“Ҳамин лаҳза хабар расид, ки Ҳабиба Қурбонова, корманди собиқи Телевизиони Тоҷикистон, ки чанд соли ахир дар Китобхонаи ба номи Лоҳутӣ ва ниҳоят дар нашриёти “Адиб” кор мекард, ҷонро ба Ҳақ таслим кард”, – хабар дод рӯзноманигори тоҷик Раҷаб Мирзо дар Фейсбук.

Хабаргузории Спутник менависад, ки ҳарчанд далели марги журналист гуфта намешавад, зоҳиран Ҳабиба Қурбонова низ қурбони коронавирус гаштааст.

Ба иттилои манбаъ, ӯ дар бемористони касалиҳои сироятӣ хоб буд ва чанд рӯзи ахир зери асбоби нафасгирии сунъӣ қарор дошт.

Ҳабиба Қурбонова ҳамагӣ 47 сол дошт. Хатмкардаи факултети филологияи Донишгоҳи омӯзгории Душанбе, корманди собиқи телевизион, китобхонаи ба номи Лоҳутӣ буд.

Ахиран вазифаи муовини директори нашриёти “Адиб”-ро адо мекард. Соҳиби 2 фарзанд буд.

Кормандони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз марги журналисти шинохта Ҳабиба Қурбонова андуҳгин буда, ба наздикону пайвандонаш ин талафотро таслият мегӯянд. Макони хоҳар биҳишт бод!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь