Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар…
(Ҳабиб Юсуфӣ)
Ин маводро хеле пештар навишта будам. Ҳам – ҳамаю дам-дамаю лофи дурӯғини ватандорӣ, водорам кард, то дубора онро чоп кунам.
Бо ҷамъе аз дӯстон тайи ду ҳафтаи охир сафари кӯтоҳмуддате доштем ба дараҳои Шинг ва Фони водии Зарафшон. Мурод аз ин сафар, ошноӣ бо табиати зебоманзари Ҳафткӯл ва кӯли Аловуддин буд. Намехоҳам сари чуну чароҳо ва бардошту хотираи ин сафардида зиёд гӯям, чунки умр вафо кунад, борҳо ба ин мавзӯъ бармегардем.
Аз ин саёҳат ман бо таассуроте баргаштам, ки ба эҳтимоли зиёд ба бисёре шояд писанд нагардад, вале ба гуфтае «агар нагӯям забонам месӯзад, агар гӯям, мағзи устухонам».
Ба андешаи ман, барои тоҷик сафари Порису Лондон, Маскаву Ҳинд, Туркияю Чин ва ҳатто Антарктида боиси ифтихору фахр набояд бошад! Тоҷике, ки боре дар соҳили Сарез набудааст, мақбараи Рӯдакию Туғралу Хоҷа Муҳаммади Башороро зиёрат накардааст, Ҳафткӯлу Искандаркӯлу Гармчашмаю Чилучорчашма, зебоиҳои Ховалингу Балҷувонро дар симою тасвир дидааст, дараи Фонро аз қиссаҳои бибиаш шунидааст, аз чашмаи Носир об нанӯшидааст, наметавонад доди ватандорӣ ва бештар аз ин, лофи донистани таъриху фарҳанги миллат кунад!
Ман аниқ медонам, ки масъалаи молӣ дар ин қазия дурӯғе беш нест ва наметавонад ошиқи кенгуруи Австралияю хирси Сибиру истироҳатгоҳҳои Анталияю Сочиро сафед кунад. Қимати танҳо чиптаи масалан Дубай имкон медиҳад, ки хоки ватанро ба қавли устод Қаноат «зи сару бар, қадам занед».
Нафаре, ки ёдгораҳои Саразмро бо чашм надидаасту аз навиштаи ҳафриётшиносони хориҷӣ хондааст, нафаре, ки боқимондаи қалъаҳои таърихии Ҳисору Муғу Хуҷандро дар аксҳо дидааст, ва имконе дорад, ки давоми як шабонарӯз ба дилхоҳ гӯшаи кишвар равад, чӣ гуна метавонад аз таърихи миллату фарҳанги он кафки даҳон парронад?
Баҳри Худо, боре мансабдорону зиёиёни моро дар толоре ҷамъ ореду савол диҳед, ки кадоме аз эшон Туркияю Дубай рафтаанд ва кадоме аз эшон мақбараи Рӯдакӣ ё қалъаи Ҳулбукро зиёрат кардаанд? Бовар дорам гурӯхи авал аксарро ташкил медиҳанд.
Кадоме аз онҳое, ки имкони молӣ доранд, истироҳат дар Баҳористону Хоҷаобигармро аз истироҳат дар Майами ё Малайзия боло донистаанд?
Пас ин қадар чир-чиру пар-пар аз меҳри Ватану лофи садоқат ба обу хоки ин сарзамин аз чист?
Қавли устод Лоиқ «ту напурс ҷони бобо, ту напурсу ман нагӯям».
Душанбе-Ҳафткӯл- Фондара-Душанбе