Терроризм ҳамчун рӯйдоди сиёсӣ таърихи қадима дорад. Калимаи «террор» аз лотинӣ гирифта шуда, маънои тарс, даҳшатро дорад. Он ҳамчун мафҳуми сиёсӣ аз тарафи инқилобчиёни фаронсавии жирондистон ва якобчиён истифода мешуд, ки онҳо бо ин роҳ барои тарсонидан ва ба даҳшат овардани Ҳукумати Людовики XVІ мардумро ба ошӯб меоварданд.

Аммо терроризм таърихи аз ин ҳам қадимтар дорад. Аввалин гуруҳи террористӣ дар таърихи инсоният гуруҳи сикаристҳо буданд, ки дар солҳои 66-73-и асри І-и мелодӣ дар Фаластин мезистанд. Дар асри XІ дар Шарқ бошад, бо номи гуруҳи «асосинҳо», ки ба онҳо Ҳасани Саббоҳ роҳбарӣ мекард ва ҳамчун асосгузори идеологияи терроризм машҳур аст, фаъолият мекард.

Ҷамъиятҳои махфии террористӣ дар Шарқи Дур, Хитой ва Ҳиндустон вуҷуд доштанд. Аз нимаи дуюми асри XІX ҳаракати террористӣ дар Аврупо характери доимӣ гирифт. Махсусан, дар Русия ташкилоти «Озодии Халқ» («Народная Воля») хеле фаъол буд. Дар муддати се соли мавҷудияти худ онҳо амалиётҳои зиёди террористӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, куштори Генерал-губернатори Петербург, роҳбари шуъбаи сеюм генерал Мезенсев, Шоҳ Александри ІІ аз тарафи онҳо амалӣ карда шуд. Давомдиҳандаи амали террористӣ дар Русия эсерҳо буданд. Тахминан ҳамаи кушторҳои дар аввали садаи XX рӯйдодаро эсерҳо ташкил мекарданд. Дар ин муддат қариб 263 ҳаракати террористӣ фаъолият мекард.

Дар ин вақт дар Амрико президентҳо Мак-Кинли ва Гарфилд аз ҷониби террористҳо ба қатл расонида шуданд. Ҳамчунин соли 1894 президенти Фаронса Карно, соли 1987 сарвазири Испания Кановас, соли 1898 маликаи австриягӣ Елизавета ва соли 1990 шоҳи Италия Умберто дар натиҷаи амали террористӣ ҷони худро аз даст доданд. Баъди ҷанги якуми ҷаҳон ташкилотҳои террористӣ аз тарафи гуруҳҳои сепаратистӣ ва гуруҳҳои фашистӣ дастгирӣ меёфтанд.

Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон бошад, гӯё амалиёти террористӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ расида буд. Дар зери таъсири ҷангҳо дар Корея ва Ветнам мавқеи онҳо суст гардид. Аммо ин гуруҳҳо вуҷуд доштанд. Чунончи соли 1972 гуруҳи террористии «Сентябри сиёҳ» варзишгарони Исроилро гаравгон гирифтанд, ки дар натиҷаи ҳуҷум бисёри варзишгарон, террористон ва кормандони полис кушта шуданд.

Дар таърихи нави ҷаҳон мавҷи нави ҳаракатҳои террористӣ авҷ гирифта истодааст. Пас аз сентябри соли 2001 терроризм хусусияти глобалӣ пайдо кард. Мувофиқи методҳои таъсиррасонӣ терроризм чунин шакл мегирад:

– бо расонидани зарари ҷисмонӣ;

– нобуд сохтани объектҳои моддӣ;

– бо истифодаи фишороварии руҳӣ-равонӣ.

Терроризм дохилӣ ва байналхалқӣ шуда метавонад. Терроризми дохилӣ вобаста ба субъектҳои худ мумкин аст ба терроризми давлатӣ, терроризми мухолифӣ ва терроризми байниҳизбӣ тасниф ёбад. Терроризми байналхалқӣ бошад, ба давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷудо мешавад. Аз рӯйи ғаразҳо терроризми ҳозираро чунин муайян кардан мумкин аст:

– дар тактикаи амалиёти террористӣ дигаргунӣ ба вуҷуд омадааст (аз куштори як-ду нафар ба садҳо-ҳазорҳо расидааст);

– таркиби гуруҳҳои террористӣ бисёр мураккаб гардидааст;

– шаклҳо ва роҳҳои террор боз ҳам даҳшатнок шудааст;

– террористони имрӯза аз пешрафти воситаҳои техникӣ хуб истифода мебаранд;

– гуруҳҳои террористӣ зиёдтар ба арзишҳои динӣ ва нажодӣ такя мекунанд;

– сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналхалқӣ зиёд шудаанд.

Ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зуҳуроти номатлуби терроризми байналхалқӣ ва экстремизми динӣ рӯ ба рӯ гардида буд. Ҷанги шаҳрвандӣ ҷони зиёда аз 150 ҳазор сокинони мамлакатро даррабуд. Танҳо бо шарофати якдигарфаҳмӣ ва саъю талоши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба тасвиб расид.

Воқеаву ҳодисаҳои мухталифи ҷаҳони имрӯза собит месозанд, ки проблемаи терроризми байналхалқӣ ва экстремизми динӣ яке аз масъалаҳои актуалӣ ва доғи рӯз боқӣ мондааст ва ҳал намудани ин мушкилӣ танҳо дар ҳамбастагии қудрат ва имконоти дохилию хориҷии кишварҳои ҳампаймон имконпазир мегардад. Бо дарназардошти ин ҷанба, ҳайати фармондеҳи Артиши миллии ҷумҳурӣ дар самти оромӣ ва бехатарии минтақавӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, вагарна терроризми байналхалқӣ сарҳад, миллату қавмият ва мазҳаб надорад. Маҳз ба ҳамин хотир дар чаҳорчӯбаи Созмони амният ва ҳамкории дастаҷамъӣ ва дигар созмону ташкилотҳои байналхалқии бехатарӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қувваҳои Мусаллаҳи он бар зидди терроризму экстремизм, нашъаҷаллобӣ, ҳодисаҳои сарҳадшиканӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккил муборизаи беамон бурда истодааст.

Пешвои миллат вобаста ба низоми нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои глобалии ҳалталаб, аз ҷумла терроризму экстремизми динӣ дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чанд маротиб ширкат ва суханронӣ намуда, ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намудааст. Натиҷаи таъкид ва огоҳии саривақтии Сарвари давлат буд, ки садҳо нафар волидони ғофил аз ҳолу аҳволи фарзандонашон, ки дар таълимгоҳҳои ифротгароии динӣ ва террористии кишварҳои хориҷӣ қарор доштанд, ба изтироб афтода, барои бозпас омадани онҳо чораҳои қатъӣ андешиданд.

Боиси таассуф аст, ки ҷавонони гумроҳ ва бехабар аз аслу нажод ва эътиқоди динии ростгаро дар байни ҷомеаи мо аҳён-аҳён пайдо гашта истодаанд. Онҳо ба доми фиреб афтода, беҳтарин атои Офаридгор – ақли худро ба ҳиллаю найрангҳои муғризона ва хоинонаи душманони миллат ва давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон бохтаанд. Заъфи зиракии сиёсии ҷавонон, арҷ нагузоштан ба арзишҳои миллӣ, расму оини миллӣ, муқаддасоти динӣ ва ғайра ба бадхоҳони миллати тоҷик имкон медиҳад, ки сафи тарафдорони худро афзун намоянд.

Ҳамин тариқ, барои пойдории сулҳу суботи ҷомеа, сохтори конститутсионии он, таъмини амният ва ҳифзи арзишҳои моддиву маънавӣ имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмону ташкилотҳои байналхалқӣ буда, ҳамкориҳои судманди сиёсию ҳарбӣ, иҷтимоию фарҳангиро ба роҳ монда, барои аз байн бурдани омилҳои террористӣ ва экстремизми динӣ саҳми муносиби хешро мегузорад.

 

Нуралӣ САИДОВ,

н.и.ф., ассистенти кафедраи забони англисии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь