Дар Русия баста шудани шабакаи интернетии «Ютуб» хурсандам кард. На ба он хотир, ки чанд «даҳони бефаровез» дигар наметавонанд пул кор кунанду ба хотири дидани наворашон аз тамоми восита истифода баранд. Не, аз бахилӣ ҳам нест, чун Ютубканали “Фараж” ҳам пул кор мекард. Балки барои он ки ин шабака ба воситаи таҳқири дигарон бадал шуд. Минҷумла, он азизоне, ки барои Ману Мо азиз буданд.
Сари мақсад оем: Журналист Далери Имомалӣ сӯҳбате бо журналисти дигар Иршод Сулаймонӣ анҷом дод ва дар сари қабри …. Акбари Саттор! Агар ин сӯҳбат роҷеъ ба пайраҳаи сипардаи Акбар ё ягон ёди хайре, ё як каф дуо ба рӯҳи вай мебуд, гапи дигар буд. Баръакс, нафрати мусоҳиб ба ҳадде ба расонаҳои имрӯзу муассисони онҳо зиёд аст, ки ҳайрон мешавӣ. Ғурурашро намегӯед!? Фикр мекунӣ, сари қабри Акбар барояш минбари Созмони милал бошад. Иршод аз ҳама расонаҳо ҷуз “Азия плюс”, бе зикри ном меноладу нафрин мефиристад. Ба ришвахорию маҳалгароӣ айбдор месозад. Бало ба пасаш! Дар поварақи он сӯҳбаташ фикрамро навиштаму фикр мекунам, барояш ҳамон кифоя аст. Вақте ба Далер эрод гирифтам, гуфт: “Аз хурдон хато, аз бузургон ато”. Дар ин маврид андешаи корбари Фейсбук Азизбек Мавлоновро, ки дар шарҳи ин навор навиштааст, меораму бо ин иктифо мекунам:
“Аз эҳтирому эътимоде, ки мусалмон ба олами қубур ё аҳли қубур дорад, қабр ва ё гӯр ҳеҷ вақт “декаратсия” набуд, намешавад ва нахоҳад шуд. Айб аст, бисёр айб! Далербой, дигар ин корро накунед. Агар ба мазори одам эҳтиром доред, шояд ин корро намекардед. Гур ба “тема” – ҳое, ки баррасӣ кардед. Лекин бо ин “декаратсия” ба иборае ба рӯи гӯри майитон “шошидед”.
Ман намедонам, Иршод ё Далер Акбарро то кадом андоза мешинохтанду мешиносанд, медонанд, ки “чӣ гуфту бо кӣ гуфту аз куҷо буд”, аммо гумон дорам, бадбахтии эшон НАДОНИСТАН, НАШИНОХТАНИ Акбари Саттор буд! Акбаре, ки мӯреро озор намедод, ягон ҳамкасбро боре бад нагуфтааст, дар зиндагиаш боре дар ғоиби дигарон мазаммат накардааст.
Ёд дорам, дар бӯстонсарояш нафаре аз мақомот омаду гуфт, ки “рӯзноманигоре хати қирмизиро бори даҳум мешиканаду ӯро маҳкам мекунем”. Ёдам расид, ки як рӯз пеш он нафари зикршуда дар рӯзи озодии баён алайҳи Акбар шӯридаю даъво дошт, ки курсиашро холӣ кунад. Гумон кардам, ки ҳоло Акбар ба ин даъвои мақомот ҳамсадо мешавад. Вале дар посух гуфт: “Аввал маро бубареду маҳкам кунед, баъд ӯро!”. Чунин буд Акбар…
Акбаре, ки агар аз ҳамкасбе менолидӣ, мегуфт: “Биё, ҳамон одамро даъват кунем, баъд масъаларо ба миён гузор!”. Ин аст, ки ӯро пули миёни Ҳукумат ва ВАО мегуфтанд. Барои ҳар ҳамкасб, чӣ давлатию чӣ мустақил, сина сипар мекард. Мегуфт: “Пагоҳ таъзияномамро ҳаминҳо менависанд”. Чунин буд Акбар…
Ёд дорам, боре дар ҷаласае журналист Набӣ Юсуфовро ранҷониду ӯ тарки ҷаласа кард. Баъди ҷаласа ҳардуро дар бари ГЖК дидам. Акбар табассум карда, гуфт: “Ман беасос Набиҷонро ранҷонидам, омада, узр пурсидам”. Чунин буд Акбар…
Вале ин ду бо вуҷуди он ки дар сари қабри Акбар ҳамкасбонро сиёҳ карданашон, аз он ки чунин амалро анҷом доданд, узре напурсиданду намепурсанд!
Ба ҷойи инҳо ман аз ту узр мепурсам, Раис! Маро бубахш, моро бубахш, ки рӯҳатро таҳқир кардем! Ба ҷойи он ки аз ту ёди нек кунем, мавзуъҳоеро бароят гуфтем, ки аз бало бад медидӣ!
Маро, Сайёфро, Илҳомро, Умедро, Маҳмадалиро ва даҳҳои дигарро, ки роздону розшунават будем, бубахш!
Моро бубахш…. Агар тавонӣ! Чӣ кунем, ки:
Булбул аз шарму ҳаё дар паси гул хомӯш аст,
Зоғ дар анҷумани шеър ғазалхон шудааст.