисёртар компютерро барои машғул шудан бо бозиҳои шавқовар истифода менамояд.
Дар як қатор бозиҳои компютерӣ мавзуҳои зиддиахлоқӣ мавҷуданд, ки мутаассифона чунин бозиҳо бисёртар дар байни кӯдакону наврасони аз сини 8-сола то 15-сола маъруфу паҳн гардидааст. Мувофиқи яке аз таҳқиқотҳои дар ИМА гузаронидашуда, қариб 80%-и бозиҳои видеоии бераҳмонаи интернетӣ аз тарафи ҷавонон пазируфта шудааст. Дар бозиҳои бераҳмона ва таҷовузкоронаи намуди «Action» зиёда аз 91% вақти ҷавонон сарф мешавад. Рик Дайер – Президенти ширкати «Virtual Image Productions» мегӯяд, ки бозиҳо чеҳраи асосии худро гум намудаанд, онҳо ба воситаи таълимдиҳӣ мубаддал гаштаанд ва мо ба кӯдакон имконияти пайдо кардани хушбахтиро бо зер кардани тугмача медиҳем. Дар ҳоле, ки мо бояд ба онҳо таълим диҳем, ки чигуна ин бозиҳои бераҳмона дар ҳаёти воқеияшон хатари калонро доро мебошад.
Ҳанӯз соли 1976 танқиди ҷамъиятӣ бар зидди бозии бераҳмонаи «Пайки марговар» («Death Race») дар ИМА мардумро ба изтироб оварда буд. Дар ин бозӣ касе ғолиб дониста мешуд, ки тавассути автомобил чиқадар бисёре аз пиёдагардонро пахш намуда, ба ҳалокат расонад. Бозиҳои муосир бо графикаи такмилдодаи худ ҳолатҳоеро ба вуҷуд меоранд, ки бозингар гумон мекунад, ки дар ҳақиқат кирдорҳои бераҳмонаро амалӣ намуда истодааст. Бозингар дар ҳоле ғолиб дониста мешавад, ки ҳамаи сатҳҳои бозиро гузашта, ба кушта шудани 33000 одам муваффақ гардад. Ҳамчунин, бозиҳое мавҷуданд, ки дар онҳо нақшҳое оварда шудааст, ки ба хотири тасарруф намудани автомобил бояд бо чӯби бейсбол фақат дар атрофи сари одамони бегуноҳ зарба зада шавад.
Дар байни бозиҳо намуди бозиҳои «мерганҳо аз шахси якум» низ мавҷуд мебошад, ки бо бераҳмии худ мардумро ба изтироб овардааст. Ҳар боре, ки дар ВАО сухан дар бораи бозиҳои бераҳмонаи компютерӣ меравад, онҳо маҳз намуди бозии «мерганҳо»-ро дар назар доранд. Ин намуди бозӣ ба ҳолате оварда мерасонад, ки бо интихоби силоҳ аз тарафи бозингарон чӣ одамони бегуноҳ ва чӣ душманон кушта мешаванд. Дар аксарияти давлатҳои мутараққӣ ба бозӣ кардани ин намуди бозиҳои бераҳмона шахсоне иҷозат дода мешаванд, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд ва дар баъзе давлатҳои дигар ин намуди бозиҳои бераҳмона дар умум мамнуъ мебошанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санади меъёрие, ки соҳаи мазкурро танзим мекунад, «Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки соли 2003 қабул шудааст. Консепсияи амнияти иттилоотӣ маҷмӯи мақсадҳо, вазифаҳо, принсипҳо ва самтҳои асосии таъмини амнияти иттилоотии мамлакатро ифода мекунад. Аммо аз таърихи қабули Консепсияи мазкур имрӯз 16 сол сипарӣ мешавад. Дар тӯли 16 сол воқеиятҳои ҷаҳони иттилоотӣ тағйир ёфтанд, таҳдидҳо чеҳраи нав ба худ гирифтаанд ва воситаҳои иттилоотӣ ба таври бесобиқа такмил ёфтаанд. Аз ин рӯ, ҷавобгӯ будани ин санади меъёрӣ ба талаби вақту замон зери суол меравад. Мисол, дар бораи интернет, ки имрӯз ба элементи асосии фазосози иттилоотӣ табдил ёфтааст, дар консепсия дақиқан сухан намеравад. Ҳол он ки, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди зиёда аз 3 миллион муштариёни шабакаи интернет мавҷуд буда, сарчашмаҳои гуногуни фаъолияти шаҳрвандон ба он вобастагӣ дорад.
Зимнан, барои ба воқеиятҳои муосир тавъам намудани моҳияти консептуалии чораҳои ҳифзи иттилоот ва мубориза бар зидди таҳдидҳои иттилоотӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Консепсияи зикршуда бамаврид шуморида мешавад. Яъне қадами дигар дар роҳи мубориза бар зидди таҳдидҳои иттилоотӣ такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки такмили заминаи меъёрӣ, албатта, ниҳояти мубориза бо падида нест. Барои он ки давлат аз дидгоҳи иттилоотӣ ҳифзшуда бошад, инфрасохтори интернетӣ, системаи муташаккили тарғибот, низоми хоси бурдани ҷанги иттилоотӣ низ зарур мебошад.
Хулоса, дар шароити кунунӣ ҳифзи амнияти иттилоотӣ яке аз таркибҳои муҳимтарини манфиати миллӣ ба шумор рафта, дар партави тадбирҳо ва механизмҳои мубориза бар зидди таҳдидҳо ба амнияти иттилоотии мамлакат, манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат низ ҳифз хоҳанд шуд.
Умед ШАРИФЗОДА,
сардори шуъбачаи РМЗҶМ ВКД ҶТ, подполковники милитсия